Ояти Ам-ман юҷиб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои амман юҷиб)
Ояти Амман юҷиб
Ин мақола дар бораи бахше аз ояти 62-и Намл аст. Барои ошноӣ бо ҳамаи оят, мадхали ояти 62-и сураи Намлро бибинед.

Ояти Амман юҷиб (آیه اَمَّن یُّجیب) фарозе аз ояти 62-и сураи Намл аст, ки дар он Худованд, ягона сарчашмаи иҷобати дуъо ва ҳалли мушкилоту гирифториҳои инсон зикр шудааст.

Дар ин ибора омадааст: "اَمَّن یُّجیبُ المُضطَرَّ اِذا دَعاهُ وَ یَکشِفُ السُّوءَ" Ё [кист] он касеки дармондаро ҳангоме ки Ӯро мехонад, иҷобат мекунад ва мушкилоту гирифториро бартараф мекунад?.

Дар фарҳанги умумӣ онро «дуои Амман юҷиб» меноманд, ки хондани он, дар сахтиҳою гирифториҳою душвориҳо тавсия шудааст. Маросиме ҳам ба номи «Хатми Амман юҷиб» ривоҷ дорад.

Ба гуфтаи баъзе муфассирон, ин ибора дар бораи тавҳид аст ва дар он Худованд аз мушрикон пурсидааст, оё касеки дуои бечораро иҷобат мекунад, беҳтар аст, ё худоёни шумо, ки ҳеҷ коре намекунанд?

Тибқи баъзе ҳадисҳо ва сухани муфассирони шиа, ин оят дар бораи Имом Маҳдӣ нозил шуда ва манзур аз «музтар» ӯст, аммо гуруҳи дигаре аз муфассирон ҳам гуфтаанд, Имом Маҳдӣ як намуна аз намунаҳои оят аст ва ин оят ҳамаи музтарҳо ва касонеро ки дар тангною сахтию бечорагӣ қарор гирифтаанд, мухотаб қарор дода, ваъда додааст, дуояшон мустаҷоб мешавад.

Ҷойгоҳи оят дар фарҳанги умумӣ

Иборати «Амман юҷиб-ул-музтарра изо даъоҳу ва якфишус суъ/ اَمَّن یُّجیبُ المُضطَرَّ اِذا دَعاهُ وَ یَکشِفُ السُّوءَ; ё [кист] касеки бечораро ҳангоме ки вайро мехонад, иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф мегардонад?» дар ояти 62-и сураи Намл омадааст. Дар забони умуми мардум, аз ин иборат ба дуо таъбир мешавад ва маросиме бо номи «Хатми Амман юҷиб» марсум аст.[1] Албатта худи оят сабку сиёқ ва мазмуни дуоӣ надорад ва ҳангоми дуо ва истифода аз он, ба сурати «ё ман юҷиб-ул-музатарра изо даъоҳу/ یا مَنْ یجیبُ الْمُضْطَرَّ إِذا دَعاهُ»[2] ё «ё ман юҷибу дуъоал-музтарр/ يَا مَنْ يُجِيبُ دُعَاءَ الْمُضْطَرِّ» тавсия шудааст.[3]

Мирзоҷавод Малакии Табрезӣ, барои шахсе ки моҳи рамазонро бе тағйире дар ҳолоташ гузаронда бошад, тавсия кардааст, ки барои рафъи сахтиҳо ва ислоҳи худ, аз Худованд кумак талаб кунад ва бо забони ҳол, ояти Амман юҷибро бихонад.[4]

Иртибот бо тавҳид

Дар ояти Амман юҷиб, Худованд танҳо марҷаъи истиҷобати дуо ва рафъи гирифториҳои инсон зикр шудааст ва ин мафҳум бо тавҳид муртабит дониста шудааст.[5] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, Худованд дар ин ин оят ва чанд ояти қаблу баъд, ки бо «амман» шурӯъ мешаванд, ба сурати суолӣ, равшантарин далелҳои тавҳидро баён ва мушриконро муҳокима кардааст.[6] Ин суол сеюмин суол аз суолҳои панҷгонаи Худованд аз мушрикон аст, ки дар он мепурсад, оё касе ки дуои дармондаро истиҷобат мекунад, беҳтар аст, ё худоёни шумо, ки ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд?[7]

Манзур аз «музтар» кист?

Дар бархе аз ривоёти шиа, манзур аз вожаи «музтар» (дармонда) Имом Маҳдӣ баён шудааст. Барои мисол, дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) ки дар китоби Тафсири Қумӣ омадааст, ояти 62-и сураи Намл дар шаъни Қоими Оли Муҳаммад (с) нозил шуда ва ӯ музтарри воқеӣ аст, ки баъд аз намоз дар мақоми Иброҳим ва дуо, Худованд низ дуои ӯро мустаҷоб ва пас аз «кашфи суъ» (рафъи гирифторӣ), ӯро дар замин халифа қарор медиҳад.[8]

Нуъмонӣ (ваф.360ҳ.қ.) дар ал-Ғайбаҳ, дар тафсири ояти Амман юҷиб, ривояте ба воситаи Муҳаммад ибни Муслим аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, ки мегӯяд, ояти 62-и сураи Намл дар бораи Имом Маҳдӣ (аҷ) нозил шудааст, ки пас аз зуҳур дар Каъба, Ҷабраил ва 313 нафар аз ёронаш бо ӯ байъат хоҳанд кард.[9]

Ба гуфтаи Шарифи Лоҳиҷӣ (вафот, авохири қарни ёздаҳи қамарӣ), бо тавваҷуҳ ба ин ду ҳадиси Имом Содиқ ва Имом Боқир, ин оят дар шаъни Қоими Оли Муҳаммад (аҷ) нозил шудааст.[10] Дар фарозе аз дуои Нудба низ Имом Маҳдӣ (аҷ) ба унвони музтарре, ки дуояш мустаҷоб аст, мавриди хитоб қарор гирифта ва ин таъбир ба кор рафтааст: «أَيْنَ الْمُضْطَرُّ الَّذِي يُجابُ إِذا دَعا؟; куҷост дармондае, ки ҳангоме, ки дуо кунад, дуояш мустаҷоб мешавад?».[11]

Аллома Таботабоӣ (ваф.1360ҳ.ш.) ва Макорими Шерозӣ, зикри шаъни нузул дар ин ривоётро аз боби баёни яке аз мисдоқҳо дониста, гуфтаанд, оят дар бораи ҳамаи одамони музтар сидқ мекунад.[12] Алӣ ибни Иброҳим низ баёни мисдоқ дар ривоётро таъвили оят; яъне ботини Қуръон донистааст.[13]

Иртиботи изтирор ва истиҷобати дуо

Бархе аз уламои шиа ҳамчун Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф.548ҳ.қ.), Фатҳуллоҳи Кошонӣ (ваф.988ҳ.қ.) ва Макорими Шерозӣ зайли тафсири ояти 62-и сураи Намл зикр кардаанд, ки Худованд дуои ҳамаро мустаҷоб мекунад, аммо ба иллати инки хости музтарр қавитару хозеъонатар аст, изтирор шарти истиҷобати дуо қарор дода шудааст.[14] Муҳаммади Сабзаворӣ (ваф.1368ҳ.ш.) ва Аллома Таботабоӣ низ изтирор дар оятро нишонаи хости ҳақиқӣ зикр кардаанд.[15] Музтарр дар ояти Амман юҷиб аз назари муфассирони шиа шахсе аст, ки ба сабаби шиддати чизе ба Худо паноҳ оварда ва аз ғайри Ӯ қатъи умед кардааст.[16] Саълабӣ,[17] Замахшарӣ,[18] Фахри Розӣ[19] ва Байзовӣ[20] аз уламои аҳли суннат низ ин маънои музтарро пазируфтаанд.

Оё дуои ҳар музтарре мустаҷоб мешавад?

Аз дидгоҳи бархе уламои шиа, монанди Фатҳуллоҳ Кошонӣ, вожаи «музтар» дар оят шомили ҳамаи дармондагон намешавад; чун афроди музтарри бисёре дида шудааст, ки Худованд истиҷобати дуоро барояшон маслиҳат надонистааст.[21] Замахшарӣ,[22] Фахри Розӣ,[23] Байзовӣ,[24] ва Олусӣ[25] аз уламои аҳли суннат низ бо ин назар мувофиқ ҳастанд. Аз манзари Шарифи Лоҳиҷӣ, сухани дуруст ин аст, ки дуои ҳамаи музтаррин мустаҷоб мегардад ва агар касе дуояш мустаҷоб нашуда бошад, ба хотири ин аст, ки ба изтирор нарасидааст.[26]

Эзоҳ

  1. “Мусоҳиба бо ҳазрати Оятуллоҳ Юсуфи Сонеъӣ”, саҳ.153.
  2. Ниг.: Сайид ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.342 ва 346; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.103.
  3. Ниг.: Сайид ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.151.
  4. Малакии Табрезӣ, ал-Муроқибот, 1388ҳ.ш., саҳ.261.
  5. Қаршӣ, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, 1391ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.481.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 - 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.512 - 513.
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 - 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.517.
  8. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129.
  9. Ал-Нуъмонӣ, ал-Ғайбаҳ, 1379ҳ.қ., саҳ.314.
  10. Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.435 - 436.
  11. Ниг.: Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, 1387ҳ.ш., саҳ.728.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1350 - 1353ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.391; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 - 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.521 - 522.
  13. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129.
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.358; Кошонӣ, Зубдат-ут-тафосир, 1381ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.116; Макорими Шерозӣ, Пайдоиши мазоҳиб, 1384ҳ.ш., саҳ.96.
  15. Сабзаворӣ, Иршод-ул-азҳон, 1419ҳ.қ., саҳ.387; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1350 - 1353ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.381.
  16. Ниг.: Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1366 - 1378ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.65; Кошонӣ, Зубдат-ут-тафосир, 1381ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.116; Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.71; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 - 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.520 - 521.
  17. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219.
  18. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407 - 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.376 - 377.
  19. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.565.
  20. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.165.
  21. Кошонӣ, Зубдат-ут-тафосир, 1381ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.116.
  22. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407 - 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.376 - 377.
  23. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.565
  24. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.165.
  25. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.291.
  26. Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.435.

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, гирдоваранда: Муҳаммадмаҳдии Носеҳ ва Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, 1366 - 1378ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил, муҳаққиқ: Муҳаммад Абдурраҳмон Маръашлӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф, гирдоваранда: Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1407 - 1416ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Фатҳуллоҳ, Зубдат-ут-тафосир, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломийя, 1381ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Сайид Алӣ Акбар, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, Қум, Дафтари нашри навиди Ислом, 1391ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, ба тасҳеҳи Тайиб Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Теҳрон, Машъар, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, Тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорул-Қуръонил-карим, 1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Пайдоиши мазоҳиб, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1384ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1371 - 1374ҳ.ш.
  • Малакии Табрезӣ, Ҷавод, ал-Муроқибот, тарҷумаи Карими Файзӣ, Қум, интишороти Қоими Оли Муҳаммад (с), 1388ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • "Мусоҳиба бо ҳазрати Оятуллоҳ Юсуфи Сонеъӣ”, дар маҷаллаи Ҳавза, № 32, хурдод ва тири 1368ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба ли-н-Нуъмонӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алӣ Акбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маъонӣ, муҳаққиқ: Муҳаммад Аҳмад Омад ва Умар Абдусалом Саломӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Муҳаммад, Иршод-ул-азҳон, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1419ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Муҳаҷ-уд-даъавот ва манҳаҷ-ул-ибодот, Қум, Дорул-захоир, 1411ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, ба тасҳеҳи Абумуҳаммад ибни Ошур, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, тафсири ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дорул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, ба тасҳеҳи Ҳошими Расулӣ ва дигарон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1350 - 1353ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, ба тасҳеҳи Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, 1373ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, гирдоваранда: Ҷалолиддин Муҳаддис, Теҳрон, Дафтари нашрдод, 1373ҳ.ш.