Руъяти Худо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дидани Худо)
Китоби «Руъятуллоҳ» асари Оятуллоҳ Субҳонӣ.

Руъяти Худо (форсӣ: رؤیت خدا) як масъалаи каломӣ дар бораи имкони дидани Худо бо чашм аст. Мутакаллимони имомия ва муътазила муътақиданд, ки Худоро на дар дунё ва на дар охират бо чашми одӣ дидан мумкин нест. Аз нигоҳи инҳо, дидани Худо бо чашми сар ҷисм будани Худоро металабад. Дар муқобил, бештари мазоҳиби каломии аҳли суннат монанди ашоира, аҳли ҳадис, муҷассима, карромия ва салафия бар ин боваранд, ки имкони дидани Худованд вуҷуд дорад.

Таърихи масъалаи дидани Худо дар Ислом ба асри дуюми қамарӣ бармегардад. Аз нигоҳи баъзеҳо, ин масъаларо яҳудиён ва насрониёне, ки худро мусулмон вонамуд мекарданд, ба баҳсҳои исломӣ ворид кардаанд.

Руъят ва дида шудани Худо илова бар илми калом, дар Қуръон, ривоёт ва ирфону тасаввуф низ мавриди баҳс буда ва дар ин хусус китобҳои зиёде навишта шудааст, аз ҷумла «Руъят-ул-лоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақли-с-сариҳ» ки Ҷаъфари Субҳонӣ онро навиштааст.

Мафҳум ва ҷойгоҳ

Руъяти Худо, як масъалаи каломӣ аст дар бораи инки оё метавон Худоро бо чашми сар дид ё на?![1] Дар оятҳои Қуръон, аз руъяти Худои сухан омадааст; монанди ояти 22 ва 23-и сураи Қиёмат, ояти 15 сураи Мутаффифин, ояти 16 сураи Юнус ва оёти 11 то 13 сураи Наҷм. Дар бархе оёт низ дидани Худо нафй шудааст; ҳамчун ояти 103 сураи Анъом, ояти 143 сураи Аъроф, ояти 55 сураи Бақара, ояти 153 сураи Нисо ва ояти 21 сураи Фурқон.[2] Дар манобеи ривоии шиаю суннӣ, ривоёти фаровоне дар бораи имкон ё адами имкони руъяти Худо нақл шудааст.[3]

Муфассирони мухолиф ва мувофиқи имкони руъяти Худованд, дар зайли ин оёт ба сурати мабсут ба баҳс дар бораи руъяти Худо пардохтаанд.[4]

Гуфта шудааст, ба сабаби инки суфиён ҳамвора ба фикри тамоси бевосита бо Худованд будаанд, руъяти Худо дар ирфону тасаввуф низ ба масъалаи ҷаддӣ табдил шуд ва тақрибан ҳамаи касоне ки дар табақаи аввали суфиён қарор доранд, ҳамчун Иброҳими Адҳам, суханоне дар ин боб доранд.[5]

Таърихчаи масъала

Дар Ислом, собиқаи мабоҳиси каломӣ дар бораи руъяти Худо ба қарни дувуми қамарӣ бармегардад.[6] Дар ин қарн, ду фирқаи каломии фирқаи ҷаҳмия ва муътазила руъяти Худо бо чашми сарро инкор карданд. Дар авоили қарни сеюм, имкони дидани Худо аз ақоиди аслии Аҳмад ибни Ҳанбал – яке аз аиммаи чаҳоргонаи аҳли суннат ва пайравонаш шуд. Дигар фирқаҳои каломие ҳамчун мотуридия, ашоира, муҷассима, мушуббиҳа, карромия ва салафия[7] имкони руъяти Худо бо чашми сарро пазируфтанд.[8]

Бархе мутакаллимон, аз ҷумла Ҷаъфари Субҳонӣ - мутакаллими шиаи қарни 14 муътақиданд, фикри дидани Худо аз ҷониби бархе аз яҳудиён ва масеҳиёне, ки худро ба мусулмонӣ мезаданд монанди Каъбулаҳбор ба ҳадисҳо ва мавзуъҳои исломӣ ворид шуд.[9] Аз дидгоҳи Ҷаъфари Субҳонӣ, тамоми аҳодиси муртабит бо руъяти Худо тавассути мусулмоннамоҳои яҳудӣ ва масеҳӣ вориди манобеи ривоии мусулмонон шудааст.[10]

Руъяти Худо дар адёни дигар

Пеш аз Ислом, масъалаи руъяти Худо дар Тавроту Инҷил матраҳ будааст.[11] дар Таврот - китоби муқаддаси яҳудиён, Худованд хитоб ба ҳазрати Мусо (а) мегӯяд: «наметавонӣ рӯи маро бибинӣ; зеро инсоне, ки маро бибинад, зинда намемонад!».[12] Дар ояти дигаре хитоб ба Мусо (а) гуфта шудааст: «дасти худро хоҳам бардошт то пушти маро бибинӣ, аммо рӯи ман дида намешавад!».[13] Дар ояти Инҷил омадааст, ки покдилон Худоро хоҳанд дид,[14] аммо дар ояти дигаре гуфта шудааст, Худоро ҳаргиз касе надидааст.[15]

Дидгоҳи мазоҳиби исломӣ дар бораи руъяти Худо

Се дидгоҳи аслӣ дар бораи масъалаи руъяти Худо матраҳ шудааст: муҷассима ва каромия - фирқаҳои каломии аҳли суннат, дидани Худо дар дунёву охиратро мумкин медонанд; зеро Худовандро ҷисмонӣ ва маконманд тавсиф мекунанд.[16]

Дигар фирқаҳои каломии аҳли суннат, ҳамчун ашоира,[17] ва аҳли ҳадис[18] мегӯянд, Худо фақат дар охират бо чашми сар дида мешавад; ҳарчанд қоил ба ҷисмонӣ будани Худо нестанд.[19]

Имомия,[20], зайдия[21] ва муътазила[22] руъяти Худо дар дунёву охиратро маҳол медонанд ва дар ин бора иттифоқи назар доранд.[23]

Далоили имкони руъят дар охират

Мувофиқони имкони руъяти Худо барои исботи он, ба далоили ақлӣ ва нақлӣ истинод кардаанд,[24] ки бархе ба шарҳи зер аст:

Далоили ақлӣ

Бархе аз далоили ақлии мувофиқони руъяти Худо аз ин қарор аст:

  • Барои касе ки худаш ва чизҳоро мебинад, ин имкон ҳаст ки дигарон низ ӯро бибинанд. Аз онҷо ки Худованд худаш ва ашёъро мебинад, имкон дорад ба мо ҳам тавоноии дидани худашро ато кунад.[25]
  • Мавҷудоти мухталиф қобили дидан ҳастанд ва қобили руъят будани онҳо марбут ба зот ва вуҷуди онҳост. Дар ин сурат, Худованд ҳам ки мавҷуд аст, бояд қобили руъят бошад.[26]

Далоили нақлӣ

Далоил нақлӣ дарбардорандаи оёти Қуръон ва ривоёт аст:

Аз ҷумлаи оёти Қуръон, ояти 143-и сура Аъроф аст, ки дар он, Мусои набӣ аз Худованд мехоҳад ӯро бибинад, аммо Худо ҷавоб медиҳад, ки Мусо наметавонад Ӯро бибинад. Истидлол ин аст, ки агар дидани Худованд маҳол буд, ҳазрати Мусо (а) чунин дархосте аз Худованд намекард.[27]

Барои ҷавози руъяти Худо ба оёти дигаре монанди ояти 44-и сураи Аҳзоб, ояти 22 ва 23 сураи Қиёмат, ояти 15-и сураи Мутаффифин[28] ва ояти 103-и сураи Анъом[29] низ истидлол шудааст.

Барои исботи дидани Худо дар охират ба ривоёти манқул аз Пайғамбар (с) низ истинод кардаанд;[30] монанди ин ривояти набавӣ:[31] «Парвардигоратонро хоҳед дид, чунон ки моҳи шаби чаҳордаҳумро мушоҳида мекунед!».[32]

Далоили номумкин будани руъяти Худо

Мухолифони имкони руъяти Худо ҳам ба далелҳои ақлӣ ва нақлӣ истинод кардаанд:

Далоили ақлӣ

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, асоси адиллаи ақлӣ ин аст, ки дидани Худо мусталзими исботи ҷисм ё сифоти ҷисм барои Худост.[33] Бархе аз адиллаи ақлӣ аз ин қарор аст:

  1. Дидан бо чашми зоҳирӣ мусталзими он аст, ки Худованд дорои буъд, макон ва замон бошад; дар ҳоле ки Худованд муназзаҳ аз ин авсоф аст.[34] Аз назари Аллома Ҳиллӣ иқтизои вуҷуби вуҷуди Худованд, муҷаррад будани Худо ва нафйи ҷиҳат ва макон аз Ӯст. Бо нафйи ин маворид, руъяти Худо бо чашми зоҳирӣ мунтафӣ мешавад.[35]
  2. Худованд ё ба тамоми зот қобили руъят аст, ё ҷузъе аз зоташ дида мешавад. Сурати аввал ба мутаноҳӣ ва маҳдуд будани Худо меанҷомад ва сурати дувум мусталзими мураккаб, маконманд ва ҷиҳатдор будани Худост, ки ҳар ду сурат маҳол ва ботил аст. Пас Худо қобили мушоҳида ва дидан нест.[36]

Далоили нақлӣ

Аз адиллаи нақлии мухолифон, яке ҳамон ояти 143 сураи Аъроф аст, ки мувофиқон ҳам ба он истинод мекарданд ва дар он, Худованд ба Мусо мегӯяд, ту наметавонӣ маро бибинӣ: «лан таронӣ/لَنْ تَرانِی». Аз онҷо ки калимаи «лан/لَنْ» ба маънои нафйи абадӣ аст, «лан таронӣ» далолат бар нафйи абадии руъяти Худо ва адами вуқуъи он дорад.[37]

Ояти дигар ин аст: لَا تُدْرِ‌کهُ الْأَبْصَارُ‌ وَهُوَ یُدْرِ‌ک الْأَبْصَارَ‌; чашмҳо Ӯро дар намеёбанд ва Ӯст, ки дидагонро дармеёбад!».[38] Аз дидгоҳи мутакаллимони имомия ва муътазилӣ оят далолат дорад, ки Худо бо чашм дида намешавад;[39]

Ривоёти манқул аз имомони шиа ҳам дилолат доранд, ки Худованд бо чашми оддӣ дида намешавад.[40] Дар ривояте, шахсе аз Имом Алӣ (а) мепурсад, оё Худоро дидааст ва ӯ ҷавоб медиҳад Худоеро ки намебинам ибодат намекунам, аммо Ӯро бо ҳақиқати имон метавон мушоҳида кард, на бо чашмони сар.[41]

Аз назари мухолифони имкони руъяти Худо, ривояти набавии мавриди истиноди мувофиқон, бар фарзи сиҳҳат, бар илми ба Худо далолат дорад, на дидан бо чашми зоҳирӣ; зеро агар мурод дидани бо чашм зоҳирӣ бошад, ривоят мусталзими ҷиҳат доштани Худост, ки маҳол аст.[42]

Китоби «Руъятуллоҳи Ҷалла ва Ало» асари Доруқутнӣ.

Китобшиносӣ

Аз масъалаи руъяти Худо дар бисёре аз китобҳои каломӣ, тафсирӣ ва бархе аз китобҳои ирфонӣ ва ривоӣ баҳс шудааст. Илова бар ин, китобҳои мустақиле ҳам дар бораи руъяти Худо нигориш шудааст, ки бархе ба шарҳи зер аст:

  • Калиматун ҳавла-р-руъят, навиштаи Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин. Ин китоб бо нигоҳи шиъӣ, ба исботи маҳол будани руъяти Худо мепардозад.[43] Ин китоб дар ҷилди чаҳоруми «Мавсуъат-ул-имом-ис-Сайид Абдулҳусайн Шарафуддин», гирдоварии марказул-улум вас-сақофатил-исломия, интишороти Дорул-муаррихил-арабӣ ва низ бо унвони «Руъятуллоҳ ва фалсафат-ул-мисоқи ва-л-вилоят» бо таҳқиқи Маҳдӣ Ансории Қумӣ аз сӯи интишороти Лавҳи маҳфуз чоп ва мунташир шудааст.
  • Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, асари Ҷаъфари Субҳонӣ. Дар ин китоб, руъяти Худоро назарияе воридотӣ аз яҳуд дониста ва дар садади ибтоли ин назария ва дифоъ аз дидгоҳи шиа бо бурҳонҳои ақлӣ, қуръонӣ ва ривоӣ баромадааст.
  • Руъятуллоҳ Ҷалла ва Ало, Алӣ ибни Умари Доруқутнӣ. Доруқутнӣ, аз аҳли ҳадис ва муҳаддисони машҳури қарни чаҳорум аст. Дар ин китоб, барои исботи ҷавози руъяти Худо, оёт ва ривоёти нозир ба руъяти Худо гирдоварӣ шудааст.[44] Ин китоб ба ҳамроҳи ду замимаи «Руъятуллоҳи Таборака ва Таъоло» таълифи Ибни Нуҳос ва «Завъ-ус-сорӣ ило маърифати руъят-ил-Борӣ» ба қалами Абишома Мақдисӣ тавассути интишороти Дорул-кутубил-илмийя чоп шудааст. Ҳамчунин ба замимаи «ал-Мисбоҳ-ул-мунир фи руъят-ир-Рабб-ил-хабир» ва «ал-Муҳлақ-уз-зофӣ ило мо фи китоб-ир-руъят-ил-вофӣ» ба қалами Абуувайс ал-Курдӣ дар интишороти Дору Ибни Таймийя мунташир шудааст.

Аз дигар осор дар бораи руъяти Худо ин маворид аст: Руъятуллоҳ байна-т-танзиҳи ва-т-ташбиҳ, Абдукарими Беҳбаҳонӣ, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт; Руъяти моҳ дар осмон: баррасии таърихии масъалаи лиқоуллоҳ дар калом ва тасаввуф, Насруллоҳ Пурҷаводӣ, Маркази нашри донишгоҳӣ; Рӯяяти Худованд? Дар ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар, Сайид Абдулмаҳдии Таваккул, зери назари Носир Макорими Шерозӣ, Имом Алӣ ибни Абитолиб.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.26 ва 27; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127; Беҳбаҳонӣ, Руъятуллоҳ байна-т-танзиҳи ва-т-ташбиҳ, 1426ҳ.қ., саҳ.16.
  2. Зокирӣ ва дигарон, “Руъят”, саҳ.799 - 802.
  3. Барои ривоёти шиа нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, Исломия, 1407ҳ.қ., боби ибтолур-руъят, ҷ.1, саҳ.95 - 110; Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., боби мо ҷоа фир-руъят, саҳ.107 - 122; Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 91, саҳ.124, хутбаи 185, саҳ.269 ва хутбаи 186, саҳ.273; Шарафиддин, Руъятуллоҳ ва фалсафат-ул-мисоқи ва-л-вилоят, 1423ҳ.қ., саҳ.53 - 81. Барои ривоёти аҳли суннат нигоҳ кунед ба Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115, ҷ.6, саҳ.139, ҷ.9, саҳ.127 - 129; Доруқутнӣ, Руъятуллоҳ Ҷалла ва Ало, 1426ҳ.қ., саҳ.7 - 94.
  4. Барои тафосири мухолифони руъяти Худо ба унвони намуна нигоҳ кунед ба Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.249 - 253, ҷ.10, саҳ.197 - 199; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.237 - 243; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141; ҷ.2, саҳ.151 - 157; барои тафосири мувофиқони руъят ба унвони намуна нигоҳ кунед ба Фахри Розӣ, Тафсири Кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.519 - 520, ҷ.14, саҳ.354 - 358, ҷ.30, саҳ.730 - 733.
  5. Нигоҳ кунед ба Зокирӣ ва дигарон, “Руъят”, саҳ.810.
  6. Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.24 ва 25; Зокирӣ ва дигарон, “Руъят”, саҳ.804.
  7. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.316 329 - 349, ҷ.3, саҳ.341 344 ва 347.
  8. Зокирӣ ва дигарон, «Руъяти Худо», саҳ.804.
  9. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.138 ва 139; Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.15 - 24; Беҳбаҳонӣ, Руъятуллоҳ байна-т-танзиҳи ва-т-ташбиҳ, 1426ҳ.қ., саҳ.99 ва 100.
  10. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.16.
  11. Зокирӣ ва дигарон, “Руъят”, саҳ.799.
  12. Китоби Муқаддас, Сифри хуруҷ, боби 33, ояти 20.
  13. Китоби Муқаддас, Сифри хуруҷ, боби 33, ояти 23.
  14. Китоби Муқаддас, Инҷили Матто, боб5, ояти 8.
  15. Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 1, ояти 18.
  16. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, муассисаи Имом Содиқ (а), ҷ.2, саҳ.125; Фахри Розӣ, ал-Арбаъин фи усул-ид-дин, 1986м., ҷ.1, саҳ.266 ва 267; Беҳбаҳонӣ, Руъятуллоҳ байна-т-танзиҳи ва-т-ташбиҳ, 1426ҳ.қ., саҳ.15.
  17. Ашъарӣ, ал-Ибона ан усул-ид-диёна, 1397ҳ.қ., саҳ.25 ва 51; Омадӣ, Ғоят-ул-маром, 1413ҳ.қ., саҳ.142.
  18. Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.27.
  19. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.125.
  20. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.46; Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.27; Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.256 ва 257.
  21. Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.27; Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.172.
  22. Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Мухтасар фи усул-ид-дин, 1971м., саҳ.190; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.57 ва 114.
  23. Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131 ва 172; Омадӣ, Ғоят-ул-маром, 1413ҳ.қ., саҳ.142; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.5; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, муассисаи Имом Содиқ (а), ҷ.2, саҳ.125.
  24. Нигоҳ кунед ба: Ашъарӣ, ал-Ибона ан усул-ид-диёна, 1397ҳ.қ., саҳ.35 - 55.
  25. Ашъарӣ, ал-Ибона ан усул-ид-диёна, 1397ҳ.қ., саҳ.53.
  26. Омадӣ, Ғоят-ул-маром, 1413ҳ.қ., саҳ.142 ва 143; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.113.
  27. Ашъарӣ, ал-Ибона ан усул-ид-диёна, 1397ҳ.қ., саҳ.41; Розӣ, ал-Арбаъин фи усул-ид-дин, 1986м., ҷ.1, саҳ.278.
  28. Нигоҳ кунед ба: Ашъарӣ, ал-Ибона ан усул-ид-диёна, 1397ҳ.қ., саҳ.3 45 ва 46; Фахри Розӣ, ал-Арбаъин фи усул-ид-дин, 1986м., ҷ.1, саҳ.292 - 295.
  29. Фахри Розӣ, Тафсири Кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.97.
  30. Нигоҳ кунед ба: Доруқутнӣ, Руъятуллоҳ Ҷалла ва Ало, 1426ҳ.қ., саҳ.7 - 94.
  31. Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115, ҷ.6, саҳ.139, ҷ.9, саҳ.127 - 129.
  32. Ашъарӣ, ал-Ибона ан усул-ид-диёна, 1397ҳ.қ., саҳ.49; Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.332, ҷ.3, саҳ.341.
  33. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128.
  34. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.257.
  35. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.46 ва 47.
  36. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127.
  37. Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.64 - 66.
  38. Сураи Анъом, ояти 103.
  39. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.258; Субҳонӣ, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, саҳ.55; Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳи усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.156.
  40. Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., боби ибтолур-руъят, ҷ.1, саҳ.95 - 110; Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., боби мо ҷоа фир-руъят, саҳ.107 - 122.
  41. Наҳҷ-ул-балоға, чопи Дорул-китобил-лубнонӣ, ҷ.1, саҳ.258, хутбаи 179.
  42. Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Мухтасар фи усул-ид-дин, 1971м., саҳ.191 ва 192.
  43. Аминипур, “Нимнигоҳе ба унвонҳои Мавсуъат-ул-имом-ис-Сайид Абдулҳусайн Шарафуддин”, саҳ.25 ва 26.
  44. Нигоҳ кунед ба Доруқутнӣ, Руъятуллоҳ Ҷалла ва Ало, 1426ҳ.қ., саҳ.7; Нафисӣ, “Доруқутнӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Умар”, саҳ.755.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ул-эътиқод қисм ал-Илоҳиёт, муқаддима ва таълиқаи Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи дувум, 1382ҳ.ш.
  • Аминипур, Абдуллоҳ, “Нимнигоҳе ба унвонҳои Мавсуъат-ул-имом-ис-Сайид Абдулҳусайн Шарафуддин”, дар маҷаллаи Китобҳои исломӣ, № 22 ва 23, поиз ва зимистони 1384.
  • Ашъарӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Исмоил, ал-Ибона ан усул-ид-диёна, таҳқиқ Фуқия Ҳусайн Маҳмуд, Қоҳира, Дорул-ансор, чопи аввал, 1397ҳ.қ.
  • Ашъарӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Исмоил, Мақолот-ул-исломиин ва ихтилоф-ул-мусаллин, таҳқиқи Наим Зарзур, Мактабатул-асрийя, чопи аввал, 1426ҳ.қ. - 2005м.
  • Беҳбаҳонӣ, Абдукарим, Фи риҳоби Аҳли-л-Байт (а): Руъятуллоҳ байна-т-танзиҳи ва-т-ташбиҳ, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир ал-Носир, Дору тавқин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Доруқутнӣ, Алӣ ибни Умар, Руъятуллоҳ Ҷалла ва Ало ва ялиҳи руъятуллоҳи Таборака ва Таъоло ва Завъ-у-сорӣ ило маърифати руъят-ил-Борӣ, таҳқиқи Аҳмад Фарид Мазидӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, чопи аввал, 1426ҳ.қ. - 2005м.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, тасҳеҳи Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, Дорул-кутубил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Зокирӣ, Мустафо, Муҳаммад Зореъ Ширин Кундӣ ва Бобаки Аббосӣ, “Руъят”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.20, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1394ҳ.ш.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадарийя, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъат-ул-имом Муҳаммад ибни Сауд ал-исломийя, чопи аввал, 1406ҳ.қ. - 1986м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Мухтасар фи усул-ид-дин, таҳқиқи Муҳаммад Аммора, Бейрут, Дорул-ҳалол, 1971м.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳи усул-ил-хамса, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Муҳаммадӣ, Алӣ, Шарҳи Кашф-ул-мурод, Қум, Дорул-фикр, чопи чаҳорум, 1378ҳ.ш.
  • Нафисӣ, Шодӣ, “Доруқутнӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Умар”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.16, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Омадӣ, Сайфиддин, Ғоят-ул-маром фи илм-ил-калом, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Илоҳиёти ало ҳуда-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, ал-Марказул-оламӣ лил-диросотил-исломия, чопи сеюм, 1412ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Руъятуллоҳ фи завъ-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, беҷо, бено, бе то.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Арбаъин фи усул-ид-дин, Қоҳира, Мактабатул-кулиётил-азҳария, чопи аввал, 1986м.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсири Кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тавҳид дар Қуръон (тафсири мавзӯии Қуръони Карим), Қум, нашри Исро, чопи ҳаштум, 1395ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ат-Тавҳид, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Шарафиддин, Абдулҳусайн, Руъятуллоҳ ва фалсафат-ул-мисоқи ва-л-вилоят, таҳқиқи Маҳдӣ Ансории Қумӣ, Қум, Лавҳи маҳфуз, 1423ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Муҳаммад Бадрон, Қум, Шарифи Разӣ, чопи сеюм, 1364ҳ.ш.