Ояти Амонат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бори амонат)
Ояти Амонат
Бо ояти Амонот иштибоҳ нашавад.

Ояти Амонат (Аҳзоб: 72) дар бораи амонате сухан мегӯяд, ки Худо дар ихтиёри инсон гузоштааст.

Тибқи ин оят, Худо аввал ин амонатро ба осмонҳову замину куҳҳо арза кард, онҳо қабул накарданд, вале инсон онро бар уҳда гирифт. Муфассирони мусулмон, дар хусуси инки ин амонат чист ва чаро осмонҳову замину кӯҳҳо онро қабул накардаанд ва инсон онро қабул кардааст, бисёр баҳс карда ва дидгоҳҳои гуногуне ироа додаанд.

Бино бар тафсирҳои ривоии шиъӣ, манзур аз амонат, вилоят ва имомати Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) аст, аммо муфассирони аҳли суннат мегӯянд, мурод аз он, таклифҳои динӣ аст.

Аллома Таботабоӣ муътақид аст, амонат ҳамон вилояти Илоҳӣ аст, ки аз байни мавҷудот, фақат инсон истеҳқоқи онро дорад; зеро танҳо, инсон истеъдоди онро дорад, ки ба болотарин мартабаи камол бирасад.

Шуҳрати оят дар фарҳанги исломӣ

Ояти 72-и сураи Аҳзоб, бисёр мавриди таваҷҷуҳи муфассирони мусулмон қарор гирифтааст. Муфассирони шиаю суннӣ, зайли ин оят аз инки ин амонат чист ва чаро осмонҳову замин онро напазируфтаанд ва инсон қабул кардааст, бисёр баҳс кардаанд.[1] Дар аҳодис низ дар хусуси ин масъала сухан гуфта шудааст.[2]

Афзун бар ин, дар адабиёти ирфонӣ ҳам орифон ва шоироне чун Ҳофиз, Мавлавӣ ва Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ба он ишора кардаанд.

Барои мисол Ҳофиз сурудааст:

Осмон бори амонат натавонист кашид

Қуръаи фол ба номи мани девона заданд.[3]

Дар шеъре аз Мавлавӣ низ чунин омадааст:

Напазируфт осмон бори амонат, ки ошиқ буду тарсид аз хатое[4]

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ дар муноҷоте ба даргоҳи Худованд мегӯяд: «Илоҳӣ, агар на амонатро аминам, он замон, ки амонат мениҳодӣ, донистӣ ки чунинам!».[5]

Матн ва тарҷумаи оят

اِنّا عَرَضْنَا الْاَمانَةَ عَلَی السَّموات وَ الْاَرْض وَ الْجِبال فَاَبَین اَن یحْمِلْنَها وَ اَشْفَقْن مِنْها وَ حَمَلَهَا الاِنْسان اِنَّه کان ظَلوماً جَهولاً

Мо ин амонатро бар осмонҳою замину кӯҳҳо арза доштем, аммо аз таҳаммули он ибо карданд ва аз он тарсиданд ва инсон онро ҳамл кард, ки ӯ ситамкору нодон буд (Аҳзоб, ояти 72).

Манзур аз «амонат» чист?

Дар китобҳои тафсирии мусулмонон, бардоштҳои мутафовите аз вожаи «амонат» шудааст. Аз он миён аст вилоят ва имомати Пайғамбар (с) ва имомон (а),[6] таклифҳои динӣ,[7] вилояти Илоҳии инсон,[8] ақл, сухани ло илоҳ иллаллоҳ,[9] аъзои бадан,[10] амоноте, ки дигарон назди мо мегузоранд.[11]

Дар тафсирҳои ривоии шиа, бо тавваҷуҳ ба ривоёте аз Пайғамбар ва имомони шиа, мурод аз он, вилоят ва имомати Аҳли Байт ва итоат аз онҳо ва муҳаббат ба онҳо баён шудааст.[12] Дар тафосири аҳли суннат, манзур аз амонат таколифи шаръӣ дониста шудааст, ки Худо бар дӯши инсон гузоштааст.[13] Табарсӣ - муфассири шиа ҳам ҳамин назарро пазируфтааст.[14]

Ба бовари Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ - нависандаи тафсири ал-Мизон, манзур аз амонати вилояти Илоҳие аст, ки бар дӯши инсон қарор дода шудааст ва ин ба ҷиҳати он аст, ки аз байни мавҷудот, ӯ метавонад бо эътиқодоти дуруст ва амали солеҳ, роҳи камолро тай кунад ва ба болотарин рутбае бирасад, ки ҳеҷ мавҷуде наметавонад ба он даст ёбад.[15]

Вай бо зикри ҳадисе аз Имом Содиқ (а) ки дар он манзур аз амонати вилояти Имом Алӣ (а) баён шуда,[16] вилояти Аҳли Байтро яке аз масодиқи вилояти Илоҳии инсон шуморидааст.[17]

Арза бар осмонҳо, замин ва кӯҳҳо

Яке аз пурсишҳои муфассирон дар бораи ояти Амонат ин аст, ки манзур аз «арза»-и амонат ба осмонҳову замину кӯҳҳо чист. Дар ин замина, дидгоҳҳо мутафовит аст: бархе аз муфассирон, маънои ҳақиқӣ бардошт кардаанд ва ҷамъе гуфтаанд, арза маънои маҷозӣ дорад:

Маънои ҳақиқӣ

Бар асоси ривояте, ки дар тафсирҳои ривоии шиа ба он истинод шудааст, Худо ба осмонҳо, замин ва кӯҳҳо гуфт, Муҳаммад ва Аҳли Байт, дӯстон ва авлиё ва ҳуҷҷатҳои Ман бар мардуманд ва ҳеҷ махлуқе назди Ман маҳбубтар аз онҳо нест ва вилояти онҳо амонати Ман назди махлуқотам аст. Кадоматон мехоҳад ин вилоят барои худаш бошад, на онон ки Ман баргузидаам? Онҳо тарсиданд, ки чунин ҷойгоҳи бузургеро бихоҳанд.[18]

Дар бархе тафсирҳои аҳли суннат ҳам омадааст, Худо ба осмонҳо, замин ва кӯҳҳо гуфт, оё метавонед ба ин амонат (таколифи шаръӣ) вафо кунед? Онҳо гуфтанд, аз ин амонтдорӣ чӣ насибамон мешавад? Худо гуфт, агар роҳи дурустро биравед, подош дода мешавед ва агар нодуруст биравед, азоб мебинед. Онҳо аз тарси инки натавонанд ба таколифи шаръӣ амал кунанд, напазируфтанд, аммо инсон пазируфт.[19]

Маънои маҷозӣ

Аллома Таботабоӣ мегӯяд, иборати «мо ин амонатро ба осмонҳову замину кӯҳҳо арза кардем!» дар мақоми муқоисаи истеъдоди инсон бо қобилияти осмонҳову замину кӯҳҳост ва манзур он аст, ки инҳо, бо вуҷуди азаматашон, зарфияти пазириши амонати Худо, яъне вилояти ӯро надоштанд ва танҳо инсон чунин истеъдоде дорад, ки вилояти Илоҳиро бар уҳда бигирад ва ба болотарин мартаба камол бирасад.[20]

Ба бовари Олусӣ - муфассири аҳли суннат ҳам, Худо дар инҷо аз тамсил истифода кардааст, то ҳам аҳамияти амонати Илоҳӣ, яъне таколифи динӣ ва душвории онҳоро нишон диҳад ва ҳам баён кунад, ки инсон ба ихтиёри худ, онро пазируфтааст; зеро ҳамонтавр ки осмонҳову замину кӯҳҳо напазируфтанд, ӯ низ метавонист, қабул накунад. Тибқи бардошти ӯ, Худо бо ин тамсил аҳамияти амонати Илоҳиро баён карда гуфтааст, анҷоми таколифи шаръӣ чунон аҳамият дорад, ки агар осмонҳову замину кӯҳҳо, ки масали қудратанд дорои дарку шуъур буданд ва ба ин кор амр мешуданд, қабул намекарданд.[21]

Чаро инсон «золим» ва «нодон» тавсиф шудааст?

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, Худо барои ин аз инсон бо сифати зулму ҷаҳл ёд кардааст, ки инсон метавонад бидуни тавваҷуҳ ба аҳамияти ин амонат, ба худ зулм кунад ва намедонад дар ин сурат, чӣ азоби бузурге дар интизори ӯст. Аммо маънои ин сухан он нест, ки ҳамаи инсонҳо ин гунаанд, балки ин аст, ки инсон, ҳам қобилияти илму адлро дорад ва ҳам, қобилияти зулму ҷаҳлро.[22] Яке аз эҳтимолоте, ки Фахриддини Розӣ - муфассири аҳли суннат матраҳ кардааст ҳамин аст.[23]

Тибқи бардошти Олусӣ - муфассири аҳли суннат, иттисоф инсон ба золиму ҷоҳил будан ишора ба ин аст, ки бисёре аз инсонҳо наметавонанд ба ин амонат вафо ва ба таколифи шаръӣ амал кунанд. Аз ин рӯ, дар ояти баъд омадааст, ки Худо мунофиқону мушриконро азоб мекунад ва тавбаи муъминонро мепазирад.[24]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.348 - 349; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., 584 - 586; ба Фахриддини Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.187 - 189; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.270 - 271.
  2. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413; Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.183 - 184; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.198.
  3. Ҳофизи Шерозӣ, Девони Ҳофиз, ғазали шумораи 184.
  4. Мавлавӣ, Куллиёти Шамс, 1367ҳ.ш., саҳ.993, ғазали шумораи 2674.
  5. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Рисолаи дилу ҷон, 1382ҳ.ш., саҳ.3.
  6. Ниг.: Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1саҳ.183 - 184; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.450 - 451; Куфӣ, Тафсири Фурот-ул-Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.342 - 343.
  7. Барои намуна ниг.: Фахриддини Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.187; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.270; Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.92 - 93.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.349.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.349.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.584.
  11. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.584.
  12. Ниг.: Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1саҳ.183 - 184; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.450 - 451; Куфӣ, Тафсири Фурот-ул-Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.342 - 343; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.198.
  13. Барои намуна ниг.: Фахриддини Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.187; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.270; Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.92 - 93.
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.585.
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.349.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413.
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417, ҷ.16, саҳ.354.
  18. Ниг.: Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1саҳ.183 - 184; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.450 - 451; Куфӣ, Тафсири Фурот-ул-Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.342 - 343.
  19. Барои намуна ниг.: Фахриддини Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.187; Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.92 - 93.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.349.
  21. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.270.
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.350 - 351.
  23. Фахриддини Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.188.
  24. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.271.

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Ҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Бунёди беъсат, воҳиди таҳқиқоти исломӣ, Қум, Бунёди беъсат, воҳиди таҳқиқоти исломӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, таҳқиқи Таййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қуми Дорул-китоб, чопи сеюм, 1363ҳ.ш.
  • Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад, Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, таҳқиқи Ҳусайн Даргоҳӣ, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
  • Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад, Куллиёти Шамс, тасҳеҳи Бадиъуззамон Фурузонфар, Теҳрон, Амир Кабир, 1367ҳ.ш.
  • Мибадӣ, Аҳмад, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, ба ҳиммати Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон, Амир Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атия, гирдоварии Иброҳим Шамсиддӣн ва Сано Базиъ Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фуроти Куфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фурот-ул-Куфӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Козим, Теҳрон, муассисаи чоп ва нашри вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Муноҷотномаи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, тасҳеҳи Муҳаммад Ҳамосиён, Кирмон, Хадамоти фарҳангии Кирмон, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Ҳофизи Шерозӣ, Шамсиддин Муҳаммад, Девони Ҳофиз, бе то.