Башир Ҳусайн Наҷафӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Баширҳусайн Наҷафӣ)
Шайх Башир Наҷафӣ
Номи комилБашир Ҳусайни Наҷафӣ
Маҳалли зиндагӣНаҷаф
Санаи таваллуд1361ҳ.қ.
Устодон
Маҳалли таҳсил
Мазҳаби фиқҳӣҶаъфарӣ
Гароиши каломӣИмомия
Иртибот бо ташайюъмарҷаи тақлид
Таълифот
  • Мирқот-ул-усул
  • Вақфатун маъа муқаллидий-ил-мавто
  • Маносик-ул-ҳаҷ
  • Хайр-ус-саҳоиф фи аҳком-ил-ифоф
  • Сатабқо-н-Наҷафу роидата ҳавзот-ил-олам
  • Мустафа-д-дин-ил-қаййимБуҳусун фиқҳия муъосира
  • Таълиқатун ала шарҳ-ит-таҷрид-ил-аллома
Вебгоҳи расмӣhttp://www.alnajafy.com/


Шайх Башир Наҷафӣ (зодаи 1361ҳ.қ.) аз мароҷеъи тақлиди шиа, аҳли Покистон ва сокини Наҷаф аст. Ҳаром донистани кашидани чеҳраи маъсумон (а) ва ҷавози қамазанӣ дар сӯгвории Имом Ҳусайн (а) бо шароити хос, аз фатовои ӯст.

Вай мӯътақид ба ваҳдати марҷаъияти Ироқ дар умури сиёсӣ аст ва масоили сиёсии Ироқро ба Оятуллоҳ Систонӣ ирҷоъ медиҳад. «Даъват ба ваҳдати шиаву суннӣ» ва «бетарафӣ дар ҳимоят аз ҷараёнҳои сиёсии Ироқ» аз дигар рӯйкардҳои сиёсии ӯ шуморида шудааст.

Китобҳои Мирқот-ул-усул, аш-Шаъоир-ул-Ҳусайния ва маросим-ул-азо, ва ал-Ғадир итолатун ва аъмол, аз осори ӯ аст.

Зиндагинома

Башир Ҳусайн Наҷафӣ, маъруф ба Шайх Башир Наҷафӣ[1] фарзанди Содиқ Алӣ, ва мутаваллиди соли 1361 қамарӣ, баробар бо 1942м., дар Ҷоландаҳр (Панҷоби шарқии Ҳинд) аст.[2] Падарбузурги ӯ шайх Муҳаммадиброҳими Покистонӣ (даргузашти 1962м.) ва амӯяш Мавлоно Ходим Ҳусайн (даргузашти 1402ҳ.қ.) аз олимони динӣ будаанд ва хонаводаи ӯ пас аз таҷзияи Покистону Ҳинд, дар соли 1366 қамарӣ, баробар бо 1947 мелодӣ аз Ҳиндӯстон ба Покистон муҳоҷират карда, дар шаҳри Ботопури ҳумаи Лоҳур сокин шуданд. Гуфта шудааст, ки бо таблиғоти хонадони ӯ, ташайюъ дар онҷо густариш ёфт.[3]

Башир Наҷафӣ дар соли 1965 мелодӣ (1384-1385ҳ.қ.), ба Наҷаф рафт.[4] Дар даврае, ки ба дастури Саддом Ҳусайн, раиси ҷумҳури вақти Ироқ, рӯҳониён ва олимони шиаи ғайриироқӣ (ки ба онҳо муъовидин гуфта мешавад) ихроҷ шуданд, дар Ироқ монд.[5] Рӯзномаи Британияи Индепендент, ба нақл аз Оятуллоҳ Хуӣ, аз террори нофарҷоми Башир Наҷафӣ дар соли 1419 қамарӣ, баробар бо 1999 мелодӣ гузориш додааст.[6] Бархе, ин террорро фишор барои хуруҷи ӯ аз Ироқ тафсир кардаанд.[7] Ба гуфтаи Сибтайн Сабзаворӣ, намояндаи Башир Наҷафӣ дар Покистон, ӯ пас аз ҳиҷрат ба Наҷаф ҳеҷгоҳ ба Покистон боз нагаштааст.[8] [ 8 ]

Шайхи Башир Наҷафӣ дорои чаҳор фарзанди писар аст, ки аз он миён, Алӣ Башир Наҷафӣ, намояндаи ӯст.[9]

Таҳсилот

Шайх Башир Наҷафӣ, таҳсилоти динии оғозинро назди падарбузургаш Муҳаммадиброҳим (даргузашти 1962м.) ва амакаш Мавлоно Ходим Ҳусайн (даргузашти 1402ҳ.қ.) фаро гирифт ва Қуръонро ҳифз кард, аз ин рӯ, ба ҳофиз Башир ҳам хонда мешавад. Ӯ байни солҳои 1961 ва 1965 мелодӣ дар мадрасаи илмияи ҷомеъатул-Мунтазар (ҷомеъи ал-Мунтазари кунунӣ) дар Лоҳур ба таҳсил пардохт ва аз Ахтар Аббос Наҷафӣ баҳра бурд.[10] Аз дигар устодони ӯ дар Покистон, Сайидриёз Ҳусайн Нақавӣ ва Сайидсафдар Ҳусай Наҷафӣ буданд.[11] Ӯ дар ин мадраса ба тадрис низ машғул буд.[12]

Бархе аз устодони ӯ пас аз ҳиҷрат ба Наҷаф иборатанд аз:

  • Оятуллоҳ Хуӣ: як давраи комили хориҷи усул ва бахше аз хориҷи фиқҳ.
  • Муҳаммадкозими Қорубии Табрезӣ: Кифоят-ул-усул ва бахше аз дуруси хориҷ.
  • Сайидмуҳаммад Рӯҳонӣ: Усул ва фиқҳ.[13]
  • Муҳаммадалии Мударриси Афғонӣ.[14]

Башир Наҷафӣ аз соли 1968 мелодӣ (1387-1389ҳ.қ.) ба тадриси сутуҳ дар Наҷаф пардохт[15] ӯ пеш аз суқути Саддом Ҳусайн, раиси ҷумҳури вақти Ироқ ва пас аз он, машғул ба тадриси дарси хориҷи фиқҳ ва усул будааст.[16]

Осор

Шайх Башир Наҷафӣ, дар мавзӯъоти фиқҳ, усул, фалсафа, калом, тафсир ва ҳадис, осоре ба забони арабӣ навишта, ки аз он миён, наздик ба 20 асар ба чоп расидааст.[17] Китоби Мирқот-ул-усул, яке аз осори ӯ дар илми усули фиқҳ аст.[18] Вай дар ин китоб ба матолиби оғозини илми усул ва баҳсҳои аслии он монанди овомир ва навоҳӣ, ому хос, усули амалия ва таъодулу тароҷиҳ пардохтааст.[19]

Бархе аз осори чопшудаи ӯ чунинанд:

  • Вақфатун маъа муқаллидий-ил-мавто
  • Маносик-ул-ҳаҷ
  • Хайр-ус-саҳоиф фи аҳком-ил-ифоф
  • Сатабқо-н-Наҷафу роидата ҳавзот-ил-олам
  • Мустафа-д-дин-ил-қаййим
  • Буҳусун фиқҳия муъосира
  • Ат-Тоибу ҳабибуллоҳ
  • Аш-Шаъоир-ул-Ҳусайния ва маросим-ул-азоъ
  • Вилодат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ (а)
  • Ал-Ғадир итолатун ва аъмол[20]
  • Таълиқатун ала шарҳ-ит-таҷрид-ил-аллома.

Давраи марҷаъият

Башир Наҷафӣ яке аз се марҷаъи тақлиди матраҳ дар Наҷаф (дар канори Сайид Муҳаммадсаиди Ҳаким ва Исҳоқ Файёз), пас аз Оятуллоҳ Систонӣ шуморида шудааст.[21] Рисолаи тавзеҳулмасоили ӯ бо номи ад-Дин-ул-қайим ба забони арабӣ мунташир шуда ва ба забонҳои англисӣ, урдӯ ва гуҷаротӣ (забони расмӣ дар иёлати Гуҷароти Ҳинд) тарҷума шуда аст.[22]

Фатвоҳои машҳур

  • Ба фатвои Шайх Башир Наҷафӣ, қамазанӣ дар сӯгвории Имом Ҳусайн (а) ба се шарт ҷоиз, балки бартар аст: «шахс итминон надошта бошад, ки ин амал боиси марг ё аз даст додани узве аз аъзои бадани ӯ мешавад», «дар замон ё маконе набошад, ки боиси дингурезии мардуми он шавад», «ният, нишон додани мазлумияти Имом Ҳусайн (а) ва ҷинояти душманони Аҳли Байт (а) бошад!».[23]
  • Башир Наҷафӣ, кашидани чеҳраи маъсумон (а) ва ғайримаъсумон аз Аҳли Байт (а), монанди ҳазрати Аббос (а)-ро ҳаром ва нисбат додани ин тасвирҳо ба маъсумон (а)-ро аз гуноҳони кабира дониста аст.[24]
  • Ба фатвои ӯ, касе ки ба тавҳид, набувват ва маъод имон дошта ва ончӣ ба яқин, ҷузъе аз Ислом астро инкор накунад, мусулмон аст, такфири ӯ ҷоиз нест ва бар мусулмонон воҷиб аст аз ҷон, мол ва обрӯи чунин касе дифоъ кунанд.[25]

Дидгоҳҳои сиёсӣ

Бархе аз дидгоҳҳо ва мавзеъҳои сиёсии Башир Ҳусайн Наҷафӣ иборатанд аз:

  • Ваҳдати шиаву суннӣ: нависандаи китоби “Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ”, даъвати шиаву суннӣ ба ваҳдатро аз андешаҳои асосии Башир Наҷафӣ дониста аст.[26] Наҷафӣ бо ифротигарии ваҳҳобиён мухолифат карда[27] ва мусулмононро аз рафторҳои хушунатомез парҳез дода аст.[28]
  • Ваҳдати марҷаъияти Ироқ: ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, пажӯҳишгари таърих дар китоби “Ташайюъ дар Ироқ, марҷаъият ва Эрон”, Башир Наҷафӣ, Сайид Муҳаммадсаиди Ҳаким ва Муҳаммадисҳоқ Файёз, масоили Ироқро ба Оятуллоҳ Систонӣ ирҷоъ медиҳанд.[29] Ба гуфтаи нависандаи китоби “Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ”, ҳузури Башир Наҷафӣ дар масоили сиёсии Ироқ баъд аз суқути ҳизби Баъс камранг шудааст; вай далели онро эътиқод ба ваҳдати марҷаъияти Ироқ ва ирҷоъи масоили сиёсӣ ба Сайидалии Систонӣ донистааст.[30]
  • Дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон: Башир Наҷафӣ, дар дидор бо раиси ҷумҳури вақти Эрон, Ҷумҳурии Исломии Эронро садои шиа ва садои мусулмонони воқеӣ донистааст.[31] Ҳамчунин вай дар дидор бо вазири вақти умури хориҷаи Эрон, хостори иртиботи густардаи миёни Эрону Ироқ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шуд.[32]

Исрор бар хуруҷи нерӯҳои бегона аз Ироқ[33] ва бетарафӣ дар ҳимоят аз ҷараёнҳои сиёсии Ироқ,[34] аз дигари дидгоҳҳо ва мавозеъи вай будааст.

Соири дидгоҳҳо

Башир Наҷафӣ, аз ҷойгузинии китобҳо дар низоми дарсии ҳавза бо китобҳои ҷадиду осон интиқод кардааст.[35] Ба бовари ӯ, барои китобҳои Расоил, навиштаи Шайхи Ансорӣ ва Кифоят-ул-усул, навиштаи Охунди Хуросонӣ ҷойгузине вуҷуд надорад.[36] Ӯ китоби Усул-ул-фиқҳ, навиштаи Муҳаммадризо Музаффарро низ, ҷойгузини муносибе барои китоби Маъолим-ул-усул, навиштаи Ҳасан ибни Зайнуддини Омилӣ надонистааст.[37]

Вай мӯътақид аст бояд илми усул аз илми фалсафа пероста шавад, бо ин ҳол, омухтани фалсафаро пеш аз фарогирии илми усул лозим дониста ва лузуми баёни матолиби фалсафӣ дар бархе бахшҳои илми усулро пазируфтааст.[38]

Эзоҳ

  1. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  2. Нақавӣ, Тазкираи уламои имомияи Покистон, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, саҳ.65.
  3. Нақавӣ, Тазкираи уламои имомияи Покистон, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, саҳ.65; “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  4. Нақавӣ, Тазкираи уламои имомияи Покистон, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, саҳ.65 ва 66.
  5. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.220.
  6. Кокбурн, «Baghdad riots over killing of Ayatollah».
  7. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.220.
  8. «قاسم سلیمانی کا جنازہ پڑھانے والے پاکستانی آیت اللہ بشیر حسین نجفی»،сайти Гуглнюз.
  9. «قاسم سلیمانی کا جنازہ پڑھانے والے پاکستانی آیت اللہ بشیر حسین نجفی»،сайти Гуглнюз.
  10. Нақавӣ, Тазкираи уламои имомияи Покистон, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, саҳ.65 ва 66.
  11. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  12. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  13. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  14. Нақавӣ, Тазкираи уламои имомияи Покистон, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, саҳ.65 ва 66.
  15. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  16. “Ҳавзаи Наҷаф, талошҳо ва мазлумиятҳо”, саҳ.79.
  17. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  18. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  19. “Мин анбо-ит-турос”, дар маҷаллаи Туросуно, саҳ.393 ва 394.
  20. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  21. Нодиридӯст, Шиаёни Ироқ, 1386ҳ.ш., саҳ.175.
  22. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  23. Башир Наҷафӣ, аш-Шаъоир-ул-Ҳусайния ва маросим-ул-азоъ, 1433ҳ.қ., саҳ.117 ва 118; ҳамчунин нигоҳ кунед ба: Башир Наҷафӣ, аш-Шаъоир-ул-Ҳусайния ва маросим-ул-азоъ, 1433ҳ.қ., саҳ.36 ва 37.
  24. Башир Наҷафӣ, аш-Шаъоир-ул-Ҳусайния ва маросим-ул-азоъ, 1433ҳ.қ., саҳ.143; ҳамчунин нигоҳ кунед ба: Башир Наҷафӣ, “ал-Истифтоот”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  25. Мироқоӣ, ат-Таъаддудият-ул-мазҳабия фи-л-Ислом ва ороъ-ул-уламои фиҳо, 1428ҳ.қ., саҳ.109 ва 110; маъҳадул-ҳаҷҷи валзиёрат, ҳурамату такфирил-муслимин, 1434ҳ.қ., саҳ.45.
  26. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.220.
  27. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.223 ва 224, ба нақл аз хабаргузории Расонюз.
  28. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.223 ва 224, ба нақл аз хабаргузории Ҳавзанюз.
  29. Ҷаъфариён, Ташайюъ дар Ироқ, 1386ҳ.ш., саҳ.132–134.
  30. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.220; ҳамчунин нигоҳ кунед ба: Зореъон, “Таҳлили куниши сиёсии марҷаъияти шиаёни Ироқ дар давраи пасо-Садом”, саҳ.10.
  31. “Алоқамандем равобити Теҳрону Бағдод беш аз пеш густариш ёбад”, хабаргузории донишгоҳи Озоди Исломӣ (Оно).
  32. Қосимӣ, “Марҷаъият ва сиёсат дар Ироқи пас аз ишғол; бо таъкид бар андешаи Оятуллоҳ Систонӣ”, саҳ.119.
  33. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.220; Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.222, ба нақл аз пойгоҳи Тибён.
  34. Қосимӣ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.222.
  35. “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ.
  36. “Дониши усул ва вазъи дарсии он дар ҳавзаи Наҷаф”, саҳ.104 ва 111 ва 112.
  37. “Дониши усул ва вазъи дарсии он дар ҳавзаи Наҷаф”, саҳ.112.
  38. “Дониши усул ва вазъи дарсии он дар ҳавзаи Наҷаф”, саҳ.104 ва 105; ҳамчунин нигоҳ кунед ба “Дониши усул ва вазъи дарсии он дар ҳавзаи Наҷаф”, саҳ.106.

Сарчашма

  • Ҷаъфариён, Расул, Ташайюъ дар Ироқи марҷаъият ва Эрон, Теҳрон, муассисаи мутолиъоти таърихи муосири Эрон, 1386ҳ.ш.
  • “Ҳавзаи Наҷаф, талошҳо ва мазлумиятҳо”, дар фаслномаи пажӯҳиш ва ҳавза, мусоҳиба бо Сайидалӣ Акбари Ҳоирӣ, Қум, муовинати пажӯҳишҳои ҳавзаҳои илмия, шумораи 16, зимистони 1382ҳ.ш.
  • “Дониши усул ва вазъи дарсии он дар ҳавзаи Наҷаф”, дар фаслномаи пажӯҳиш ва ҳавза, мусоҳиба бо Башир Наҷафӣ, соли чаҳорум, шумораи 16, зимистони 1382, саҳ.102–113.
  • «Рӯҳонӣ дар дидори Башир Наҷафӣ: алоқамандем равобити Теҳрону Бағдод беш аз пеш густариш ёбад», хабаргузории донишгоҳи Озоди Исломӣ (Оно), таърихи дарҷи матлаб: 22 исфанди 1397, таърихи боздид: 21 шаҳривари 1399.
  • Зореъон, Аҳмад, “Таҳлили куниши сиёсии марҷаъияти шиаёни Ироқ дар давраи пасо-Садом”, дар фаслномаи мутолиъоти роҳбурдии ҷаҳони Ислом, Теҳрон, муассисаи мутолиъоти андешасозони нур, соли ҳабдаҳум, шумораи 4, паёпайи 68, зимистони 1395, 5–36.
  • “Зиндагинома”, сайти дафтари марказии Шайх Башир Ҳусайни Наҷафӣ, таърихи боздид: 23 шаҳривари 1399.
  • «Қосими сулаймонии кои ҷинозаи пڑҳонии волии покистонии Оятуллоҳ Башир Ҳусайни Наҷафӣ », сайти гуглнюз, таърихи боздид: 23 шаҳривари 1399.
  • Қосимӣ, Фараҷуллоҳ, “Марҷаъият ва сиёсат дар Ироқи пас аз ишғол; бо таъкид бар андешаи Оятуллоҳ Систонӣ”, дар фаслномаи Улуми сиёсӣ, Қум, донишгоҳи Боқирулъулум, соли дувоздаҳум, шумораи 45, баҳори 1388ҳ.ш., саҳ.119.
  • Қосимӣ, Фараҷуллоҳ, Сохтори сиёсӣ - иҷтимоии шиаёни Ироқ, Теҳрон, Машъар, 1393ҳ.ш.
  • Кокбурн, Патрик, « Baghdad riots over killing of Ayatollah », сайти Индепендт, таърихи дарҷи матлаб: 21 феврали 1999м., таърихи боздид: 23 шаҳривари 1399ҳ.ш.
  • Маъҳадул-ҳаҷҷи валзиёрат, ҳурмату такфирил-муслимин вал-исоату ило муқаддасотил-умматил-исломия фи фатово ва ороъи мароҷеъиддин вал уламоил муслимин ашшиъа, Теҳрон, Машъар, 1434ҳ.қ.
  • “Мин анбо-ит-турос”, маҷаллаи Туросуно, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, раҷаб ва зилҳиҷҷаи 1427, ассанатуссонияту валъишрун, алъадад 3 ва 4, саҳ.380–398.
  • Мироқоӣ, Ҷалол, ат-Таъаддудият-ул-мазҳабия фи-л-Ислом ва ороъ-ул-уламои фиҳо, Теҳрон, алмаҷмаъул-оламӣ литақриб байнал-мазоҳибил-исломия, алмуъовинатуссақофия, 1428ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Ҳофиз Башир Ҳусайн, «ал-Истифтоот», сайти дафтари марказии Шайх Башир Наҷафӣ, таърихи боздид: 23 шаҳривари 1399.
  • Наҷафӣ, Ҳофиз Башир Ҳусайн, аш-Шаъоир-ул-Ҳусайния ва маросим-ул-азоъ фи завъ-ил-фатово, Наҷаф, муассисаи ал-анворун Наҷафия (лиссақобати ваттанмия), 1433ҳ.қ.
  • Нақавӣ, Сайид Ҳусайн Ориф, Тазкираи уламои имомияи Покистон, Исломобод, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, бе то.