Вилоятаҳдии Имом Ризо (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Вилоятаҳдии Имом Ризо)

Вилоятаҳдии Имом Ризо (а) ба таъини Имом Ризо (р) ба вилоятаҳдии Маъмуни Аббосӣ ишора мекунад, ки муҳимтарин рӯйдоди зиндагии Имом Ризо назди шиа аст.

Қабул кардани вилоятаҳдии Маъмун аз ҷониби Имом, илова бар онки масъалаи чолишие дар таърихи Ислом аст, аз назари каломӣ низ аҳамият дорад.

Ба гуфтаи Сайидҷаъфар Муртазо Омулӣ - муаррихи шиа, ривоятҳои мутавотире нишон медиҳанд, ки Имом Ризо аз вилоятаҳдӣ розӣ набудааст.

Маъмун пеш аз вилоятъаҳдӣ, ба Имом хилофатро пешниҳод кард, ки гуфтаанд, ҳадафаш тасбити хилофати худ будааст. Вале Имом Ризо илова бар радди пешниҳоди Маъмун, қонунӣ будани хилофати Маъмунро зери суол бурд.

Маъмун бо напазируфтани хилофат бо таҳдиди куштани Имом ӯро маҷбур кард, ки хилофатро бипазирад. Аз ин рӯ, Имом маҷбур шуд, ки пешниҳоди Маъмунро қабул кунад, аммо шарт гузошт, ки дар корҳои ҳукуматӣ ҳеҷ дахолате накунад.

Баъзе ҳадафҳои Маъмун аз ин иқдомро чунин шуморидаанд: эмин шудан аз хатари Имом ва зери назар гирифтани ӯ, хомӯш кардани инқилоби алавиҳо, истифода аз Имом барои қонунӣ кардани хилофати худ ва розӣ кардани аҳли Хуросон.

Дар муқобил, бархе муътақиданд, Фазл ибни Саҳл нақшаи валиаҳдии Имомро тарроҳӣ кард, то ба василаи он ба подшоҳии Эрон бирасад. Бо ин ҳол, мегӯянд, Имом (а) тавонист бо сиёсат ва фаъолиятҳои худ онҳоро аз расидан ба ҳадафҳояшон ноком гузорад.

Бо фармони Маъмун, Имом Ризо дар охири соли 200-и ҳиҷрӣ аз Мадина ба Хуросон ҳаракат дода шуд. Маъмун роҳро тавре интихоб кард, ки аз шаҳрҳои шианишин нагузарад.

Имом Ризо дар роҳи ҳаракат, ҳадиси «Силсилатуз-заҳаб»-ро дар Нишобур баён кард.

Маъмун дар Рамазони соли 201-и қамарӣ, маросими вилоятаҳдии Имомро баргузор кард. Ба ин тартиб, мардум ва соҳибмансабону ҳукуматдорон бо Имом байъат карданд. Аз он пас, ба дастури Маъмун, хутбаҳоро ба номи Имом хонданд ва ба номаш сикка заданд.

Бо эълони вилоятаҳдии Имом, касоне монанди Алӣ ибни Абуимрон, Абуюнус ва ҳокими Басра мухолифат карданд. Мардуми Бағдод ҳам, ки аз кам шудани нуфузашон дар ҳукумат бим доштанд, даст ба шӯриш зада, бо Иброҳим ибни Маҳдӣ байъат карданд.

Ба гузориши манобеи шиъӣ, Имом Ризо (а) тавонист аз вазъияти пешомада ба нафъи шиа истифода кунад. Ӯ бисёре аз таълимоти Аҳли Байт (а)-ро барои умуми мардум расонд ва бо пешвоёни мазҳабҳои мухталиф баҳсу мунозира кард.

Ба гуфтаи бархе пажуҳишгарон, бо вилоятаҳдии Имом Ризо, заминаи шиа шудани эрониён фароҳам шуд.

Аҳамияти вилоятаҳдии Имом Ризо дар Ислом

Моҷарои вилоятаҳдии Имом Ризо яке аз масоили баҳсбарангез дар таърихи Ислом аст,[1] ки ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам аз назари каломӣ (зиддият доштани пазириши вилоятаҳдӣ бо исмати имом)[2] аҳамият дорад.[3] Даврони вилоятаҳдии Имом Ризоро муҳимтарин даврони зиндагии сиёсии ӯ донистаанд.[4]

Ба назари бархе муҳаққиқон, Имом Ризо (а) дар даврони ҳассоси хилофати Маъмун, бо пазириши вилоятаҳдӣ ва анҷоми фаъолиятҳое дар он ҳангом, тавонист ба таври ғайримустақим масири ҷомеъаро ҳидоят кунад; чароки дар он даврон, хилофати Аббосӣ вазъияти нобасомоне дошт ва қиёмҳои сершумори алавиён ва вуҷуди бархе фирқаҳои гумроҳ заминаи инҳитоти ҷомеъаро фароҳам карда буд.[5]

Пешниҳоди вилоятаҳдӣ

Ба гуфтаи Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар Мақотил-ут-толибин ва Шайхи Садуқ дар китоби Уюну ахбор-ир-Ризо (а), вилоятаҳдии Имом Ризо ба хости Маъмун анҷом шуд; чароки ӯ қасам хӯрда буд ҳангоме, ки бар бародараш - Амин пирӯз шавад, хилофатро ба Имом Ризо бисупорад.[6] Бо кушта шудани Амин ва ба хилофат расидани Маъмун, Фазл ибни Саҳл - вазири Маъмун, аҳди ӯ бо Худоро ёдоварӣ кард ва Маъмун иқдомоти лозим барои он корро анҷом дод.[7]

Дар муқобил, бархе бар ин боваранд, ки пешниҳоди вилоятаҳдии Имом Ризо аз сӯи Фазл ибни Саҳл матраҳ шудааст.[8] Гуфта шудааст, Фазл бо ин кор мехост баъд аз Имом, худ ба подшоҳии Эрон бирасад.[9] Маъмур шудани Раҷо ибни Абизаҳҳок аз хешовандони Фазл ибни Саҳл барои интиқоли Имом Ризо аз Мадина то Марв, ҳушдори бархе сиёсатмадорон ба Маъмун дар хусуси нақшаи Саҳл ва гузоришҳои тарихии дигар аз шавоҳиди ин муддао дониста шудааст.[10]

Аҳдоф

Бархе мусташриқон ва баъзе аз нависандагони шиа, монанди Ҳасан Амин – нависанда ва муаррихи лубнонӣ, бар ин боваранд, ки Маъмун дар валиаҳд кардани Имом, садоқат дошта ва он корро холисона анҷом додааст.[11] Аммо муҳаққиқони бисёре муътақиданд, Маъмун бо валиаҳд кардани Имом дар пайи аҳдофи зер будааст:

  • Эман шудан аз хатари Имом ва зери назар гирифтани ӯ: Маъмун, ки аз фаъолиятҳои Имом дар Мадина бимнок буд, бо даъвати Имом ба Марв ва валиаҳд кардани ӯ мехост аз хатари ӯ барои ҳукуматаш осуда шавад.[12]
  • Хомуш кардани инқилоби алавиён: Маъмун бо валиаҳд кардани Имом тавонист инқилобҳои алавиёнро сокит кунад; ба гунае ки баъд аз валиаҳд шудани Имом, ҳеҷ инқилобе (магар ҳаракате, ки дар Яман шакл гирифту ба зудӣ хомӯш шуд) аз алавиҳо рух надод.[13]
  • Бадбин кардани шиаён ба Имом: мутобиқи ривояте, ки аз Абосалт (аз ёрони Имом Ризо) нақл шудааст, Маъмун мехост бо валиаҳд кардани Имом, ӯро як шахси дунёталаб муаррифӣ кунад то аз манзалати ӯ назди шиаён бикоҳад.[14]
  • Истифода аз Имом барои машруъият додан ба хилофати Маъмун: Маъмун, ки медонист Имом Ризо дар Мадина мардумро ба сӯи худ даъват мекунад, бо валиаҳд кардани Имом мехост даъватҳои Имомро василае барои қонунӣ кардани хилофати худ қарор диҳад то зимни ҳаққонияти Имом, хилофати худаш низ машруъ дониста шавад.[15]
  • Розӣ кардани аҳли Хуросон: хуросониҳо, ки баъд аз таъйиди хилофати Банӣ Аббос, аз ситами онҳо сархурда шуда буданд, ба Имом Ризо рӯй оварда буданд.[16] Ба ҳамин далел Маъмун бо валиаҳд кардани Имом Ризо, дар садади розӣ кардани онҳо буд.[17]
  • Шиносоии авомили аслии шиа: шиаён, ки ҳамеша ба таври махфӣ зиндагӣ мекарданд, бо валиаҳд шудани Имом аз зиндагонии махфиёна даст мекашиданд ва дар натиҷа аз сӯи ҳукумати Банӣ Аббос шиносоӣ мешуданд.[18]
  • Бештар шудани қудрати Маъмун: Банӣ Аббос ҳамвора Маъмунро ба ин далел, ки модараш канизи қаср буд ва тамоми корҳоро ба фарди эронӣ (Фазл ибни Саҳл) супорида буд, таҳқир мекарданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифт бо валиаҳд кардани шахсияти бузурге чун Алӣ ибни Мусо, ҷойгоҳи худро тақвият кунад.[19]

Бархе нависандагон, аҳдофи дигареро низ барои ин иқдоми Маъмун зикр кардаанд.[20] Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ - таърихпажӯҳи шиа муътақид аст, бо тавваҷуҳ ба мушкилоте, ки Маъмун дар ҳукумат бо онҳо рӯбарӯ буд, интихоби Имом ба валиаҳдӣ бар нубуғи сиёсӣ ва огоҳии ӯ аз мушкилоти ҳукумат далолат дорад.[21] Бо ин ҳол, мегӯянд, Имом Ризо (а) бо сиёсатҳо ва мавзеъгириҳояш, Маъмунро аз дастёбӣ ба аҳдофаш ноком гузошт.[22]

Ба эътиқоди бархе аз коршиносони таърихи Ислом, аҳдофи ҳукумати Маъмун аз вилоятаҳдии Имом Ризо (а) иборатанд аз: 1 - табдили саҳнаи муборизоти ҳодди инқилобии шиаён ба арсаи фаъолияти сиёсии орому бехатар. 2 – Хато нишон додани муддаои ташайюъ мабнӣ бар ғосибона будани хилофатҳои умавӣ ва аббосӣ ва машруъият додан ба ин хилофатҳо. 3 - Кантроли Имом Ризо (а) (ки ҳамвора як конуни муъориза ва мубориза буд) ва низ ҳамаи сарону гарданкашон ва салаҳшурони алавиро дар сайтараи худ. 4 - қарор додани Имомро (ки як унсури мардумӣ ва қиблаи умедҳо ва марҷаъи суолҳою шикваҳо буд) дар муҳосираи маъмурони ҳукумат ва зудудани тадриҷии ранги мардумӣ буданро аз ӯ ва фосила афкандан байни ӯ ва мардум ва сипас байни ӯ ва авотиф ва муҳаббатҳои мардум. 5 - Касби виҷҳа ва ҳайсияти маънавӣ бо ин тавҷеҳ, ки дар дунёи он рӯз ҳама Маъмунро бар ин ки фарзанде аз Пайғамбар ва шахсияти муқаддасу маънавиро ба валиаҳдии худ баргузида ва бародарону фарзандони худро аз ин имтиёз маҳрум сохтааст, ситоиш кунанд. 6 - Талош барои табдил кардани Имом ба як тавҷеҳгари дастгоҳи хилофат ва бадеҳӣ аст агар Имом бо он ҷойгоҳи мунҳасир ба фардаш нақши тавҷеҳи ҳаводисро дар дастгоҳи ҳукумат бар уҳда мегирифт ҳеҷ нағмаи мухолифе наметавонист хадшае бар ҳайсияти он дастгоҳ ворид созад.[23]

Оятуллоҳ Хоманаӣ:

Дар тамоми даврони яксаду чиҳил солаи байни ҳодисаи Ошуро ва вилоятаҳдии Имоми ҳаштум ҷараёни вобаста ба имомони Аҳли Байт - яъне шиаён - ҳамеша бузургтарин ва хатарноктарин душмани дастгоҳҳои хилофат ба ҳисоб меомад. Дар ин муддат борҳо заминаҳои омодае пеш омад ва муборизоти ташайюъ, ки бояд онро наҳзати алавӣ ном дод, ба пирӯзиҳои бузурге наздик гардид, аммо ҳар бор мавонеъе бар сари роҳи пирӯзии ниҳоӣ падид меомад... Соли вилоятаҳдии он ҳазрат, яке аз пурбаракаттарин солҳои таърихи ташайюъ шуд ва нафаси тозае дар муборизоти алавиён дамида шуд. Ва ин ҳама ба баракати тадбири Илоҳии Имоми ҳаштум ва шеваи ҳакимонае буд, ки он Имоми маъсум дар ин озмоиши бузург аз хештан нишон дод.

  • Манбаъ: https: //farsi. khamenei. ir/message - content ?и id=8311=и чап

Рӯйкарди Имом Ризо

Ба гуфтаи Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ, гузоришҳое, ки бар ризояти надоштани Имом ба вилоятаҳдӣ далолат дорад, мутавотир аст.[24] Мутобиқи ончӣ дар китоби Маноқиб зикр шудааст, Имом Ризо (а) аз бенатиҷа будани вилоятаҳдии худ хабар додааст.[25] Бар асоси ин гузориш, баъд аз пазириши вилоятаҳдӣ, Имом дар ҳузури Маъмун ва Фазл ибни Саҳл, санадеро бар вилоятаҳдии худ навишт ва аз ҷумлаи масоиле, ки дар он баён кард, ин буд, ки Ҷафр ва Ҷомеъа бархилофи вилоятаҳдиаш далолат доранд.[26]

Маъмун пеш аз вилоятаҳдӣ, хилофатро ба Имом пешниҳод дод, вале Имом Ризо аз пазириши он худдорӣ карду гуфт: «агар Худо хилофатро ба ту додааст, раво нест онро ба дигарӣ бидеҳӣ ва агар хилофатро ба ту надодааст, чигуна чизеро ки барои ту нест ба дигарӣ мебахшӣ?».[27] Муҳаққиқон муътақиданд, ин посухи Имом (а) асоси машруъияти хилофати Маъмунро зери суол бурд.[28] Сайидҷаъфари Муртазо муътақид аст, асосан Маъмун дар пешниҳоди хилофат ба Имом Ризо (а) ҷиддияте надошт ва ин пешниҳоди ӯ талоше барои тасбити хилофати худ будааст.[29] Фазл ибни Саҳл низ аз инки Маъмун хилофатро аз худ бармедошту Имом низ онро намепазируфт, изҳори таъаҷҷуб мекард, ки хилофат ба чӣ андоза табоҳ шудааст.[30]

Пешниҳоди валиаҳдӣ низ бо мухолифати шадиди Имом Ризо рӯбарӯ шуд.[31] Маъмун бо дидани рафтори Имом, бо ёдоварии таҳдиди Умар ибни Хаттоб ба аъзои шурои шашнафара, ки шахси мухолифаткунандаро хоҳад кушт, Имомро таҳдид ва ба пазируфтани вилоятаҳдӣ водор кард.[32] Ба ҳамин далел, Имом ночор шуд вилоятаҳдиро бипазирад, вале онро машрут ба он донист, ки дар корҳои ҳукуматӣ ҳеҷ дахолате накунад.[33] Маъмун низ ин шартро пазируфт.[34] Бар асоси ривояте, ки Раён ибни Салт аз Имом Ризо нақл кардааст, дар сурате, ки Имом вилоятаҳдиро намепазируфт, ба дасти Маъмун кушта мешуд.[35]

Имом Ризо (а) барои ноком гузоштани Маъмун дар тарҳи вилоятаҳдии ӯ, дар мавқеиятҳои мухталифе бо он муқобила кард.[36] Аз ҷумлаи корҳои Имом метавон ба ин маворид ишора кард: дастури Имом ба гиря кардани хонавода ҳангоми худоҳофизиаш дар Мадина,[37] видоъ бо қабри Пайғамбар,[38] дахолат накардан дар ҳеҷ кори ҳукуматӣ, табдил кардани маркази ҳукумат ба пойгоҳи таблиғи шиа ва мунозира кардан бо сарони адён ва мазоҳиби мухталиф.[39]

Ҳаракати Имом аз Мадина ба Марв

Ба гузориши Таърихи Яъқубӣ, ба дастури Маъмун, Раҷо ибни Абизаҳҳок (хешованди Фазл ибни Саҳл) маъмур шуд, Имом Ризо (а)-ро аз Мадина ба Хуросон оварад.[40] Албатта ба бовари Шайхи Муфид, фиристодаи Маъмун Исо Ҷалудӣ будааст.[41]

Маъмун масири мушаххасе барои сафари Имом Ризо ба Марв интихоб кард, то он ҳазрат аз марказҳои шианишин убур накунад; зеро аз иҷтимои шиаён бар гирди Имом метарсид.[42] Ӯ ба таври хос дастур дод Имомро аз масири Кӯфа набаранд, балки аз роҳи Басраю Хузистону Форс, ба Нишобур мунтақил кунанд.[43] Масири ҳаракат, тибқи китоби Атласи шиа, чунин будааст: Мадина, Нуқра, Ҳавсҷа, Набоҷ, Ҳафри Абумусо, Басра, Аҳвоз, Беҳбаҳон, Истахр, Абрқу, Даҳшир (Фарошоҳ), Язд, Харониқ, Руботи пушти бом, Нишобур, Қадамгоҳ, Деҳсурх, Тус, Сарахс, Марв.[44]

Гуфта шудааст, замони ҳаракати Имом охири соли 200 қамарӣ будааст.[45] Мегӯянд, муҳимтарин ва мустанадтарин ҳодиса дар тӯли масир, дар Нишобур иттифоқ афтод, ки Имом Ризо (а) дар онҷо ҳадиси маъруф ба Силсилатуз-заҳабро эрод кард.[46]

Маросими вилоятаҳдӣ

Сиккаи вилоятаҳдии Имом Ризо (а) ки ба дастури Маъмун зарб шуд. Бар рӯи сикка иборати зер ба хати кӯфӣ дарҷ шудааст: « لله، محمدرسول الله، المأمون خلیفة الله، مما أمر به الأمیر الرضا ولی عهد المسلمین علی بن موسی بن علی بن ابی طالب، ذوالریاستین.

Маъмун душанбеи ҳафтум[47] ё панҷум[48] ё дувуми Рамазони[49] соли 201 ҳиҷрии қамарӣ аз мардум, барои валиаҳдии Имом Ризо (а) байъат гирифт ва мардумро ба ҷои либоси сиёҳ, ки нишонаи аббосиён буд[50] сабзпуш кард (ранги сабз намоди алавиҳо буд)[51] ва фармони онро ба навоҳии мухталиф навишт.[52]

Пас аз он, бар минбарҳо ба номи Имом хутба хонданд ва динору дирҳам ба номаш заданд.[53] Маъмун духтараш - Уммуҳабибро ба ақди Имом Ризо даровард.[54] Ҳамчунин бар асоси бархе гузоришҳо, Маъмун лақаби ризо (ар-Ризо мин оли Муҳаммад, яъне фарди мавриди ризоят аз Оли Муҳаммад)-ро ба ӯ дод.[55] Вале тибқи ривояте аз Имом Ҷавод (а) лақаби «ризо», аз сӯи Худованд ба падараш дода шудааст.[56]

Маъмун дар маросиме, коргузорони ҳукумат, фармондеҳони лашкар, қозиҳо ва мардумро ҷамъ кард, то бо Имом Ризо байъат кунанд.[57] Имом дастонашро ба шеваи байъат гирифтани Пайғамбар, муқобили сӯрат гирифт, ба гунае ки пушти дастҳоро бар рӯи худ ва кафи дастҳоро бар рӯи мардум мекашид.[58] Хатибону шоирон ба посдошти маросим, хутба хонданду шеър суруданд. Яке аз шоирон Диъбили Хузоъӣ буд, ки бо сурудани шеъри худ, аз Имом сила дарёфт кард.[59] Маъмун аз Имом хост хутбае барои мардум бихонад. Имом низ хутбае, бисёр кӯтоҳ барои мардум эрод намуд.[60]

Ҳукми вилоятаҳдии Имом, ба хати Маъмун, дар санаде навишта шуд ва Имом низ дар пушти он санад, матолибе навишт.[61] Алӣ ибни Исои Ирбилӣ - муаллифи китоби Кашф-ул-ғумма дар соли 670ҳ.қ., он аҳдномаро бо хати Маъмуну Имом дида ва онро дар китоби худ, Кашф-ул-ғумма сабт кардааст.[62]

Мухолифони вилоятаҳдии Имом Ризо

Ба гузориши Яъқубӣ, Исмоил ибни Ҷаъфар ибни Сулаймон, ки аз ҷониби Маъмун ҳокими Басра шуда буд, аз байъат бо Имом Ризо (а) сар боз зад ва Маъмун, Исо ибни Язиди Ҷалудиро ба самти ӯ равона кард, ӯ аз Басра гурехт.[63] Ӯ навиштааст, Исо ибни Язиди Ҷалудӣ, аз тарафи Маъмун, маъмури расондани фармони байъат ба Макка буд.[64] Вай бо порчаҳои сабз вориди Макка шуду аз мардум барои Имом Ризо (а) байъат гирифт.[65] Шайхи Садуқ гузориш кардааст, ки Исо Ҷалудӣ, баъдҳо аз мухолифони сарсахти вилоятаҳдии Имом Ризо (а) шуд ва Маъмун ӯро ба далели байъат накардан бо Имом Ризо (а) ба зиндон андохт.[66] Алӣ ибни Абуимрон ва Абуюнус аз дигар мухолифони вилоятаҳдии Имом Ризо шуморида шудаанд.[67]

Паёмадҳо

Бархе аз паёмадҳои вилоятаҳдии Имом Ризо чунин баён шудааст:

  • Шуриши мардуми Бағдод: мардуми Бағдод, ки метарсиданд нуфузашон дар ҳукумат камранг шавад, вилоятаҳдии Имом Ризоро напазируфтанд ва ҳокими Маъмунро аз Бағдод берун карданд ва ба байъати Иброҳим ибни Маҳдӣ даромаданд.[68]
  • Байъати бархе алавиҳо бо Маъмун: агарчӣ вилоятаҳдии Имом Ризо, ҳамаи шиаёнро ба Маъмун наздик накард, бархе аз шиаён аз Маъмун розӣ шуда бо ӯ байъат карданд.[69]
  • Баҳрабардории Имом аз вилоятаҳдӣ: ҳарчанд Имом Ризо валиаҳдии Маъмунро бо икроҳ пазируфт, тавонист бо истифода аз ин мансаб, маорифи бисёреро, ки танҳо ба ёрону шиаён гуфта мешуд, ба таври ошкор барои ҳамагон баён кунад ва бо донишмандони мазоҳиби мухталиф мунозира кунад.[70]
  • Заминасозии ташайюъ дар Эрон: ба гуфтаи Сайид Алиакбари Қаршӣ - нависандаи тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, вилоятаҳдии Имом Ризо заминаи шиа шудани эрониҳоро фароҳам сохт; чароки бо будани Имом Ризо дар Эрон, содоти алавӣ ба Эрон омаданд ва мактаби шиаро тарвиҷ карданд.[71]

Такнигориҳо

Китоби «Имом Ризо (а) Маъмун ва мавзӯи вилоятаҳдӣ» ба қалами Сайидғанӣ Ифтихорӣ

Дар бораи вилоятаҳдии Имом Ризо (а) китобҳои мустақиле нигориш шудааст, ки бархе ба ин шарҳ аст:

  • Имом Ризо (а), Маъмуну мавзӯи вилоятаҳдӣ, таълӣфи Сайиди ғании ифтихорӣ: нависанда дар ин асар, илова бар баррасии даврони вилоятаҳдии Имом Ризо, авзоъи сиёсӣ - иҷтимоии даврони хилофати Банӣ Аббос (пеш аз Маъмун)-ро низ баррасӣ кардааст.[72] Ин китобро интишороти Нашр дар соли 1398ҳ.ш., дар 152 саҳифа мунташир кардааст.[73]
  • Вилоятаҳдии Имом Ризо (а), навиштаи Муҳаммади Муртазавӣ: муаллиф дар ин асар мекӯшад аҳдофи пинҳонии Маъмун аз вилоятаҳдии Имом Ризо ва аксулъамали Имом дар рӯёрӯӣ бо ин рӯйдодро бо истинод ба мадорики таърихӣ баён кунад.[74] Чопи дувуми ин китоб дар соли 1386ҳ.ш., ба кӯшиши Бунёди пажуҳишҳои исломӣ дар 127 саҳифа мунташир шудааст.[75]
  • Нигоҳе ба зиндагӣ ва вилоятаҳдии Имом Ризо (а), ба қалами Муҳаммадалии Аминӣ: мабоҳиси ин китоб дар се фаслу 130 саҳифа танзим шудааст.[76] Ин асарро интишороти Ба нашр дар соли 1395ҳ.ш., мунташир кардааст.[77]

Эзоҳ

  1. Ад-Даврӣ, ал-Аср-ул-Абосӣ-ил-аввал, 1997м., саҳ.161.
  2. Сайидмуртазо, Танзиҳ-ул-анбиё (а), 1377ҳ.ш., саҳ.179; Шайхи Тусӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.206.
  3. Боғистонӣ, “ар-Ризо, Имом (вилоятаҳдӣ)”, саҳ.83.
  4. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа (а), 1381ҳ.ш., саҳ.430; Ифтихорӣ, Имом Ризо (а), Маъмун ва мавзӯи вилоятаҳдӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.104.
  5. Акбарӣ ва Баротӣ, “Нақши Имом Ризо (а) дар ваҳдати динӣ ва инсиҷоми исломӣ дар асри Аббосӣ”, саҳ.45.
  6. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорул-маърифат, саҳ.454; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.166.
  7. Байҳақӣ, Таърихи Байҳақӣ, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.190.
  8. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.165; Ад-Даврӣ, ал-Аср-ул-Абосӣ-ил-аввал, 1997м., саҳ.162.
  9. Ҷаҳшёрӣ, ал-Вузароъ ва-л-китоб, 1408ҳ.қ., саҳ.203.
  10. Ад-Даврӣ, ал-Аср-ул-Абосӣ-ил-аввал, 1997м., саҳ.162.
  11. Фавзӣ, Буҳусун фи-таърих-ил-Аббосӣ, 1977м., саҳ.135; Амин, ар-Ризо ва-л-Маъмун ва вилоят-ул-аҳд, 1995м., саҳ.123 - 126.
  12. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.170.
  13. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), 1403ҳ.қ., саҳ.226.
  14. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.239.
  15. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.170.
  16. Ад-Даврӣ, ал-Аср-ул-Абосӣ-ил-аввал, 1997м., саҳ.162.
  17. Ад-Даврӣ, ал-Аср-ул-Абосӣ-ил-аввал, 1997м., саҳ.163.
  18. Қаршӣ, Ҳаёат-ул-Имом-ир-Ризо (а), 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.283.
  19. Қаршӣ, Ҳаёат-ул-Имом-ир-Ризо (а), 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.282.
  20. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), 1403ҳ.қ., саҳ.254 - 260.
  21. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), 1403ҳ.қ., саҳ.207.
  22. Ифтихорӣ, Имом Ризо (а), Маъмун ва мавзӯи вилоятаҳдӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.104.
  23. https: //farsi. khamenei. ir/message - content? id=8311
  24. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), 1416ҳ.қ., саҳ.286.
  25. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.365.
  26. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.365.
  27. Шайхи Садуқ, Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.69.
  28. Дурахша, Ҳусайнии Фоиқ, “Сираи сиёсии Имом Ризо (а) дар бархӯрд бо ҳукумати ҷавр”, саҳ.21.
  29. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), 1416ҳ.қ., саҳ.286.
  30. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.260; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  31. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259.
  32. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259.
  33. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.489.
  34. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.489.
  35. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.239.
  36. Аминӣ, Нигоҳе ба зиндагӣ ва Вилоятаҳдии Имом Ризо, 1395ҳ.ш., саҳ.102 - 103.
  37. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.211.
  38. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.217.
  39. Аминӣ, Нигоҳе ба зиндагӣ ва Вилоятаҳдии Имом Ризо, 1395ҳ.ш., саҳ.103 - 106.
  40. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.448.
  41. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259.
  42. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1381ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.124.
  43. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1381ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.124.
  44. Ҷаъфариён, Атлас-уш-шиъа, 2015м., саҳ.102.
  45. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.87; Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.95.
  46. Фазлуллоҳ, Таҳлиле аз Зиндагонии Имом Ризо, 1377ҳ.ш., саҳ.133.
  47. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.448.
  48. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.245.
  49. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.554.
  50. Ирфонманиш, Ҷуғрофиёи таърихии ҳиҷрати Имом Ризо, 1374ҳ.ш., саҳ.168.
  51. Ирфонманиш, Ҷуғрофиёи таърихии ҳиҷрати Имом Ризо, 1374ҳ.ш., саҳ.168.
  52. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.448.
  53. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.448.
  54. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.147.
  55. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.261; Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.363.
  56. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13.
  57. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.261.
  58. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорул-маърифат, саҳ.455; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.261.
  59. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.263.
  60. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.263.
  61. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.333.
  62. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.333.
  63. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.448 - 449.
  64. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.449.
  65. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.449.
  66. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.150.
  67. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.150.
  68. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.450.
  69. Ад-Даврӣ, ал-Аср-ул-Абосӣ-ил-аввал, 1997м., саҳ.163 - 164.
  70. Рафиъӣ, Зиндагонии Имом Ризо (а), Пажуҳишкадаи таҳқиқоти исломӣ, саҳ.198 - 199.
  71. Қаршӣ, Хонадони ваҳй, 1386ҳ.ш., саҳ.585 - 586.
  72. Ифтихорӣ, Имом Ризо (а), Маъмун ва мавзӯи вилоятаҳдӣ, 1398ҳ.ш.
  73. Ифтихорӣ, Имом Ризо (а), Маъмун ва мавзӯи вилоятаҳдӣ, 1398ҳ.ш.
  74. Муртазавӣ, Вилоятаҳдии Имом Ризо (а), 1386ҳ.ш., саҳ.9.
  75. Муртазавӣ, Вилоятаҳдии Имом Ризо (а), 1386ҳ.ш.
  76. Аминӣ, Нигоҳе ба зиндагӣ ва Вилоятаҳдии Имом Ризо, 1395ҳ.ш.
  77. Аминӣ, Нигоҳе ба зиндагӣ ва Вилоятаҳдии Имом Ризо, 1395ҳ.ш.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ад-Даврӣ, Абдулазиз, ал-Аср-ул-Абосӣ-ил-аввал, Бейрут, Дорул-талиъа, 1997м.
  • Акбарӣ, Амир ва Баҳман Баротии Даштибаёз, “Нақши Имом Ризо (а) дар ваҳдати динӣ ва инсиҷоми исломӣ дар асри Аббосӣ”, дар маҷаллаи Мишкот, № 96 ва 97, поиз ва зимистони 1386ҳ.ш.
  • Амин, Ҳасан, ар-Ризо ва-л-Маъмун ва вилоят-ул-аҳд ва сафаҳот мин-ат-таърих-ил-Аббосӣ, Бейрут, Дорул-ҷадид, 1995м.
  • Аминӣ, Муҳаммадалӣ, Нигоҳе ба зиндагӣ ва Вилоятаҳдии Имом Ризо, Машҳад, Беҳнашр, 1395ҳ.ш.
  • Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, Теҳрон, Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
  • Байҳақӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Таърихи Байҳақӣ, ба кӯшиши Халил Хатиби Раҳбар, Теҳрон, Маҳтоб, 1374ҳ.ш.
  • Боғистонӣ, Исмоил, “ар-Ризо, Имом (вилоятаҳдӣ)”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.20, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1394ҳ.ш.
  • Дурахша, Ҷалол ва Сайид Муҳаммадмаҳдии Ҳусайнии Фоиқ, “Сираи сиёсии Имом Ризо (а) дар бархӯрд бо ҳукумати ҷавр”, дар маҷаллаи Фарҳанги Разавӣ, № 1, баҳори 1392ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Ирфонманиш, Ҷалил, Ҷуғрофиёи таърихии ҳиҷрати Имом Ризо (а) аз Мадина то Марв, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1374ҳ.ш.
  • Ифтихорӣ, Сайидғанӣ, Имом Ризо (а), Маъмун ва мавзӯи вилоятаҳдӣ, Машҳад, Беҳнашр, 1398ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қаршӣ, Алиакбар, Хонадони ваҳй, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1386ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёат-ул-Имом-ир-Ризо (а), Қум, Саид ибни Ҷубайр, 1372ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият, Қум, Ансориён, 1426ҳ.қ.
  • Муртазавӣ, Вилоятаҳдии Имом Ризо (а), Машҳад, Бунёди пажуҳишҳои исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1381ҳ.ш.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Рафиъӣ, Алӣ, Зиндагонии Имом Ризо (а), Теҳрон, Пажуҳишкадаи таҳқиқоти исломии сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бе то.
  • Сайидмуртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Танзиҳ-ул-анбиё (а), Қум, Дорул-Шарифир-Разӣ, 1377ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Фавзӣ, Форуқ Умар, Буҳусун фи-таърих-ил-Аббосӣ, Бейрут, Дорул-қалам, 1977м.
  • Фазлуллоҳ, Муҳаммадҷавод, Таҳлиле аз зиндагонии Имом Ризо (а), тарҷумаи Муҳаммадсодиқи Ориф, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1377ҳ.ш.
  • Ҷаҳшёрӣ, Муҳаммад ибни Абдус, ал-Вузароъ ва-л-китоб, Бейрут, Дорул-фикрил-ҳадис, 1408ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Атлас-уш-шиъа, тарҷумаи Насир ал-Каъбӣ ва Сайф Алӣ, Қум, Нашри муаррих, 2015м.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, Саид ибни Ҷубайр, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Талхис-уш-шофӣ, Қум, Муҳиббин, 1382ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.