Jump to content

Сайид Абулқосим Хуӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Аз wikishia
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
[[File:سید ابوالقاسم خوئی.jpg|thumbnail]]
[[File:سید ابوالقاسم خوئی.jpg|thumbnail]]


'''Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ''' (1278 - 1371ҳ.ш.) аз мароҷеи тақлиди шиа, риҷолӣ ва нависандаи маҷмӯаи 23 ҷилдии <big>'''Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис'''</big> ва ҳамчунин соҳиби асари тафсирии <big>'''ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон'''</big> буд. Мирзои Ноинӣ ва Муҳаққиқи Исфаҳонӣ ду тан аз барҷастатарин устодони ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ будаанд. Оғози расмии марҷаияти Хуӣ пас аз даргузашти СайидҲусайни Таботабоии Буруҷердӣ дониста шуда ва даргузашти Сайидмуҳсини Таботабоии Ҳаким, оғози марҷаияти ӯ махсусан дар Ироқ хонда шудааст. Хуӣ, дар тӯли ҳафтод соли тадрис, як давраи комили дарси хориҷи фиқҳ ва шаш давра дарси хориҷи усули фиқҳро тадрис карда, ва як давраи кӯтоҳ ҳам ба тадриси тафсири Қуръон пардохт. Олимоне аз ҷумла Муҳаммад Исҳоқи Файёз, Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Мирзоҷаводи Табрезӣ, Сайидалии Систонӣ, Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо Садр ва Сайид Абдукарими Мусавии Ардабилӣ аз шогирдони Хуӣ муаррифӣ шудаанд.
'''Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ''' (1278 - 1371ҳ.ш.) аз мароҷеи тақлиди шиа, риҷолӣ ва нависандаи маҷмӯаи 23 ҷилдии '''Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис''' ва ҳамчунин соҳиби асари тафсирии '''ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон''' буд. Мирзои Ноинӣ ва Муҳаққиқи Исфаҳонӣ ду тан аз барҷастатарин устодони ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ будаанд. Оғози расмии марҷаияти Хуӣ пас аз даргузашти СайидҲусайни Таботабоии Буруҷердӣ дониста шуда ва даргузашти Сайидмуҳсини Таботабоии Ҳаким, оғози марҷаияти ӯ махсусан дар Ироқ хонда шудааст. Хуӣ, дар тӯли ҳафтод соли тадрис, як давраи комили дарси хориҷи фиқҳ ва шаш давра дарси хориҷи усули фиқҳро тадрис карда, ва як давраи кӯтоҳ ҳам ба тадриси тафсири Қуръон пардохт. Олимоне аз ҷумла Муҳаммад Исҳоқи Файёз, Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Мирзоҷаводи Табрезӣ, Сайидалии Систонӣ, Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо Садр ва Сайид Абдукарими Мусавии Ардабилӣ аз шогирдони Хуӣ муаррифӣ шудаанд.


Оятуллоҳ Хуӣ дар фиқҳ ва усули фиқҳ, назарот ва орои қобили таваҷҷӯҳе доштааст, ки гоҳ бо назароти машҳури фақеҳони шиа мутафовит аст. Бархе манобеъ, фатовои мутафовити ӯро то 300 маврид донистаанд. Мухолифат бо мукаллаф будани кофирон ба анҷоми фурӯи дин, адами пазириши нисбӣ будани оғози моҳи қамарӣ ва мухолифат бо эътибори шуҳрати фатвоӣ ва иҷмоъ, бархе аз назароти мутафовити ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ аст. Хуӣ дар даврони марҷаияти худ, иқдомоте дар ростои таблиғи дин, тарвиҷи ташайюъ ва ёрӣ расондан ба ниёзмандон карда аст; аз ҷумла сохтани китобхона, мадраса, масҷид, Ҳусайния ва бемористон дар кишварҳои Эрон, Ироқ, Малайзия, Англия, Амрико, Ҳиндустон ва ғ.
Оятуллоҳ Хуӣ дар фиқҳ ва усули фиқҳ, назарот ва орои қобили таваҷҷӯҳе доштааст, ки гоҳ бо назароти машҳури фақеҳони шиа мутафовит аст. Бархе манобеъ, фатовои мутафовити ӯро то 300 маврид донистаанд. Мухолифат бо мукаллаф будани кофирон ба анҷоми фурӯи дин, адами пазириши нисбӣ будани оғози моҳи қамарӣ ва мухолифат бо эътибори шуҳрати фатвоӣ ва иҷмоъ, бархе аз назароти мутафовити ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ аст. Хуӣ дар даврони марҷаияти худ, иқдомоте дар ростои таблиғи дин, тарвиҷи ташайюъ ва ёрӣ расондан ба ниёзмандон карда аст; аз ҷумла сохтани китобхона, мадраса, масҷид, Ҳусайния ва бемористон дар кишварҳои Эрон, Ироқ, Малайзия, Англия, Амрико, Ҳиндустон ва ғ.

Нусха 23:43, 25 феврали 2023

Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ (1278 - 1371ҳ.ш.) аз мароҷеи тақлиди шиа, риҷолӣ ва нависандаи маҷмӯаи 23 ҷилдии Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва ҳамчунин соҳиби асари тафсирии ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон буд. Мирзои Ноинӣ ва Муҳаққиқи Исфаҳонӣ ду тан аз барҷастатарин устодони ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ будаанд. Оғози расмии марҷаияти Хуӣ пас аз даргузашти СайидҲусайни Таботабоии Буруҷердӣ дониста шуда ва даргузашти Сайидмуҳсини Таботабоии Ҳаким, оғози марҷаияти ӯ махсусан дар Ироқ хонда шудааст. Хуӣ, дар тӯли ҳафтод соли тадрис, як давраи комили дарси хориҷи фиқҳ ва шаш давра дарси хориҷи усули фиқҳро тадрис карда, ва як давраи кӯтоҳ ҳам ба тадриси тафсири Қуръон пардохт. Олимоне аз ҷумла Муҳаммад Исҳоқи Файёз, Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Мирзоҷаводи Табрезӣ, Сайидалии Систонӣ, Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо Садр ва Сайид Абдукарими Мусавии Ардабилӣ аз шогирдони Хуӣ муаррифӣ шудаанд.

Оятуллоҳ Хуӣ дар фиқҳ ва усули фиқҳ, назарот ва орои қобили таваҷҷӯҳе доштааст, ки гоҳ бо назароти машҳури фақеҳони шиа мутафовит аст. Бархе манобеъ, фатовои мутафовити ӯро то 300 маврид донистаанд. Мухолифат бо мукаллаф будани кофирон ба анҷоми фурӯи дин, адами пазириши нисбӣ будани оғози моҳи қамарӣ ва мухолифат бо эътибори шуҳрати фатвоӣ ва иҷмоъ, бархе аз назароти мутафовити ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ аст. Хуӣ дар даврони марҷаияти худ, иқдомоте дар ростои таблиғи дин, тарвиҷи ташайюъ ва ёрӣ расондан ба ниёзмандон карда аст; аз ҷумла сохтани китобхона, мадраса, масҷид, Ҳусайния ва бемористон дар кишварҳои Эрон, Ироқ, Малайзия, Англия, Амрико, Ҳиндустон ва ғ.

Хуӣ дар даҳаи 1340ҳ.ш., мавзеъҳо ва баёнияҳое алайҳи давлати Паҳлавӣ доштааст; эътироз ба воқеаи Файзия дар соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ, аз ин ҷумлаанд. Вай пас аз шурӯи Инқилоби Исломии 1357 дар Эрон ва дидори Фараҳи Дебо, ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо ӯ ва шакку шубҳаҳои пеш омада пас аз ин дидор, дар мавориде аз ҷумла ҳамапурсии таъйини низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳамчунин ҷанги Ироқ алайҳи Эрон, ба ҳимоят аз инқилоб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт. Ӯ дар ҷараёни интифозаи шаъбонияи шиаёни Ироқ ва таъйини шӯрои раҳбарӣ барои идораи манотиқи таҳти мудирияти шиаён, таҳти фишори ҳукумати Саддом Ҳусайн қарор гирифт ва то поёни умр дар ҳасри хонагӣ буд.

Зиндагӣ

Намози Саййидалии Систонӣ бар ҷанозаи Хуӣ

Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ дар 15 раҷаби 1317 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ бо 28 обони 1278 ҳиҷрии шамсӣ, дар шаҳри Хуй аз тавобеъи Озарбойҷони ғарбӣ ба дунё омад.[1] Падараш Сайид Алиакбари Хуӣ, аз шогирдони Абдуллоҳи Момқонӣ буд, ки ба хотири адами мувофиқат бо машрутаи ғайримашруъа,[2] дар соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ аз Эрон ба Наҷаф муҳоҷират кард.[3] Хуӣ, шанбеи 8-уми сафари 1413 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ бо 17 мурдоди 1371 ҳиҷрии шамасӣ, дар 96 солагӣ (93 солагӣ бар асоси таърихи шамсӣ) ба иллати бемории қалбӣ дар Кӯфа даргузашт ва дар канори Масҷидулхазро дар саҳни ҳарами Амирулмӯъминин Алӣ (а) дафн шуд.[4]

Ҳамсар ва фарзандон

Хуӣ ду бор издивоҷ кард. Фарзандони вай, се писар ва се духтар аз ҳамсари аввал, ва чаҳор писарe ду духтар аз ҳамсар дувум ҳастанд.[5] бархе аз фарзандони шинохташудаи Хуӣ иборатанд аз:

  • Сайидҷамолиддини Хуӣ, фарзанди аршади Хуӣ, ки бештари умри худро сарфи умури марҷаияти падараш дар Наҷаф кард. Бархе аз осори ӯ иборатанд аз шарҳи Кифоят-ул-усул, Баҳсун фи-л-фалсафати ва илм-ил-калом, Тавзеҳ-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, Шарҳи девони Мутанаббӣ ва Девони шеър ба форсӣ.[6]
  • Сайид Муҳаммадтақии Хуӣ, пас аз таъсиси муассисаи хайрияи имом Хуӣ 1368 ҳиҷрии шамсӣ дабири кулли он шуд. Пас аз интифозаи шаъбония дар 1369 шамсӣ, ӯ узви ҳайъати мунтахаби падараш барои идораи манотиқи озодшуда буд, аммо дар пайи саркуби ин қиём ва қатли оми шиаён, ба ҳамроҳи падараш дар ҳасри хонагӣ қарор гирифт ва саранҷом дар 30-уми тири 1373 шамсӣ дар ҳодисаи ронандагӣ даргузашт. Бархе ин рухдодро ҳосили барномарезии давлати Саддом донистаанд.[7] Илова бар тақрироти дарси фиқҳи падараш, ал-Илтизомот-ул-табаъияту фи-уқуд аз осори ӯст.[8]
Оромгоҳи оятуллоҳ Хуӣ дар ҳарами Имом Алӣ (а)

Иттилооти дақиқе дар бораи духтарони Хуӣ дар даст нест, аммо бархе аз домодҳои ӯ иборатанд аз Сайиднасруллоҳи Мустанбит, Сайидмуртазо Ҳукмӣ, Сайидҷалолиддини Фақиҳимонӣ, Ҷаъфар Ғаравии Ноинӣ ва Сайидмаҳмуди Милонӣ.[9]

Зисти илмӣ

Абулқосими Хуӣ соли 1330 қамарӣ, дар 13 солагӣ, ҳамроҳ бо бародараш Абдуллоҳ Хуӣ ба падари худ дар Наҷаф пайваст.[10] Ӯ шаш сол ба таҳсили муқаддамот ва сутуҳи олии ҳавза пардохт ва сипас 14 сол дар дарси устодони улуми мухталиф аз ҷумлаи фиқҳу усул ширкат кард. Аз ин миён, чунонки худи ӯ дар зиндагиномаи худнавишт овардааст, бештарини истифодаро аз Муҳаммадҳусайни Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ доштааст.[11][12]

Устодон ва иҷозати иҷтиҳод

Сайидабулқосими Хуӣ, илова бар онки ба гуфтаи худ, аз Муҳаммадҳусайни Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайни Исфаҳонӣ бештарин истифодаи илмиро бурда ва як давраи комил аз илми усул ва бархе китобҳои фиқҳиро аз онон омухта, аз асотиди дигаре, аз ҷумла Шайхулшариъа (даргузаштаи 1338ҳ.қ.), Маҳдии Мозандаронӣ (даргузаштаи 1342ҳ.қ.) ва Оқозиёи Ироқӣ[13] низ ёд кардааст.

Бархе дигар аз устодони Хуӣ иборатанд аз Муҳаммадҷаводи Балоғӣ дар илми калом, ақоид ва тафсир, Сайид Абутуроби Хонсорӣ дар илми риҷолу дироия, Сайид Абулқосими Хонсорӣ дар илми риёзиёт, Сайид Ҳусайни Бодкӯбаӣ дар фалсафаю ирфон ва ҳамчунин Сайидалии Қозӣ.[14]

Сайидабулқосим дар тӯли даврони таҳсили худ дар ҳавзаи илмияи Наҷаф, бо Сайид Муҳаммадҳодии Милонӣ (даргузаштаи 1395ҳ.қ.), Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ (даргузаштаи 1402ҳ.қ.), Сайид Садриддини Ҷазоирӣ, Алимуҳаммади Буруҷердӣ (даргузаштаи 1395ҳ.қ.), Сайидҳусайни Ходимӣ ва Сайидмуҳаммади Ҳусайнии Ҳамадонӣ мубоҳиса мекардааст.[15]

Хуӣ дар соли 1352ҳ.қ., аз бисёре аз устодони ҳавзаи илмияи Наҷаф иҷозати иҷтиҳод дарёфт кардааст; Муҳаммадҳусайни Ноинӣ, Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ, Оқозиёи Ироқӣ, Муҳаммадҳусайни Балоғӣ, Мирзоалӣ Оқошерозӣ, ва Сайидабулҳасани Исфаҳонӣ аз ин ҷумлаанд.[16]

Марҷаият

Оғози марҷаияти Хуӣ ба равшанӣ мушаххас нест, аммо бисёре аз манобеъ, оғози ҷиддии марҷаияти ӯро пас аз даргузашти Буруҷердӣ дониста, таъкид кардаанд, ки пас аз даргузашти Сайидмуҳсини Таботбоӣ Ҳаким, Хуӣ махсусан дар Ироқ, марҷаъи бартар шинохта мешуд[17] ва ҷойгоҳи марҷаияти ӯ байни шиаёни Эрон ҳам муҳим гузориш шудааст.[18] Хуӣ, аз ҷумлаи мароҷеъе дониста шудааст, ки байни аксари шиаён, аъам аз арабу ғайриараб, нуфузи чашмгире доштааст.[19]

14 нафар аз муҷтаҳидини Наҷаф аз ҷумла Садрои Бодкӯбаӣ, Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Сайидмуҳаммади Рӯҳонӣ, Муҷтабо Ланкаронӣ, Мусо Занҷонӣ, Юсуфи Карбалоӣ, Сайидюсуфи Ҳаким ва Сайидҷаъфари Маръашӣ, аъламияти Хуиро эълом карданд.[20] Сайидмусо Садр аз сӯи маҷлиси аълои Исломии шиаёни Лубнон, Хуиро марҷаи аълам муаррифӣ кард.[21]

Тадрис

Тадриси Хуӣ дар Масҷидулхазрои Наҷаф

Абулқосими Хуӣ дар хилоли таҳсил дар ҳавзаи илмияи Наҷаф, ба тадрис ҳам машғул буда ва ба гузориши манобеи мухталиф, ҳар китоберо, ки меомӯхта, онро тадрис мекардааст.[22]

Пас аз даргузашт Муҳаммадҳусайни Ғаравии Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ, маҷлиси дарси Сайид Абулқосими Хуӣ ва Муҳаммадалии Козимии Хуросонӣ, аз дарсҳои муҳими Наҷаф гузориш шуда ва бар ин асос, пас аз даргузашти Козимии Хуросонӣ, маҷлиси дарси Хуӣ, аз маҷолиси машҳури ҳавзаи дарсии Наҷаф муаррифӣ шудааст.[23] Чунонки Хуӣ дар зиндагиномаи худнавишт оварда, дар хилоли солҳои тӯлонии тадрис, ҷуз дар рӯзҳои беморӣ ва сафар, ҳеҷгоҳ даст аз таълими шогирдони хеш набардоштааст.[24] Ӯ дар маҷмӯи 70 сол ба тадриси дарсҳои сатҳ ва хориҷ дар ҳавзаи Наҷаф пардохта ва бар асоси манобеъ, наздики панҷоҳ сол, маҷлиси дарсии номоваре дар ҳавзаи илмияи Наҷафро ӯҳдадор буда ва туллобе аз Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Покистон, Ироқ, Лубнон ва бархе кишварҳои дигар, дар дарси ӯ ҳозир мешудаанд.[25]

Хуӣ, як давраи комили дарси хориҷи фиқҳ ва шаш давра дарси хориҷи усули фиқҳро ба шогирдони худ таълим дод. Ӯ ҳамчунин дар як давраи кӯтоҳ ба тадриси тафсири Қуръон пардохт.[26]

Шеваи тадрис

Хуӣ, дар тадриси мабоҳиси илмӣ, черадасту мусаллат хонда шудааст, ки матолибро шумурда, фасеҳ, муназзам ва бе ворид шудан ба завоиду ҳавошӣ баён мекардааст, ба мабоҳиси фалсафӣ намепардохта, истифодаи фаровоне аз ривоёт мекарда ва ба санадҳои ривоёт тавваҷӯҳи вижа мекардааст.[27] Дарси ӯ, хулосае аз ороъ ва мабонии илмии маҷолиси дарси Оқозиёи Ироқӣ, Муҳаммадҳусайни Ғаравии Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ в назароти худи ӯ тавсиф шудааст.[28]

Осор ва тақрирот

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ

Сайид Абулқосими Хуӣ, осоре дар мавзӯоти фиқҳ, усули фиқҳ, риҷол, калом ва улуми қуръонӣ нигоштааст. Осори ӯ дар маҷмӯъаи панҷоҳ ҷилдӣ бо унвони “Мавсуъат-ул-имом ал-Хуӣ” гирдоварӣ шуда [ 29 ] ва нусхаи диҷитоли ин маҷмӯъа низ, тавассути маркази таҳқиқоти компютерии улуми Исломии Нур дар дастрас аст. [ 30 ]

Бархе аз шинохташудатарин осори ӯ иборатанд аз:

Аҷвад-ут-тақрирот

Мӯъҷаму риҷол-ил-ҳадис

Ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон

Хуӣ ва шогирдонаш: ба тартиб аз самти рост: Сайидҷаъфари Хуӣ, Сайидмусо Садр, Сайид Абдуллоҳи Шерозӣ, Абулқосими Хуӣ, Сайиднасруллоҳи Мустанбит ва Сайидмуртазо Ҳукмӣ.

Шогирдон

Абулқосими Хуӣ, шогирдони фаровоне дошта ва бархе манобеъ беш аз 600 шогирд барои вай баршумурдаанд. [ 31 ] Теъдоде аз шогирдон дар ҷаласоти истифтоъ ҳузур доштанд.

Аъзои ҳайати истифтои аввал: [ 32 ] Шайх Садрои Бодкӯбаӣ, шайх Муҷтабо Ланкаронӣ, Мирзоҷаводи Табрезӣ, Мирзокозими Табрезӣ, шайх Ҳабибуллоҳи Арокӣ, Сайидҷаъфари Маръашӣ.

Аъзои ҳайати истифтои дувум: [ 33 ] Сайидалии Систонӣ, Сайидалӣ Ҳусайнии Биҳиштӣ, Сайидмуртазо Халхолӣ, шайх Муҳаммадисҳоқи Файёз, шайхи Алиасғар Аҳмадии Шоҳрудӣ, шайх Муҳаммадҷаъфари Ноинӣ

Бархе дигар аз шогирдони ӯ иборатанд аз:

  • Ҳоҷоқои Тақии Қумӣ
  • Сайид Муҳаммадбоқир Садр
  • Алӣ Фалсафии Туникобунӣ
  • Сайидмусо Садр
  • Муртазо Буруҷердӣ
  • Абулқосими Гурҷӣ [ 34 ]
  • Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ
  • Муҳаммадюсуф Муҳсинии Қандаҳорӣ [ 35 ]
  • Сайидалӣ Ҳошимии Шоҳрудӣ
  • Сайидҷавод Олиалии Шоҳрудӣ
  • Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ
  • Сайид Абдукарим Разавии Кашмирӣ [ 36 ]
  • Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ
  • Боқиршарифи Қарашӣ
  • Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ
  • Башири Наҷафӣ
  • Сайид Абдукарим Мусавии Ардабилӣ
  • Ҳусайн Ростии Кошонӣ

Оро ва назариёти илмӣ

Сайид Абулқосими Хуӣ, дар фиқҳ ва усули фиқҳ, назарот ва орои қобили таваҷҷӯҳе доштааст, ки гоҳ бо назароти машҳури фақеҳони шиа фарқ мекардааст ва ба гузориши бархе, 300 фатво бар хилофи фатвоҳои машҳури фақеҳони шиа, байни фатвоҳои Хуӣ дида мешавад. [ 37 ] Бархе аз ин маворид иборат аст аз:

Мухолифат бо мукаллаф будани кофирон ба фурӯъи дин: Хуӣ монанди Юсуфи Баҳронӣ ва бар хилофи назари ҳамаи уламои шиа, ки мӯътақиданд кофирон илова бар усули дин, мукаллаф ба фурӯъи дин ҳам шудаанд, [ 38 ] бар ин бовар аст, ки кофирон то замоне, ки Исломро напазиранд, мукаллаф ба фурӯъи дин намешаванд. [ 39 ]

Адами пазириши нисбӣ будани оғози моҳи қамарӣ: ба бовари Хуӣ, бар хилофи назари машҳур, оғози моҳи қамарӣ барои ҳама яксон аст ва наметавон онро нисбӣ донист. Чаро ки меъёри оғози моҳи қамарӣ, бар асоси орои Хуӣ, берун рафтани моҳ аз муҳоқ аст, ки як падидаи таквинӣ аст ва ба вазъи қароргирии хуршед, моҳу замин муртабит аст ва вобаста ба аҷзову манотиқи гуногуни замин нест. [ 40 ]

Мухолифат бо шуҳрати фатвоӣ ва иҷмоъ: Сайид Абулқосим, дар бораи шуҳрати фатвоӣ, назароте ба куллӣ мутафовит бо назароти машҳури олимони шиа дошт. Ба бовари бештари усулёни шиа, агар як фатво дар миёни фақеҳон, машҳур бошад, ривояти мӯътабаре, ки бо он носозгор аст, эътиборе надорад. Хуӣ аммо бо ин асл мухолиф аст ва «шуҳрати фатвоӣ»-ро дар тарҷеҳоти боби таъоруз дар усули фиқҳ зикр накарда ва мӯътақид аст, шуҳрати амалӣ заъфи санади ривоятро ҷуброн намекунад; ҳамонтавр, ки бе таваҷҷӯҳии фуқаҳо ба як ҳадиси саҳеҳ, онро аз ҳуҷҷият соқит нахоҳад кард. [ 41 ] Вай эътибор ва ҳуҷҷияти иҷмоъро ҳам зери суол бурда аст; чӣ иҷмоъ манқул ва чӣ иҷмоъи муҳассал. Бо ин ҳол, Хуӣ дар фатвоҳои худ эҳтиёт карда ва ба иҷмоъ тавваҷӯҳ кардааст. [ 42 ]

Фатвоҳои мухолифи машҳур: ҷавози хориҷ шудани зан аз хона бе иҷозати ҳамсар, ҷавози сиқти ҷанин барои зан дар сурати эҳтимоли марги худ, ҷавози издивоҷи доими марди мусулмон бо зани аҳли китоб, машрут набудани ҷиҳоди ибтидоӣ ба ҳузури имоми маъсум, шарт набудани иҷтиҳод барои қозӣ, ва ҳамчунин таҳорати чармҳои воридшуда аз кишварҳои ғайримусулмон, ки забҳи шаръии онҳо машкук аст. [ 43 ]

Иқдомоти сиёсӣ

Сайид Абулқосими Хуӣ, то пеш аз марҷаият, баёнияҳо ва иттилоияҳое дар маҳкумияти иқдомоти ҳукумати Паҳлавӣ содир карда, дар як давраи беш аз даҳсола, тақрибан сиёсати сукутро дар пеш гирифта ва сипас дар остонаи пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон дар баҳмани 1357 ҳиҷрии шамсӣ, ба ҳимоят аз имом Хумайнӣ ва Инқилоби Исломӣ пардохтааст. Саранҷом ҳимояти Хуӣ аз интифозаи шаъбонияи шиаёни Ироқ, ба ҳасри хонагии ӯ анҷомид. [ 44 ] Бархе аз иқдомоти иҷтимоӣ ва сиёсии оятуллоҳ Хуӣ иборатанд аз:

Мавзеъҳо алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ

Хуӣ дар меҳри 1341ҳ.ш. дар телегрофе ба Муҳаммадризо Паҳлавӣ, шоҳи Эрон, бо лоиҳаи анҷуманҳои иёлатӣ ва вилоятӣ мухолифат кард ва онро муғойири шаръ хонд. [ 45 ] Ҳамчунин дар паёме ба Сайид Муҳаммади Беҳбаҳонӣ, таъкид кард, ки «хомӯш кардани садои миллат бо қувваи қаҳрия, дер нахоҳад пойид ва таблиғоти авомфиребона, мушкилотро ҳал намекунад ва иқтисоди варшикаста ва нохушнудии мардумро дармон нахоҳад кард». [ 46 ] Ӯ ҳамчунин дар вокуниш ба воқеаи Файзия дар ибтидои соли 1342ҳ.ш., телеграме ба Муҳаммадризо фиристод ва аз «инҳитоти мамлакати Исломӣ ва хати машйи зимомдоронаш» изҳори таассуф кард. [ 47 ] Як моҳ баъд дар посух ба номаи ҷамъе аз уламои Эрон, адами салоҳияти ҳокимони фосидро эълом кард; вазифаи рӯҳониятро сангин донист ва сукутро нораво шуморид. [ 48 ] Ситамгар хондани дастгоҳи ҳокими Эрон пас аз куштори мардум дар 15 хурдоди 1342ҳ.ш., ҳукм ба мамнуъияти ширкат дар интихоботи давраи 21-уми маҷлис ва аз эътибор соқит донистани он, ҳимоят аз имом Хумайнӣ дар пайи дастгирӣ ва шоеъаи муҳокимаи имом, бархе дигар аз вокунишҳои сиёсии ӯст. [ 49 ]

Ихроҷи эрониён аз Ироқ

Мақолаи аслӣ: Муъовидин

Дар ҷараёни ихроҷи эрониён аз Ироқ, аз авохири даҳаи 1340 шамсӣ, Хуӣ аз маъдуд олимони шиа буд, ки ихроҷ нашуд. Бо ин ҳол, ихроҷи бисёре аз шогирдонаш боиси коҳиши равнақи дарси ӯ шуд. [ 50 ] Бисёре аз шогирдони Хуӣ бо ҳузур дар ҳавзаи илмияи Қум, андешаҳои фиқҳӣ ва усулии устоди худро тарвиҷ карданд ва ҳавзаи илмияи Қум дар давраи муосирро, ки то пеш аз он таҳти таъасии равиши илмии Ҳоирии Яздӣ ва Буруҷердӣ буд, бо рӯйкардҳои фиқҳӣ ва усулии Хуӣ, Мирзои Ноинӣ, Муҳаққиқи Исфаҳонӣ ва Оқозиёи Ироқӣ ошно кунанд. [ 51 ]

Давраи сукути беш аз даҳсола

Хуӣ, пас аз марҷаият, аз сиёсат канора гирифт. [ 52 ] Ин давра, бо солҳои ҳузури имом Хумайнӣ дар Наҷаф ҳамзамон буд. [ 53 ] Сукути ӯ дар баробари рухдодҳои даврони инқилоби 1357 шамсии Эрон, эътирозотеро дар Эрон барангехт. [ 54 ] Ҳузури Фараҳи Дебо, ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ дар байт (дафтари марҷаият)-и ӯ дар 28 обони 1357 шамсӣ, ба ин эътирозот доман зад, Хуӣ дар ёддоште хитоб ба бархе уламо, ин мулоқотро ногаҳонӣ ва нохоста донист. [ 55 ]

Мулоқоти Фараҳи Дебо бо Хуӣ

Фараҳи Дебо, ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ, шоҳи вақти Эрон, дар 28 обони 1357 шамсӣ, ҳамзамон бо иди Ғадир, ба дидори Сайид Абулқосим Хуӣ рафт. [ 56 ] Ин дидор дар шароите сурат гирифт, ки Инқилоби Исломии мардуми Эрон авҷ гирифта ва Сайидрӯҳуллоҳи Мусавии Хумайнӣ аз Ироқ ихроҷ шуда буд. [ 57 ] Мулоқоти Фараҳи Дебо бо Хуӣ, мӯҷиб шуд Хуӣ дар маҳофили инқилобии Эрон мавриди интиқод қарор гирад. [ 58 ]

Аз ҳамин рӯ, ин марҷаи тақлид дар ёддоште хитоб ба Сайидсодиқи Рӯҳонӣ, зимни таъкид бар ногаҳонӣ ва нохоста будани ин мулоқот, ёдовар шуд, ки дар ин дидор, «шадидан нисбат ба ҳаводиси ногувор ва фаҷоеъе, ки дар кишвари Эрон рух додааст, эътироз намудем!». [ 59 ] Ҳусайни Фардуст, аз наздикони Муҳаммадризо Паҳлавӣ, дар бораи ин дидор гуфт: оятуллоҳ Сайид Абулқосими Хуӣ тақозои мулоқоти Фараҳи Паҳлавиро бепосух гузошта буд ва Фараҳ шахсан бо ҳиҷоби исломӣ ба манзили оятуллоҳ Хуӣ меравад. [ 60 ]

Ҳамроҳӣ бо Инқилоби Исломии Эрон

Хуӣ пас аз мулоқоти Фараҳи Дебо, дар шароите, ки муборизоти мардуми Эрон алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ ташдид шуда буд, ба ҳамроҳӣ бо Инқилоби Исломии Эрон пардохт ва пас аз он ҳам дар мавориди мухталиф, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кард. Вай пеш аз пирӯзии инқилоб, дар баёнияе хитоб ба мароҷеъ, уламо ва миллати Эрон, аз мардум хост, ки бо шуҷоат ва бо ҳифзи мавозини шаръӣ қадам бардоранд. [ 61 ] Хуӣ пас аз он дар ҷараёни ҳамапурсии таъйини низоми Ҷумҳурии Исломӣ, мардумро ба раъй додан ба Ҷумҳурии Исломӣ фарохонд, аз шогирдони худ хост, то дар умури инқилоб мушорикат кунанд ва дар ҷанги Ироқ бо Эрон, бо вуҷуди фишори давлати Саддом мабнӣ бар ҳимоят аз Ироқ, ҳукм ба ҷавози истифода аз вуҷуҳоти шаръӣ дар таъмини малзумоти размандагони Эрон дод. [ 62 ]

Интифозаи шаъбонияи Ироқ

Мулоқоти Хуӣ ва Саддом Ҳусайн пас аз саркуби интифозаи шаъбония

Мақолаи аслӣ: Интифозаи шаъбонияи Ироқ

Абулқосими Хуӣ як ҳайъати 9 нафараро барои идораи манотиқи таҳти назари шиаён таъйин кард. Шикасти интифозаи шаъбония, ба ҳасри хонагии Хуӣ ва фишори густардаи ҳукумати Ироқ дар давраи Саддом мувоҷеҳ шуд. [ 63 ] Сайид Абулқосим ба далели ҳимояти мустақим аз интифозаи шаъбонияи мардуми Ироқ дар соли 1991мелодӣ ва таъйини шӯрои раҳбарӣ, тавассути ҳизби Баъс боздошт ва ба Бағдод фиристода шуд. Баъд аз ду рӯз боздошт, ба иҷбор наздИ Саддом Ҳусайн бурда шуд ва Саддом суханони тавҳиномезе хитоб ба вай баён кард. [ 64 ]

Хадамоти динӣ ва иҷтимоӣ

Хуӣ дар даврони марҷаияти худ бо амволе, ки дар ихтиёр дошт, ба сохтани китобхона, мадраса, масҷид, Ҳусайния, хобгоҳ, дармонгоҳ, бемористон, муассисаи хайрия ва ятимхона, дар кишварҳои мухталифе аз ҷумла Эрон, Ироқ, Малайзия, Англия, Амрико ва Ҳинд дастур дод. Сохтмони марказии муассисаи хайрияи Хуӣ, дар Лондон аст. [ 65 ] Бархе аз марокизи Исломии таҳти назари муассисаи хайрияи Хуӣ иборат аст аз:

  • Марказул-имом ал-Хуӣ дар Лондон, шомили маркази Исломӣ, мадрасаи Имом Содиқ (а) вижаи писарон, мадрасаи Аззаҳро (с) вижаи духтарон, салони иҷтимоот, китобхонаи умумӣ, ва китобфурӯшӣ аст. 800 донишомӯз дар ду мадрасаи ин бунёд таҳсил мекунанд. Дар ин марказ моҳона маҷаллаи «ал-Нур» ба ду забони арабӣ ва англисӣ мунташир мешавад. [ 66 ]
  • Маркази Исломии имом Хуӣ дар Ню-йорк: шомили салони иҷтимоот бо гунҷоиши се ҳазор нафар, китобхона бо беш аз даҳ ҳазор ҷилд китоб, маҳдикӯдак, мадрасаи писарона ва духтарона, ҳар кадом бо зарфияти 150 донишомӯз, мадрасаи имон, вижаи омӯзиши забони арабӣ, Қуръон ва тарбияти Исломии кӯдакон, ғассолхона ва ғ. [ 67 ]
  • Муассисаи хайрияи имом Хуӣ дар Мунтрол: ин муассиса дар соли 1989 мелодӣ ва бо ҳадафи ироаи хадамоти динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии шиъӣ дар кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ.
  • Муҷтамаи фарҳангии имом Хуӣ дар Бомбай: ба масоҳати сад ҳазор метри мураббаъ дар бист километрии Бомбай ва шомили салони бузурги иҷтимоот, масҷиде бо гунҷоиши се ҳазор намозгузор, китобхонае бо 50 ҳазор китоб ва Ҳусайнияе бо зарфияти 700 нафар, мадрасаи улуми динӣ бо ҳазор донишпажӯҳ, мадрасаи ибтидоӣ ва роҳнамоӣ бо 1200 донишомӯз ва ҳамчунин дорухонаю дармонгоҳ. [ 68 ]

Осори мунташиршуда дар бораи Хуӣ

Филми мустанади «Оятуллоҳ» ба коргардонии Сайид Мустафо Мусавитабор ва ба ҳимояти созмони ҳунарии расонаии Авҷ сохта шудааст. Ин мустанад ба зиндагӣ, таҳсилот ва навъи робитаи оятуллоҳ Хуӣ бо Инқилоби Исломии Эрон пардохтааст. [ 69 ]

Нигорхона

Хуӣ дар Наҷаф ба ҳамроҳи се фарзандаш.

Al - Khoei. jpg

Хуӣ, дар канори падараш Сайид Алиакбари Хуӣ ва Сайидҷаводи Хоманаӣ.

Хуӣ, дар канори падараш Сайид Алиакбари Хуӣ ва Сайидҷаводи Хоманаӣ.

Хуӣ ва фарзандаш.

Хуӣ ва фарзандаш.

Ташйиъи пайкари Хуӣ дар Масҷиди Хазрои Наҷаф
Хуӣ ва Сайидмуҳаммади Ҳусайнии Шоҳрӯдӣ ва Сайидалӣ Систонӣ

Эзоҳ

  1. Ҳоирӣ, Рӯзшумори қамарӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.195: таърихи шамсӣ бар асоси муҳосиба бо мубаддили таърих
  2. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.54.
  3. Садроии Хуӣ, Симои Хуй, 1374ҳ.ш., саҳ.169/ Пирии Сабзаворӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосими Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, саҳ.30.
  4. Пирии Сабзаворӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосими Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, саҳ.41 - 42.
  5. “Муаррифии оятуллоҳ Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ”.
  6. Аминӣ, Муъҷаму риҷол-ил-фикри ва-л-адаб фи-н-Наҷаф..., 1384ҳ.қ., саҳ.170.
  7. “Муаррифии оятуллоҳ Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ”.
  8. Шокирӣ, “ал-Имом-ус-Сайид ал-Хуӣ: сира ва зикриёт”, саҳ.254, 256 - 257.
  9. “Муаррифии оятуллоҳ Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ”.
  10. Субҳонии Табрезӣ, “Марҷаият дар шиа”, саҳ.16.
  11. Пирии Сабзаворӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосими Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, саҳ.30.
  12. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.57.
  13. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.58 ва 59.
  14. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.58 ва 59.
  15. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.58.
  16. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., с64 ва 65.
  17. Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1352 - 1354ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.3 – 5/ Раисзода, «Хуӣ, Абулқосим», саҳ.515.
  18. Ҷаъфариён, Ташайюъ дар Ироқ, марҷаият ва Эрон, 1386ҳ.ш., саҳ.108.
  19. Ҷаъфариён, Ташайюъ дар Ироқ, марҷаият ва Эрон, 1386ҳ.ш., саҳ.51.
  20. Хотироти оятуллоҳ Аббос Хотами Яздӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.100 - 98.
  21. Зоҳир, Масират-ул-имом-ис-Сайид Мусо ал-Садр, 2000м, ҷ.2, саҳ.294 - 293.
  22. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.59.
  23. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.61.
  24. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.62.
  25. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.65.
  26. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.62.
  27. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.63.
  28. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.64.

Сарчашма