Гиря бар Ҳусайн (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Гиристан бар Ҳусайн (а))
Гиряю сӯгворӣ дар азои Имом Ҳусайн (а)

Гиря бар Ҳусайн (а) гиря кардан бар мазлумият ва ранҷу мусибатҳои Ҳусайн ибни Алӣ (а), имоми сеюми шиаён ва ёронаш аст. Дар ҳадисҳои имомон (а) ба ин амр таъкид шуда ва аҷру савобе чун бахшиши гуноҳон ва биҳишт баён шудааст.

Дар баъзе ривоятҳо ҳам омадааст, ки фариштагону паёмбарон ҳам бар мусибатҳои Имом Ҳусайн гиря карданд.

Олимони шиа сабаби таъкид бар гиря кардан бар Имом Ҳусайнро дар он медонанд, ки мактаби озодихоҳӣ ва мубориза бо зулм ҳамеша зинда бимонад. Ҳамчунин фоидаи онро изҳори маваддат ба Имом Ҳусайн ва таҷдиди байъат бо ӯ ва ормонҳояш, аз ҷумла: шаҳодатталабӣ баён карда, ин корро мӯҷиби бақои Ислом донистаанд.

Аҳли Байт, илова бар гиря кардан дар азо ва мотами Имом Ҳусайн, ба гирёндан ва табокӣ (худро ба гиря задан) низ тавсия намуда ва барои ин корҳо савобҳое зикр кардаанд.

Фазилати гиря бар Ҳусайн

Имом Ризо (а)

یَا ابْنَ شَبِیبٍ إِنْ کُنْتَ بَاکِیاً لِشَیْءٍ فَابْکِ لِلْحُسَیْنِ بْنِ عَلِیِّ بْنِ أَبِی طَالِبٍ(ع) فَإِنَّهُ ذُبِحَ کَمَا یُذْبَحُ الْکَبْشُ وَ قُتِلَ مَعَهُ مِنْ أَهْلِ بَیْتِهِ ثَمَانِیَةَ عَشَرَ رَجُلًا مَا لَهُمْ فِی الْأَرْضِ شَبِیهُون‏.

Эй писари Шабиб, агар хостӣ гиря кунӣ, бар Ҳусайн ибни Алӣ (а) гиря кун, ки ӯро ҳамчун гӯсфанд забҳ карданд ва ҳамроҳаш ҳаждаҳ тан аз бастагонаш шаҳид шуданд, ки дар рӯи замин монанд надоштанд. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.қ., саҳ.130.

Гиря бар Ҳусайн (а) гиря кардан бар мазлумият ва мусибатҳое аст, ки дар воқеаи Карбало бар Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш ворид шуд.[1] Дар бораи фазилати ин кор, ривоёти бисёре аз Пайғамбар (с) ва Аҳли Байти (а) эшон нақл шудааст, ки дар онҳо бар гиристан барои мусибатҳои Имом Ҳусайн (а) таъкид[2] ва подоши фаровоне барои он зикр шудааст:[3]

Шайхи Садуқ - муҳаддиси шиа, аз Райён ибни Шабиб нақл мекунад, ки дар аввали муҳаррам ба назди Имом Ризо (а) рафт, Имом Ризо зимни ёдоварии мусибатҳои ҷаддаш изҳор дошт: «эй писари Шабиб, агар бар Ҳусайн (а) гиря кардӣ, ашкҳоят бар гунаҳоят ҷорӣ шуд, Худованд гуноҳоне, ки муртакиб шудаиро, хоҳ кабира хоҳ сағира, хоҳ каму хоҳ зиёд, ҳамаро мебахшад!».[4]

Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки Алӣ ибни Ҳусайн (а) бист сол бар мусибати падараш гиря кард ва ҳар вақт хӯроке пеши ӯ мегузоштанд, гиря мекард.[5] Дар бархе ривоёт омадааст, ки фариштагон, паёмбарон, замину осмон, ҳайвоноти саҳрову дарё ҳам бар азои Ҳусайн (а) гиристаанд.[6]

Ҳамчунин дар китоби Комил-уз-зиёрот аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки ашк барои Имом Ҳусайн (а), агар ба миқдори боли магасе ҳам бошад, аҷру савобаш бо Худост ва Ӯ ба камтар аз биҳишт барои ин кор розӣ намешавад.[7]

Албатта шарти бархӯрдорӣ аз чунин савобҳои бузургеро эътиқоду маърифат ба Имом Ҳусайн (а) ва аҳдофи ӯ[8] ва низ риояти ҳалолу ҳароми Илоҳӣ донистаанд.[9]

Иллати супориш ба гиря барои Имом Ҳусайн

Муртазо Мутаҳҳарӣ - олими шиъӣ, таъкиди фаровони имомон бар гиря барои Имом Ҳусайнро аз ин ҷиҳат медонад, ки онҳо мехостанд қиёми Имом Ҳусайн ва мактаби озодӣ ва мубориза бо зулми ӯ ҳамеша боқӣ бимонад. Ба гуфтаи ӯ, ин супориши имомон сабаб шуд дар замони худи онҳо, ҷараёне зиндаю инқилобӣ ба вуҷуд ояд ва номи Имом Ҳусайн шиори инқилоби алайҳи зулм шавад.[10]

Ҳамчунин гиристан дар мотами Имом Ҳусайн ва шуҳадои Карбалоро таҷдиди байъат бо Ошуро ва фарҳанги шаҳодат ва тағзияи фикрию рӯҳӣ ба василаи ин мактаб дониста, гуфтаанд, ин гиря нишонаи пайванди қалбӣ бо Аҳли Байт (а) ва навъе қарордоди маваддат бо Имом Ҳусайн (а) аст.[11] Имом Хумайнӣ гиряву азодорӣ барои Имом Ҳусайнро сабаби ҳифзи Ислом муаррифӣ кардааст.[12]

Гирён кардан ва табокӣ

Имомони шиа илова бар гиря кардан дар мотами Имом Ҳусайн (а), ба гирёндану табокӣ (ҳолати гиря гирифтан) низ супориш ва барои он аҷру савоб баён кардаанд. Шайхи Садуқ аз Имом Ризо (а) нақл мекунад: «ҳаркас ёди мусибати мо [Аҳли Байт] кунаду бигиряд ва бигирёнад, дар рӯзе ки чашмҳо мегирянд [рӯзи қиёмат] чашмаш гирён нест!».[13] Ҳамчунин аз Имом Боқир ва Имом Содиқ нақл шудааст: «ҳаркас [дар сӯги Ҳусайн (а)] гиря кунад ё дигаронро, ҳарчанд як нафарро гирён кунад, мо биҳиштро барои ӯ тазмин мекунем ва ҳаркас ҳам, ки гиряаш наёяд, аммо ҳолати сӯгворонро бар худ гирад, ҳамин аҷру савобро хоҳад дошт!».[14] Ба гуфтаи Шайх Аббоси Қумӣ - яке аз олимони қарни чаҳордаҳи қамарӣ, мурод аз табокӣ риё нест; чароки гиря бар Имом Ҳусайн (а) ибодат аст ва риё дар ибодот ҷоиз нест.[15] Табокӣ, ташаббуҳ ба гирякунандагон ба манзури ҳамроҳӣ бо онҳост,[16] дар ҳоле ки риёро тазоҳур ба некӣ барои нишон додани худ ба дигарон медонанд.[17]

Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бибинед: Табокӣ ва букоъ

Шеър дар бораи гиря бар Ҳусайн

Масъалаи гиря барои Имом Ҳусайн дар шеърҳои форсӣ бозтоб доштааст. Аз ҷумла, Висоли Шерозӣ - шоири қарни сездаҳуми қамарӣ сурудааст:

Бад-ин умед, ки ин гиряро савоб диҳанд

Аҷаб набошад агар оламе ба об диҳанд

Ба қатрае ки фишонӣ туро ба рӯзи ҷазо

Зи дасти соқии Кавсар, шароби ноб диҳанд

Вале ба гиря машав ғарраву ба тоъат кӯш

Гарат ҳавост, ки бар гиряаат савоб диҳанд![18]

Эзоҳ

  1. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо, 1395ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.323.
  2. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.қ., саҳ.130; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.278.
  3. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.501.
  4. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.қ., саҳ.129 ва 130.
  5. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.165.
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.218 ва 220.
  7. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.100, ҳадиси 3.
  8. “Наҷот ва биҳишт рафтани инсони гунаҳкор ба сирфи гиря бар Имом Ҳусайн (а)”, пойгоҳи итилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  9. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.334.
  10. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, интишороти Садро, ҷ.25, саҳ.338.
  11. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.382.
  12. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш.‏, ҷ.8, саҳ.527 ва 529.
  13. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.қ., саҳ.73.
  14. Ибни Намо, Мусир-ул-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.14.
  15. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1060.
  16. “Мабонии қуръонии гиря барои Имом Ҳусайн (а)”, пойгоҳи тахассусии Имом Ҳусайн.
  17. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.30.
  18. Ниг.: Висоли Шерозӣ, Куллиёти девони Висоли Шерозӣ, нашри китобфурушии Фахри Розӣ, саҳ.934, банди даҳум.

Сарчашма

  • Висоли Шерозӣ, Муҳаммадшафиъ, Куллиёти Висоли Шерозӣ, тасҳеҳи Муҳаммади Аббосӣ, бе то, нашри китобфурӯшии Фахри Розӣ.
  • Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, зери назари Маҳдии Пешвоӣ, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо (а), Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1395ҳ.ш.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳи Абдулҳусайн Аминӣ, Наҷафи ашраф, Дорул-Муртазавийя, чопи аввал, 1356ҳ.ш.
  • Ибни Намои Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, мадрисаи Имом Маҳдӣ, Қум, чопи сеюм, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимус-салом, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, Далели мо, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • "Мабонии қуръонии гиря барои Имом Ҳусайн (а)”, пойгоҳи тахассусии Имом Ҳусайн, таърихи боздид: 27 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя‏, чопи аввал, 1386ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.334.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори устод шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, интишороти Садро, бе то.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, Қум, нашри Маъруф, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
  • "Наҷот ва биҳишт рафтани инсони гунаҳкор ба сирфи гиря бар Имом Ҳусайн (а)”, пойгоҳи итилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 30 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (с), чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.қ.