Интифозаи сафари Ироқ
Интифозаи сафари Ироқ (форсӣ: إنتفاضه صَفَر عراق) қиёми шиаёни Ироқ дар қолаби пиёдаравии Арбаъин бар зидди ҳукумати ҳизби баъс дар сафари соли 1397 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1977 мелодӣ буд.
Ҳизби Баъс баргузории маросимҳои мазҳабиро маҳдуд ва ҳар навъ барқарории мувкиб ва пиёдаравӣ ба самти Карбалоро мамнуъ эълом кард. Бо ин вуҷуд мардуми Наҷаф дар 15-уми сафари 1397ҳ.қ., омодаи баргузории маросими пиёдаравии Арбаъин шуданд. Корвони сӣ ҳазор нафарӣ ба самти Карбало ҳаракат кард. Ин ҳаракат аз ибтидо бо бархӯрди ҳукумат мувоҷеҳ шуд ва теъдоде шаҳид шуданд. Дар ниҳоят, дар масири Наҷаф ба Карбало, бо ҳамлаи неруҳои артиш, ҳазорон нафар боздошт шуданд. Теъдоде кушта шуданд, бархе ба эъдом ва бархеи дигар ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Сайид Муҳаммадбоқири Садр ва Сайид Муҳаммадбоқири Ҳаким дар ин интифоза нақш доштанд. Имом Хумайнӣ низ ин қиёми мардумиро таъйид кард.
Заминаҳо
Ҳизби Баъс дар соли 1968 қудратро дар Ироқ ба даст гирифт.[1] Ва як сол баъд маҳдудиятҳои густардае дар баргузории маросими мазҳабии шиаён ба вуҷуд овард. Ин маҳдудиятҳо сабаб шуд, даргириҳои мухталифе байни мардуму ҳукумат бар сари анҷоми маросимҳои мазҳабӣ шакл бигирад.[2]
Дар соли 1972 маросимҳои мазҳабӣ маҳдуд ба ҳусайнияҳо шуд ва теъдоди каме аз онҳо иҷозати барпоии маросимро доштанд.[3] Дар соли 1976 дар даврони раёсати Ҷумҳурии Ҳасан ал-Бакр ва муовини аввали Саддом Ҳусайн, дастуроте барои манъи барпоии шаъоири Ҳусайнӣ содир шуд ва ҳар навъ барқарории мавкибу пиёдаравӣ ба самти Карбало мамнуъ гардид. Ҳамчунин баргузории маҷлиси азои Имом Ҳусайн (а) бисёр маҳдуд шуда ва танҳо бо вуҷуди шароите иҷозат дода мешуд.[4] Дар соли 1977 низ ҳамин дастурот такрор шуд.[5]
Афзоиш ёфтан маҳдудиятҳо
Дар даҳаи аввали муҳаррами 1977, маҳдудиятҳо бисёр афзоиш ёфт. Мошинҳоро маъмурони ҳукуматӣ тафтиш мекарданд ва ҳар навъ василаи мутааллиқ ба азодорӣ мусодира мегардид. Бархе нақл кардаанд, маъмурони ҳукуматӣ хурокҳоеро ки барои зоирон омода шуда буд, низ мегирифтанд.[6]
Дар шаби Ошурои 1977 теъдоде аз ҷавонони шиа, тасмим ба азодорӣ гирифтанд. Ҳукумат итилоъ ёфт ва даҳҳо нафарро боздошт ва зиндонӣ кард. Мардум тасмим гирифтанд, ки дар шаби 25-уми муҳаррам, мусодиф бо шаҳодати Имом Саҷҷод (а), берун баромада, тазоҳурот кунанд. Пас аз машварат бо Сайид Муҳаммадбоқири Садр, ин ҳаракат ба Арбаъини Имом Ҳусайн (а) супорида шуд.[7]
Интифоза
Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бибинед: Ҳизби Баъси Ироқ
Дар 15-уми сафари 1397 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 1977 мелодӣ ҷамъияти бузурге аз мардум, ки қасди пиёдаравии Арбаъин ва зиёрати Имом Ҳусайн (а)-ро доштанд, дар ҳарами Имом Алӣ (а) дар Наҷаф таҷаммуъ карданд.[8] Бархе муҳаққиқон теъдоди ин зоиронро 30 ҳазор нафар донистаанд.[9] Ҷамъият бо вуҷуди ҷилавгирии қувои низомӣ ҳаракат карда ва дар даҳ километрии Наҷаф таваққуф намуданд. Дар атрофи урдугоҳ, мошинҳои низомӣ ҳузур пайдо карданд.[10] Дар тӯли масир ва рӯзҳои қабл, даргириҳои парокандае шакл гирифта буд.[11] Дар панҷоҳ километрии Карбало, даргирии дигаре рух дод ва чаҳор нафар аз мардум ба шаҳодат расиданд.[12] Мардум бо вуҷуди даргирӣ ва шаҳодати бархе афрод, ба масири худ идома доданд. Дар ниҳоят, неруҳои низомӣ вориди амал шуда ҳудуди 16 танро кушта ва ҳазорон нафарро боздошт кард.[13] Аз боздоштиҳо, ҳашт нафар эъдом шуданд ва шонздаҳ нафар, аз ҷумла Сайид Муҳаммадбоқири Ҳаким ба ҳабси абад маҳкум шуд.[14] Ҳамчунин барои бархе афрод, ки аз Ироқ фирор карда буданд, низ ҳукми эъдоми ғиёбӣ содир шуд; аз ҷумлаи ин афрод Сайидмуртазо Аскарӣ, Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ, Шайх Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин ва Шайх Муҳаммадмаҳдии Осифӣ буданд.[15]
Ҳаракати сиёсӣ, мазҳабӣ
Пиёдаравии Арбаъин аз Наҷаф то Карбало ҳаракат ва як маросими мазҳабӣ будааст.[16] Бо ин ҳол, пиёдаравӣ ва ҳаракати мувкибҳои (ҳайъатҳо) зиёратӣ дар он солҳо ва бо он шароит, навъе эътироз ва мубориза бо ҳукумат қаламдод мешуд.[17]
Мардум дар ҷилави ин ҷамъият, парчами сабзранги бузурге қарор дода буданд, ки бар рӯи он ояти «یدُ اللَّهِ فَوْقَ أَیدیهِم; дасти Худо болои дасти онҳост»[18] навишта шуда буд.[19] Ин парчам ва навиштаи рӯи онро дорои паёми равшане барои ҳукумат донистаанд.[20]
Сайид Муҳаммадбоқири Садр аз мардум хоста буд, шиъорҳояшон перомуни Имом Ҳусайн (а) бошад ва ба таври мустақим алайҳи ҳукумат шиор надиҳанд.[21] Бо ин ҳол, шиорҳое бар алайҳи Ҳасан ал-Бакр ва Саддом Ҳусайн дода шуд.[22]
Мавзеъи уламо
Имом Хумайнӣ ва Сайид Абдуллоҳ Мусавии Шерозӣ интифозаи сафари Ироқро таъйид карданд.[23] Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Сайид Муҳаммадбоқири Ҳакимро ба намояндагии худ ба миёни зоирон фиристод,[24] то мӯҷиби тақвияти рӯҳияи онон гардад ва ононро бар аҳдофи аслӣ, роҳнамоӣ кунад.[25] Муҳаммадбоқири Ҳаким замоне, ки ба миёни мардум дар масири Наҷаф ба Карбало рафт ба онон дилгармӣ дода, таъкид кард, ки то охир дар канори онҳо хоҳад монд.[26] Муҳаққиқон, нақши рӯҳониюни Наҷафро дар ин интифоза бисёр пурранг донистаанд.[27]
Паёмадҳо
Ҳукумати Ироқ ин қиёмро ҳамчун як амали харобиоваре муаррифӣ кард, ки аз ҷониби ҳукуматҳои истиъморӣ сохта шудааст.[28] Дар муқобил, бархе ин қиёмро аввалин ҳаракати сиёсӣ - мазҳабие донистаанд, ки алайҳи ҳизби Баъс ва бар меҳварияти мазҳабу Имом Ҳусайн (а) буд.[29] Барои ин қиём натоиҷеро баршумурдаанд; аз ҷумла:
- Паст шудани чеҳраи исломии ҳизби Баъс бо иқдом алайҳи интифозаи сафари мардуми Ироқ;
- Шикаста шудани ҳайбати ҳизби Баъс ба далели истодагии мардум дар муқобили ҳукумати Баъсӣ барои аввалин бор;
- Эҷоди ихтилофҳое дар ҳизби Баъс.[30]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.70.
- ↑ Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.164.
- ↑ Ал-Мусавӣ, “Нафаҳотун мин интифозати сафар ом 1977м.”, шабакаи Ахборун-носирия.
- ↑ Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.165.
- ↑ Козим, Арқом ва ороъ ҳавла низом-ил-баъс фи-л-Ироқ, 1982м., саҳ.158.
- ↑ Козим, Арқом ва ороъ ҳавла низом-ил-баъс фи-л-Ироқ, 1982м., саҳ.159.
- ↑ Ат-Толиқонӣ, “Диросатун ҳавла интифозати сафар-ил-маҷидати ома 1977 милодия”, сайти Баросо.
- ↑ Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.101.
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.80.
- ↑ Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.101.
- ↑ Ал-Мусавӣ, “Интифозаи арбаъин” пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
- ↑ Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.102.
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.81.
- ↑ Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.103.
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.82.
- ↑ Ат-Толиқонӣ, “Диросатун ҳавла интифозати сафар-ил-маҷидати ома 1977 милодия”, сайти Баросо.
- ↑ Ал-Мусавӣ, “Интифозаи арбаъин” пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза
- ↑ Сураи Фатҳ, ояти 10.
- ↑ Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.101.
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.81.
- ↑ Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.169.
- ↑ Ал-Омирӣ, “Интифозату сафар 1977 қироатун ҷадида”, сайти Ваколату нун ал-хабария.
- ↑ Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.170.
- ↑ Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.169.
- ↑ Ат-Толиқонӣ, “Диросатун ҳавла интифозати сафар-ил-маҷидати ома 1977 милодия”, сайти Баросо.
- ↑ Ал-Мусавӣ, “Нафаҳотун мин интифозати сафар ом 1977м.”, шабакаи Ахборун-носирия.
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.81.
- ↑ Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004м., саҳ.171.
- ↑ Ал-Мусавӣ, “Нафаҳотун мин интифозати сафар ом 1977м.”, шабакаи Ахборун-носирия.
- ↑ Ат-Толиқонӣ, “Диросатун ҳавла интифозати сафар-ил-маҷидати ома 1977 милодия”, сайти Баросо.
Сарчашма
- Ал-Асадӣ, Мухтор, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, Марказул-шаҳидайнил-Садрайн лил-диросоти вал-буҳус, 2001м.
- Ал-Мусавӣ, ас-Сайид Ҷаъфар Содиқ, «Нафаҳотун мин интифозати сафар ом 1977», шабакаи Ахборун-носирия, таърихи дарҷи матлаб: 8 декабри 2012, таърихи боздид: 15 хурдод, 1396ҳ.ш.
- Ал-Мусавӣ, Раъд, “Интифозату Арбаъин”, тарҷумаи Ҷавод Муҳаддисӣ, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: деймоҳи 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 15 хурдод, 1396ҳ.ш.
- Ал-Муъмин, Алӣ, Санавот-ул-ҷамр, Бейрут, ал-Марказул-исломи-л-муъосир, 2004м.
- Ал-Омирӣ, Аммор, “Интифозату сафар 1977 қироатун ҷадида”, сайти Ваколату нун ал-хабария, таърихи дарҷи матлаб: 12,11,2016, таърихи боздид: 15 хурдод, 1396ҳ.ш.
- Ат-Толиқонӣ, Сайидмуҳаммад, «Диросатун ҳавла интифозати сафар ал-маҷида ом 1977милодия», сайти Баросо, таърихи дарҷи матлаб: 08,03,2007, таърихи боздид: 15 хурдод, 1396ҳ.ш.
- Вайлӣ, Ҷуйс Н., Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, тарҷумаи Маҳваши Ғуломӣ, муассисаи Иттилоот, 1373ҳ.ш.
- Козим, Фуод, Арқом ва ороъ ҳавла низом-ил-баъс фи-л-Ироқ, Қум, ал-Марказул-исломӣ лил-абҳосил-сиёсия, 1982м.