Даҳаи сафар

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Даҳаи охири сафар)
Азодории шиаён дар Арбаъин, (нахустин рӯз аз даҳаи сафар) дар Карбало

Даҳаи сафар (форсӣ: دههٔ صَفَر) ё даҳаи охири сафар аз рӯзи бистум то поёни моҳи сафар аст. Арбаъини шуҳадои Карбало, солрӯзи вафоти Паёмбари Ислом (с), шаҳодати Имом Ҳасан (а) ва Имом Ризо (а) дар ин даҳа воқеъ шудааст. Шиаён дар ин даҳа сӯгворӣ мекунанд.

Рӯзи бистуми моҳ мусодиф аст бо чиҳилумин рӯзи шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва дигар шуҳадои воқеаи Карбало.[1] Ҳамчунин рӯзи 28 сафар, солрӯзи вафоти Пайғамбар (с)[2] ва шаҳодати Имом Ҳасан (а)[3] ва рӯзи поёнии сафар, солрӯзи шаҳодати Имом Ризо (а)[4] аст.

Нахустин рӯз аз даҳаи сафар (рӯзи бистуми сафар), ба Арбаъин шуҳрат ёфтааст.[5] Дар ривоёти шиа зиёрати Арбаъин дар ин рӯз супориш шудааст.[6] Ба ҳамин муносибат пиёдаравии Арбаъин баргузор мешавад ва шиаён аз манотиқи мухталиф барои зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Арбаъин ба Карбало мераванд.[7]

Дар Эрон дар даҳаи охири сафар ҳамчун даҳаи муҳаррам, оини сӯгворӣ баргузор мешавад.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муҳаддисӣ, Фарҳанги ошуро, 1376ҳ.ш., саҳ.45.
  2. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.249.
  3. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403.
  4. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.41.
  5. Нигоҳ кунед ба Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.99.
  6. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.52.
  7. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.99.

Сарчашма

  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол фи таворих-ин-набӣ ва-л-ол, Қум, Далели мо, 1379ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Муҳсин Ҳисом, Фарҳанги сӯги шиъӣ, Теҳрон, нашри Хайма, 1395ҳ.ш.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги ошуро, Қум, нашри Маъруф, 1376ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1417ҳ.қ.