Абдуллоҳ Даҳдуҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Даҳдуҳ)
Абдуллоҳ Даҳдуҳ

Абдуллоҳ Даҳдуҳ (арабӣ:عبدالله دَهْدوه) (1965-2012) - рӯҳонӣ ва мубаллиғи шиа дар Белжик буд.

Ӯ баъд аз гаравидан ба мазҳаби шиа, барои таҳсил ба Қум рафт ва пас аз таҳсили улуми динӣ дар ҳавзаи илмияи Қум ва Ҷомеъатул-Мустафо ал-оламия ба Белжик баргашта, Маркази исломӣ ва масҷиди Имом Ризо(а)-ро дар шаҳри Брюссел роҳандозӣ кард ва ба таблиғу мавъиза машғул шуд.

Баргузории маросими ибодӣ ва мазҳабӣ, таълифи чандин ҷилд китоб ва таълими беш аз дусад шогирд аз ҷумлаи фаъолиятҳои ӯ дар Белжик буданд.

Абдуллоҳ Даҳдуҳ дар 12-уми марти 2012 ба дасти террористҳои такфирӣ шаҳид шуд.

Зиндагинома

Абдуллоҳ Даҳдуҳ дар соли 1966 мелодӣ дар кишвари Мағриб ба дунё омад. Вай ки мағрибиюл-асл буд, таҳти таъсири маорифи Аҳли Байт (а) ба мазҳаби ташайюъ гаравид ва дар соли 1980, барои таҳсили улуми ҳавзавӣ вориди ҳавзаи илмияи Қум шуд.[1]

Муҳоҷират ба Белгия

Абдуллоҳ Даҳдуҳ пас аз тайи як марҳала таҳсил ва касби нахустин мабонӣ ва маорифи исломӣ, барои таблиғи масоили исломӣ ба Белгия рафт ва дар канори фаъолиятҳои худ, дипломи улуми табиъиро низ аз донишгоҳҳои Белгия дарёфт кард.[2]

Таҳсили муҷаддад дар Қум

Даҳдуҳ пас аз чанд сол, муҷаддадан барои идомаи таҳсил ба Эрон ва шаҳри Қум муроҷиат намуд. Вай баъд аз такмили давраи фиқҳ ва маорифи исломӣ дар Ҷомеъатул-Мустафо ал-оламия ба Белгия баргашт ва фаъолиятҳои таблиғии худро бо роҳандозии “Марказ ва масҷиди Имом Ризо (а)“ дар шаҳри Брюсел оғоз намуд.[3]

Иқдомоти таблиғӣ

Абдуллоҳ Даҳдуҳ дар тӯли фаъолияти худ, иқдомоти таъсиргузоре дар нашри фарҳанги Аҳли Байт (а) анҷом дод; аз ҷумла: баргузории маросими ибодӣ ва мазҳабӣ, таълифи чандин ҷилд китоб, монанди китоби “ал-Ҳуррийя мин виҷҳати назари-л-Исломи ва-л-ғарб”, ва тарбияти беш аз дусад шогирд ва таъсиси муассисаи Мадинатул-илм.[4]

Ӯ ҳамчунин дастандаркори интишори нашрияе таъсиргузор ба забони фаронсавӣ ба номи “Шуъоъ-ул-ҳикмат” дар хусуси мавзӯъҳои фиқҳӣ ва ақоидӣ буд, ки байни мусулмонони Аврупо тарафдор дошт.[5]

Ӯ узви маҷмаъи умумии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байти ҳам буд, барои суханронӣ ва нашри мактаби Аҳли Байт (а) ба бисёре аз кишварҳои аврупоӣ мусофират карда, дар конфронсҳои байналмилалӣ низ ширкати фаъол дошт.[6]

Абдуллоҳ Даҳдуҳ дар тӯли фаъолияти худ дар Белгия садҳо нафар аз аҳолии ин кишвар ва кишвари Марокишро бо мактаби Аҳли Байт ошно кард ва шогирдонаш, дар донишгоҳҳои Белгия ва дигар кишварҳои аврупоӣ тадрис мекунанд.[7]

Даҳдуҳ дар панҷумин иҷлоси Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) ки августи 2011 дар Теҳрон баргузор шуд, ҳузур дошт ва бо Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дидор кард.[8]

Шаҳодат

Абдуллоҳ Даҳдуҳ дар 12-уми марти 2012 тавассути террористҳои такфирӣ дар Брюссел ба шаҳодат расид.[9] Бино бар гузоришҳо, террористҳо ба масҷиди Имом Ризо ҳамла карда, масҷидро оташ заданд, ки дар ин оташсӯзӣ, Абдуллоҳ Даҳдуҳ ба шаҳодат расид. Айбдоршавандаи аслӣ дар ҷаласоти додгоҳ гуфта буд, ки ӯ мехостааст интиқоми суриягиҳоеро гирад, ки ба дасти шиаён кушта мешаванд.[10]

Ҷасади Даҳдуҳ ба зодгоҳаш - Танҷаи Мағриб бурда шуда ва дар онҷо дафн шуд.[11] Додгоҳи Белгия ҳам муттаҳами аслиро ба 27 сол ҳабс маҳкум кард.[12]

Мустанади Қуқнус

Мустанаде бо номи “Қуқнус” дар соли 2016 аз телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шуд, ки ба зиндагии Абдуллоҳ Даҳдуҳ ва ҳамчунин шиаёни Белгия мепардохт.[13]

Ин филм то кунун ҷоизаи шабакаи мустанади симо аз ҷашнвораи Синамо ҳақиқат, лавҳи ифтихор ва ҷоизаи нахусти бахши мустанади бедории исломӣ ва ҷаҳонии ҷашнвораи мардумии филми Аммор ва ғайраро ба худ ихтисос додааст ва ҳамчунин дар нуҳумин ҷашнвораи филми кӯтоҳи динии Рӯйиш тандиси ҷашнвораро аз они худ кард.[14]

Эзоҳ

  1. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, Вижаномаи шаҳодати ҳуҷҷатул-Исломи вал-муслимин Абдуллоҳ Даҳдуҳ, 1391ҳ.ш., саҳ.11.
  2. Зиндагиномаи шаҳид Абдуллоҳ Даҳдуҳ, хабаргузории АБНО.
  3. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, Вижаномаи шаҳодати ҳуҷҷатул-Исломи вал-муслимин Абдуллоҳ Даҳдуҳ, 1391ҳ.ш., саҳ.11.
  4. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, Вижаномаи шаҳодати ҳуҷҷатул-Исломи вал-муслимин Абдуллоҳ Даҳдуҳ, 1391ҳ.ш., саҳ.11.
  5. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, Вижаномаи шаҳодати ҳуҷҷатул-Исломи вал-муслимин Абдуллоҳ Даҳдуҳ, 1391ҳ.ш., саҳ.11.
  6. Зиндагиномаи шаҳид Абдуллоҳ Даҳдуҳ, хабаргузории АБНО.
  7. Зиндагиномаи шаҳид Абдуллоҳ Даҳдуҳ, хабаргузории АБНО.
  8. Зиндагиномаи шаҳид Абдуллоҳ Даҳдуҳ, хабаргузории АБНО.
  9. Зиндагиномаи шаҳид Абдуллоҳ Даҳдуҳ, хабаргузории АБНО.
  10. Лимозо янҳадиру ағлабуш-шиъатил-мағориба ал-муқимина би Белҷико минар-риф?, сайти Нодурситӣ.
  11. Ҷанозатуш-шаҳид аш-Шайх Абдиллоҳ ал-Даҳдуҳ тасилу мадината Танҷа ал-Мағрибийя, сайти Ваколатул-анбо буросо.
  12. 27 сана сиҷнан нофазо лил-Бухорӣ қотилиш-Шайх Абдиллоҳ Даҳдуҳ имоми масҷиди-р-Ризо, сайт Чичоу пресс.
  13. “Террори Шайх Абдуллоҳ Даҳдуҳ, рӯҳонии шиа дар Белжик мустанад шуд”, хабаргузории Мизон.
  14. “Террори Шайх Абдуллоҳ Даҳдуҳ, рӯҳонии шиа дар Белжик мустанад шуд”, хабаргузории Мизон.

Сарчашма

  • 27 сана сиҷнан нофазо лил-Бухорӣ қотилиш-Шайх Абдиллоҳ Даҳдуҳ имоми масҷиди-р-Ризо, сайт Чичоу пресс.
  • Зиндагиномаи шаҳид Абдуллоҳ Даҳдуҳ; хабаргузории АБНА, таърихи интишор: 23 исфанди 1390ҳ.ш.
  • Лимозо янҳадиру ағлабуш-шиъатил-мағориба ал-муқимина би Белҷико минар-риф?, сайти Нодурситӣ.
  • Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, Вижаномаи шаҳодати ҳуҷҷатул-Исломи вал-муслимин Абдуллоҳ Даҳдуҳ, 1391ҳ.ш.
  • Сохти мустанади Қуқнус, пойгоҳи хабарии Хабари форсӣ, 1394/03/29.
  • "Террори Шайх Абдуллоҳ Даҳдуҳ, рӯҳонии шиа дар Белжик мустанад шуд", хабаргузории Мизон, 29,хурдоди,1394ҳ.ш.
  • Ҷанозатуш-шаҳид аш-Шайх Абдиллоҳ ал-Даҳдуҳ тасилу мадината Танҷа ал-Мағрибийя, сайти Ваколатул-анбо Буросо, 2012 - 03 - 21.