Каъба

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бозсозиҳои Каъба)
Каъба

Каъба, қиблаи мусулмонон ва муқаддастарин макони рӯи замин назди онон. Олимони мусулмони Каъбаро нахустин маҳал барои ибодати ҳамагон ва аломате барои ҷиҳат додани инсон ба сӯи Худованд ба шумор овардаанд.

Ин бино дар Масҷидулҳаром дар шаҳри Макка воқеъ шудааст. Мусулмонон бояд рӯ ба Каъба, намоз бихонанд ва ҳоҷиён дар аъмоли ҳаҷ, бояд даври Каъба тавоф кунанд. Дар ҳарими Каъба, касе ҳаққи таарруз ба инсону ҳайвонро надорад. Имом Алӣ (а), дар Каъба ба дунё омадааст.

Тибқи дидгоҳи машҳури байни олимони шиа, бар асоси ривоёт, Каъба пеш аз Иброҳм (а), дар давраи Одам (а) ва ҳатто ба гуфтаи бархе, қабл аз хилқати ҳазрати Одам бино шудааст. Албатта гурӯҳе мухолифи ин назария буда ва бинои аввалияи Каъбаро ба Иброҳм (а) нисбат медиҳанд.

Панҷ сол пеш аз беъсати Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), Каъба ба иллати омадани сейл вайрон шуд. Қурайш онро ба таври комил бозсозӣ кард ва барои аввалин бор, сақф ва новдоне барои он сохт. Дар солҳои 64 ва 1040ҳ.қ., тамоми Каъба бозсозӣ шудааст. Дар давраи муосир низ Каъба мараммат шуда, сақф ва сутуни он бозсозӣ шудааст.

Дохили Каъба, утоқи кӯчаке вуҷуд дорад, ки дорои роҳпилае барои баромадан ба болои боми Каъба аст. Ин утоқак дари кӯчаке дорад, ки Бобуттавба хонда мешавад. Каъба чаҳор рукн дорад. Рукни Ҳаҷаруласвад ба ҷиҳати қарор гирифтани Ҳаҷаруласвад дар он ва оғози тавоф аз онҷо, шуҳрати бештаре дорад.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Имом Алӣ (а): «Худо, Каъбаро барои Ислом нишон, ва барои паноҳандагон хонаи амон сохт».[1]

Алии Шариатӣ

Инак Каъба аст дар миёнаи гирдобе; гирдобе хурушон, ки чарх мехӯраду Каъбаро тавоф мекунад. Як нуқтаи собит дар васат ва ҷуз ӯ, ҳама мутаҳаррик дар перомунаш, доиравор бар гардиш. Субути абадӣ ва ҳаракати абадӣ! Офтобе дар миёна ва бар гардиш, ҳаряк ситорае дар фалаки хеш, доиравор бар гирди офтоб.[2]

Мусулмонон Каъбаро муқаддастарин макони рӯи замин,[3] нахустин хонаи тавҳид[4] ва намоди тавҳид медонанд.[5] Қуръон онро хонае муборак хонда, далели онро ин донистааст, ки василаи ҳидоят, ҳамбастагӣ ва тақарруб ба Худованд аст.[6]

Бар пояи ривоёт, Имом Алӣ (а) Каъбаро парчаме барои Ислом муаррифӣ кардааст.[7] Имом Содиқ (а) нигоҳ ба Каъбаро ибодат дониста[8] ва гуфтааст, то замоне, ки Каъба побарҷост, дин пойдор хоҳад буд.[9]

Бо гузашти замон, Каъба аз шакли маъбаде яктопарастона ба шакли буткада даромад,[10] аммо Пайғамбари Ислом пас аз фатҳи Макка, бутҳои Каъбаро аз байн бурд.[11]

Гоҳшумори Каъба


Садаи 20 пеш аз мелод[12] бинои Каъба тавассути Иброҳм (а)[13]

Ҳудeди 700 пеш аз ҳиҷрат насби даре бар Каъба тавассути ҳокиме аз Яман[14]

Омулфил ҳамлаи Абраҳа барои нобудии Каъба[15]

Омулфил нобудии сипоҳи Абраҳа бо абобил[16]

13 раҷаби 30 омулфил вилодати Имом Алӣ (а) дар Каъба[17]

Соли 35 омулфил (панҷ сол пеш аз беъсат) харобии Каъба бар асари сейл ва бозсозии он тавассути Қурайш[18]

64ҳ.қ., осеб дидани Каъба дар ҷанги Банӣ Умайя ва Зубайриён[19]

65ҳ.қ., бозсозии Каъба тавассути Абдуллоҳ ибни Зубайр ва анҷоми тағйироте дар он[20]

73ҳ.қ., бозсозии Каъба тавассути ҳуҷҷоҷ ва бозгардондани он ба ҳолати пеш аз бозсозии Ибни Зубайр[21]

317ҳ.қ., юриши қарматиён ба Макка ва кандани Ҳаҷаруласвад аз Каъба ва бурдани он.[22]

339ҳ.қ., баргардондани Ҳаҷаруласвад тавассути қарматиён дар муқобили дарёфти маблағи фаровон[23]

462ҳ.қ., табдили тиллои новдони тилло ва дари Каъба ба динор тавассути ҳокими Макка ба ҷиҳати мушкилоти молӣ[24]

1039ҳ.қ. ва 1040ҳ.қ., харобии Каъба бар асари сел ва бозсозии он[25]

1414ҳ.қ. ва 1415ҳ.қ., мараммати деворҳои берунии Каъба[26]

1417ҳ.қ., бозсозии сутунҳо ва сақфи Каъба[27]

1394ҳ.ш., суқути ҷарсақил дар канори Каъба ва кушта шудани 107 нафар аз ҳоҷиён.[28]

Номҳои Каъба

“Каъба” пуркорбурдтарин ном барои хонаи Худо буда ва аз ин рӯ, ба ин ном шинохта мешавад[29] ва дар Қуръон ҳам ба кор рафтааст.[30] Қуръон аз Каъба бо номи «байт»[31] ҳам (дар таркибҳои мухталиф) ёд карда, ки машҳуртаринашон таъбири «байтуллоҳ» (хонаи Худо) аст.[32] Таъбирҳои дигар иборатанд аз: албайт,[33] албайтулҳаром,[34] албайтулъатиқ,[35] «албайтулмаъмур»[36] ва «албайтулмуҳаррам»[37] аст.

Дар замонҳои бисёр қадим, Каъба ба номҳои дигарӣ чун қодис, нозир ва алқарятулқадима низ хонда мешуд.[38]

Иллати номгузорӣ ба Каъба

Дар хусуси иллати номгузорӣ ба Каъба, ду иллат зикр шудааст:

  • Хонаи Худо ба шакли мураббаъ аст ва араб ин исмро ба хонае ки чаҳоргӯш бошад итлоқ мекунад.[39]
  • Каъба дар луғат ба маънои иртифоъ омадааст. Бинои Каъба ба ҷиҳати иртифоъ ва баландие, ки аз сатҳи замин дорад, ба ин ном хонда шудааст.[40]

Қибла ва ҳаҷ

Мақолаҳои аслӣ: Қибла ва ҳаҷ

Қиблаи аввали мусулмонон, Байтулмуқаддас буд, то инки дар Мадина ояте нозил шуд ва дастури тағйири қибла ба сӯи Каъба дода шуд ва Каъба табдил ба қиблаи мусулмонон гашт.[41] Бар ҳар мусулмон лозим аст ҳангоми хондани намоз, ба самти Каъба қарор бигирад.[42]

Дар аъмоли ҳаҷ, бояд ба даври Каъба тавоф кард.[43]

Маънавияти Каъба

Каъбаро қибла ва аломате барои ҷиҳат додани тамоми мавҷудияти инсон ба сӯи Худованд ба шумор овардаанд.[44] Арзиши Каъбаро ба ин донистаанд, ки ба номи тавҳид сохта шуда ва як «арзиши эътиқодии бузурги мофавқи башарӣ дорад ва он инки ба номи як фикр сохта шуда: тавҳид, ба дасти як инсон сохта шуда ва ӯ бунёнгузори тавҳид».[45]

Иқболи Лоҳурӣ, мутафаккири исломӣ, низ ба асли тавҳид дар мавриди Каъба ишора дорад:

Раҳ мадеҳ дар Каъба эй пири ҳарам, Иқболро

Ҳар замон дар остин дорад худованде дигар[46]

Муҳаммадҳусайн Ғаравии Исфаҳонӣ аз фақеҳони шиа низ чунин суруда аст:

Гаҳе ба Каъбаи ҷонон сафар тавонӣ кард

Ки дар минои вафо тарки сар тавонӣ кард[47]

Ҳанрӣ Курбан шарқшиноси машҳур, дар навиштаҳое ба рози маънавияти Каъба аз нигоҳи мусулмонон пардохта ва ҷисмҳои ин ҷаҳонро нишону нақшгирифта аз суратҳои олие дар ҷаҳони дигар медонад.[48] Ӯ воқеиёти ин ҷаҳонро дар ҳукми оинае дониста, ки суратҳое аз нурро мунъакис мекунанд.[49] Ӯ ҳаҷ ва маносике, ки дар маъбади Каъба анҷом мегирадро суратдиҳандаи ҷисми нурии зоир медонад, ки дар малакути ҷисми вай таъсир мегузорад.[50]

Дар мавриди Каъба овардаанд, ки соҳибхона Худост ва мардум, аҳли хона ҳастанд. Ба ҳамин далел, ҳоҷӣ аз ҳар куҷо, ки омада бошад, намозро комил мехонад; чароки ӯ мусофир нест.[51] Саноӣ, шоир ва орифи мусулмони қарни шашуми ҳиҷрӣ, инсонро ба тарки тааллуқоти моддӣ даъват мекунад ва мӯътақид аст, то замоне, ки инсон бо худ буда ва худро дар назар дорад, дар Каъба нахоҳад буд.[52]

«Ҳасанзода Омулӣ: «Илоҳӣ! Тан ба сӯи Каъба доштан чӣ суде диҳад онро, ки дил ба сӯи Худованди Каъба надорад?»[53]

Таърихи Каъба

Гуфтаанд дар ривоёти бисёре, Каъба пеш аз Иброҳим (а) ва ба дасти Одам (а) бино шудааст.[54] Ҳатто дар бархе ривоёт, бинои Каъба ба қабл аз хилқати ҳазрати Одам нисбат дода шудааст.[55] Дидгоҳи машҳури байни олимони шиа низ ин аст, ки бинои Каъба марбут ба пеш аз ҳазрати Иброҳим аст.[56] Бар ин асос, мегӯянд ин бино дар тӯфони ҳазрати Нӯҳ аз байн рафт.[57] Ҳазрати Иброҳим, ҳамроҳи фарзандаш Исмоил, Каъбаро бар асоси ҳамон пояҳое, ки дошт, таҷдиди бино карда аз сари нав сохт.[58]

Бар хилофи ин назария, Аллома Таботабоӣ бинои Каъбаро ба Иброҳим (а) нисбат додааст.[59] Муҳаммадҷаводи Муғния аз муффасирони муосири шиа ҳам ривоёти сохта шудани Каъба қабл аз Одамро хабари воҳид дониста ва напазируфтааст.[60]

“Ғаззолӣ: аммо тавоф ва саъй ба он монад, ки бечорагон ба даргоҳи мулук шаванд ва гирди кӯшки малик ҳамегарданд, то фурсат ёбанд, ки ҳоҷати хешро арза кунанд ва дар миёни сарой, ҳамешаванд ва ҳамеоянд ва касеро ҷӯянд, ки эшонро шафоат кунад ва умед медоранд, ки магар ногоҳ чашми малик барояшон уфтад ва ба эшон назаре кунад!”.[61]

Бозсозиҳои Каъба

Панҷ сол пеш аз беъсати Пайғамбари Ислом, селе дар Макка ҷорӣ шуд ва Каъба вайрон гардид.[62] Бар асоси бархе нақлҳо, Каъба оташ гирифта нобуд шуд.[63] Каъба то пеш аз он, дорои сақф набуд.[64] Баъд аз сел ва харобии Каъба, Қурайш ба бозсозии он ҳиммат гумошт[65] ва сақфу новдоне барои он сохт.[66] Девореро, ки Иброҳим барои Каъба сохт, ҳудуди чаҳору ним метр гузориш карда, гуфтаанд, иртифоъи девори Каъба, дар бозсозии Қурайш, ба ҳудуди нуҳ метр расид.[67]

Тахриб ва бозсозии Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф

Дар соли 64 ҳиҷрии қамарӣ, Зубайриён бо Банӣ Умайя даргир шуданд ва дар ин набард, Каъба, зарари ҷиддӣ дид.[68] Абдуллоҳ ибни Зубайр, бо вуҷуди мухолифати бархе аз асҳоб, боқимондаи девори Каъбаро аз появу асос бардошт ва бори дигар онро бино кард.[69] Ӯ дар бозсозӣ, иртифоъи Каъбаро ба ҳудуди сездаҳу ним метр расонд.[70] Ӯ дари Каъбаро, ки тавассути Қурайш ҳудуди ду метр аз замин боло бурда шуда буд, бар рӯи замин бино кард[71] ва барои Каъба ду сақф қарор дорад.[72] Ибни Зубайр ҳамчунин ду дар барои Каъба гузошт: яке барои вуруд ва дигаре барои хуруҷ.[73] Баъд аз кушта шудани Ибни Зубайр, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф бисёре аз тағироти Ибни Зубайрро ба ҳолати қабл бозгардонд.[74]

Бозсозӣ дар 1040 ҳиҷрии қамарӣ

Дар соли 1039 ҳиҷрии қамарӣ, сели бузурге дар Макка ҷорӣ шуд. Об ба даруни Масҷидулҳаром роҳ ёфт ва деворҳои Каъбаро вайрон кард. Дар ниҳоят, деворҳои боқимондаро фурӯрезонданд ва хонаи Худоро аз нав бино карданд.[75] Гузориши ин сел ва таҷдиди бинои онро Мулло Зайнулъобидини Кошонӣ аз уламои шиаи он замон, ки худ дар ин бозсозӣ коргарӣ мекардааст, дар рисолаи кӯчаке ба номи «Муфарраҳат-ул-аном фи таъсиси Байтиллоҳилҳаром» навиштааст.[76]

Бозсозӣ дар давраи муосир

Баъд аз бинои муҷаддади Каъба дар соли 1040 ҳиҷрии қамарӣ, танҳо таъмир ва тармимҳое рӯи он сурат гирифтааст.[77] Муҳимтарини ин тармимҳо, мараммати деворҳои берунии Каъба буд, ки аз соли 1414ҳ.қ., оғоз шуд ва дар соли 1415ҳ.қ., поён ёфт.[78] Тарҳи мараммати даруни Каъба низ дар даҳуми муҳаррами соли 1417 ҳиҷрии қамарӣ иҷро шуд.[79] Дар ин тарҳ, илова бар тармими бахшҳои мухталиф дар даруни Каъба, сутунҳо ва сақфи Каъба ба таври комил бардошта, аз нав сохта шуд.[80]

Таърихчаи бино ва бозсозии Каъба сутун сақф дари Каъба девори Каъба андозаи Каъба иртифоъи девори Каъба
Бинои ҳазрати Иброҳим надошт[81] надошт[82] надошт[83] сохта шуд[84] - ҳудуди чаҳоруним метр[85]
Бозсозии Қурайш панҷ сол пеш аз беъсат шаш сутун сохта шуд[86] сохта шуд[87] чанд қарн пештар сохта шуда буд[88] дар ин бозсозӣ ҳудуди 2 метр аз сатҳи замин боло бурда шуд[89] комил бозсозӣ шуд[90] - ҳудуди 9 метр[91]
Бозсозии Абдуллоҳ ибни Зубайр шаш сутун табдил ба 3 сутун гашт[92] комил бозсозӣ шуд ва ду сақф барои Каъба сохт[93] ду дар барои Каъба сохта шуд[94] ва ҳамчунин бар рӯи замин қарор дода шуд[95] комил бозсозӣ шуд[96] бузургтар шуда ва бахше аз Ҳаҷари Исмоил низ дар даруни Каъба қарор дода шуд[97] ҳудуди 13-у ним метр[98]
Бозсозии Ҳаҷҷоҷ - - ба ҳолати қабл (ду метр болотар аз замин) бозгашт ва дари дувум бардошта шуд[99]. - ба ҳолати қабл аз бозсозии Ибни Зубайр бозгашт[100] -
Бозсозӣ дар соли 1040ҳ.қ. - комил бозсозӣ шуд[101] - комил бозсозӣ шуд[102] - -
Бозсозии даврони муосир комил бозсозӣ шуд[103] комил бозсозӣ шуд[104] таъвиз шуд[105] тармим[106]. - -

Бахшҳои берунии Каъба

Ҳаҷаруласвад

Ҳаҷаруласвад санге муқаддас ва насбшуда бар девори Каъба аст, ки тавоф аз он оғоз ва ба он хатм мешавад.[107]

Иттилооте дар бораи Каъба

Мустаҷор ва мултазам

Мустаҷор бахше аз девори ғарбии хонаи Худо аст, ки дар девори пушти Каъба қарор гирифтааст.[108] Мустаҷор дар наздикии рукни ямонӣ[109] ва рӯбарӯи дари хонаи Худо қарор гирифтааст.[110] Девори Каъба, ки барои Фотима бинти Асад, модари Имом Алӣ (а) кушода шуд ва ӯ барои ба дунё овардани Алӣ (а) вориди он гашт, мустаҷор дониста шудааст.[111]

Мултазамро дар як маъно, бахше аз девори Каъба байни Ҳаҷаруласвад ва дари Каъба донистаанд[112] ва дар маънои дигар, ҳам маънои мустаҷор истифода шудааст.[113]

Дари Каъба

Дари Каъба бар девори шарқии Каъба воқеъ шуда[114] ва дар ривоёти шиа ба хондани дуо дар замони расидан ба он, тавсия кардаанд.[115]

Шозарвон

Шозарвон, баромадагии кӯтоҳ дар атрофи девори Каъба аст,[116] ки ҷуз дар бахши ҳаҷари Исмоил, дар се самти дигари Каъба вуҷуд дорад.[117] Машҳури фақеҳони шиа, ин баромадагиро ҷузви Каъба донистаанд, ки тавофкунанда бояд хориҷ аз он, тавоф кунад.[118]

Новдони тилло

Новдоне аз ҷинси тилло бар болои девори шимолии Каъба, ки оби рӯи сақфро ба муҳавватаи ҳаҷари Исмоил мерезад.[119] Ба дуо кардан, зери ин новдон тавсия шуда, онро мустаҷоб донистаанд.[120]

Пардаи Каъба

Пӯшондани Каъбаро аз суннатҳое бо собиқаи тӯлонӣ ва пураҳамият донистаанд, ки яке аз мансабҳои муҳим дар давраи ҷоҳилӣ, пардадории Каъба буд.[121] Пӯшиши Каъба, рангҳои мухталифе дошт; ин парда, гоҳ бо порчаи сафед,[122] гоҳ бо порчаи сабз ва гоҳ зардранг буд, то инки дар асри «Анносири Аббосӣ» ба ранги сиёҳ даромад ва аз он ба баъд, ба ҳамин ранг боқӣ монд.[123] Пардаи Каъба, бештар дар Миср ва Шом омода мешуд ва дар мавориди андаке, тавассути бархе манотиқи дигар аз ҷумла эрониён таҳия гардид.[124] Имрӯза ин парда дар коргоҳе дар Арабистон, омода мегардад.[125]

Даруни Каъба

Бобуттавба дар даруни Каъба

Каъба, дар ибтидои сохт, сақф надошт ва дар соли панҷуми пеш аз беъсат, дар бозсозӣ, Қурайш сақфӣ барои он бино кард, ки шаш сутун дар ду радифи сетоӣ дошт. Дар бозсозии Каъба тавассути Ибни Зубайр, шаш сутун табдил ба се сутун гашт ва имрӯза низ танҳо се сутун боқӣ аст.[126]

Дар даруни Каъба, утоқи кӯчаке вуҷуд дорад, ки роҳпилае барои баромадан ба сақфи Каъба аст.[127] Ин утоқак, дорои дари кӯчаке аст, ки дари тавба хонда мешавад.[128] Ин дар аз тилло сохта шудааст.[129]

Аз давронҳои қадим, қабоил, тавоиф ва подшоҳон ҳадяҳоеро барои насб дар даруни Каъба мефиристоданд.[130] Ҳамчунин чоҳе дар даруни Каъба вуҷуд дошт, ки ҳадяҳоро дар он қарор медоданд. Ин чоҳ дар бозсозии Каъба тавассути Қурайш, аз байн рафт.[131]

Аркони Каъба

Аркон, ҷамъи «рукн» ва ба маънои поя ва сутун аст.[132] Чун дар гӯшаҳои чаҳоргонаи даруни Каъба, чаҳор сутун, сақфи хонаро нигаҳ доштааст, ба ҳар як аз завоёи Каъба, ки сутунеро дарбар дорад, «рукн» гуфта мешавад.[133] Каъба дорои чаҳор рукн аст:

  • Рукни шарқӣ (рукни Ҳаҷаруласвад): ин рукн тақрибан ба самти машриқ ва чоҳи Замзам қарор гирифта ва Ҳаҷаруласвад дар он ҷой дорад.[134] Оғози ҳар тавоф аз муқобили рукни Ҳаҷаруласвад ва поёнаш низ дар муқобили ҳамин рукн аст.[135]
  • Рукни шимолӣ ё ироқӣ: яке аз завоёи Каъба аст, ки тақрибан ба самти шимоли Арабистон, яъне кишвари Ироқ воқеъ шуда[136] ва тавофкунанда баъд аз он ба ҳаҷари Исмоил мерасад.[137]
  • Рукни ғарбӣ ё шомӣ: рукни ғарбӣ яке аз завоёи Каъба аст, ки дар самти мағриб воқеъ шуда[138] ва тавофкунанда баъд аз ҳаҷари Исмоил ба он мерасад.[139]
  • Рукни ҷанубӣ ё рукни ямонӣ: рукне аст, ки мустаҷор дар канори он қарор дорад.[140] Ин рукн яке аз завоёи Каъба аст, ки тақрибан ба самти ҷануб ва кишвари Яман қарор дорад ва ҳоҷиён, дар тавоф, баъд аз он ба Ҳаҷаруласвад мерасанд.[141]

Рӯйдодҳои муҳим

Вилодати Имом Алӣ (а)

Мақолаи аслӣ: Мавлуди Каъба

Имом Алӣ (а) дар даруни Каъба таваллуд шуд.[142] Бархе манобеи аҳли суннат низ ин воқеаро гузориш кардаанд.[143]

Насби Ҳаҷаруласвад ба василаи Пайғамбар (с)

Ҳамчунин бибинед: Ҳаҷаруласвад

Панҷ сол пеш аз беъсати Пайғамбари Ислом, дар Макка, селе ҷорӣ шуда, Каъбаро вайрон кард.[144] Пас аз сел ва харобии Каъба, Қурайш ба бозсозии он ҳиммат гумошт.[145] Дар ҳангоми бозсозӣ, ҳар қабила, хостори насби Ҳаҷаруласвад буд. Ихтилоф шиддат гирифт ва саранҷом бо пешниҳоди ҳазрати Муҳаммад (с), сангро дар либосе гузошта, атрофи он, ба раисони Қурайш супурда шуд ва чун ба макони он расиданд, Пайғамбар сангро бо дасти худ бардошта, дар ҷои махсус гузошт.[146]

Мавориди дигар

Мақолаҳои аслӣ: Асҳоби фил, омулфил ва Абраҳа

Абраҳа, фармонравои Яман дар соли 571м., ба қасди вайрон сохтани Каъба, ба Макка ҳамла кард. Ҳангоме, ки ба онҷо расиданд, бо муъҷизаи Илоҳӣ, парандагоне аз осмон бороне аз сангреза бар онҳо фурӯ рехта, сипоҳи Абраҳаро нобуд сохтанд.[147]

Дар пайи имтиноъи Абдуллоҳ ибни Зубайр аз байъат бо Язид, сипоҳе ба фармондеҳии Ҳусайн ибни Нумайр барои мубориза бо ӯ роҳии Макка шуд. Дар моҳи муҳаррами соли 64 ҳиҷрии қамарӣ, ба Макка расид ва дар рабиъулаввали ҳамон сол, бо манҷаниқ ба сипоҳи Ибни Зубайр ҳамла карданд, ки дар ин ҳамла, ба Каъба осеби ҷиддие ворид шуд.[148]

Дар зилҳаҷҷаи соли 317 ҳиҷрии қамарӣ, қарматиён ба Макка юриш бурданд. Онҳо Ҳаҷаруласвадро аз Каъба канда, бо худ бурданд ва дар соли 339 ҳиҷрии қамарӣ дар ивази дарёфти маблағе, онро ба Каъба бозгардонданд.[149]

Каъба дар адабиёти форсӣ

Убайди Зоконӣ:

Касе висоли ту эй Каъбаи мурод наёфт

Ки ботинаш ба хароботу зоҳираши бо туст[150]

Саъдӣ:

Абдуқодири Гелонӣ раҳматуллоҳи алайҳро диданд дар ҳарами Каъба рӯй бар ҳасбо ниҳода ҳамегуфт: эй Худованд бибахшоӣ! Вагар ҳар оина муставҷиби уқубатам, дар рӯзи қиёматам нобино барангез, то дар рӯи некон шармсор нашавам.[151]

Парвини Эътисомӣ:

Каъбаи дил, маскани шайтон макун, пок кун ин хона, ки ҷои Худост[152]

Ҳофиз:

Чун таҳорат набувад Каъбаву бутхона якест

Набувад хайр дар он хона, ки исмат набувад[153]

Аттор

Каъбаи ҷонон агарат орзӯст

Даргузар аз худ раҳи бисёр нест[154]

Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ:

Гар ҳавои Каъба дорӣ аз биёбони рӯй матоб

Ранҷ бояд бурд агар ганҷи фаровон боядат[155]

Ҳофиз:

Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам

Сарзанишҳо гар кунад хори муғилон, ғами махӯр[156]

Саъдӣ:

Саъдӣ агар толибӣ, роҳ равуу ранҷ бар

Каъбаи дидори дӯст, сабри биёбони Ӯст[157]

Висоли Каъба муяссар намешавад Саъдӣ

Магар ки роҳи биёбони пурхатар гиранд[158]

Нигорхона

Дар Каъба
Тасвири ҳавоӣ аз Каъба
Тасвири қадимӣ аз Каъба
Сел дар атрофи Каъба
Акс:Kabe 1297.jpg
Каъба дар соли 1297ҳ.қ.
Каъба дар миёнаи Масҷидулҳаром
Тасвири қадимӣ аз Каъба
Тамиз кардани пушти боми Каъба бо робот

Эзоҳ

  1. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи аввал, саҳ.45.
  2. Шариатӣ, Ҳаҷ, сайти доктори Алӣ Шариатӣ.
  3. Фаъолӣ, Дарсномаи асрори ҳаҷ, 1390ҳ.ш., саҳ.49.
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.9.
  5. Шариатӣ, “Тавҳид ва ширк”, вебгоҳи доктори Алии Шариатӣ.
  6. “Аҳамияти Каъба ва маросими ҳаҷ дар ривоёт”, сайти Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ; нигоҳ кунед ба сураи Оли Имрон, 96.
  7. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи аввал, саҳ.45.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.240.
  9. Фаъолӣ, Дарсномаи асрори ҳаҷ, 1390ҳ.ш., саҳ.50.
  10. Хуррамшоҳӣ “Каъба”, ҷ.2, саҳ.1883.
  11. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимуссалом, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
  12. Саҷҷодӣ, “Иброҳими халил (а)”, саҳ.499.
  13. “Каъба ва баррасии таърихи бинои он дар Қуръон, сайти портали ҷомеи улуми инсонӣ”.
  14. Сабрибошо, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазиратулъараб, 2004м., ҷ.2, саҳ.664.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.822.
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.823.
  17. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5.
  18. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.46.
  19. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.64.
  20. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  21. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  22. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1376ҳ.ш., саҳ.190–192.
  23. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1376ҳ.ш., саҳ.190–192.
  24. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.99.
  25. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.67.
  26. Амин Курдӣ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, саҳ.128 - 130.
  27. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.71.
  28. Кушта ва 238 захмӣ дар суқути ҷарсақил ҳангоми тавофи Каъба, асри Эрон.
  29. Ҷаннотӣ, “Асомии Каъба дар Қуръон” саҳ.37.
  30. Сураи Моида, ояти 95.
  31. Ҷаннотӣ, “Асомии Каъба дар Қуръон” саҳ.42.
  32. Ҷаннотӣ, “Асомии Каъба дар Қуръон” саҳ.42.
  33. Сураи Бақара, ояти 125.
  34. Сураи Моида, ояти 97.
  35. Сураи Ҳаҷ, ояти 29.
  36. Ҷаннотӣ, “Асомии Каъба дар Қуръон” саҳ.40.
  37. Сураи Иброҳим, ояти 37.
  38. Хуррамшоҳӣ, “Каъба”, ҷ.2, саҳ.1883.
  39. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.718.
  40. Ҷаннотӣ, “Асомии Каъба дар Қуръон”, саҳ.37.
  41. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.491.
  42. Хуррамшоҳӣ, “Каъба”, ҷ.2, саҳ.1883.
  43. Имом Хумайнӣ, Маносики ҳаҷ, 1382ҳ.ш., саҳ.54.
  44. Ансориён, Ҳаҷ дар оинаи ирфон, 1386ҳ.ш., саҳ.20.
  45. Шариатӣ, “Тавҳид ва ширк”, сайти доктор Алии Шариатӣ.
  46. Иқболи Лоҳурӣ, Паёми машриқ, бахши 218, метарошад фикри мо ҳар дам Худовандӣ дигар», сайти Ганҷур.
  47. Ансориён, Ҳаҷ дар оинаи ирфон, 1386ҳ.ш., саҳ.21.
  48. Курбин, “Рози маънавии хонаи Каъба (3)”, саҳ.29.
  49. Курбин, “Рози маънавии хонаи Каъба (3)”, саҳ.29.
  50. Курбин, “Рози маънавии хонаи Каъба (2)”, саҳ.58.
  51. Рафиъӣ, “Шариатӣ ва ҳаҷ”, сайти Зайтун
  52. Яздонӣ, “Ҳаҷ дар оинаи шеъри форсӣ”, саҳ.132.
  53. «Илоҳӣ! Хона куҷову соҳиби хона куҷо?», сайти Хабар онлайн.
  54. Имом, “Каъба ва баррасии таърихи бинои он дар Қуръон”, саҳ.60.
  55. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.241.
  56. Имом, “Каъба ва баррасии таърихи бинои он дар Қуръон”, саҳ.61.
  57. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.455.
  58. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.455.
  59. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.350.
  60. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203.
  61. Ғаззолӣ, Кимиёи саодат, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.240.
  62. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.45.
  63. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.94.
  64. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.78.
  65. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.46.
  66. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.46.
  67. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  68. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.64.
  69. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.64.
  70. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  71. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  72. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.108.
  73. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  74. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  75. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.67.
  76. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.67.
  77. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.70.
  78. Амин Курдӣ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, саҳ.128 - 130.
  79. Амин Курдӣ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, саҳ.132.
  80. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.71.
  81. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.78.
  82. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.78.
  83. Сабрибошо, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазиратулъараб, 2004м., ҷ.2, саҳ.664.
  84. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.455.
  85. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  86. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.106.
  87. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.46.
  88. Сабрибошо, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазиратулъараб, 2004м., ҷ.2, саҳ.664.
  89. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  90. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  91. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  92. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.106.
  93. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.108.
  94. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  95. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  96. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.64.
  97. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.64.
  98. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  99. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  100. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  101. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.67.
  102. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.67.
  103. Амин Курдӣ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, саҳ.130 - 133.
  104. Амин Курдӣ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, саҳ.140 - 142.
  105. Амин Курдӣ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, сайти портали ҷомеи улуми инсонӣ.
  106. Амин Курдӣ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, саҳ.143.
  107. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.262.
  108. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.101.
  109. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.252.
  110. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, поварақии саҳ.355.
  111. Рози вилодати Алӣ алайҳиссалом дар даруни Каъба, пойгоҳи Имом Алӣ (а).
  112. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, 1360ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.188.
  113. Омилӣ, аз-Зубдат-ул-фиқҳия фи шарҳ-ир-равзат-ил-баҳия, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.406.
  114. “Боб-ул-Каъбат-ил-мушрифа”, сайти ар-Риёсат-ул-омма лишуъун-ил-Масҷидилҳаром ва ал-Масҷидуннабӣ.
  115. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.531 - 532.
  116. Мусавии Шоҳрӯдӣ, Ҷомеъ-ул-фатово - маносики ҳаҷ, 1428ҳ.қ., саҳ.123.
  117. Шароб, Фарҳанги эъломи ҷуғрофиёӣ - торихӣ дар ҳадис ва сираи Набавӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.205.
  118. Мунтазирӣ, Аҳком ва маносики ҳаҷ, 1428ҳ.қ., саҳ.152.
  119. Ғаффорӣ, Роҳнамои Ҳарамайни Шарифайн, 1370ҳ.ш., саҳ.178.
  120. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.407.
  121. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.94.
  122. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.95.
  123. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.85.
  124. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.84.
  125. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.86.
  126. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.106.
  127. “Боб-ул-Каъбат-ил-мушрифа”, сайти ар-Риёсат-ул-омма лишуъун-ил-Масҷидилҳаром ва ал-Масҷидуннабӣ.
  128. Аш-Шариф, “Маълумот ан бобит-тавбати фи-л-Каъба”, сайти Мавзӯъ.
  129. “Боб-ул-Каъбат-ил-мушрифа”, сайти ар-Риёсат-ул-омма лишуъун-ил-Масҷидилҳаром ва ал-Масҷидуннабӣ.
  130. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.80.
  131. Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.105.
  132. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, ‏ 1460ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.234.
  133. Содиқии Ардестонӣ, Аҳмад, Ҳаҷ аз миқот то миод, 1385ҳ.ш., саҳ.104.
  134. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1377ҳ.ш., саҳ.275.
  135. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1377ҳ.ш., саҳ.275.
  136. Шароб, Фарҳанги эъломи ҷуғрофиёӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.36.
  137. Қоидон, Таърих ва осори исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.61.
  138. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1377ҳ.ш., саҳ.275.
  139. Қоидон, Таърих ва осори исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.61.
  140. Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия, 1413ҳ.қ., саҳ.199.
  141. Мураввиҷ, Истилоҳоти фиқҳӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.250.
  142. Шайхи Муфид, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5.
  143. Ҳофизи Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.593.
  144. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1381ҳ.ш., саҳ.70.
  145. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.46.
  146. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1997м, ҷ.3, саҳ.487.
  147. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342–345.
  148. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1997м., ҷ.11, саҳ.634.
  149. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1376ҳ.ш., саҳ.190–192.
  150. Шуҷоъӣ, “Каъба дар оинаи шеър”, саҳ.118.
  151. Саъдӣ, Гулистон, боби дувум дар ахлоқи дарвешон, ҳикояти шумораи 3, сайти Ганҷур.
  152. Парвини Эътисомӣ, “Девони ашъор, қасидаи шумораи 8” сайти Ганҷур.
  153. Ҳофиз, «Ғазали шумораи 208», сайти Ганҷур.
  154. Аттор, Девони ашъор, ғазалиёт, ғазали шумораи 107, сайти Ганҷур.
  155. Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, «Ғазалиёт», ғазали шумораи 448, сайти Ганҷур.
  156. Ҳофиз, «Ғазалиёт» ғазали шумораи 255, сайти Ганҷур.
  157. Саъдӣ, Девони ашъор, ғазалиёт, ғазали шумораи 95, сайти Ганҷур.
  158. Саъдӣ, Девони ашъор, ғазалиёт, ғазали шумораи 231, сайти Ганҷур.

Сарчашма

  • Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, таҳқиқи Абулфидо Абдуллоҳ Алқозӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимуссалом, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсин Аттуркӣ, Миср, 1997м.
  • Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Қум, Адаб, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо Ассақо, Иброҳими Абёрӣ, Абдулҳафиз Шалабӣ, Бейрут, Дорулмъарифат, чопи аввал, бе то.
  • Иқболи Лоҳурӣ, Муҳаммад, «Паёми машриқ, бахши 218, метарошад фикри мо ҳар дам Худованде дигар», сайти Ганҷур, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • «Илоҳӣ! Хона куҷову соҳибхона куҷо?», сайти хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 22мурдоди 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Маносики ҳаҷ, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
  • Имом, Сайидҷалол, “Каъба ва баррасии таърихи бинои он дар Қуръон”, Маърифат, шумораи 114, 1386ҳ.ш.
  • Амин Курдӣ, Убайдуллоҳ, “Охирин тавсеа ва мараммати Каъба”, Миқоти ҳаҷ, шумораи 36, 1380ҳ.ш.
  • “Аҳамияти Каъба ва маросими ҳаҷ дар ривоёт”, сайти Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Ансориён, Ҳусайн, «Ҳаҷ дар оинаи ирфон», нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
  • “Боб-ул-Каъбат-ил-мушрифа”, сайти ар-Риёсат-ул-омма лишуъун-ил-Масҷидилҳаром ва ал-Масҷидуннабӣ, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор, Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1417ҳ.қ.
  • Балоғӣ, Абдулҳуҷҷат, Ҳуҷҷат-ут-тафосир ва балоғ-ул-иксир, Қум, Ҳикмат, 1386ҳ.қ.
  • Парвини Эътисомӣ, “Девони ашъор, қасидаи шумораи 8» сайти Ганҷур, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Ҷаннотӣ, Муҳаммадиброҳим, “Асомии Каъба дар Қуръон”, Миқоти ҳаҷ, шумораи 1, 1371ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Ҳофиз, «Ғазалиёт», сайти Ганҷур, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Ҳофизи Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, Миср, Дорулҳарамайн, 1417ҳ.қ.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, Дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Дафтарии Фарҳод, Таърих ва ақоиди исмоилия, тарҷумаи Фаридун Бадраӣ, Теҳрон, фирзони рӯз, 1376ҳ.ш.
  • «Рози вилодати Алӣ алайҳиссалом дар даруни Каъба», пойгоҳи Имом Алӣ (а), таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Рафиъӣ, Сайидҷавод, “Шариатӣ ва ҳаҷ”, сайти Зайтун, таърихи дарҷи матлаб: 17 мурдоди 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Саъдӣ, “Девони ашъор, ғазалиёт”, сайти Ганҷур, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Саъдӣ, «Гулистон», сайти Ганҷур, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, «Ғазалиёт», сайти Ганҷур, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Шуҷоъӣ, Муҳаммад, “Каъба дар оинаи шеър”, Миқоти ҳаҷ, шумораи 15, фарвардини 1375ҳ.ш.
  • Шароб, Муҳаммадҳусайн, Фарҳанги эъломи ҷуғрофиёӣ - торихӣ дар ҳадис ва сираи Набавӣ, тарҷумаи Муҳаммадризо Неъматӣ ва Ҳамидризо Шайхӣ, Теҳрон, бе но, 1383ҳ.ш.
  • Шариатӣ, Алӣ “Тавҳид ва ширк”, сайти доктор Алии Шариатӣ, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Шариатӣ, Алӣ, Ҳаҷ, сайти доктор Алии Шариатӣ, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, шарҳи Сайидмуҳаммади Калонтар, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқи Аҳмад Қусайръомилӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, муассисаи Олулбайт лиэҳёилтурос, 1416ҳ.қ.
  • Содиқии Ардестонӣ, Аҳмад, Ҳаҷ аз миқот то миод, Теҳрон, Машъар, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Сабрибошо, Айюб, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайни-ш-шарифайн ва Ҷазиратулъараб, тарҷумаи Моҷида Маъруф, Ҳусайн Муҷиб Алмисрӣ, Абдулъазизи Иваз, Қоҳира, Дорулофоқилъарабия, 2004м.
  • Сафарии Фурӯшонӣ, Неъматуллоҳ, Макка дар бистари таърих, Қум, маркази ҷаҳонии улуми инсонӣ, 1386ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн‏, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Миср, Дорулмаориф, 1968м.
  • ‏Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқи Сайидаҳмади Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайид Муҳаммадҳусайни Тарҳинӣ, аз-Зубдат-ул-фиқҳия фи шарҳ-ир-равзат-ил-баҳия, Қум, Дорулфиқҳ, 1427ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ёсин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳияи фи-р-расоил-ил-амалия, Бейрут, Дорулбалоға, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Аттор, Девони ашъор, ғазалиёт, ғазали шумораи 107, сайти Ганҷур, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Ғаззолӣ, Абуҳомид Муҳаммад, Кимиёи саодат, тасҳеҳи Ҳусайн Хадивҷам, Теҳрон, катиба, 1380ҳ.ш.
  • Ғаффорӣ, Иброҳим, Роҳнамои Ҳарамайни Шарифайн, бе ҷо, усва, 1370ҳ.ш.
  • Фаъолӣ, Муҳаммадтақӣ, Дарсномаи асрори ҳаҷ, Теҳрон, Машъар, 1390ҳ.ш.
  • Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, Қум, Алҳодӣ, 1381ҳ.ш.
  • Курбин, Ҳенрӣ, «Рози маънавии хонаи Каъба 2», мутарҷим: Бузург Нодирзода, маҷаллаи Маорифи исломӣ, шумораи 7, обони 1347ҳ.ш.
  • Курбин, Ҳенрӣ, «Рози маънавии хонаи Каъба 3», мутарҷим: Бузург Нодирзода, маҷаллаи Маорифи исломӣ, шумораи 8, фарвардини 1348ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Мураввиҷ, Ҳусайн, Истилоҳоти фиқҳӣ, Қум, Бахшоиш, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, бе ҷо, бе но, 1377ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, Теҳрон, тарҷума ва нашри китоб, 1360ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, Садро, бе то.
  • Алшариф, Абдураҳим, “Маълумот ан бобит-тавбати фи-л-Каъба”, сайти Мавзӯъ, таърихи боздид: 18 тири 1401ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Аҳком ва маносики ҳаҷ, Қум, нашри соя, 1428ҳ.қ.
  • Мусавии Шоҳрӯдӣ, Сайидмуртазо, Теҳрон, Ҷомеъ-ул-фатово Маносики ҳаҷ, нашри Машъар, чопи сеюм, 1428ҳ.қ.
  • Яздонӣ, Халилуллоҳ, “Ҳаҷ дар оинаи шеъри форсӣ”, Миқоти ҳаҷ, шумораи 16, 1375ҳ.ш.