Издивоҷи Имом Маҳдӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Издивоҷи ҳазрати Маҳдӣ)

Издивоҷи Имом Маҳдӣ (а) аз мавзӯъҳои баҳсбарангез дар бораи ҳазрати Маҳдӣ (а) аст.

Ҷонибдорони издивоҷи ҳазрати Маҳдӣ барои исботи ин гуфтаҳо, ба ривоятҳое истинод мекунанд, ки дар он ба авлод ва фарзандони ӯ ишора шудааст. Ҳамчунин, ба ақидаи онҳо, издивоҷ суннати муаккади Пайғамбар (с) аст, ба ҳамин хотир, Имом Маҳдӣ ба он амал кардааст.

Мухолифон низ издивоҷи ҳазрати Маҳдиро бо фалсафаи ғайбат, ки пинҳон мондани ӯ аз мардум аст, носозгор медонанд. Бархе низ муътақиданд, ҳарчанд ки издивоҷи Имом Маҳдӣ (аҷ) имконпазир аст, аммо дар ин бора наметавон назари қатъӣ дод.

Сайидмуҳаммади Садр, Муҳаддиси Нурӣ (ваф.1320ҳ.қ.) ва Алиакбари Наҳовандӣ (ваф.1369ҳ.қ.) аз ҷумлаи тарафдорони издивоҷи Имом Маҳдӣ (а) ҳастанд.

Ин баҳс бори нахуст дар китоби «Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро»-и Сайидмуҳаммади Садр (ваф.1998) ба таври таҳлилӣ баррасӣ шудааст.

Таърихчаи баҳс

Олимони шиа дар бораи инки Имом Маҳдӣ (а) дар замони ғайбат издивоҷ кардааст ё на, ихтилофи назар доранд. Чунончи дар китоби Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ) омадааст, ин баҳс дар қарни чаҳордаҳуми шамсӣ ба таври ҷиддӣ матраҳ шудааст[1] ва нахустин китобе, ки ба таври таҳлилӣ ба баҳси издивоҷи Имом Маҳдӣ (аҷ) пардохтааст, «Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро»-и Сайидмуҳамади Садр (ваф.1998) аст.[2]

Албатта пеш аз он дар китобҳои Наҷм-ус-соқиб[3] асари Муҳаддиси Нурӣ (ваф.1320ҳ.қ.) ва ал-Абқарӣ-ил-ҳисон[4] асари Алиакбари Наҳовандӣ (ваф.1369ҳ.қ.) низ аз ин мавзӯъ сухан ба миён омада ва дар Биҳор-ул-анвор бобе бо унвони «хулафо-ул-Маҳдӣ ва авлодуҳу ва мо якуну баъдаҳу алайҳи ва ала обоиҳис-салом» вуҷуд дорад.[5]

Дидгоҳҳо

Дар бораи издивоҷи Имом Маҳдӣ (а) се дидгоҳ вуҷуд дорад:

Мувофиқон

Сайидмуҳаммади Садр,[6] Муҳаддиси Нурӣ[7] ва Алиакбари Наҳовандӣ[8] издивоҷи ҳазрати Маҳдиро пазируфтаанд. Ҳамчунин дар китоби Донишномаи Имом Маҳдӣ (а) ин бовар ба Аллома Маҷлисӣ низ нисбат дода шудааст.[9] Далелҳои ин гуруҳ иборатанд аз:

  • Издивоҷ, суннати Пайғамбар (с) аст ва Имом Маҳдӣ сазовортарин кас дар амал ба суннат аст, аз ин рӯ, ӯ дар даврони ғайбат ба ин суннат амал кардааст.[10]
  • Аҳодис ва зиёроте бар фарзанд доштани Имом Маҳдӣ (аҷ) далолат доранд. Дар китоби Донишномаи Имом Маҳдӣ, чаҳордаҳ ривоят дар ин бора гирдоварӣ шудааст.[11] Аз ҷумлаи онҳо ҳадиси машҳуре ба ҳадиси Васият аст, ки бар асоси он пас аз Имоми Замон (аҷ), дувоздаҳ Маҳдӣ аз насли ӯ ҳукумат хоҳанд кард.[12]
  • Албатта ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, ин ривоёт мухолифи машҳур аст, ҳамчунин эҳтимол дорад манзур аз дувоздаҳ Маҳдӣ, Пайғамбар (с) ва имомони шиа ба ғайр аз ҳазрати Маҳдӣ бошанд.[13] Аз дигар аҳодиси мавриди истиноди ин гуруҳ, ривояте аз Имом Содиқ (а) аст, ки дар он ба фуруд омадани Имом Маҳдӣ (а) бо аҳлу аёлаш дар масҷиди Саҳла ишора шудааст.[14] Аз назари мухолифони издивоҷи ҳазрати Маҳдӣ, бар фарзи пазириши ин аҳодис, ҳамсар ва фарзанди Имом Маҳдӣ (аҷ) марбут ба баъд аз зуҳур аст.[15]
  • Гузорише мабнӣ бар зиндагии хонаводаи Имоми Замон (аҷ) дар ҷазираи хазро.[16] Албатта бархе аз олимони шиа ҷазираи хазроро сохтагӣ ва афсона медонанд.[17]

Мухолифон

Далоили мухолифони издивоҷи Имом Маҳдӣ иборатанд аз:

  • Носозгорӣ бо фалсафаи ғайбат: фалсафаи ғайбати Имом Маҳдиро пинҳон мондан ва ношинохта будани эшон аз мардум донистаанд ва издивоҷ бо ин фалсафа созгор нест; чароки издивоҷ сабаби шинохта шудан мешавад.[18]
  • Ривоёте, ки аз онҳо бардошт мешавад, ки Имоми Замон (аҷ) фарзанде надорад.[19]
  • Ишора накардани сафирон ва вакилони Имом Маҳдӣ (а): агар Имом Маҳдӣ (а) издивоҷ карда буд, сафирон ва вакилони ӯ дар давраи ғайбати суғро ба издивоҷ, ҳамсар ва фарзандонаш ишора мекарданд.[20]

Сукут

Чунонки дар Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ) омадааст, ки далоили мувофиқон ва мухолифони издивоҷи ҳазрати Маҳдӣ бо ҳамдигар таъоруз доранд, аз ин рӯ наметавон бо истинод ба онҳо таклифи як масъалаи таърихиро равшан кард.[21] Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ (ваф.1441ҳ.қ.) - пажӯҳишгари таърихи Ислом муътақид аст, фарзанд доштани Имом Маҳдӣ ҷои шакку тардид аст ва наметавон дар бораи он, назари қатъӣ дод.[22] Ҳамчунин ба гуфтаи Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ (ваф.1400ҳ.ш.) - марҷаъи тақлид, ҳарчанд, ки издивоҷи ҳазрати Маҳдӣ имконпазир аст, аммо ҳадиси муътабаре, ки мӯҷиби итминон шавад, дар ин бора наёфтааст.[23]

Такнигорӣ

Китоби «Таҳлили масъалаи издивоҷи Имом Маҳдӣ (а)» асари Муҳаммадризо Фуодиён, ба баррасии далоили ақволи мухталиф дар бораи издивоҷи ҳазрати Маҳдӣ (а) ва низ фарзанд доштани ӯ мепардозад. Пажӯҳишкадаи Маҳдавият ва ояндапажӯҳии пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, ин китобро дар соли 1399ҳ.ш. чоп ва мунташир кардааст.[24]

Эзоҳ

  1. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.56.
  2. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.45, понависи 2.
  3. Муҳаддиси Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1383ҳ.ш., саҳ.402 - 407.
  4. Наҳовандӣ, ал-Абқарӣ-ил-ҳисон, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.537.
  5. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.145.
  6. Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, Дорул-таъоруф, ҷ.2, саҳ.64.
  7. Муҳаддиси Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1383ҳ.ш., саҳ.403.
  8. Наҳовандӣ, ал-Абқарӣ-ил-ҳисон, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.537.
  9. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.46.
  10. Муҳаддиси Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1383ҳ.ш., саҳ.403.
  11. Ниг.: Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., саҳ.46 - 51.
  12. Шайхи Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.150.
  13. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.148 - 149.
  14. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1409ҳ.қ., саҳ.134 - 135.
  15. Софии Гулпойгонӣ, Посухи даҳ пурсиш, 1390ҳ.ш., саҳ.54.
  16. Ниг.: Муҳаддиси Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1383ҳ.ш., саҳ.405.
  17. Кошифулғито, ал-Ҳаққ-ул-мубин, 1319ҳ.қ., саҳ.87.
  18. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.52 - 53.
  19. Шайхи Тусӣ, китоби ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.224.
  20. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.53.
  21. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.3, 55 - 56.
  22. Омилӣ, Диросатун фи аломот-из-зуҳур ва-л-ҷазират-ил-хазроъ, 1412ҳ.қ., саҳ.257 ба нақл аз Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.55.
  23. Софии Гулпойгонӣ, Посухи даҳ пурсиш, 1390ҳ.ш., саҳ.54.
  24. “Ба қалами Муҳаммадризо Фуодиён баррасӣ шуд; оё Имоми Замон (аҷ) издивоҷ карда ва фарзанд дорад?” хабаргузории расмии Ҳавза.

Сарчашма

  • "Ба қалами Муҳаммадризо Фуодиён баррасӣ шуд; оё Имоми Замон (аҷ) издивоҷ карда ва фарзанд дорад?” хабаргузории расмии Ҳавза, интишор: 27 тири 1399ҳ.ш., мушоҳида: 21 исфанди 1400ҳ.ш.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1409ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар, ал-Ҳаққ-ул-мубин фи тасвиб-ил-муҷтаҳидин ва тахтиъат-ил-ихбориин, Теҳрон, Аҳмади Шерозӣ, 1319ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Мирзоҳусайн, Наҷм-ус-соқиб, Қум, масҷиди Ҷамкарон, 1383ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Дорул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Наҳовандӣ, Алиакбар, ал-Абқарӣ-ил-ҳисон фи аҳволи Мавлоно Соҳиба-з-замон (аҷ), Қум, нашри масҷиди Ҷамкарон, 1386ҳ.ш.
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, Диросатун фи аломот-из-зуҳур ва-л-ҷазират-ил-хазроъ , Қум, Мунтадо Ҷабал Омилил-исломӣ қисмул-табоъати вал-нашр, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Садр, Сайидмуҳаммад, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, Дорул-таъоруф, бе то.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Посухи даҳ пурсиш, Қум, Дафтари Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1390ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.