Моҷарои таҳният

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Баххин баххин лака ё Алӣ)

Моҷарои таҳният ба табрики асҳоби ҳазрати Муҳаммад (с) ба хусус халифаи аввалу дувум ба Имом Алӣ (а) баъд аз эъломи вилояти ӯ аз сӯи ҳазрати Муҳаммад (с) дар воқеаи Ғадир ишора дорад. Ин хабар далеле бар ҳаққонияти Имом Алӣ (а) ва манзури Пайғамбар (с) дар эъломи ҷонишини ӯ дар рӯзи Ғадир дониста шудааст.

Иборати табрик

Моҷарои таҳният, ба табрики асҳоби ҳазрати Муҳаммад (с) пас аз эъломи вилояти Имом Алӣ (а) аз сӯи Пайғамбар (с) дар рӯзи Ғадир (18 зилҳиҷҷаи соли даҳуми қамарӣ) ишора дорад.[1] Умар ибни Хаттоб бо иборати «بَخٍّ بَخٍّ لَک یا عَلِی أَصْبَحْتَ مَوْلَای وَ مَوْلَی کلِّ مُؤْمِنٍ وَ مُؤْمِنَةٍ» (тарҷума: табрик ба ту эй Алӣ, ки мавлои ман ва мавлои ҳар марди мӯъмин ва зани мӯъмине гардидӣ!) ба Алӣ (а) табрик гуфт.[2] Дар бархе нақлҳо ба ҷои калимаи Алӣ, «Ибни Абутолиб»[3] ё «Амирулмӯъминин»[4] ба кор рафтааст. Дар бархе матнҳо ба ҷои мӯъмину мӯъмина, калимаи муслим омадааст.[5] Аҳмад ибни Ҳанбал низ гуфтаи Умарро инчунин овардааст: «هَنِیئًا یا ابْنَ أَبِی طَالِبٍ، أَصْبَحْتَ وَأَمْسَیتَ مَوْلَی کلِّ مُؤْمِنٍ وَمُؤْمِنَة» (тарҷума: гуворо бод бар ту эй фарзанди Абитолиб, субҳ кардӣ ва шом кардӣ дар ҳоле ки мавлои ҳар мард ва зани боимон ҳастӣ!).[6]

Киҳо ба Алӣ (а) табрик гуфтанд?

Абубакр, Умар ибни Хаттоб, Талҳа ва Зубайр аз саҳобае буданд, ки дар Ғадири Хум ба ҳазрати Алӣ (а) табрик гуфтанд.[7] Баъзе аз нависандагон овардаанд, ки Абубакру Умар бо дастури Пайғамбар (с)[8] ва тазаккури ин нукта, ки мухолифат бо ин масъала сабаби куфр хоҳад шуд, ин корро анҷом доданд.[9] Аммо дар матнҳои дигар зимни онки аз хушҳолии Умар сухан гуфта шуда,[10] аз таҳнияти пуррангтари ӯ ба Имом Алӣ (а) нисбат ба дигарон хабар дода[11] ва ё ӯро аввалин[12] ва ё аз нахустин афроде[13] донистаанд, ки ба ҳазрати Алӣ (а) табрик гуфтааст.

Ҳарчанд дар манобеи фаровоне ҷумлаи таҳнияту табрикгӯӣ ба Умар ибни Хаттоб нисбат дода шудааст.[14] Бо ин ҳол дар баъзе манобеъ омадааст, ки Абубакру Умар ба сурати яксон ба ҳазрати Алӣ (а) таҳнияту табрик гуфтанд.[15]

Дар бархе киобҳо низ омадааст, ки моҷарои таҳният тавассути Сайид Ол Аддӣ[16] ва ё Сайид Банӣ Аддӣ[17] (насаби халифаи дувум ба Аддӣ ибни Каъб мерасад.[18]) Ва ё фарде бе зикри ном[19] гуфта шудааст.

Бар асоси нақле, халифаи дувум пас аз эъломи вилояти Имом Алӣ (а) ба Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) хабар аз дидани ҷавоне медиҳад, ки эълом медорад, беаҳамиятӣ ба ин фармон фақат аз сӯи мунофиқон сурат мегирад ва Пайғамбар (с) ба ӯ хабар медиҳад, ки ин ҷавон, Ҷабраил буда аст.[20]

Далолат бар имомати Алӣ (а)

Табрики халифаи дувум ба Имом Алӣ (а) далеле бар манзури Пайғамбар (с) аз муаррифии Алӣ (а) ба унвони ҷонишини худ дар воқеаи Ғадир[21] ва низ афзалият[22] ва аъламияти ӯ аз дигарон дониста шудааст.[23] Дар баъзе аз матнҳо омадааст, ки Имом Алӣ (а) баъдҳо дар мулоқот бо халифаи аввал, онро далеле бар ҳаққонияти худ барои хилофат донистааст.[24] Ба гуфтаи Файзи Кошонӣ халифаи дувум пас аз гуфтани ин ҷумла, бо унвони амарулмӯъминин ба Алӣ (а) салом кард.[25]

Замони воқеа

Дар бештари манобеъ табрикгӯии асҳоб баъд аз эъломи ҷонишинии Имом Алӣ (а) ба ҷои Пайғамбар дар воқеаи Ғадир гузориш шудааст.[26] Бино ба ривоёт, пас аз эъломи ҷонишинии Имом Алӣ (с), Пайғамбари Ислом (с) дастур дод хаймае барои Алӣ (а) насб шавад ва асҳоб як ба як барои арзи табрик ба ӯ ба даруни хайма раванд.[27]

Дар бархе манобеъ, ин воқеаро ба рӯзи Мубоҳала ва паймони Ухувват муртабит кардаанд, ки Умар ибни Хаттоб баъд аз онки Пайғамбар (с), вилояти Имом Алӣ (а)-ро эълом намуд, ба ӯ табрик гуфт.[28]

Эзоҳ

  1. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.508.
  2. Ҳилолӣ, китоби Салим ибни Қайс, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.829/ Фуроти Кӯфӣ, тафсири Фуроти ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.516/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  3. Ал-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.112/ Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.284/ Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.233.
  4. Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.104.
  5. Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.2/ Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.284/ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.349.
  6. Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, 1416ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.430.
  7. Ҳиллӣ, ал-Адад-ул-қавийя, 1408ҳ.қ., саҳ.183.
  8. Ал-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.112.
  9. Ҳилолӣ, китоби Салим ибни Қайс, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.829.
  10. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.237.
  11. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177/ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.133.
  12. Муфид, Мусор-уш-шиъа, 1422ҳ.қ., саҳ.44/ Баҳронӣ, Мадинату маъоҷиз, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.269.
  13. Ибни Товус, Тарафун мин-ал-анбои ва-л-маноқиб, 1420ҳ.қ., саҳ.362.
  14. Ҳилолӣ, китоби Салим ибни Қайс, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.829/ Ал-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.112/ Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.104/ Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.2/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  15. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.512.
  16. Шомӣ, ал-Дур-ул-назим, 1420ҳ.қ., саҳ.444.
  17. Дайламӣ, Ғурар-ул-ахбор, 1427ҳ.қ., саҳ.356.
  18. Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1144.
  19. Фуроти Кӯфӣ, тафсири Фурот ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.516.
  20. Шомӣ, ал-Дур-ул-назим, 1420ҳ.қ., саҳ.253.
  21. Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.96.
  22. Шомӣ, ал-Дур-ул-назим, 1420ҳ.қ., саҳ.268 - 269.
  23. Дайламӣ, Ғурар-ул-ахбор, 1427ҳ.қ., саҳ.349.
  24. Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.264/ Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.103 – 104.
  25. Файзи Кошонӣ, Наводир-ул-ахбор, 1371ҳ.ш., саҳ.166.
  26. Ҳилолӣ, китоби Салим ибни Қайс, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.828 – 829/ Ал-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.112/ Фуроти Кӯфӣ, тафсири Фурот ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.516/ Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.2/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.175/ Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.234.
  27. Ҳилолӣ, китоби Салим ибни Қайс, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.829/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176/ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.132.
  28. Ибни Битриқ, Умдату уюн, 1407ҳ.қ., саҳ.169/ Ибни Шозон, ал-Равза, 1423ҳ.қ., саҳ.76–77/ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328.

Сарчашма

  • Ибни Битриқ, Яҳё ибни Ҳасан, Умдату уюни сиҳоҳ-ил-ахбор фи-л-маноқиб-имом-ил-аброр, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсини Туркӣ ва дигарон, Бейрут, Муассисатуррисола, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Шозони Қумӣ, Шозон ибни Ҷабраил, ал-Равза фи фазоили амирил-муъмнини Алӣ ибни Абитолиб (а), таҳқиқи Алӣ Шукрчӣ, Қум, Мактабатул-амин, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Тарафун мин-ал-анбои ва-л-маноқиб, таҳқиқи Қайси Аттор, Машҳад, Тосуъо, 1420ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ ва зикру фазлиҳо ва тасмияту мин ҳаллиҳо мин-ал-амосил ав иҷтоза бинавоҳиҳо мин воридиҳо ва аҳлиҳо, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, таҳқиқи Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоб ва-с-сунати ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир ли-д-диросотил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, Мадинату маъоҷиз-ил-аиммат-ил-исноъашар, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Ал-Тафсир-ул-мансуб ила-л-имом Абимуҳаммад ал-Ҳасан ибни Алӣ ал-Аскарӣ (а), таҳқиқи мадрасату Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, 1409ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил-ил-қавоид-ит-тафзил, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Алӣ ибни Юсуф ибни ал-Мутаҳҳар, ал-Адад-ул-қавийя лидафъ-ил-маховиф-ил-явмия, Қум, китобхонаи оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
  • Хасибӣ, Ҳусайн ибни Ҳамдон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, ал-Балоғ, 1419ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, таҳқиқи Мустафо Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб ила-с-савоб, Қум, аш-Шариф-ир-Разӣ, 1412ҳ.қ.
  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Ғурар-ул-ахбор ва дурар-ул-осор фи маноқиби Аби-л-аиммат-ил-атҳор, таҳқиқи Исмоил Зайғам, Қум, Далели мо, 1427ҳ.қ.
  • Шомӣ, Юсуф ибни Ҳотам, ал-Дур-ул-назим фи маноқиб-ил-аиммат-ил-ҳомим, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1420ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Теҳрон, исломия, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Наводир-ул-ахбор фимо ятаъаллақу би усул-ид-дин, Теҳрон, муассисаи мутолиъот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1371ҳ.ш.
  • Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Канз-ул-фавоид, таҳқиқи Абдуллоҳ Наъма, Қум, Дорулзахоир, 1410ҳ.қ.
  • Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, тафсири Фурот ал-Кӯфӣ, таҳқиқи Муҳаммадкозим, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, муассисаи ал-табъ ва ал-нашр, 1410ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифатт ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, Мусор-уш-шиъа фи мухтасари таворих-иш-шариъат, чопшуда дар «Маҷмуъатун нафиса фи таърих-ил-аимма (а)», Бейрут, Дорулқорӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ҳилолӣ, Салим ибни Қайс, китоби Салим ибни Қайси ал-Ҳилолӣ, таҳқиқи Муҳаммад Ансории Занҷонии Хуинӣ, Қум, ал-Ҳодӣ, 1405ҳ.қ.