Дафн

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Гуронидан)
Тасвире аз дафни маййит

Дафн кардан ба маънои гӯронидан ва ба хок супоридани мурда аст.

Дафни мурда аз фарзҳои кифоӣ аст, ки бояд баъд аз ғусл, кафан ва намози ҷаноза анҷом дода мешавад.

Тибқи ривоятҳо, сабаби дафни маййит, эҳтиром ба ҷасади мусулмон, пешгирӣ аз озурдагии мардум ва вайрон шудани он дониста шудааст.

Дафни маййит одоб ва аҳкоме дорад, ки баъзеи онҳо воҷиб ва баъзеи дигар мустаҳаб аст, ки дар миёни онҳо талқин бар мурда ва хондани намози Лайлат-ул-дафн аст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Дафни маййит, мурдаро дар қабр тавре гузоштан аст, ки даррандаҳо ҷасадро берун биёваранд ва бӯи он зиндаҳоро озор нарасонад.[1] Дафни мурдагон фарзи кифӣ аст[2] ва аз он дар бахши аҳкоми амвот (мурдагон)-и рисолаҳои Тавзеҳул-масоил[3] ё китоби ал-Ҷаноизи китобҳои фиқҳӣ ва ҳадисӣ сухан ба миён омадааст[4].

Фалсафа

Дар аҳодис, ҳикмати дафн, умуре чун риояти ҳурмати ҷаноза, ошкор нашудани фасоди ҷасад барои мардум, пешгирӣ аз озурдагии мардум ба сабаби интишори буй ва пешгирӣ аз маломати душманон ва андуҳи дӯстон баён шудааст.[5] Ҳангоме ки Қобил, Ҳобилро кушт намедонист, ӯро чӣ кунад, аз ин рӯ, ба фармони Худо ду зоғ бо якдигар даргир шуданд ва яке дигариро кушт ва бо минқораш чуқурие канду ӯро дафн кард.[6]

Аҳкоми воҷиб

Бархе аз аҳкоми дафн иборатанд аз:

  • Ба фатвои фақеҳон, дафни маййит бояд баъд аз ғусл, таҳнит (молидани кофур бар саҷдагоҳҳо), кафан кардан ва хондани намози ҷаноза бар ӯ анҷом шавад.[7]
  • Воҷиб аст маййит дар қабр бар паҳлуи рост ва рӯ ба қибла қарор дода шавад.[8]
  • Дар дафни маййит бояд аз валии ӯ иҷоза гирифт.[9]
  • Дафни мусулмон дар қабристони кофирон ва баръакс ҷоиз нест.[10]
  • Дафни амвоти ниёз ба қасди қурбат надоранд.[11]

Одобу мустаҳабот

Дар манобеи фиқҳӣ барои ҳангоми дафни маййит, қабл ва баъд аз он одобе зикр шудааст, аз ҷумла:

  • Талқини маййит (такон додан шонаи маййит ҳамроҳ бо бурдани номи ӯ ва хондани зикрҳои хос)
  • Ҷаноза дар наздикии қабр ба замин ниҳодан ва тайи чанд бор бардоштану ба замин гузоштан ба қабр бирасонанд
  • Хондани дуои хос ҳангоми ворид кардани маййит ба қабр
  • Маййити занро ба паҳлу ва маййити мардро ба сар вориди қабр кардан
  • Боз кардани бандҳои кафан ва рӯи маййитро бар хок ниҳодан
  • Дафни маййит дар наздиктарин қабристон, магар инки қабристони дигар мазияте дошта бошад, масалан мадфани уламову солеҳон ё макони муроҷиати мардум барои хондани Фотиҳа барои аҳли қубур бошад.
  • Мушаххас кардани макони дафн ва дарҷи номи маййит бар он
  • То се рӯз баъд аз дафн барои бозмондагони маййит ғизо фиристодан ва макруҳ будани хӯрдан аз ғизои онҳо
  • Хондани намози лайлатул-дафн дар шаби аввали дафн
  • Дилдорӣ ба бозмондагон[12]
  • Интиқол додани маййит қабл аз дафн ба машоҳиди мушаррафа[13]
  • Кандани лаҳад (шикофи росткунҷашакл, ки дар интиҳои қабр дар самти қибла канда мешавад) дар қабр барои пешгирӣ аз расидани хок ба ҷасад[14]

Ҳукми касе ки дар дарё мемирад

Агар шахсе дар дарё бимираду ҷасадаш то расидан ба хушкӣ вайрон шавад, ҷасадаш баъд аз ғусл, кафан ва хондани намози ҷаноза бо одоби хоссе ба дарё афканда мешавад. Ҳамчунин дар сурате, ки хатари набши қабри ӯ аз сӯи душман вуҷуд дошта бошад.[15]

Ҳаром будани набши қабр

Фуқаҳои шиа набши қабрро ҳаром медонанд. Албатта дар сурате, ки маййит дар макон ё кафани ғасбӣ, бидуни ғуслу кафан, саҳеҳ анҷом нашудани ғуслу кафан, мутаваққиф будани ҳаққе бар руъяти ҷасад[16] ва дафни маййит дар маконҳое, ки мӯҷиби ҳурматшикании ӯст (монанди дафни мусулмон дар қабристони куффор) набши қабри ӯ ҷоиз аст.[17]

Эзоҳ

  1. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.112 - 113.
  2. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.32.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.96.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.111 - 264; Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.141.
  6. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138; ниг.: сураи Моида, ояти 31.
  7. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.118 - 263.
  8. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113.
  9. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115.
  10. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115.
  11. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, 114, саҳ.24.
  12. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.118 - 125.
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.344.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.301.
  15. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113 - 114.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.353 - 359.
  17. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.

Сарчашма

  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳул-масоил, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи панҷоҳу дувум, 1429ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, ал-табъатус-сония, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, 1404ҳ.қ./1984м.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомийя, ҳошиянавис: Муҳаммадтақии Кашфӣ, Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, ал-мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт, 1409ҳ.қ.