Муфтаразут-тоъат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Воҷибул-итоат)

Муфтаразут-тоъат (арабӣ: مُفْتَرَضُ‌الطَّاعَة) барои имомони шиа як мақоми хоссе аст, ки ба маънои касест, ки итоъат кардан аз ӯ ба таври мутлақ ва бечуну чаро воҷиб аст. Олимони шиа бо истинод ба оёт ва ривоёте ҳамчун: ояти Улуламр, ҳадиси Сақалайн, ҳадиси Сафина ва ҳадиси Манзлат, имомонро (а) муфтаразуттоъат медонанд. Бархе аз онҳо, ба мисли Шайх Тусӣ, бо исботи муфтаразут-тоъат будани Имом Алӣ (а), аз он барои исботи имомати ӯ истидлол кардаанд.

Дар манобеи ҳадисии шиа, ба гайр аз ривоятхои боло, ривоятҳое ҳам ҳаст тасреҳ мекунанд, имомон (а) муфтаразут-тоъатанд. Дар китоби «ал-Кофӣ» бахше ба ин масъала бахшида шуда, дар он ҳабдаҳ ривоят нақл шудааст.

Албатта, дар чанд ривоят ҳам омадааст, ки имомон худро муфтаразут-тоъат надонистаанд, аммо олимони шиа ин ривоятҳоро қабул накардаанд. Бархе аз пажуҳишгарон гуфтаанд, ин ривоятҳо аз рӯи тақия содир шудаанд.

Мафҳумшиносӣ

Муфтаразут-тоъат ба касе гуфта мешавад, ки итоат аз ӯ, ба сурати мутлақ ва бе қайду шарт, фарз бошад.[1] олимони шиаи онро мақоми хоссе барои имомон медонанд.[2] Аллома Маҷлисӣ муфтаразут-тоъат буданро аз лавозими имомат шуморида, гуфтааст, ҳадиси Манзалат ба ин нукта далолат мекунад.[3] Бархе низ гуфтаанд, асосан маънои имомат ва хилофати Илоҳӣ ҳамин мақоми муфтаразут-тоъат будан аст.[4]

Далоили муфтаразут-тоъат будани имомон

Олимони шиа бар асоси оёту ривоёт, имомонро касоне медонанд, ки итоат аз онҳо воҷиб аст. Ояти Улуламр, ҳадиси Сақалайн, ҳадиси Сафина ва ҳадиси Манзалат аз ҷумлаи оёту ривоётеанд, ки аз онҳо муфтаразут-тоъат будани имомонро натиҷа гирифтаанд. Дар ин миён, ривоёте ҳам ҳаст, ки ба сароҳат масъалаи муфтаразут-тоъатро пеш кашидаанд:

Ояти Улуламр

Бар асоси ояти «أَطیعُوا اللَه وَ أَطیعُوا الرَّسُولَ وَ أُولِی الْأَمْرِ مِنْكُمْ»; аз Худо ва Пайғамбар ва соҳибони амри худ итоат кунед,[5] дар канори итоат аз Худо ва расулаш, итоат аз улуламр, бе қақдушарт воҷиб дониста шудааст.[6] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, атфи улуламр бар Пайғамбар (с) бидуни такрори феъли «атиъу/ أَطیعُوا», нишонаи ин аст, ки ҳамон гуна ки итоат аз Расули Худо (с) мутлақан воҷиб аст, итоат аз улуламр низ беқайду шарт воҷиб аст.[7] Уламои шиа бар асоси ривоёт, мурод аз улуламрро имомони дувоздаҳгона медонанд.[8]

Аҳодисе ки ба муфтаразут-тоъат ишора доранд

Дар ҳадиси Сақалайн, Аҳли Байт (а) дар канори Қуръон қарор дода шудаанд. Ҳамон гуна ки пайравӣ аз Қуръон бар мусулмонон воҷиб аст, итоат аз Аҳли Байт (а) низ воҷиб аст.[9] Ба гуфтаи Абулсалоҳ Ҳалабӣ, фақеҳ ва мутакаллими шиаи қарни чаҳорум ва панҷуми қамарӣ, ба ҷиҳати мутлақ будани каломи Пайғамбар (с) дар ҳадиси Сақалайн, вуҷуби итоат аз Аҳли Байт низ бидуни қайду шарт аст. Бинобарин, мусулмонон дар тамоми рафторҳо ва гуфторҳои Аҳли Байт (а) бояд аз онҳо табаият кунанд.[10]

Ҳадиси Сафина низ бар вуҷуби пайравӣ ва итоат аз Аҳли Байт (а) далолат мекунад; зеро тибқи ин ҳадис, наҷот дар пайравӣ аз онон ва ҳалокату гумроҳӣ дар сарпечӣ аз онҳост.[11] Ба гуфтаи Мирҳомиди Ҳусайн, бар асоси ин ҳадис, вуҷуби итоат аз Аҳли Байт (а) мутлақ ва бидуни қайду шарт аст.[12]

Бархе аз уламо ҳамчун Шайхи Тусӣ ва Абуссалоҳ Ҳалабӣ ба василаи ҳадиси Манзалат, муфтаразут-тоъат будани Имом Алӣ (а)-ро натиҷа гирифтаанд ва аз ин масъАла, имомати ӯро исбот кардаанд.[13]

Шайхи Тусӣ навиштааст, Пайғамбар (с), дар ҳадиси Манзалат, нисбати Имом Алӣ (а) бо худро нисбати Ҳорун ба Мусо муаррифӣ кардааст. Аз онҷо ки Ҳорун ба ҷонишинӣ аз Мусо, муфтаразут-тоъат будааст, Имом Алӣ (а) низ муфтаразут-тоъат аст ва ҳамин исбот мекунад, ки имом ҳам аст.[14]

Аҳодисе, ки ба муфтаразут-тоъат тасреҳ мекунанд

Дар китобҳои ҳадисӣ, аҳодисе омадааст, ки тасреҳ мекунанд, имомони муфтаразут-тоъатанд. Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ, дар китоби ал-Кофӣ, дар бахше таҳти унвони «боби фарзут-тоъатил-аимма», ҳабдаҳ ривоят дар ин замина нақл кардааст.[15] Дар яке аз ин ривоёт, Имом Содиқ (а) бар муфтаразут-тоъат будани имомони пеш аз худ шаҳодат дода ва онҳоро имомоне муаррифӣ кардааст, ки Худованд итоат аз онҳоро воҷиб кардааст.[16]

Ҳазрати Содиқ алайҳиссалом дар ривояте бо савганд ба аҳамият ва ҷойгоҳи имоми муфтаразут-тоъат тасреҳ карда мефармояд: мункири имоми муфтаразут-тоъат мешаванд ва аз ӯ канора мегиранд, ба Худо қасам, дар рӯй замин мақоме болотар аз муфтаразут-тоъат будан нест. Иброҳим муддатҳо буд, ки аз тарафи Худо ба ӯ ваҳй мешуд, вале муфтаразут-тоъат (итоаташ фарз ва воҷиб бошад) набуд то ин ки Худованд хост ӯро гиромӣ бидорад ва азамат бахшад, фармуд «إِنِّي جٰاعِلُكَ‌ لِلنّٰاسِ‌ إِمٰاماً» Иброҳим фаҳмид чӣ мақоме ба ӯ иноят шудааст, гуфт: «وَ مِنْ‌ ذُرِّيَّتِي» оё дар фарзандони ман низ ҳаст? Худованд ба ӯ фармуд: «لاٰ يَنٰالُ‌ عَهْدِي اَلظّٰالِمِينَ‌» ӯҳдадори ин мақом, ситамгарон намешаванд! Ҳазрати Содиқ фармуд: Худованд тасреҳ кард, ки ин мақом шоистаи зуррия туст, на дигарон, ки ситамгаранд.[17]

Аллома Маҷлисӣ ҳам дар Биҳор-ул-анвор, аз Имом Ризо (а) ривоят кардааст, ки ин мақом дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) ба уммат иблоғ гардид ва дар рӯзи Ғадир аз онон паймон гирифта шуд.[18]

Гузоришҳое ҳам дар китобҳои ҳадисӣ ҳаст, ки дар онҳо афроде назди имомон, ба муфтаразут-тоъат будани онҳо шаҳодат медиҳанд ва имомон мепазиранд.[19]

Аҳодиси мухолиф

Дар манобеи ҳадисии шиа, ривоёте ҳам ёфт мешавад, ки далолат дорад имомони шиа воҷибул-тоъат будани худро рад кардаанд. Аз ҷумлаи онҳо ривояте аст, ки Шайхи Тусӣ нақл кардааст. Дар ин ривоят, ду нафар назди Имом Содиқ (а) меоянд ва яке аз онҳо аз ӯ мепурсад: «оё имоми муфтаразут-тоъат аз шумост?» имом посух медиҳад: «чунин шахсе байнамон намешиносам» баъд, он шахс мегӯяд: «гуруҳе дар Кӯфа имом муфтаразут-тоъатро аз шумо медонанд!» имом мегӯяд: «мо онҳоро ба ин масъала амр накардаем!».[20] Ҳамчунин Шайхи Муфид дар ал-Ихтисос овардааст, Имом Козим (а) дар ҳадисе, ақида ба муфтаразут-тоъат будани имомонро эътиқоди ғолиён дониста, онро рад кардааст.[21]

Дидгоҳи олимони шиа дар бораи аҳодиси мухолиф

Олимони шиа аҳодиси мухолиф бо муфтаразут-тоъат будани имомонро намепазиранд ва муътақиданд, имомони шиа муфтаразут-тоъат ҳастанд.[22] Шайхи Садуқ, Шайхи Муфид ва Шайхи Тусӣ бо истинод ба ҳадиси Манзалат, имомонро муфтаразут-тоъат донистаанд.[23]

Бархе аз пажӯҳишгарон гуфтаанд, ривоёте, ки дар онҳо, имомон, муфтаразут-тоъат буданро аз худ салб кардаанд, аз рӯи тақия баён шудаанд. Ба гуфтаи инҳо, дар замони Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а), ақида ба муфтаразут-тоъат будани имомон ривоҷ ёфта ва ҳамин сабаб шуда буд хулафои аббосӣ ба он ҳассос шаванд; зеро ин ақидаро бо худкомагии сиёсии худ носозгор медиданд.[24]

Эзоҳ

  1. Дезфулӣ, “Баррасии шавоҳиди торихии бовармандии шиа ба мақоми муфтаразут-тоъат будани имом”, саҳ.32.
  2. Ғуломӣ, “Далолати ҳадиси Манзалат бар мақоми фарзут-тоъат”, саҳ.81; Дезфулӣ, “Баррасии шавоҳиди торихии бовармандии шиа ба мақоми муфтаразут-тоъат будани имом”, саҳ.37; нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.78; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., саҳ.156 - 157; Шайхи Тусӣ, ал-Иқтисод, 1406, саҳ.352.
  3. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.282.
  4. Шифтӣ, ал-Имомат, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.22.
  5. Сураи Нисо, ояти 59.
  6. Нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.391.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.391.
  8. Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.398 ва 399.
  9. Нигоҳ кунед ба: Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.97.
  10. Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.97.
  11. Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.262 ва 263.
  12. Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.975.
  13. Шайхи Тусӣ, ал-Иқтисод, 1406, саҳ.352; Ҳалабӣ, Тақриб-ул-маъориф, 1404ҳ.қ., саҳ.210.
  14. Шайхи Тусӣ, ал-Иқтисод, 1406, саҳ.352.
  15. Нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185 - 190.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186.
  17. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.509; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.141.
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.325
  19. Шайхи Тусӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол), 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.719; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.188.
  20. Шайхи Тусӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол), 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.427.
  21. Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.55.
  22. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.78; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., саҳ.156 - 157; Шайхи Тусӣ, ал-Иқтисод, 1406, саҳ.352; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.282; Шифтӣ, ал-Имомат, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.22.
  23. Нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.78; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., саҳ.156 - 157; Шайхи Тусӣ, ал-Иқтисод, 1406, саҳ.352.
  24. Дезфулӣ, “Баррасии шавоҳиди торихии бовармандии шиа ба мақоми муфтаразут-тоъат будани имом”, саҳ.47 - 49.

Сарчашма

  • Ғуломӣ, Асғар, “Далолати ҳадиси Манзалат бар мақоми фарзут-тоъат”, дар Сафина, шумораи 13, 1385ҳ.ш.
  • Дезфулӣ, Муҳаммад Алӣ, «Баррасии шавоҳиди торихии бовармандии шиа ба мақоми муфтаразут-тоъат будани имом, бо таъкид бар се қарни аввал», дар фаслномаи имоматпажӯҳӣ, соли сеюм, шумораи 9, баҳори 1392ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Дорулкутубил-исломия, Теҳрон, 1363ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мирҳомид Ҳусайн, Сайидмаҳдӣ, Абақот-ул-анвор фи имомат-ил-аиммат-ил-атҳор, Исфаҳон, китобхонаи Амирулмуъминин, чопи дувум, 1366ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадҳасан, Далоил-ус-сидқ ли наҳҷ-ил-ҳақ, Қум, муассисаи оли байт, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили оли Муҳаммад, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Фазлуллоҳ Яздӣ ва Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Абуссалоҳ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, таҳқиқи Ризо Устодӣ, Исфаҳон, мактабатул-Имом Амирулмуъминин (а), чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Абуссалоҳ, Тақриб-ул-маъориф, Қум, Алҳодӣ, 1404ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамии Зарандӣ, конгресси Шайхи Муфид, Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод фимо ятаъаллақу би-л-эътиқод, Бейрут, Дорулазвоъ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи аввал, бе то.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол), Машҳад, донишгоҳи Машҳад, 1384ҳ.ш.
  • Шифтӣ, Асадуллоҳ Мусавӣ, ал-Имомат, таҳқиқи Сайид Маҳдии Раҷоӣ, мактабат Сайид Ҳуҷҷатул-Ислом Шифтӣ, Исфаҳон, 1411ҳ.қ.