Бақийятуллоҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бақятуло)
Хушнависии "Бақийятуллоҳ хайрун лакум" ба хати сулс, асари Муҳаммади Кошониозод, 2010

Бақийятуллоҳ (арабӣ:بَقیّةُاللّه) як лақаб аз лақабҳои Имом Маҳдӣ (аҷ) - охирин имоми маъсуми шиаёни имомия аст, ки дар Ғайбат ба сар мебарад.

Калимаи “бақийятуллоҳ” дар Қуръон ба кор рафта, дар бархе ривоёти тафсирӣ ба имомони шиа таъвил шуда ва дар бархеи дигар лақаби ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дониста шудааст.

Калимаи “бақиятуллоҳ” дар луғат ва тафсирҳо ба маънои он чизест, ки Худованд барои инсон нигоҳ медорад ва низ фазл ва хайр маъно шудааст. Далели тафсири он ба имомон ин аст, ки онҳо фазлу неъмат ва лутфу баракати Худованд бар одамиён ҳастанд.

Корбурд дар бораи Аҳли Байт

Бақийятуллоҳ дар аҳодиси шиа ба имомони маъсум тафсир шудааст. Барои намуна Ибни Шаҳрошуб гуфтааст, ки ояти «بَقیّةُ اللّهِ خَیرٌ لکُم اِن کُنتم مُؤمِنین»[1] дар бораи аимма (а) нозил шудааст.[2]

Аллома Маҷлисӣ, бақийятуллоҳро ба маънои «من ابقاه الله» (касе ки Худо ӯро нигаҳ доштааст) гирифта, гуфтааст, ки манзур аз Бақийятуллоҳ касоне аз анбиё ва авсияи онон аст, ки Худованд онҳоро бар рӯи замин барои ҳидояти мардум нигоҳ медорад, ё имомоне ки бозмондагони анбиё дар миёни уммати худ ҳастанд.[3] Ҳамчунин бар пояи ривояте, Имом Боқир (а) хитоб ба мардуме, ки дарвозаи шаҳри худро бар рӯи ӯ бастанд, худро бақийятуллоҳ номидааст.[4]

Дар зиёрати Ҷомеъаи кабира ҳам аз имомони шиа бо унвони бақийятуллоҳ ёд шудааст.[5]

Лақаби ҳазрати Маҳдӣ

Бар асоси бархе ривоёт, манзур аз бақийятуллоҳ, Имоми Замон (аҷ) аст; аз ҷумла: аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, ки манзур аз бақийятуллоҳ, Имом Маҳдӣ аст.[6] Ҳамчунин бар пояи ривояте, Имом Содиқ дар ҷавоб ба ин суол, ки мардум ҳазрати Маҳдиро амиралмуъминин хитоб мекунанд, амиралмуъмининро лақаби махсуси Алӣ ибни Абитолиб дониста, аз мардум хостааст, ки Имоми Замонро Бақийятуллоҳ хитоб кунанд.[7]

Дар дуои Нудба аз Имом Маҳдӣ бо таъбири Бақийятуллоҳ ёд шуда[8] ва дар зиёрати Оли Ёсин низ ба сурати «ас-Салому алайка ё Бақийяталлоҳи фи арзиҳ/ السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا بَقِيَّةَ اللَّهِ فِي أَرْضِه‏» ба ӯ салом дода шудааст.[9]

Дар ривоёти шиъӣ омадааст, ки ҳазрати Маҳдӣ ба ҳангоми зуҳур, ояти «بَقِیَّتُ اللَّهِ خَیْرٌ لَکُمْ»-ро хоҳад хонд ва худро Бақийятуллоҳ муаррифӣ хоҳад кард ва мусулмонон бо иборати «ас-Салому алайка ё Бақийяталлоҳи фи арзиҳ/ السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا بَقِيَّةَ اللَّهِ فِي أَرْضِه‏» бар ӯ салом медиҳанд.[10] Ҳамчунин ривоят шудааст, ки ҳазрати Маҳдӣ худро бо унвони «бақийятуллоҳи фи арзиҳ» муаррифӣ кардааст.[11]

Бархе аз шореҳони шиаи Наҳҷулбалоға, иборати «بَقیَّةُ مِنْ بَقایا حُجَّتِه: ӯ мондае аз ҳуҷҷатҳои Худост»-ро ки дар Наҳҷулбалоға ба кор рафтааст,[12] тафсире бар имоми дувоздаҳум медонанд.[13] Ибни Абилҳадиди муътазилӣ гуфтааст, ки шиаён ин каломро ба Маҳдӣ, суфиён ба орифон ва аҳли суннат ба уламое тафсир мекунанд, ки ҳуҷҷати Худо бар бандагонанд.[14]

Дидгоҳҳои муфассирон

Мақолаи аслӣ: ояти 86-и сураи Ҳуд

Муфассирон зери ояти «بَقِیَّتُ اللَّهِ خَیْرٌ لَکُمْ إِنْ کُنْتُمْ مُؤْمِنِین»[15] ки дар зимни тавсияҳои Шуайби паёмбар ба қавмаш омадааст, тафсирҳои гуногуне дар бораи бақийятуллоҳ ироа додаанд. Бархе аз онон бақийятуллоҳ дар ин оятро ба маънои суди ҳалоли ҳосил аз муомила донистаанд, ки барои инсон боқӣ мемонад.[16] Бархеи дигар онро ба пур доштани паймона ва абзори санҷиши («микёл» ва «мизон») ёдшуда дар ояти 85-и сураи Ҳуд пайванд дода гуфтаанд, ки бақийятуллоҳ, яъне ончи пас аз паймона кардан ва санҷидани дуруст, барои шумо бимонад ё Худованд барои шумо нигоҳ дорад, беҳтар аз он аст, ки нодурустӣ ва камфурӯшӣ кунед.[17] Замахшарӣ - муфассири аҳли суннат дар қарни панҷум ва шашуми қамарӣ, ин эҳтимолро ҳам матраҳ кардааст, ки мумкин аст манзур аз бақийятуллоҳ тоъатҳое бошад, ки назди Худо мемонад.[18] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, муфассирон бақийятуллоҳро ба маънои боқӣ мондани неъмат ё савобе, ки барои охират мемонад, низ тафсир кардаанд.[19]

«Бақия» ба маънои фазлу хайру баракат

Бархе аз муфассирон «бақия»-ро ба маънои фазлу хайру баракат низ тафсир кардаанд; Замахшарӣ зери ояти 116-и сураи Ҳуд, ки дар он «улу бақийятин/ اُولُوا بقیةٍ» омадааст, «бақия»-ро ба маънои фазлу хайр гирифтааст.[20] Дар Донишномаи ҷаҳони Ислом аз Рудӣ Порт - шарқшинос ва мутарҷими Қуръон ба забони олмонӣ, дар бораи ин маъно нақл шудааст, ки фазл дар асл ба маънои «бақия» ва зиёдат аст ва дар таҳаввули маъноӣ, мафҳуми афзунӣ ва хайрро ба худ гирифтааст. «Бақия» низ ба мафоҳими «хайр» ва «фазл» ва «бартарӣ» ва «баргузида» таҳаввули маъноӣ ёфтааст.[21] Калимаи бақия, дар ояти 248-и сураи Бақара низ ба мафҳуми фазлу хайр ба кор рафтааст.[22] Гуфтаанд, далели тафсири бақийятуллоҳ ба имомон ин аст, ки имомон фазл ва неъмати Худованд бар одамиён ҳастанд.[23]

Эзоҳ

  1. Сураи Ҳуд, ояти 86.
  2. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.211
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.212.
  5. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.526.
  6. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.411 - 412.
  8. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.578.
  9. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.569.
  10. Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  11. Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.384.
  12. Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., хутбаи 182, саҳ.262.
  13. Қутби Ровандӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.722, ба нақл аз: Зарёб, “Бақийятуллоҳ”, саҳ.643; Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.355.
  14. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.95 - 96.
  15. Сураи Ҳуд, ояти 86.
  16. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.364.
  17. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.418.
  18. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.418.
  19. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.211.
  20. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.436.
  21. Зарёб, “Бақийятуллоҳ”, саҳ.643.
  22. Зарёб, “Бақийятуллоҳ”, саҳ.643.
  23. Зарёб, “Бақийятуллоҳ”, саҳ.643.

Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Зарёб, аАбос, “Бақийятуллоҳ”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.3, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Иброҳим Муҳаммад Абулфазл, Қум, Мактабат Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Наҳҷулбалоға, таҳқиқ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Хуӣ, Мирзоҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароъат фи шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳ: Иброҳим Миёнаҷӣ, тарҷума: Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ ва Муҳаммадбоқир Камараӣ, Теҳрон, Мактабатул-исломия, 1400ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.