Иродаи Илоҳӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Иродаи Худо)

Иродаи Илоҳӣ (форсӣ:اراده الهی) яке аз сифатҳои субутии Худост ва Худованд мурид; яъне иродакунанд хонда мешавад. Олимни мусалмон дар бораи чистии иродаи Худо ихтилофи назар доранд.

Шайхи Муфид ва Аллома Таботабоӣ, олимони барҷастаи шиа, иродаи Худо дар робита бо худашро ҳамон афъоли Худованд ва иродаи Ӯ дар робита бо дигаронро амри Худованд донистаанд, аммо мӯътазила ва бархе аз мутакаллимони шиа иродаи Худоро як навъ аз илми Ӯ донистаанд.

Иродаро ба ду қисм тақсим кардаанд: 1- иродаи таквинӣ, 2- иродаи ташреъӣ. Дар оёти Қуръон ҳам аз иродаи таквинӣ ва ҳам аз иродаи ташриъӣ сухан гуфта шудааст.

Ҷойгоҳ

Ирода аз сифоти Худованд аст ва бар ин асос Худо, мурид (иродакунанда) хонда шудааст.[1] Дар оёти бисёре, машият ва ирода ба Худованд нисбат дода шудааст;[2] аз ҷумла «یعَذِّبُ مَنْ یشاءُ وَ یرْحَمُ مَنْ یشاءُ; ҳар касеро бихоҳад азоб ва ҳаркасеро бихоҳад раҳмат мекунад;[3] ва «إِنَّ رَبَّک فَعَّالٌ لِما یریدُ»; Парвардигори ту ҳамон кунад, ки хоҳад.[4]

Чистии иродаи Худованд

Мутакаллимони мусулмон дар бораи асли вуҷуди ирода барои Худованд ҳамназаранд, аммо дар бораи ҷузъиёт ва вижагиҳои он ихтилофоте доранд;[5] аз ҷумла: чистии иродаи Худо, зотӣ ё феълӣ будани иродаи Худованд, ва ҳамчунин қадим ё ҳодис будани иродаи Худованд.[6]

Ба бовари Шайхи Муфид (вафоти 413ҳ.қ.)[7] ва Аллома Таботабоӣ (вафоти 1360ҳ.ш.), иродаи Худо нисбат ба аъмоли худаш, ҳамон афъоли Ӯст (иродаи таквинӣ) ва нисбат ба афъоли дигар мавҷудот, амри Ӯ ба он афъол аст (иродаи ташреъӣ).[8] Бар ин асос, «Худо ирода кард, ки инсонро халқ кунад», ба ин маъност, ки «Худо инсонро халқ кард».[9] Ба бовари ин ду, ирода аз сифоти феъли Худованд аст.[10] Шайхи Муфид ин дидгоҳро ҳамоҳанг бо назари Имомо (а) ва назари ғолиби уламои имомия шуморидааст.[11] Дар ин бора ба ривоёте низ истинод шудааст;[12] аз ҷумла ривояте аз Имом Содиқ (а) ки машияти Худовандро ҳодис ва ғайри азалӣ хондааст,[13] ривояте аз Имом Козим (а) ки иродаи Худовандро ҳамон феъли Ӯ муаррифӣ карда[14] ва таъбире аз Имом Ризо, ки дар он машият ва ирода аз сифоти феъли Худованд дониста шудааст.[15]

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, машҳури фалосифа ҳамчун Муллосадро, иродаро аз сифоти зотӣ ва айни зоти Илоҳӣ шуморидаанд.[16] Бар асоси дидгоҳи машҳури байни файласуфони мусулмон, иродаи таквинӣ ҳамон илми Худованд ба афъоли муносиб бо низоми аҳсан (беҳтарин ҷаҳони мумкин)[17] аст.[18] Аз назари Аллома Таботабоӣ, таърифи ирода ба илм ба низоми аҳсан саҳеҳ нест ва далеле бар сиҳҳати он низ вуҷуд надорад.[19] Мӯътазила ва бисёре аз мутакаллимони шиа муътақиданд, ки иродаи таквинии Худо илми Ӯ ба афъоле аст, ки маслиҳати инсон ва дигар мавҷудотро дар пай доранд.[20] Бинобар ин, ин гуруҳ иродаро аз сифоти зоти Ӯ мешуморанд.[21]

Ашоира бар ин боваранд, ки ирода ғайр аз илму қудрат ва дигар сифоти зоти Худованд аст,[22] аммо онро сифати зотӣ ё зоид бар зот, аммо қадиму азалӣ[23] медонанд.[24]

Фарқи ирода ва машият

Мақолаи аслӣ: Машият

Гуфта шудааст, бисёре аз луғатдонон ва мутакаллимон, машиятро ба маънои ирода медонанд[25] ва муътақиданд, ки ирода ва машият, як сифатанд; аммо гуруҳе низ бо тавваҷуҳ ба инки дар Қуръон, машият фақат дар умури таквинӣ ба кор рафтааст, машият ва иродаро ду сифати мутафовити Худованд донистаанд.[26] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, баррасии оёти Қуръон нишон медиҳад, калимаи ирода ба маънои иродаи таквинӣ ва ташреъӣ, ҳар ду ба кор рафтааст, аммо машият ғолибан дар бораи офариниш ва умури таквинӣ ба кор рафта ва дар мавриди ташреъ, бисёр кам истеъмол шудааст.[27] Дар бархе ривоёт[28] байни машияту ирода, тафсилу тақаддуму тааххур мушоҳида мешавад, ки далолат дорад бар ин ки машият бо ирода яке нест.[29]

Иродаи таквинӣ ва иродаи ташреъӣ

Мақолаҳои аслӣ: Иродаи таквинӣ ва иродаи ташреъӣ

Иродаи Илоҳӣ ба иродаи таквинӣ ва ташреъӣ тақсим шудааст.[30] Иродаи таквинӣ, ба маънои эҷоди мутааллиқи ирода дар хориҷ бидуни дахолат ва васотати иродаи дигарӣ аст; монанди иродаи Худованд дар офариниши олам ё иродаи инсон дар хӯрдану ошомидан.[31] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Субҳонӣ, агар иродаи Илоҳӣ ба падид омадани чизе тааллуқ бигирад, иродаи таквинӣ мегӯянд.[32] Иродаи ташреъӣ он аст, ки касе ирода кунад шахси дигаре амалеро ба ирода ва ихтиёри худаш анҷом диҳад; монанди иродаи ташреъии Худованд ба анҷом додани воҷиботу ибодоти тавассути бандагонаш ё иродаи шахсе ба анҷоми феъле аз сӯи фарзанд ё ходимаш бидуни иҷбор.[33] Ба баёни дигар, иродаи қонунгузор ё шореъ дар ба ҷо овардани амале тавассути мукаллафон ва бо ихтиёри худашонро иродаи ташреъӣ меноманд.[34]

Дар фарқи иродаи таквинӣ ва ташреъӣ гуфта шудааст, мутааллиқи иродаи таквинӣ, феъли шахси иродакунандааст, аммо мутааллиқи иродаи ташреъӣ феъли шахси дигар аст.[35] Дар иродаи таквинии Худо, ҳар ончӣ ирода шавад, ҳатман ба вуқуъ мепайвандад, аммо дар иродаи ташреъӣ, имкони тахаллуф вуҷуд дорад.[36] Иродаи ташреъӣ бархилофи иродаи таквинӣ фақат ба афъоли ихтиёрӣ тааллуқ мегирад.[37]

Иродаи таквинӣ ва ташреъӣ дар оёти Қуръон фаровон ба кор рафтааст.[38] Манзур аз ирода дар оёте ҳамчун ояти 82 сураи Нисо,[39] ояти Татҳир,[40] ояти 41 сураи Моида,[41] ояти 5 сураи Қасас[42] ва ояти 7 сураи Анфол[43] иродаи таквинӣ ва манзур аз ирода дар ояти 185 сураи Бақара,[44] ояти аввал ва шашуми сураи Моида[45] ва ояти ҳафтуми сураи Анфол,[46] иродаи ташреъӣ дониста шудааст.

Китобшиносӣ

Дар бораи иродаи Илоҳӣ осори мустақили зайл мунташир шудааст:

  • Иродаи Худо аз дидгоҳи файласуфон, мутакаллимон ва муҳаддисон, асари Алиюллоҳ Бидоштӣ, Таҳқиқи татбиқӣ перомуни иродаи Илоҳӣ ва масоили муртабит бо он ҳамчун сифати феъл ё зотӣ будани ирода, мутлақ ё маҳдуд будани он, иртиботи иродаи Илоҳӣ ва ирода ва ихтиёри инсон, аз дидгоҳи файласуфон, мутакаллимон ва муҳаддисон аст.[47] Ин китоб дар Қум ва тавассути пажуҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ чоп ва мунташир шудааст.
  • Илм ва иродаи Илоҳӣ, ба қалами Муҳаммадҳасани Қадрдон Қаромалакӣ, асаре, ки дар ду бахш ба илм ва иродаи Илоҳӣ пардохтааст. Нависанда дар бахши дувум, ки ба иродаи Илоҳӣ ихтисос дорад, иродаи Илоҳиро аз се манзари маъношинохтӣ, вуҷудшинохтӣ ва густара ва нисбати он бо асли иллият, шурур ва иродаи инсон аз дидгоҳи андешмандони мусулмон ва ғарбӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Ин китоб аз сӯи пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ мунташир шудааст.[48]

Ҷусторҳои вобаста

Қайюм

Эзоҳ

  1. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.131.
  2. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.131.
  3. Сураи Анкабут, ояти 21, тарҷумаи Фулодванд.
  4. Сураи Ҳуд, ояти 107, тарҷумаи Фулодванд.
  5. Саъидимеҳр, Омӯзиши каломи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.247.
  6. Саъидимеҳр, Омӯзиши каломи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.247.
  7. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.53.
  8. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.132.
  9. Субҳонӣ, Ақоиди исломӣ дар партави Қуръон, ҳадис ва ақл, 1379ҳ.ш., саҳ.217.
  10. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, дафтари интишороти исломӣ, саҳ.362 ва 364; Ҳасанбегӣ, “Иродаи Илоҳӣ”, саҳ.107.
  11. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.53.
  12. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.135, 136.
  13. Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.147.
  14. Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.147.
  15. Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.338.
  16. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, дафтари интишороти исломӣ, саҳ.371.
  17. Саъидимеҳр, Омӯзиши каломи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.250.
  18. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, дафтари интишороти исломӣ, саҳ.361 ва 362; Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.132.
  19. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, дафтари интишороти исломӣ, саҳ.362 ва 363.
  20. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.132.
  21. Ҳасанбегӣ, “Иродаи Илоҳӣ”, саҳ.107.
  22. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.132.
  23. Саъидимеҳр, Омӯзиши каломи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.251.
  24. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.132.
  25. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.156.
  26. Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.131.
  27. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.164 ва 169.
  28. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362, ҷ.1, саҳ.148.
  29. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.156.
  30. Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.126.
  31. Мишкинӣ, Истилоҳот-ул-усул, 1371ҳ.ш., саҳ.29.
  32. Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.126.
  33. Мишкинӣ, Истилоҳот-ул-усул, 1371ҳ.ш., саҳ.29; Мусавии Буҷнурдӣ, Мунтаҳа-л-усул, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.182.
  34. Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.142.
  35. Мусавии Буҷнурдӣ, Мунтаҳа-л-усул, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  36. Мишкинӣ, Истилоҳот-ул-усул, 1371ҳ.ш., саҳ.29; Мусавии Буҷнурдӣ, Мунтаҳа-л-усул, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.182 ва 183.
  37. Мусавии Буҷнурдӣ, Мунтаҳа-л-усул, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  38. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.153 ва 169.
  39. Макорими Шерозӣ, Оёти вилоят дар Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.157.
  40. Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.126; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.292 ва 303.
  41. Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.128.
  42. Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.128.
  43. Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.128.
  44. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.161.
  45. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.161 ва 162; Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.126.
  46. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.101.
  47. Илоҳи Бидоштӣ, «Иродаи Худо аз дидгоҳи файласуфон, мутакаллимон ва муҳаддисон », пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  48. «Китоби илм ва иродаи Илоҳӣ», пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ.

Сарчашма

  • Илоҳ Бидоштӣ, «Иродаи Худо аз дидгоҳи файласуфон, мутакаллимон ва муҳаддисон», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 14 фарвардини 1387ҳ.ш., таърихи боздид: 30 озари 1399ҳ.ш.
  • Китоби илм ва иродаи Илоҳӣ», пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 17 мурдоди 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 30 озари 1399ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, интишороти исломия, 1362.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Ақоиди истидлолӣ, Қум, маркази нашри Ҳоҷар, чопи чаҳорум, 1392ҳ.ш.
  • Саъидимеҳр, Муҳаммад, Омӯзиши каломи исломӣ (роҳнамошиносӣ - маъодшиносӣ), Қум, китоби Тоҳо, чопи шашум, 1388ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Ақоиди исломӣ дар партави Қуръон, ҳадис ва ақл, Қум, муассисаи Бустони китоб, чопи дувум, 1386ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ниҳоят-ул-ҳикмат, тасҳеҳ ва таълиқаи Аббосалӣ Зореъии Сабзаворӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Ҳасанбегӣ, Алӣ, “Иродаи Илоҳӣ”, каломи исломӣ, № 50, 1383ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, Қум, алмуътамарул-оламӣ ли-ш-Шайхил-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, Муҳаммад ибни Алӣ, таҳқиқи Ҳошим Ҳусайнӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1398ҳ.қ.