Уммукулсум духтари Имом Алӣ (а): Тафовут байни таҳрирҳо
→Вилодат ва насаб
No edit summary |
|||
Сатри 15: | Сатри 15: | ||
==Вилодат ва насаб== | ==Вилодат ва насаб== | ||
Ба гузориши олимони шиаву суннӣ, Алӣ (а) ва Фотима (с) фарзанде ба номи Уммукулсум доштаанд. [ 1 ] Дар бархе аз манобеъ, вилодати ӯ ба сурати куллӣ ва дар замони Пайғамбар гузориш шудааст, [ 2 ] аммо Заҳабӣ, таърихнигор аҳли суннат (ваф.748ҳ.қ.) навиштааст, дар ҳудуди соли 6 қамарӣ ба дунё омадааст. [ 3 ] | |||
Ҳамчунин тибқи гузориши Шайхи Муфид дар ал-Иршод, ӯ фарзанди баъд аз Зайнаб (с) будааст, [ 4 ] аммо дар Сираи Ибни Исҳоқ, сиранависи қарни аввал ва дувуми қамарӣ, номи ӯ пеш аз номи Зайнаб зикр шудааст, вале тасреҳ нашудааст, ки ӯ калонтар будааст ё Зайнаб. [ 5 ] | |||
==Куняҳо ва лақабҳо== | |||
Шайхи Муфид номи Уммукулсумро Зайнаби Суғро ва куняашро Уммукулсум зикр кардааст. [ 6 ] Ба гузориши Шайх Аббоси Қумӣ дар «ал-Куно ва-л-алқоб», ин куняро Пайғамбар (с) ба хотири монандии Зайнаби Суғро ба духтараш Уммукулсум, ба ӯ дод. [ 7 ] | |||
Сайидмуҳсини Амин, шарҳиҳолнигори шиъӣ (1284 - 1371ҳ.қ.) навиштааст, Имом Алӣ (а) се ё чаҳор духтар ба ном ё куняи Уммукулсум доштааст: | |||
# Уммукулсуми Кубро духтари Фотима (с); | |||
# Уммукулсум ҳамсари Муслим ибни Ақил, ки эҳтимолан Уммукулсуми Вусто будааст; | |||
# Уммукулсуми Суғро; | |||
# Зайнаби Суғро, ки куняаш Уммукулсум будааст. [ 8 ] | |||
Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст дутои охир як бошанд ё инки дуто бошанд ва Имом Алӣ (а) чаҳор духтар ба ин ном ё куня дошта бошад. [ 9 ] | |||
==Ҳамсар ва фарзандон== | |||
Ба ривояти Ибни Саъд, муаррих ва сиранависи қарни дувум ва сеюми қамарӣ, Уммукулсум ибтидо бо Умар ибни Хаттоб, халифаи дувум издивоҷ кард. Баъд аз марги Умар, ҳамсари писарамакаш Авн ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб шуд. Баъд аз вафоти Авн, бо бародаршавҳараш Муҳаммад ва баъд аз фавти ӯ низ бо бародаршавҳри дигараш Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар издивоҷ кард, ки пеш аз ин, ҳамсари хоҳараш Зайнаб буд, [ 10 ] аммо Мақризӣ, муаррих ва сиранавис (766 - 845ҳ.қ.) гузориш кардааст, ки ӯ баъд аз Умар, ибтидо бо Муҳаммад ибни Ҷаъфар издивоҷ кард ва баъд аз марги ӯ, ба никоҳи Авн даромад ва замоне, ки ҳамсари ӯ буд, вафот кард. [ 11 ] | |||
Ибни Саъд ва Ибни Асокир (таърихнигори қарни шашум), навиштаанд, Уммукулсум аз Умар соҳиби ду фарзанд ба номҳои Зайд ва Руқия шуд. [ 12 ] | |||
==Издивоҷ бо Умар ибни Хаттоб== | |||
Мақолаи аслӣ: Издивоҷи Уммукулсум бо Умар ибни Хаттоб | |||
Моҷароӣ издивоҷи Уммукулсум бо Умар ибни Хаттоб, халифаи дувум, як масъалаи баҳсбарангез ва мавриди ихтилоф аст: бар асоси китобҳои таърихии шиаву суннӣ, ҳамчун Таърихи Яъқубӣ ва таърихи Табарӣ, ва ҳамчунин манобеи ҳадисии шиа ҳамчун Кофӣ ва Таҳзиб-ул-аҳком, Уммукулсум бо Умар издивоҷ кардааст. [ 13 ] Мирзоҷаводи Табрезӣ ва Сайидалии Милонӣ бо баррасии ду ривояти мавҷуд дар китоби Кофӣ, онро саҳеҳ донистаанд. [ 14 ] Муҳаммадтақии Шуштарӣ, риҷолии шиаи қарни чаҳордаҳум ва понздаҳуми қамарӣ низ ривоёти мавҷуд дар ин заминаро мутавотир дониста ва вуқуъи ин издивоҷро инкорнопазир шуморидааст. [ 15 ] | |||
Бо вуҷуди ин, бархе аз олимони шиа, аз ҷумла Оятуллоҳ Маръашӣ [ 16 ] ва Муҳаммадҷавод Балоғӣ [ 17 ] ин издивоҷро напазируфтаанд. Оқобузурги Теҳронӣ номи китобҳое, ки ин издивоҷро инкор кардаанд, дар «ал-Зариъа» зикр кардааст. [ 18 ] | |||
Ба ақидаи олимоне ҳамчун Сайиди Муртазо (355 - 436ҳ.қ.) ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф.548ҳ.қ.) ин издивоҷ сурат гирифтааст, аммо аз рӯи иҷбор ва тақия будааст. [ 19 ] Ривоёте низ вуҷуд дорад, ки ин суханро таъйид мекунад. Барои мисол дар китоби Кофӣ аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки Уммукулсум духтаре аст, ки аз мо ғасб шуд. [ 20 ] Дар ривояти дигаре аз ҳамин китоб, аз таҳдиди Умар барои қабули издивоҷ аз сӯи Имом Алӣ (а) сухан омадааст. [ 21 ] | |||
==Ҳузур дар Карбало== | |||
Дар манобеъ, аз ҳузури Уммукулсум дар воқеаи Карбало сухан омадааст. Барои мисол, Сайид ибни Товус (589 - 664ҳ.қ.) дар чанд ҷои мақталаш, Луҳуф, аз Уммукулсум ном бурдааст; азҷумла, нолаи ӯ ҳамроҳ бо Зайнаб, замоне, ки Имом Ҳусайн (а) ба онҳо гуфт, ки кушта мешавад, [ 22 ] суханрониаш дар Кӯфа ва сарзаниши куфиён [ 23 ] ва дархосташ аз Шимр дар Шом, мабнӣ бар инки онҳоро аз ҷое вориди Димишқ кунад, ки камтар дар маърази дид бошандро гузориш кардааст. [ 24 ] Ибни Тайфур, таърихнигори қарни сеюми қамарӣ ҳам навиштааст, ҳангоме, ки асирони Карбалоро вориди Кӯфа карданд, Уммукулсум дар ҷамъи мардуми ин шаҳр хутбае хонд ва мардуми Кӯфаро сарзаниш кард. [ 25 ] Албатта Сайид ибни Товус ин хутбаро аз қавли Зайнаб нақл кардааст. [ 26 ] | |||
Бо вуҷуди ин, дар ин манобеъ тасреҳ нашудааст, ки ин Уммукулсум духтари Имом Алӣ (а) аз Фотима (с) аст. Дар муқобил, бархе тасреҳ кардаанд, Уммукулсуми ҳозир дар воқеаи Карбало яке дигар аз духтарони Имом Алӣ (а) аст, ки аз ҳазрати Фотима набудааст. [ 27 ] Сайидмуҳсини Амин ҳам навиштааст, маълум нест Уммукулсуме, ки бо Имом Ҳусайн дар Карбало ҳузур доштааст, кадом як аз духтарони Имом Алӣ (а) аст, аммо эҳтимоли бештар ин аст, ки ҳамсари Муслим ибни Ақил будааст. [ 28 ] | |||
==Вафот== | |||
[[File:سوريه قبرستان باب الصغير-حرم ام كلثوم بنت علي ع و سكينه بنت حسين ع.jpg|thumbnail|Қабри Уммукулсум ва Сакина дар қабристони Боб-ус-сағири Сурия]] | |||
Дар бораи замони вафоти Уммукулсум ва чигунагии он, суханони мухталифе гуфтаанд. Аз ҷумла навиштаанд, ӯ ва фарзандаш Зайд, ҳамзамон, бар асари беморӣ вафот карданд ва ин замоне буд, ки Уммукулсум ҳамсари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (ваф.80ҳ.қ.) буд. [ 29 ] Тибқи бархе манобеъ, ин ду дар замони Абдулмалик ибни Марвон (ҳукумат: 65 - 86ҳ.қ.) ва ба фармони ӯ, бо заҳр кушта шуданд ва Абдуллоҳ ибни Умар бар онҳо намози ҷаноза хонд, [ 30 ] аммо Сайидмуҳсини Амин замони вафоти ӯро қабл аз воқеаи Карбало ва пеш аз соли 54ҳ.қ., зикр кардааст. [ 31 ] | |||
==Макони дафн== | |||
[[File:ضریح ام کلثوم.jpg|thumbnail|Зариҳи Уммукулсум]] | |||
Ба гузориши Ибни Батута, ҷаҳонгард ва сафарноманависи маъруфи қарни ҳаштуми қамарӣ, мазори Уммукулсум бинти Алӣ ибни Абутолиб (а) аз Фотима, дар як фарсахии шаҳри Димишқ аст. [ 32 ] Ёқути Ҳамавӣ (574 - 626ҳ.қ.) ҳам қабри Уммукулсумро дар Ровияи Димишқ гузориш кардааст. [ 33 ] | |||
Аммо Ибни Асокир навишта аст, Уммукулсум дар Мадина фавтида ва дар қабристони Бақиъ дафн шудааст ва қабри мавҷуд дар Ровияи Димишқ мутааллиқ аст ба шахси дигаре ба ҳамин ном аз хонадони Пайғамбар (с). [ 34 ] | |||
==Эзоҳ== | |||
{{Адабиёт}} | |||
==Сарчашма== | |||
{{Сарчашма}} |