Зуҳри шаръӣ
(Тағйири масир аз Заволи зуҳр)
Зуҳри шаръӣ (форсӣ: ظُهر شرعی) ё завол замоне, ки сояи шохис (чуб ё чизи дигареро, ки барои муайян кардани зуҳр (нисфирӯзӣ) ба замин фурӯ мебаранд) ба кӯтоҳтарин миқдори худ дар рӯз мерасад. Зуҳри шаръӣ оғози вақти намози пешин аст.
Тибқи гуфтаи фақеҳон дар сурате, ки шохис ба таври амудӣ (горизонталӣ) дар замин қарор гирад, замоне аст, ки сояи он ба камтарин миқдор бирасад, завол ё зуҳри шаръӣ номида мешавад.[1]
Аз зуҳри шаръӣ дар боби вақтҳои намоз[2] ва рӯзаи мусофири китобҳои фиқҳӣ баҳс мешавад. Бархе аз аҳкоми муртабит бо он иборатанд аз:
- Зуҳри шаръӣ нисбат ба минтақаҳои ҷуғрофиёӣ ва рӯзҳои сол, тағйир мекунад.[3]
- Фатвои фуқаҳо бар ин аст, ки зуҳри шаръӣ аввали вақти намози пешин аст.[4]
- Тибқи назари фуқаҳо агар рӯзадор, агар пеш аз зуҳри шаръӣ мусофират кунад, рӯзааш ботил аст.[5]
- Агар мусофир пеш аз зуҳр ба ватан ё ба ҷое бирасад, ки қасди иқомати даҳ рӯз дорад, чунончи коре, ки рӯзаро ботил мекунад, анҷом надода бошад, бояд он рӯзро рӯза бигирад ва агар анҷом дода бошад, рӯзаи он рӯз бар ӯ фарз нест.[6]
Эзоҳ
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.252; имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1391ҳ.ш., масъалаи 729, саҳ.116; Макорими Шерозӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1429ҳ.қ., бахши намоз, масъалаи 672.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.673.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.252; «чаро вақтҳои шаръӣ дар ду уфуқи наздик ба якдигар ихтилофи машҳуд дорад?», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250; имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1391ҳ.ш., масъалаи 731, саҳ.117; Макорими Шерозӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1429ҳ.қ., бахши намоз, масъалаи 673.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.953.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.994.
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1381ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1391ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом, 1429ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи нашри исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисин, 1421ҳ.қ.
- “Чаро вақтҳои шаръӣ дар ду уфуқи наздик ба якдигар ихтилофи машҳуд дорад?”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷ: 18 шаҳривари 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 21 мурдоди 1402ҳ.ш.