Балоғот-ун-нисо (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Балоғотун-нисо)
Балоғот-ун-нисо

Балоғот-ун-нисо (арабӣ:بلاغاتُ النّساء) китобе ба забони арабӣ навиштаи Ибни Тайфур - муаррихи аҳли суннат (204 - 280ҳ.қ.) аст, ки дар он суханони фасеҳу балиғ, шеърҳо ва суханони кӯтоҳи занони таърихи Ислом дар се қарни нахусти қамарӣ нақл шудааст.

Ин китоб аз манобеи Биҳор-ул-анвор ва ал-Ғадир аст ва Аллома Маҷлисӣ, хутбаи ҳазрати Заҳро (с) ва хутбаҳои занони Аҳли Байт дар Кӯфа ва Шомро аз он нақл кардааст.

Балоғот-ун-нисо ҷилди ёздаҳуми китоби «ал-Мансур ва ал-манзум» аст, ки ҷудогона чоп шудааст.

Дар бораи нависанда

Мақолаи аслӣ: Ибни Тайфур

Аҳмад ибни Абитоҳири Хуросонӣ машҳур ба Ибни Тайфур (204 - 280ҳ.қ.) – муаррих ва нависандаи аҳл суннат аст, ки бино ба гуфтаи Хайриддин Зириклӣ, асли ӯ аз Марв буд, аммо дар Бағдод зиндагӣ мекард.[1] Ҳудуди 50 асар ба ӯ нисбат додаанд, ки китобҳои таърихи Бағдод ва ал-Мансур ва-л-манзум дар чаҳордаҳ ҷузъ аз ҷумлаи онҳост.[2]

Эътибор ва ҷойгоҳ

Китоби Балоғот-ун-нисо бахше аз ҷузъи ёздаҳуми китоби «ал-Мансур ва-л-манзум» аст, ки ба сурати ҷудогона чоп шудааст.[3] Бо инки нависандаи ин китоб аз аҳли суннат аст, аммо олимони шиа аз он матолибе нақл кардаанд.[4] Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор хутбаи ҳазрати Заҳро (с) дар Мадина ва хутбаҳои занони Аҳли Байт дар Кӯфаю Шомро аз ин китоб нақл кардааст.[5]

Ҷанбаи адабии ин китоб мавриди тавваҷуҳи нависандагон будааст.[6] Ҳамчунин гуфта шудааст, ин китоб, озодии занони мусулмон ва огоҳии онон аз масоили иҷтимоиро ба тасвир кашидааст.[7]

Мазмун

Китоби Балоғот-ун-нисо бо нақли суханони заноне, ки дар се қарни нахусти қамарӣ дар масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ сухан гуфтаанд, оғоз шудааст,[8] аз ҷумла:

  • Суханони Оишаи духтари Абубакр[9]
  • Хутбаи ҳазрати Заҳро (с) дар масҷиди Мадина ва суханони ӯ дар ҷамъи занони Мадина[10]
  • Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар маҷлиси Язид ибни Муовия[11]
  • Хутбаи Уммукулсум дар Кӯфа[12]
  • Суханони Ҳафса духтари Умар[13]
  • Суханони Суда бинти Аммора, Зарқо бинти Адий, Бакора Алҳилолия, Ҷамона бинти Муҳоҷир, ҳамсари Абуласвад ва Омина бинти Шарид[14]
  • Сухани бархе занони асри Муъовия.[15]

Ибни Тайфур ҳамчунин суханони кӯтоҳ ва ашъори занон дар муносибатҳои хосро низ нақл кардааст.[16] Ӯ дар ин бахш, суханони балиғи занон дар мадҳ ва замми ҳамсаронашон, супоришҳои модарон ба духтарон ҳангоми издивоҷ, суханони занони бодиянишин, васоёи занон ва ашъори ононро овардааст.[17]

Нусхаҳо ва чопҳо

Китоби Балоғот-ун-нисо дар соли 1326ҳ.қ., тавассути интишороти мадрасаи волидаи Аббос дар Қоҳира чоп шудааст.[18] Ба гуфтаи Абдуллатиф Арнаут, ин чоп бар асоси нусхаи хаттии Дорул-кутубил-мисрийя (ба хати Маҳмудпошо Боравадӣ ва ба таърихи китобати 1297ҳ.қ.) ва ба таълиқаи Сайид Аҳмад Алифӣ анҷом гирифтааст.[19]

Ҳамчунин нусхае аз ин китоб ба хати Шайх Шанқитӣ дар Дорул-кутубил-мисрийя мавҷуд аст.[20]

Эзоҳ

  1. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.141.
  2. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.141.
  3. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.141.
  4. Барои намуна: ниг.: Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.238.
  5. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.142.
  6. Барои намуна ниг.: Арнаут, “Китобу мин-ал-турос, самот-ул-адаб-ин-нисоӣ фи “Балоғот-ун-нисо” ли Аҳмад ибни Тайфур”, саҳ.104.
  7. “Балоғот-ун-нисо”, пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  8. Арнаут, “Китобу мин-ал-турос, самот-ул-адаб-ин-нисоӣ фи “Балоғот-ун-нисо” ли Аҳмад ибни Тайфур”, саҳ.105.
  9. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.7 - 22.
  10. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.23 - 34.
  11. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.34 - 37.
  12. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.37 - 40.
  13. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.40 - 43.
  14. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.43 - 112.
  15. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.90 - 95.
  16. Арнаут, “Китобу мин-ал-турос, самот-ул-адаб-ин-нисоӣ фи “Балоғот-ун-нисо” ли Аҳмад ибни Тайфур”, саҳ.105.
  17. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, ал-Шариф ал-Разӣ, саҳ.112 - 280.
  18. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.142.
  19. Арнаут, “Китобу мин-ал-турос, самот-ул-адаб-ин-нисоӣ фи “Балоғот-ун-нисо” ли Аҳмад ибни Тайфур”, саҳ.105.
  20. Арнаут, “Китобу мин-ал-турос, самот-ул-адаб-ин-нисоӣ фи “Балоғот-ун-нисо” ли Аҳмад ибни Тайфур”, саҳ.105.

Сарчашма

  • Аллома Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, маркази ал-Ғадир, 1416ҳ.қ.
  • Арнаут, Абдуллатиф, “Китобу мин-ал-турос, самот-ул-адаб-ин-нисоӣ фи “Балоғот-ун-нисо” ли Аҳмад ибни Тайфур”, ал-туросул-арабӣ, алъадад 50, раҷаби 1413ҳ.қ.
  • "Балоғот-ун-нисо", пойгоҳи итилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Макорими Шерозӣ, мушоҳида: 28 тири 1399ҳ.ш.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом қомусу тароҷим ли ашҳар-ир-риҷоли ва-н-нисо мин-ал-араби ва-л-мустаърабина ва-л-мусташриқин, Бейрут, Дорул-малоин, 1989м.
  • Ибни Тайфур, Аҳмад ибни Абитоҳир, Балоғот-ун-нисо, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, бе то.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа фи тасониф-иш-шиъа, тасҳеҳ: Аҳмад ибни Муҳаммад Ҳусайнӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.