Забеҳуллоҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Забиҳуллоҳ)
Таблои имтиҳони бузург, асари Устод Фаршчиён

Забеҳуллоҳ (арабӣ:ذَبیح‌ُ الله) лақаби Исмоил - писари ҳазрати Иброҳим аст, ки Худованд ба Иброҳим фармон дод, ӯро забҳ кунад.

Қуръон достони забҳро овардааст, аммо номи забеҳро зикр накардааст. Шиаён забеҳуллоҳро лақаби Исмоил ва яҳудиён онро лақаби Исҳоқ медонанд. Аҳли суннат низ дар бораи инки забеҳ Исмоил аст, ё Исҳоқ ихтилоф доранд.

Моҷарои забҳ

Мақолаи аслӣ: Забҳи Исмоил

Забеҳуллоҳ ба маънои қурбонӣ шуда ё сарбуридашуда барои Худост. Забеҳуллоҳ лақаби яке аз фарзандони ҳазрати Иброҳим аст, ки Иброҳим аз ҷониби Худо маъмурият ёфт, ӯро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад.[1] Тибқи гузориши Қуръон Иброҳим дар хоб дид, ки фарзандашро забҳ менамояд, ин мавзӯъро бо писараш дар миён ниҳод ва фарзандаш аз ӯ хост, ки мутобиқ бо фармони Илоҳӣ амал намояд.

Ҳангоме, ки он ду таслими хостаи Худо шуданд ва Иброҳим фарзандашро дар қурбонгоҳ хобонд, то забҳаш кунад, нидо омад ки: «эй Иброҳим! Ба хобат амал кардӣ, ба ростӣ мо некукоронро ингуна подош медиҳем [ки нияти поку холисашонро ба ҷои амал мепазирем.] Ба яқин ин имтиҳони равшан буд ва мо фарзандашро дар баробари қурбонии бузурге [аз забҳ шудан] раҳонидем!».[2]

Тибқи ривоятҳо, Ҷабраил ба хости Худо монеъи асар кардани корд шуд ва як қӯчқори биҳиштӣ тавассути Иброҳим, ба ҷои фарзандаш забҳ шуд.[3] Суннати қурбонӣ дар рӯзи иди Қурбон, ба ёдбуди достони забҳи ӯ анҷом мешавад.[4] Забҳ дар луғат ба маънои сар буридан аст.[5]

Забеҳ лақаби кист?

Наққошии забҳи Исмоил, асари Муҳаммади Замон

Қуръон моҷарои забҳро гузориш кардааст, аммо ба номи забеҳ тасреҳ накардааст.[6] Дар инки «забеҳуллоҳ» лақаби кадом фарзанди Иброҳим аст, ду назария вуҷуд дорад; бархе онро лақаби Исмоил ва бархеи дигар лақаби Исҳоқ медонанд. Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор ривоятҳои ҳар ду назарияро гирд овардааст.[7]

Исмоил

Муфассирони шиа бо истинод ба оёти 101 - 113 сураи Соффот

бар ин боваранд, ки Худованд башорат ба таваллуди Исҳоқ[8]ро баъд аз башорат ба таваллуди Исмоил ва моҷарои забҳ,[9] ба Иброҳим додааст.[10] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорим, касоне ки забеҳро Исҳоқ медонанд, ду башоратеро, ки дар Қуръон ба Иброҳим додаастро марбут ба Исҳоқ медонанд; башорати аввалро ба вилодат ва башорати дувумро ба набуввати ӯ рабт медиҳанд. Аз назари ӯ, аз оёти мазкур ба равшанӣ ба даст меояд, ки ду башорат марбут ба ду фарзанд аст.[11] Ҳамчунин Аллома Таботабоӣ муътақид аст, ки сиёқ ва сареҳи ин оёт, бар забеҳ будани Исмоил далолат дорад.[12]

Дар бархе ривоёт низ Исмоил ба унвони забеҳуллоҳ муаррифӣ шудааст; аз ҷумла инки Пайғамбар (с) дар ривоёте худро Ибни Забеҳайн хондааст.[13] Ҳамчунин дар дуои Машлул, ки ба Имом Алӣ (а) мансуб аст[14] ва ривоёте, ки аз Имом Содиқ,[15] ва Имом Ризо[16] нақл шудааст, Исмоил ба унвони забеҳ муаррифӣ шудааст. Дар зиёрати Ғуфайла (зиёрати махсуси Имом Ҳусайн (а) дар нимаи раҷаб) бо иборати «ассалому алайк ё вориса Исмоил забеҳуллоҳ» ба Имом Ҳусайн (а) ба унвони вориси Исмоили забеҳуллоҳ салом дода шудааст.[17]

Бархе аз нависандагон моҷарои ҳиҷрати Ҳоҷар ва таваллуди Исмоилро бо моҷарои забҳ муртабит дониста ва забҳи Исмоилро мукаммили онҳо медонанд.[18] Шайх Садуқ, зимни ишора ба ихтилофи ривоёт, забеҳро Исмоил дониста мегӯяд: аз онҷое ки Исҳоқ баъд аз моҷарои забҳ мутаваллид шуд, орзӯ мекард, эй кош худаш он касе мебуд, ки падараш маъмур ба забҳи ӯ шуда буд, аммо монанди Исмоил таслими фармони Худо шуд ва дар баробари амри Ӯ сабр кард ва дар савоб ба дараҷаи Исмоил расид.[19]

Бархе аз муфассирони аҳли суннат бо истинод ба дастае аз ривоёт, забеҳро Исмоил медонанд. Ин қавлро ба Абуҳурайра, Омир ибни Восила, Абдуллоҳ ибни Умар, Ибни Аббос, Саид ибни Мусаййиб, Юсуф ибни Меҳрон, Рабиъ ибни Анас ва ғ. нисбат додаанд,[20] ҳамчунин Фахри Розӣ ва Ибни Ошур эҳтимол додаанд, ки забеҳ Исмоил бошад.[21]

Исҳоқ

Бархе аз муфассирони аҳли суннат забеҳуллоҳро лақаби Исҳоқ медонанд. Ин қавлро ба афроде ҳамчун Умар ибни Хаттоб, Саид ибни Зубайр, Каъбул-Аҳбор, Қутода, Заҳрӣ, Табарӣ ва Молик ибни Анас нисбат додаанд.[22] Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, ривоёте ки Исҳоқро забеҳуллоҳ муаррифӣ кардаандро таҳти таъсири исроилиёт дониста, эҳтимол додааст, ки ин ривоёт сохтаи яҳуд бошанд.[23]

Ҳамчунин дар Таврот, Исҳоқ забеҳуллоҳ муаррифӣ шудааст.[24] Албатта, дар мавориде забеҳ ба унвони танҳо фарзанди Иброҳим ҳам муаррифӣ шудааст.[25]

Ибни Забеҳайн

Дар бархе ривоёт, бар асоси моҷарои назри Абдулмуталлиб, ки яке аз фарзандони худро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад, аз Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ба забеҳ ва аз Пайғамбар (с) ба Ибни Забеҳайн ёд шудааст.[26]

Эзоҳ

  1. Сураи Cоффот, ояти 102.
  2. Сураи Cоффот, ояти 101 то 108
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.4, саҳ.208
  4. Содиқии Теҳронӣ, ал-Балоғ, 1419ҳ.қ., саҳ.450; Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.299
  5. Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи забҳ.
  6. Ниг.: сураи Cоффот, ояти 102.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.132 - 137.
  8. Сураи Cоффот, ояти 112.
  9. Сураи Cоффот, ояти 101 - 107.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.129.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.129.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.155.
  13. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210; Шайх Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.56 - 58.
  14. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.263.
  15. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404, ҷ.2, саҳ.226; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.230.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.310.
  17. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.127.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.120.
  19. Шайх Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.57 - 58.
  20. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.100.
  21. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.351; Ибни Ошур, ат-Таҳриру ва-т-танвир, бе то, ҷ.23, саҳ.70 - 69.
  22. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.100.
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.119 - 120.
  24. Таврот, сифри пайдоиш, 22: 1 - 14.
  25. Таврот, сифари пайдоиш, 22: 2.
  26. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210.

Ёддошт


Сарчашма

  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, 1341ҳ.ш.
  • Ибни Ошур, Муҳаммад ибни Тоҳир, ат-Таҳриру ва-т-танвир, Бейрут, Муассисатул-таърих, 1420ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, бе то.
  • Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, Иброҳим ибни Алӣ, Қум, Дорул-Разӣ (Зоҳидӣ), 1405ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Сайидтаййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Дорул-китоб, Қум, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, интишороти муассисаи илмии фарҳангии Дорул-ҳадис, Қум, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Дорул-шуруқ, Бейрут, Қоҳира, 1412ҳ.қ.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Балоғ фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон, муаллиф, Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, Бейрут, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.