Истидроҷ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Имҳол)
Истидроҷ, суқути гом ба гом

Истидроҷ ё имлоъ ё имҳол аз суннатҳои Илоҳӣ, ба маънои наздик шудани тадриҷӣ ба азоби Илоҳист.

Истидроҷ махсуси кофирон ва гуноҳкороне аст, ки шукри неъматҳои Худоро ба ҷо намеоваранд ва ҳарчӣ бештар гуноҳ мекунанд, неъматҳои бештаре ба онҳо дода мешавад, то аз ин тариқ бар ғуруру ғафлаташон афзуда шавад ва дар натиҷа ба азоби дардноктаре мубтало шаванд.

Ба гуфтаи бархе аз пажӯҳишгарон, дар Қуръон илова бар истидроҷи фардӣ, аз истидроҷи иҷтимоӣ ҳам сухан омадааст. Чунончӣ дар ояти 48-и сураи Ҳаҷ, Худо аз муҳлат додан ба аҳли шаҳре ки ситамкор буд, сухан мегӯяд ва инки дар ниҳоят ба оқибати баде дучор шуданд.

Бархурдорӣ аз неъматҳо ба худии худ нишондиҳандаи истидроҷ нест, балки аксулъамали инсон дар баробари онҳо таъйин мекунад, ки инсон гирифтори истидроҷ шудааст ё хайр. Агар одаме ба ҷои шукр дар баробари Худо, фисқ ва куфр биварзад, аммо ҳамчунон неъматаш афзун шавад, ӯ гирифтори истидроҷ шудааст. Ҳамчунин гуфта шудааст, анҷоми корҳои хориқулъода тавассути афроди гуноҳкор аз намунаҳои истидроҷ аст.

Китоби “Истидроҷ, суқути гом ба гом”, таҳқиқе дар бораи истидроҷ аст, ки тавассути маркази Фарҳанг ва маорифи Қуръон анҷом шудааст.

Истидроҷ, наздик шудани тадриҷӣ ба азоби Худо

Тавзеҳи истидроҷ тавассути Имом Содиқ (а)

“Ҳаргоҳ бандае гуноҳ кунад, аммо дар муқобил, неъмати ӯ зиёд гардад ва ин неъмат, ӯро аз истиғфор боз дорад, ин истидроҷ аст ва он фард аз онҷо ки намедонад, ба тадриҷ гирифтор мешавад”. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.452.

«Истидроҷ» истилоҳе аст баргирифта аз Қуръон,[1] ки ба маънои наздик шудани тадриҷӣ ба чизе аст.[2] Истидроҷ дар фарҳанги исломӣ аз суннатҳои Илоҳӣ аст, ба ин маъно ки Худованд гуноҳкорони бепарворо ба тадриҷ ба азоб гирифтор мекунад; яъне ҳарчӣ бештар гуноҳ мекунанд, неъматҳои бештаре ба онҳо медиҳад ва онҳо ба ин сабаб бештар дучори ғуруру ғафлат мешаванд ва дар натиҷа азоби сахттаре хоҳанд дошт.[3]

Мафҳуми истидроҷ дар Қуръон ду бор ба шакли феъл «санастадриҷуҳум/ سَنَسْتَدْرِجُهُم» (ба тадриҷ онҳоро гирифтор мекунем) ба кор рафтааст: яке сураи Аъроф, ояти 182 ва дигаре сураи Қалам, ояти 44. Ҳарду оят ҳам дар бораи кофирон аст.[4] Дар ояти 182-и сураи Аъроф чунин омадааст: «онҳо ки оёти моро такзиб карданд, ба тадриҷ аз ҷое ки намедонанд, гирифтори муҷозоташон хоҳем кард».

Мафоҳими қуръонии баёнкунандаи истидроҷ

Дар оёти дигаре аз Қуръон ҳам бидуни зикри вожаи истидроҷ, аз ин масъала сухан омадааст.[5] Дар Қуръон мафоҳимим «имлоъ» (муҳлат додан) ва «имҳол» (муҳлат додан) ҳам нишондиҳандаи суннати истидроҷанд.[6]

Аз ҷумлаи оёте ки ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, суннати истидроҷро баён мекунад, ояти 178-и сураи Оли Имрон аст:[7] «ва албата набояд касоне ки кофир шудаанд тасаввур кунанд инки ба эшон муҳлат медиҳем барои онон хуб аст, мо фақат ба эшон муҳлат медиҳем то бар гуноҳи [худ] бифзоянд, ва [онгоҳ] азоби хиффатоваре хоҳанд дошт!».[8]

Истидроҷи иҷтимоӣ

Ба гуфтаи бархе аз пажӯҳишгарон, дар Қуръон илова бар истидроҷи фардӣ, аз истидроҷи иҷтимоӣ ҳам сухан ба миён омадааст. Аз ҷумла шавоҳиде ки барои ин навъ аз истидроҷ зикр мекунанд, ояти 48-и сураи Ҳаҷ аст:[9] «ва чӣ басо шаҳре ки муҳлаташ додам, дар ҳоле ки ситамкор буд, сипас [гиребони] онро гирифтам, ва фарҷом ба сӯи Ман аст!».[10]

Нишонаҳои истидроҷ

Бар пояи ривоёт гоҳе неъматҳо нишонаи истидроҷанд. Кулайнӣ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, касе ки гуноҳ мекунад, вале Худо ба ӯ муҳлат медиҳад ва боз неъматашро дар ихтиёраш мегузорад, ба гунае ки аз истиғфор ғафлат мекунад, дучори истидроҷ шудааст.[11] Ҳамчунин дар Наҳҷулбалоға аст, ки агар Худованд ситамгарро чанд рӯзе муҳлат диҳад, ҳаргиз фурсати муохиза ва муҷозоти ӯ аз дасташ намеравад.[12]

Ҳамчунин тибқи ҳадисе дар китоби Кофӣ, шахсе ба Имом Содиқ (а) мегӯяд: аз Худо мол хостам, ба ман ато кард, фарзанд талаб кардам, ба ман фарзанде дод ва аз Ӯ хона хостам, ба ман дод. Акнун метарсам, ки истиҷобати ин дуоҳо барои истидроҷ буда бошад. Имом Содиқ посух медиҳад, ки агар шукри ин неъматҳоро ба ҷо оварӣ, истидроҷ нест.[13]

Фахри Розӣ - муфассир ва мутакаллими аҳли суннат дар қарни шашуми қамарӣ муътақид аст, тавоноии афроди гуноҳкор бар анҷом додан корҳои хориқулъода, аз намунаҳои истидроҷ аст.[14]

Ба ақидаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, бархурдорӣ аз неъматҳо ба худии худ нишонаи истидроҷ нест, балки аз аксулъамали мо дар баробари неъматҳо маълум мешавад, ки дучори истидроҷ шудаем ё на! Агар шукри неъматҳоро ба ҷо оварадему онҳоро дар роҳе харҷ кардем, ки Худо мехоҳад, истидроҷ нест, аммо агар аз неъматҳо дучори ғурур шудем, ё дар истифода аз онҳо исроф кардем, ва ё онҳоро дар роҳи номашруъ ба кор бурдем, гирифтори истидроҷ шудаем.[15]

Такнигорӣ

Китоби «Истидроҷ, суқути гом ба гом», таҳқиқе аст, муфассалу мустақил дар бораи истидроҷ, ки тавассути маркази Фарҳанг ва маорифи Қуръон анҷом шуда ва дар соли 2007 чоп шудааст. Дар ин китоб аз мавзӯъҳое чун: маънои истидроҷ, сахтии азоби истидроҷ, авомил ва нишонаҳои истидроҷ сухан омадааст.

Эзоҳ

  1. Маъмурӣ, “Баррасии суннати истидроҷ дар Қуръон ва мероси тафсирӣ”, саҳ.104.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.346.
  3. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.33 ва 34.
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.32.
  5. Маъмурӣ, “Баррасии суннати истидроҷ дар Қуръон ва мероси тафсирӣ”, саҳ.105.
  6. Маъмурӣ, “Баррасии суннати истидроҷ дар Қуръон ва мероси тафсирӣ”, саҳ.105.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.79.
  8. Тарҷумаи Фулодванд.
  9. Маъмурӣ, “Баррасии суннати истидроҷ дар Қуръон ва мероси тафсирӣ”, саҳ.115.
  10. Тарҷумаи Фулодванд.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.452.
  12. Субҳӣ Солеҳ, Наҳҷул-балоға, хутбаи 97
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97.
  14. Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.431.
  15. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.626.

Ёддошт


Сарчашма

  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маъмурӣ, Алӣ, “Баррасии суннати истидроҷ дар Қуръон ва мероси тафсирӣ”, Мутолиъоти Қуръон ва ҳадис, № 1, 1386ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Садро, чопи чаҳордаҳум, 1390ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Абуабдулло Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.