Ҳамсарони Пайғамбар (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Занони Пайғамбар (с))
Уммаҳотул-муъминин

Ҳамсарони Пайғамбар (с) заноне ҳастанд, ки Пайғамбар (с) бо онон издивоҷ кард ва дар Қуръон бо лақаби уммаҳотул-муъминин (модарони муъминон) аз онон ёд шуда, аҳком ва дастурҳои хоссе дар хусусашон омадааст.

Олимони мусулмон дар бораи шумори занони Пайғамбар (с) ихтилофи назар доранд. Баъзе сездаҳ ва баъзеи дигар понздаҳ зан барои ӯ номбар кардаанд ва дидгоҳҳои дигаре ҳам дар ин бора ҳаст. Сарчашмаи ин ихтилоф, ба ҳисоб кардан ё накардани канизон дар шумори занони Пайғамбар бармегардад.

Издивоҷи Пайғамбар (с) ба рисолати ӯ (таблиғи дини Ислом) мувофиқ буд ва бо ангезаҳое, ҳамчун ба даст овардани ҳимояти қабилаҳо ва тоифаҳои калони араб, аз байн бурдани фикрҳо ва ақидаҳои ғалати ҷоҳилӣ, мустаҳкам кардани ҷойгоҳи иҷтимоии занони осебдида, дилҷӯӣ додан ба онҳо ва инчунин озод кардани асирон анҷом шудааст.

Содазистӣ, парҳез аз худнамоӣ ва нек сухан гуфтан, аз ҷумлаи фармонҳои Худо ба занони Пайғамбар аст. Ҳамчунин ба мусулмонон фармон дода шудааст, ки бо ҳамсарони Пайғамбар аз пушти парда сухан бигӯянд ва баъд аз вафоти Пайғамбар бо онҳо издивоҷ накунанд.

Мусулмонон ба покдомании ҳамсарони Пайғамбар бовар доранд ва дашном додану таҳқир ва беэҳтиромӣ кардан ба онҳоро ҷоиз намедонанд. Албатта, онҳо аз амалкарди Оиша дар рӯйдодҳои баъд аз вафоти Пайғамбар (с), ба монанди ҷанги Ҷамал интиқод мекунанд.

Ҷойгоҳ

Фатвои Оятуллоҳ Хоманаӣ

“Иҳонат ба намодҳои бародарони аҳли суннат, аз ҷумла иттиҳомзанӣ ба ҳамсари Паёмбари Ислом - Оиша ҳаром аст. Ин мавзӯъ шомили занони ҳамаи паёмбарон ва ба вижа Сайидул-анбиё, Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммад (с) мешавад!”.

Таърихи бойгонӣ, рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш., саҳ.3.

Ҳамсарони Пайғамбар (с) ба занони Пайғамбари Ислом ишора дорад, ки бо истинод ба ояти « وَأَزْوَاجُهُ أُمَّهَاتُهُمْ; ҳамсарон ӯ, модарони онҳо (муъминон) ҳастанд!»,[1] ба уммул-муъминин (модари муъминон) лақаб дода шуданд.[2] Дар Қуръон, аҳком ва дастурҳои хоссе дар бораи онон омадааст.[3]

Ҳаром будани дашном ба ҳамсарони Пайғамбар

Ҳамаи мусулмонон ба покдомании ҳамсарони Пайғамбар бовар доранд. Бо ин ҳол, бархе аз ваҳҳобиён ба шиаён нисбат медиҳанд, ки онон ба ҳамсарони Пайғамбар нисбати нораво медиҳанд. Ҳарчанд олимони шиа ва бархе аз аҳли суннат ба амалкарди бархе аз ҳамсарони Пайғамбар дар ҳодисаҳои пас аз вафоти Пайғамбар монанди нақши Оиша дар шаклгирии ҷанги Ҷамал ва душмании ӯ бо Имом Алӣ (а) интиқод доранд,[4] аммо ба ҳеҷ як аз занони Пайғамбар нисбати нораво надода ва иҳонат ба ононро ҷоиз намедонанд.[5] Ба унвони намунаи Сайиди Муртазо - мутакаллими шиаи қарни панҷуми қамарӣ, олӯдагии занони паёмбарон ба фаҳшоро бо исмати паёмбарон носозгор медонад; зеро ба эътиқоди имомия, паёмбарон аз ҳар чизе ки мояи нафрат ва дурии мардум аз онҳо бошад, масунанд.[6] Шайхи Тусӣ низ дар тафсири Тибён тасреҳ кардааст ба инки ҳеҷ як аз ҳамсарони паёмбарон нопокдоман набудаанд; зеро ин кор ҳам боиси гурези мардум аз паёмбар мешавад ва ҳам мояи нангу ори ӯст ва бешак ҳар кас чунин сухани ғайри олимонаро бигӯяд ва чунин туҳмате бизанад, хатои бузурге муртакиб гаштааст.[7] Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз донишмандони аҳли суннат имкони иртикоби фаҳшо дар бораи бархе аз ҳамсарони паёмбарон ва низ вуқуашро матраҳ кардаанд.[8] Ҳамчунин Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, фатвои ҳаром будани дашному таҳқиру тавҳин ба муқаддасоти аҳли суннатро дар бораи ҳаром будани иҳонат ба намодҳои аҳли суннат ва ҳамсарони Пайғамбари Ислом (с) содир кардааст.[9]

Теъдод

Дар бораи теъдоди ҳамсарони Пайғамбар ихтилофи назар вуҷуд дорад: ба гузориши Ибни Ҳишом дар ас-Сират-ун-набавийя, теъдоди занони Пайғамбар сездаҳ тан буд:[10] Хадиҷа, Суда, Оиша, Зайнаб духтари Хузайма, Ҳафса духтари Умар, Уммусалама, Зайнаб духтари Ҷаҳш, Ҷувайрия, Уммиҳабиба, Сафия ва Маймуна, Умра ибни Язиди Килобӣ ва Асмо бинти Нуъмони Киндӣ.[11] Ҳангоми вафоти Пайғамбар, ғайри Хадиҷа ва Зайнаб духтари Хузайма, дигар занони ӯ зинда буданд.[12]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), шумори занони Пайғамбар понздаҳ тан зикр шудааст.[13] Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ ва Шамсиддини Заҳабӣ ҳам ҳамсарони паёмбарро понздаҳи тан донистаанд.[14] дар бархе ривоёт, шумори онҳо то ҳаждаҳи тан низ зикр шудааст.[15] Албатта ҳазрати Муҳаммад (с) 25 сол - то замоне, ки ҳазрати Хадиҷа зинда буд - фақат як ҳамсар дошт ва баъд аз даргузашти ҳазрати Хадиҷа ва ҳиҷрат ба Мадина ҳамсарони дигаре ихтиёр кард.[16]

Гуфта шудааст, сабаби ихтилоф дар теъдоди занони Пайғамбар (с) он аст, ки бархе аз муаррихон, занонеро ки ба илале бо Пайғамбар (с) зиндагӣ накардаанд, ё канизони ӯро ҳам ҷузви ҳамсаронаш ба шумор овардаанд.[17] Дар манобеъ, номи бархе аз онҳо, аз ҷумла: Морияи Қибтия ва Райҳона духтари Зайд омадааст.[18]

Тасвире аз Бақиъ, шумораи чаҳор, мақбараи занони Пайғамбар (с)-ро нишон медиҳад

Фарзандон

Мақолаи аслӣ: Фрзандони Пайғамбари Ислом

Аз ҳамсарони Пайғамбар (с) танҳо Хадиҷа (с) ва Морияи Қибтия соҳиби фарзанд шуданд.[19] Мория Иброҳимро ба дунё овард.[20] Аз Хадиҷа бино бар машҳур, чаҳор духтар (Фотима (с), Зайнаб, Уммикулсум ва Руқайя) ва низ ду писар (Абдуллоҳ ва Қосим) таваллуд шуд.[21] Албатта бархе аз муҳаққиқони шиа бар ин боваранд, ки Зайнаб, Уммукулсум ва Руқайя, духтарони Пайғамбар (с) ва Хадиҷа набудаанд, балки духтарони хоҳари Хадиҷа будаанд, ки дар хонаи ӯ калон шуданд.[22]

Сабаби издивоҷҳои чандкаратаи Пайғамбар

Бисёрзанӣ дар замони Пайғамбар (с) як амри роиҷу маъмулӣ будааст,[23] аммо гуфта мешавад, Пайғамбар бар асоси ҳикматҳое ва дар ростои рисолати Илоҳӣ (таблиғи дини Ислом), издивоҷҳои чандкаратае анҷом додааст.[24] Бархе аз далелҳое, ки барои бисёрзании Пайғамбар (с) зикр шудааст, ба шарҳи зер аст:

  1. Ба даст овардани пуштибонии қабилаҳо ва тоифаҳои калони араб ва пурзур намудани нуфузи сиёсӣ ва иҷтимоии худ аз роҳи пайванди сабабӣ бо онон; монанди издивоҷ бо Оиша.
  2. Иҷрои ҳукми Илоҳӣ ва аз байн бурдани фикрҳои ғалати ҷоҳилӣ, монанди издивоҷ бо Зайнаб бинти Ҷаҳш. Зайнаб ҳамсари Зайд ибни Ҳориса - фарзандхондаи Пайғамбар буд ва мутобиқи расми ҷоҳилият, арабҳо фарзнадхондаро монанди фарзанд медонистанд, аз ин рӯ, пас аз вафоти фарзандхонда ё талоқ, бо ҳамсари ӯ издивоҷ намекарданд.
  3. Мустаҳкам намудани ҷойгоҳи иҷтимоии занони осебдида, ҳамчун занони беваю асир (бештари ҳамсарони Пайғамбар (с) бева буданд).
  4. Дилҷӯӣ аз занон, ки ба хотири қабули Ислом озорҳое бар сарашон омадааст; монанди издивоҷ бо Уммиҳабиба.
  5. Муҳофизат ва таъмини зиндагии бевазанони камбизоат (ҳамсарони шаҳид) ва ятимон, монанди издивоҷ бо Уммусалама ва Зайнаб бинти Хузайма.
  6. Нишон додани азамат ва қудратмандии Ислому мусулмонон, монанди издивоҷ бо Сафия.
  7. Ҳифзи занон аз хатароти ҷонӣ, монанди издивоҷ бо Суда.
  8. Озодсозии асирону бардагон, монанди издивоҷ бо Ҷувайрия бинти Ҳорис.[25]

Бо ин ҳол, бархе нависандагон, тааддуди ҳамсарони Пайғамбарро ношӣ аз ҳавову ҳавас донистаанд. Аллома Таботабоӣ дар ҷавоб гуфтааст, ки сираи Пайғамбар хилофи инро собит мекунад; чароки Пайғамбар бист сол аз умраш (ҳудуди як сеюм)-ро фақат бо Хадиҷа зиндагӣ кард ва дар охирҳои умраш буд, ки бо занони дигар издивоҷ кард.[26] Ҳамчунин агар издивоҷҳои Пайғамбар аз рӯи ҳавову ҳавас мебуд, ӯ бо занони ҷавон издивоҷ мекард, на бо бевазанон ва занони солхурда.[27]

Ҳамчунин ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, рафтори Пайғамбар (с) бо занон далеле бар ин аст, ки ӯ занро василае барои шаҳватронии мардон намедонистааст, балки кӯшидааст ононро аз зиллату бардагӣ наҷот диҳад.[28] Муҳаммадҳусайн Кошифулғито бар ин бовар аст, ки Пайғамбар (с) бо тааддуди завҷот мехостааст нафси малакутии хеш нишон диҳад ва намунаи боризи хештандорӣ, истиқомат ва риояти баробарию адолатро ба намоиш бигузорад.[29] [Ёддошт 1]

Дастурҳои Қуръон ба ҳамсарони Пайғамбар

Шуморе аз оятҳои Қуръон дар бораи ҳамсарони Пайғамбар нозил шуда ва дастурҳое хитоб ба онҳо баён кардааст:

Кайфар ва подоши ҳамсарони Пайғамбар дучандон аст

Бар асоси ояти «ا نِساءَ النَّبِيِّ مَنْ يَأْتِ مِنْكُنَّ بِفاحِشَةٍ مُبَيِّنَةٍ يُضاعَفْ لَهَا الْعَذابُ ضِعْفَيْنِ وَ كانَ ذذلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيراً (۳0) وَ مَنْ يَقْنُتْ مِنْكُنَّ لِلَّهِ وَ رَسُولِهِ وَ تَعْممَلْ صالِحاً نُؤْتِها أَجْرَها مَرَّتَيْنِ وَ أَعْتَددْنا لَها رِزْقاً كَرِيماً» [Аҳзоб, ояти 30 - 31.] агар ҳамсарони Пайғамбар амали солеҳ анҷом диҳанд, аҷрашон ду баробар, ва агар муртакиби фоҳиша шаванд, азобашон дучандон хоҳад буд;[30] чароки онон ба далели интисобашон ба Пайғамбар дар мавқеияте қарор доранд, ки улгӯе барои дигар занон ҳастанд.[31] Ҳамчунин муфассирон бо истинод ба ояти " يا نِساءَ النَّبِيِّ لَسْتُنَّ كَأَحَدٍ مِنَ النِّساءِ إِنِ اتَّقَيْتُنَّ"; эй занони Пайғамбар (с) шумо бо дигар занон баробар нестед, агар тақво пеша кунед [сураи Аҳзоб, ояти 32] таклифи ононро сангинтар аз дигарон донистааст; зеро оқилона нест таклиф яксон бошад, аммо аҷр мутафовит.[32]

Агар Пайғамбар ва охиратро мехоҳед, содазист бошед

Бар асоси ояти «يا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْواجِكَ إِنْ كُنْتُنَّ تُرِدْنَ الْحَياةَ الدُّنْيا وَ زِينَتَها فَتَعالَيْنَ أُمَتِّعْكُنَّ وَ أُسَرِّحْكُنَّ سَراحاً جَمِيلاً (۲۸) وَ إِنْ كُنْتُنَّ تُرِدْنَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ وَ الدَّارَ الْآخِرَةَ فَإِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْمُحْسِناتِ مِنْكُنَّ أَجْراً عَظِيماً» [сураи Аҳзоб, ояти 28 - 29] ҳамсарони Пайғамбар (с) агар Пайғамбару охиратро мехоҳанд, бояд содазист бошанд ва агар дунёро мехоҳанд, Пайғамбар бояд онҳоро талоқ диҳад ва маҳрашонро бипардозад.[33] Чунонки дар Тафсири Намуна омадааст, ин оят дар вокуниш ба норозӣ будан ва шикоят кардани баъзе аз ҳамсарони Пайғамбар (с) аз вазъияти зиндагии моддиашон нозил шудааст. Онон бо дидани ғаниматҳое, ки аз ҷангҳо насиби мусулмонон мешуд, аз Пайғамбар дархостҳои моддӣ доштанд. Пайғамбар аз иҷобати хостаҳои онҳо сар боз заду як моҳ аз онҳо канорагирӣ кард то инки оёти мазкур нозил шуд.[34]

Овози худро борик накунед

Бар пояи ояти «فَلا تَخْضَعْنَ بِالْقَوْلِ فَيَطْمَعَ الَّذِي فِي قَلْبِهِ مَرَضٌ» [сураи Аҳзоб, ояти 32] ҳамсарони Пайғамбар (с) дар сухан гуфтан бо мардон набояд овози худро борик кунанд, то одамҳои шаҳватрон таҳрик шаванд.[35]

Сухани хуб бигӯед

Бар асоси ояти «وَ قُلْنَ قَوْلًا مَعْرُوفاً» [сураи Аҳзоб, ояти 32] занони Пайғамбар бояд ба таври шоистае ки мавриди ризои Худо ва Пайғамбар (с) ва ҳамроҳ бо ҳаққу адолат аст, сухан бигӯянд.[36]

Дар хона бимонед ва аз табарруҷу худнамоию ҷилвагарӣ бипарҳезед

Дар ояти «وَ قَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَ لا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجاهِلِيَّةِ الْأُولى‏» [сураи Аҳзоб, ояти 33] аз занони Пайғамбар хоста шудааст, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва ҳамчун ҷоҳилияти нахустин, андому зинатҳоро дар маърази тамошои дигарон қарор надиҳанд.[37] Ба гуфтаи муфассирон, ин як ҳукми умумӣ аст ва шомили ҳамаи занони мусулмон мешавад ва такяи он бар занони Пайғамбар (с) барои таъкиди бештар аст.[38]

Намоз барпо доред ва закот диҳед

Бар асоси ояти «أَقِمْنَ الصَّلاةَ وَ آتِينَ الزَّكاةَ وَ أَطِعْنَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ» [сураи Аҳзоб, ояти 33], занони Пайғамбар бояд намоз бихонанд, закот бидиҳанд ва аз Худову Пайғамбараш итоат кунанд. Албатта ба гуфтаи муфассирон, ин дастурҳо ба занони Пайғамбар ихтисос надорад ва шомили ҳамагон мешавад, ҳарчанд нисбат ба занони Пайғамбар таъкиди бештаре дорад.[39] Аллома Таботабоӣ навиштааст, иллати инки дар оят аз байни аҳком, фақат намозу закот зикр шудааст ин аст, ки ин ду, рукни ибодоту муомилотанд ва дигар дастурҳо зайли «أَطِعْنَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ» омадааст.[40]

Аз фурсати ҳамроҳӣ бо Пайғамбар истифода кунед

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, ояти «وَاذْكُرْنَ ما يُتْلى‏ فِي بُيُوتِكُنَّ مِنْ آياتِ اللَّهِ وَ الْحِكْمَةِ» [сураи Аҳзоб, ояти 34] ба маънои ин аст, ки занони Пайғамбар (с) бояд он даста аз оятҳои Худоро, ки дар хонаҳояшон мешунаванд, азёд карда, ҳамвора ба хотир дошта бошанд ва аз масире, ки Худо барояшон таъйин кардааст, таҷовуз накунанд.[41] Бархе муфассирон ҳам гуфтаанд, муроди оят ин аст, ки ҳамсарони Пайғамбар бояд шукргузори ин неъмат бошанд, ки дар хонае ҳастанд, ки Қуръону ҳадис дар он тиловат мешавад.[42]

Дастурҳои Қуръон ба мусулмонон дар бархӯрд бо ҳамсарони Пайғамбар

Дар Қуръон барои бархӯрди мусулмонон бо ҳамсарони Пайғамбар низ аҳкоме зикр шудааст:

Сухани гуфтан аз пушти парда

Бар асоси ояти «وَ إِذا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتاعاً فَسْئَلُوهُنَّ مِنْ وَراءِ حِجابٍ ذلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَ قُلُوبِهِنَّ» [сураи Аҳзоб, ояти 53] мусулмонон ҳар вақт хостае аз занони Пайғамбар дошта бошанд, бояд аз пушти парда онро бихоҳанд. Манзур аз ҳиҷоб дар ин оят, пӯшиши одие ҳамчун занони дигар нест, балки ҳукме илова бар он ва махсуси ҳамсарони Пайғамбар (с) буда[43] ки ба манзури пешгирӣ аз айбҷӯии душманон барои ҳамсарони Пайғамбар[44] ва ҳифзи обрӯдории онон[45] нозил шудааст.

Манъ будани издивоҷ бо ҳамсарони Пайғамбар (с)

Бар асоси ояти «وَ لا أَنْ تَنْكِحُوا أَزْواجَهُ مِنْ بَعْدِهِ أَبَداً»; сазовор нест, ки баъд аз Пайғамбар, бо ҳамсарони ӯ издивоҷ кунед! [Сураи Аҳзоб, ояти 53]. Издивоҷ бо ҳамсарони Пайғамбар баъд аз вафоти ӯ ҷоиз нест; чароки онҳо ба манзалаи модари маънавӣ барои муъминонанд.[46] Дар хусуси иллати ин манъ будани издивоҷ, эҳтимолоте дода шудааст; аз ҷумла:

  • Пешгирӣ аз беэҳтиромӣ ба Пайғамбар (с): бархе тасмим гирифта буданд, ки баъд аз даргузашти Пайғамбар (с) бо ҳамсарони ӯ издивоҷ кунанд ва аз ин роҳ ба обрӯи ӯ зарба зананд.
  • Пешгирӣ аз суиистифода: агар издивоҷ бо занони Пайғамбар ҷоиз мебуд, ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки афроде бо ин издивоҷ ҷойгоҳи иҷтимоии хоссе пайдо кунанд ва аз он суиистифода намоянд. Ё бо ин баҳона ки огоҳии хос аз даруни хонаи Пайғамбар (с) ва мактаби ӯ доранд, ба таҳрифи Ислом бипардозанд.[47]
  • Издивоҷ бо ҳамсарони Пайғамбар ба ин далел ҷоиз набуд, ки онон дар биҳишт ҳам ҳамсарони Пайғамбар хоҳанд буд.[48]

Маҳрияи ҳамсарони Пайғамбар

Мақолаи аслӣ: Маҳрул-суннат

Бино бар ривоёт, миқдори маҳрияи ҳамсарони Пайғамбар (с) 500 дирҳам будааст.[49] Ба маҳрияе, ки Пайғамбари Ислом (с) барои ҳамсарон ва ҳамчунин ба нақли Шайхи Садуқ, барои духтаронаш[50] қарор медод, маҳрул-суннат гуфта мешавад.[51] Албатта бар пояи ривояте, ки Шайхи Садуқ аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, маҳрияи Уммуҳабиба (ҳамсари Пайғамбар) чаҳор ҳазор дирҳам будааст.[52] Гуфтаанд, дар ин ривоят, Имом Боқир (а) ин маҳрияро як истисно донистааст, ки онро Наҷошӣ - ҳокими Ҳабаша, ки ваколати Пайғамбар дар хостгорӣ аз Уммуҳабибаро бар уҳда доштааст, анҷом дода ва худи ӯ маҳрияро пардохт карда ва Пайғамбар (с) бо он мухолифат накардааст.[53]

Шеваи бархӯрди Пайғамбар бо ҳамсаронаш

Ба гуфтаи Муҳаммад Ҳасанайн Ҳайкал (ваф.1376ҳ.қ.) - нависандаи мисрӣ, Пайғамбар барои ҳамсаронаш ҷойгоҳи вижае қоил буд, ки назди арабҳо маъруф набуд.[54] Бино бар бархе оёти Қуръон, ӯ барои ризояти бархе аз ҳамсаронаш, бархе аз мубоҳҳоро бар худ ҳаром кард. Барои намуна дар шаъни нузули ояти «یا أَیهَا النَّبِی لِمَ تُحَرِّ‌مُ مَا أَحَلَّ اللَّهُ لَک تَبْتَغِی مَرْ‌ضَاتَ أَزْوَاجِک ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَّ‌حِیمٌ; эй Пайғамбар, чаро барои хушнудии ҳамсаронат, чизеро ки Худо барои ту ҳалол гардонидааст, ҳаром мекунӣ? Худо [аст ки] бахшандаи меҳрубон аст!»,[55] омадааст, ки ин оят баъд аз он нозил шуд, ки Пайғамбар барои ризояти Ҳафса, нӯшидани шарбати асале, ки Зайнаб бинти Ҷаҳш барояш омода мекардро бар худ ҳаром кард.[56]

Ҳамчунин Пайғамбар байни занонаш бо адолат рафтор мекард. Гузоришҳое аз тақсими амвол ба таври баробар байни онон вуҷуд дорад. Аз ҷумла ба гузориши Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ дар китоби ал-Мағозӣ, Пайғамбар баъд аз ҷанги Хайбар ба ҳар як аз ҳамсаронаш ҳаштод васақ (паймона) хурмо ва бист васақ ҷав пардохт кард.[57] Ҳамчунин шабҳоро байни онҳо тақсим мекард ва ба ҳангоми ҷанг ё сафар, тибқи қуръа яке аз ононро бо худ мебурд, бо инки бар асоси ояти 51-и сураи Аҳзоб, ӯ муҷоз буд, ки навбати ҳар як аз ҳамсаронашро, ки бихоҳад ба таъхир биандозад.[58]

Китобшиносӣ

Китобҳои бисёре дар бораи ҳамсарони Пайғамбар ба забони арабӣ ва форсӣ тавассути олимони шиа ва аҳли суннат навишта шудааст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Ал-Мунтахаб мин китоби азвоҷ-ин-Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, таълифи Зубайр ибни Бакор (ваф.256ҳ.қ.). Ин китоб бо таҳқиқи Сакина Шаҳобӣ тавассути муассисатур-Рисолаи Бейрут дар соли 1403 ҳиҷрии амарӣ чоп ва мунташир шудааст.
  • Завҷот-ун-набӣ (с), асари Саид Айюб (тав.1363ҳ.қ.) мустабсири мисрӣ.[59]
  • Сабки зиндагии Расули Худо бо ҳамсаронаш, асари Фарзона Ҳакимзода. Ин китоб бо рӯйкарди сармашқпазирӣ аз бархӯрди Пайғамбар бо ҳамсаронаш навишта шудааст.[60]
  • Азвоҷ-ун-набӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, асари Муҳаммад ибни Юсуф Солеҳии Димишқӣ.
  • Завҷот-ун-набӣ ва авлодуҳ, асари Амир Муҳайё ал-Хаёмӣ (чоп ва интишор дар 1411ҳ.қ.).
  • Ҳамсарони Пайғамбар, асари Ақиқии Бахшоишӣ (чоп дар соли 1352ҳ.ш.).

Эзоҳ

  1. Сураи Аҳзоб, ояти 6.
  2. Ниг.: сураи Аҳзоб, ояти 6.
  3. Барои намуна ниг.: сураи Аҳзоб, оёти 28 - 34 ва 53 - 54.
  4. Ниг.: Ҳусайнии Фирузободӣ, Сабъатун мин-ас-салаф, 1417ҳ.қ., саҳ.258 - 269.
  5. Милони Нуронӣ, “Баррасии дидгоҳи уламои шиа дар мавриди ҳамсарони Паёмбар”, саҳ.56 - 58.
  6. Сайиди Муртазо, Амолӣ, 1998м., ҷ.1, саҳ.503.
  7. Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.5, саҳ.495.
  8. Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.4, саҳ.729.
  9. “Истиқболи ҷаҳони Ислом аз истифтои ҷадиди Оятуллоҳ Хоманаӣ”, рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш., саҳ.3.
  10. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.643.
  11. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.647.
  12. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.647.
  13. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.419.
  14. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1380ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.23; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.592.
  15. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.4.
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.195.
  17. Абулқосимзода, “Канкоше дар бораи илали тааддуди ҳамсарони Паёмбар”, саҳ.84.
  18. Барои намуна, ниг.: Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.598.
  19. Ҳайкал, Ҳаёту Муҳаммад, Дорул-кутуб, саҳ.205.
  20. Ҳайкал, Ҳаёту Муҳаммад, Дорул-кутуб, саҳ.205.
  21. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.334.
  22. Ҷаъфари Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.212.
  23. Ҳайкал, Ҳаёту Муҳаммад, Дорул-кутуб, саҳ.205.
  24. Абулқосимзода, “Канкоше дар бораи илали тааддуди ҳамсарони Паёмбар”, саҳ.84.
  25. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196 - 197.
  26. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.195.
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.195.
  28. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196 - 197.
  29. Кошифулғито, ал-Фирдавс-ул-аъло, саҳ.122.
  30. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.307.
  31. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.288.
  32. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.308.
  33. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.307.
  34. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.278 - 279.
  35. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.289.
  36. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.289.
  37. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.290.
  38. Барои намуна ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.290; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.308.
  39. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.291.
  40. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.309.
  41. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.313.
  42. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.217.
  43. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.401.
  44. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.403.
  45. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ. 17, саҳ. 398
  46. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.204.
  47. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.404.
  48. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.229.
  49. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.347 - 348; Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.302; Шаҳиди Сонӣ, 1410, ҷ.5, саҳ.344.
  50. Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.302.
  51. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.344.
  52. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.473.
  53. Масъудӣ, “Пажуҳише дар бораи маҳрул-суннат (маҳри Муҳаммадӣ)”, саҳ.113.
  54. Ҳайкал, Ҳаёту Муҳаммад, Дорул-кутуб, саҳ.279.
  55. Сураи Таҳрим, ояти 1.
  56. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.271 - 274.
  57. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.693.
  58. Обидинӣ, “Шеваи ҳамсардории Паёмбар (с) ба гузориши Қуръон”, саҳ.172.
  59. “Мустабсирин: Саид Айюб”, Маҷмаи ҷаҳонии шиашиносӣ.
  60. “Наҳваи бархӯрди Паёмбар (с) бо ҳамсаронаш улгӯ барои башари давраи муосир аст”, хабаргузории Икно.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абулқосимзода, Маҷид ва Меҳрӣ Козиминажод, “Канкоше дар бораи илали тааддуди ҳамсарони Паёмбар”, Маърифат, № 108, озари 1385ҳ.ш.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, ал-табъатул-солиса, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, ал-табъатул-сония, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо Саққо ва Иброҳим ал-Абёрӣ ва Абдулҳафизи Шилбӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • "Истиқболи ҷаҳони Ислом аз истифтои ҷадиди Оятуллоҳ Хоманаӣ", рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш.
  • Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, ал-Фирдавс-ул-аъло, бе то, беҷо, бено.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи сию дувум, 1374ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Амтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ал-Намисӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, ал-табъатул-уло, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Масъудӣ, Абдулҳодӣ, «Пажуҳише дар бораи маҳрул-суннаҳ (маҳри Муҳаммадӣ)», дар таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръону ҳадис, ба кӯшиши Муҳаммад Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, тарҷумаи Ҳамидризо Шайхӣ, Қум, Созмони чоп ва нашри Дорул-ҳадис, чопи дувум, 1389ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, интишороти ал-Шариф ал-Разӣ, 1380ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбори-л-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Милони Нуронӣ, Муҳаммадҷаъфар, «Баррасии дидгоҳи уламои шиа дар мавриди ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам», Сироҷи мунир, № 35, поизи 1398ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф‏, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • "Мустабсирин: Саид Айюб", Маҷмаи ҷаҳонии шиашиносӣ, дарҷи матлаб: 29 меҳри 1397ҳ.ш., мушоҳида: 8 хурдоди 1399ҳ.ш.
  • "Наҳваи бархӯрди Паёмбар (с) бо ҳамсаронаш улгӯ барои башари давраи муосир аст", хабаргузории Икно, таърихи интишор: 15 озари 1396ҳ.ш.
  • Обидинӣ, Аҳмад, «Шеваи ҳамсардории Паёмбар ба гузориши Қуръон», Баййинот, № 52, зимистони 1385ҳ.ш.
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Набӣ-ил-Аъзам, Қум, муассисаи илмӣ ва фарҳангии Дорул-ҳадис, ал-табъатул-уло, 1426ҳ.қ./1385ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Амолӣ-л-Муртазо, Қоҳира, Дорул-фикрил-арабӣ, 1988м.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Ҳайкал, Муҳаммад Ҳусайн, Ҳаёту Муҳаммадин саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, Дорул-кутуб, Қоҳира, бе то.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1411ҳ.қ./1990м.
  • Ҳусайнии Фирузободӣ, Сайидмуртазо, Сабъатун мин-ас-салаф, таҳқиқи Сайид Муртазо Разавӣ, ал-табъатул-уло, Қум, муассисаи Дорул-ҳиҷрат, 1417ҳ.қ./1375ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, муассисаи ал-Ҳодӣ алайҳис-салом, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисини Қум, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, таҳқиқи Сайидмуҳаммади Калонтар, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.

Пайванд ба берун

  • Нақди дидгоҳи мусташриқон дар бораи тааддуди ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз манзари Қуръон
  • «Тафсири оёти марбут ба ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо таъкид бар шубаҳоти навпадид».


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found