Аббод ибни Аввом

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ибод ибни Авом)
Аббод ибни Аввом
Номи комилАббод ибни Аввом ибни Умар ибни Абдуллоҳ ибни Мунзир
ЛақабАлкилобӣ
Санаи таваллуд118ҳ.қ.
ЗодгоҳВосит
Санаи вафот183 ё 184 ё 185 ё 186ҳ.қ. (ихтилофӣ)
Шаҳри вафотБағдод
Маҳалли дафнБағдод
Устодон
  • Абӯисҳоқи Шайбонӣ
  • Яҳё ибни Абӯисҳоқ
  • Исмоил ибни Абӯхолид
  • Ҳусайн ибни Абдурраҳмон
  • Ҳорун ибни Антра
  • Саид ал-Ҷарирӣ
  • Саид ибни Абӯъуруба
  • Ҳилол ибни Хабоб
  • Ҳамид ал-Тавил
  • Абӯмолик ал-Ашҷаӣ
Шогирдон
  • Аҳмад ибни Ҳанбал
  • ал-Фазл ибни Дукайн
  • Саид ибни Сулаймон ал-Воситӣ
  • Абӯрабиъ ал-Заҳронӣ
  • ал-Ҳасан ибни Арафа
  • Саид ибни Сулаймон
  • Имрон ибни Майсара
  • Абӯбакр ибни Абишайба
  • Зиёд ибни Айюб
  • Алӣ ибни Муслими Тусӣ
Мазҳаби фиқҳӣШиа


Аббод ибни Аввом (арабӣ: عَبَّادُ بن العَوَّام) аз олимон ва зоҳидони машҳури шиа дар қарни дувуми ҳиҷрии қамарӣ буд. Ӯро аз муҳаддисони бузург низ донистаанд. Олимони аҳли суннат ӯро сиқа ва мавриди эътимод донистаанд.

Ибод ибни Авом бо бузургон ва олимони замони худ аз қиёми Иброҳим ибни Абдуллоҳ ҳимоят карда, мардумро ба иштироки дар қиём ташвиқ намуд. Ӯ пас аз шикасти қиём, мутаворӣ (гуреза) шуд ва махфиёна зиндагӣ кард, аммо дар замони хилофати Маҳдии Аббосӣ, мавриди бахшиш қарор гирифт ва ба ӯ иҷозати нақли ҳадис дода шуд.

Ӯ дар замони Ҳоруни Аббосӣ мавриди азияту озор қарор гирифт ва хонааш вайрон шуд ва ба зиндон афтод, аммо пас аз муддате, аз зиндон озод шуда, ба нақли ҳадис пардохт. Ӯ аз олимони зиёде ривоят нақл карда ва олимоне чун Аҳмад ибни Ҳанбал, Фазл ибни Дукайн ва Имрон ибни Майсара аз ӯ ривоят нақл кардаанд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Аббод ибни Аввом олим ва зоҳиди машҳури шиа буд. Куния ӯ Абӯсаҳл ал-Воситӣ дониста шуда ва бо лақаби ал-Килоӣ ё ал-Килобӣ низ шинохта мешуд.

Вай гоҳе аз тобеин дониста шуда ва ҳамчунин аз фақеҳон ва муҳаддисони бузург ва аз олимони илми ҳадис низ буд ва Аҳмад ибни Ҳанбал аз шогирдони ӯ маҳсуб мешуд.

Аббод яке аз наҷибтарин мардуми замони худ дар ҳамаи умур буда ва фарзандаш Аввом ибни Аббод низ аз ровиён дониста шудааст.

Мазҳаб

Аббод ибни Аввом дар бархе сарчашмаҳои таърихӣ шиа хонда шуда ва бо ин ҳол аз олимони мавриди вусуқи аҳли суннат низ буд; ба гунае ки Хатиби Бағдодӣ - фақиҳ ва муаррихи аҳли суннат дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ, теъдоде аз олимонро ном бурдааст, ки ӯро сиқа ва садуқ муаррифӣ кардаанд. Нависандаи китоби «Қомус-ур-риҷол» ӯро ба хотири ҳамроҳии Иброҳим ибни Абдуллоҳ аз шиаёни Зайдӣ донистааст.

Устодон ва шогирдони ӯ дар ривоят

Аббод ибни Аввом аз афроди зиёде ривоят нақл кардааст. Аз ҷумла: Абӯисҳоқи Шайбонӣ, Яҳё ибни Абӯисҳоқ, Исмоил ибни Абӯхолид, Ҳусайн ибни Абдурраҳмон, Ҳорун ибни Антра, Саид ал-Ҷарирӣ, Саид ибни Абӯъуруба,Ҳилол ибни Хабоб, Ҳамид ал-Тавил, Абӯмолик ал-Ашҷаӣ.

Ровиёне аз ӯ нақли ривоят кардаанд. Аз ҷумла: Аҳмад ибни Ҳанбал, ал-Фазл ибни Дукайн, Саид ибни Сулаймон ал-Воситӣ, Абӯрабиъ ал-Заҳронӣ, ал-Ҳасан ибни Арафа, Саид ибни Сулаймон, Имрон ибни Майсара, Абӯбакр ибни Абишайба, Зиёд ибни Айюб, Алӣ ибни Муслими Тусӣ.

Зиндагинома

Аббод ибни Аввом ибни Умар ибни Абдуллоҳ ибни Мунзир ибни Мусъаб ибни Ҷандал дар соли 118 қ, ба дунё омад. Аз аҳолии шаҳри Восити Ироқ буд ва дар ниҳоят дар Бағдод аз дунё рафт ва дар он шаҳр ба хок супорида шуд. Дар мавриди замони вафоти ӯ ихтилофи назар вуҷуд дорад ва солҳои 183, 184, 185 ва 186ш.қ., гуфта шудааст. Иддае, аз ҷумла Ибни Саъд муътақиданд, ки ӯ дар соли 185ҳ.қ. ва дар замони хилофати Ҳоруни Аббосӣ вафот ёфт.


Иштирок дар қиёми Иброҳим ибни Абдуллоҳи Ҳасанӣ

Аббод ибни Аввом аз қиёми Иброҳим ибни Абдуллоҳи Ҳасанӣ ҳимоят кард ва ҳатто дар ҷанг иштирок кард ва илова бар он мардумро ҳам ба ҳамроҳӣ бо қиём ташвиқ мекард. Гурӯҳе аз мардум низ бо мушоҳидаи вай ба қиём майлу рағбат пайдо карданд.

Аббод ибни Аввом пас аз шикаст дар ҷанг то поёни хилофати Мансури Аббосӣ гуреза буд.

Маҳдудиятҳои ҳукуматӣ барои Аббод

Аббод пас аз муддате зиндагии махфӣ дар даврони Мансури Аббосӣ дар давраи Маҳдии Аббосӣ бахшида шуд ва иҷозати нақл ҳадис дарёфт кард. Ӯ дар маҳаллаи Кархи шаҳри Бағдод иқомат гузид. Уламои Бағдод ва Ироқ аз ӯ ривоят нақл кардаанд.

Аббод ибни Аввом дар замони ҳукумати Ҳоруни Аббосӣ мавриди азияту озор қарор гирифт ва хонааш вайрон шуд ва ба зиндон афтод. Халифа ӯро аз зикри ҳадис манъ кард. Ҳорун пас аз муддате Аббодро озод карда иҷозати нақли ҳадисро ба ӯ баргардонд.


Эзоҳ

Сарчашма