Ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ила такфири Абитолиб (китоб)

Аз wikishia
Ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ила такфири Абитолиб

Ал-Ҳуҷҷату ало-з-зоҳиб ило такфири Абитолиб (арабӣ:اَلْحُجّةُ عَلَی الذّاهب إلی تَکْفیر ابی‌طالب) ё Имони Абитолиб китоби каломӣ, навиштаи Сайид Фихор бен Маъади Мусавӣ - олими шиа (ваф.630ҳ.қ.) аст.

Ин китоб ба забони арабӣ аст ва бо ҳадафи исботи имони Абутолиб - падари Имом Алӣ (а) навишта шудааст. Дар он, барои исботи имони Абутолиб ба шеърҳои ӯ, гузоришҳои таърихӣ, ҳадисҳо ва низ иттифоқи назари Аҳли Байт ва олимони шиа истинод шудааст.

Аллома Аминӣ (ваф.1390ҳ.қ.) дар ал-Ғадир ба ин китоб ирҷоъ дода, аз он нақл кардааст. Ибни Абилҳадиди муътазилӣ (ваф.656ҳ.қ.), Сайид Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум (ваф.1399ҳ.қ.) ва Абдулфаттоҳ Абдулмақсуд (ваф.1372ҳ.ш.) ҳам бар он тақриз навиштаанд. Нависанда дар нигориши китоб, аз Рисолаи имони Абутолиби Шайх Муфид истифода кардааст.

Чопҳо ва нусхаҳои гуногуне аз китоб вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи онҳо чопи соли 1410-и ҳиҷрии қамарӣ, ба таҳқиқи Сайид Муҳаммади Баҳрулъулум аст, ки тавассути интишороти Сайидушшуҳадои Қум дар 441 саҳифа чоп ва мунташир шудааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Сайид Фихор ибни Маъад Мусавӣ

Сайид Фихор ибни Маъади Мусавӣ (ваф.630ҳ.қ.) фақеҳ, шоир ва насабшиноси шиа аст, ки насабаш ба Иброҳими Муҷоб - набераи Имом Козим (а) мерасад.[1] Ӯ устоди Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва шогирди Ибни Идриси Ҳиллӣ будааст, ки ҳарду аз фақеҳони барҷастаи шиа будаанд.[2]

Номҳои китоб ва ангезаи нигориш

Сайид Фихор китоби худро «ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ило такфири Абитолиб» (истидлол бар зидди касе ки Абутолибро кофир медонад) номидааст.[3] Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъа бо номҳои «Ҳуҷҷат-уз-зоҳиб ило имони Абитолиб» (истидлоли касе ки қоил ба имони Абутолиб аст) ва низ «ал-Радду ала-з-зоҳиб ило куфри Абитолиб» (радди сухани касе ки Абутолибро кофир медонад) низ аз он ёд кардааст.[4] Бо ин ҳол, Сайид Муҳаммад Баҳрулъулум - муҳаққиқи китоб, барои он, номи «Имони Абитолиб»-ро интихоб карда то ба гуфтаи худаш, кӯтоҳ бошад ва дар аввалин назар, бинандаро ҷалб кунад.[5]

Сайид Фихор ин китобро дар дифоъ аз Абутолиб - падари ҳазрати Алӣ (а) ва исботи имони ӯ навиштааст. Чунонки дар муқаддимаи китоб гуфтааст, гуруҳе ба хотири душманӣ бо ҳазрати Алӣ (а), имони Абутолибро инкор карда ва ӯро дар шумори кофирону мушрикон қарор додаанд; бо инки шеърҳои Абутолиб ва низ гузоришҳои таърихӣ ва аҳодис, имонашро таъйид мекунад.[6]

Аҳамият

Китоби ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ило такфири Абитолибро аз беҳтарин китобҳое донистаанд, ки дар исботи имони Абутолиб навишта шудааст.[7] Ин китоб мавриди тавваҷуҳи олимони шиа будааст. Аз ҷумла Аллома Аминӣ (ваф.1390ҳ.қ.) дар китоби ал-Ғадир ба он истинод кардааст.[8]

Аҳамияти китоб чунон будааст, ки бархе аз олимони шиа ва суннӣ бар он тақриз[9] навиштаанд. Аз он миён, тақризи Ибни Абилҳадиди муътазилӣ (ваф.656ҳ.қ.) - мутакаллими аҳли суннат, тақризи Сайид Муҳаммадсодиқи Баҳрулъулум (ваф.1399ҳ.қ.) ва тақризи Абдулфаттоҳ Абдулмақсуд (ваф.1372ҳ.ш.) аст.[10] Тарҷумаи бахше аз тақризи Муҳаммадсодиқи Баҳрулъулум, ки онро ба назм даровардааст, ба нақли Аллома Аминӣ, ба шарҳи зер аст:

«Эй Фихор, туро мужда бод ба подошҳое, ки офаридагор дар рӯзи растохез ба ту хоҳад бахшид! Бо далели равшан ва бо нигориши дурахшони худ, ал-Ҳуҷҷат, бузурги Макка ва падари шери Худоро ҳам аз туҳмати бутпарастӣ пок намудӣ ва ҳам аз нисбати мардуди куфр, ки доъиёни шар ба ӯ бастаанд!».[11]

Мазмун ва муҳтаво

Мавзӯи китоби ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ило такфири Абитолиб, исботи имони Абутолиб аст.[12] Нависанда иттифоқи назари Аҳли Байт ва олимони шиаро барои исботи имони Абутолиб кофӣ донистааст; бо ин далел, ки агар аз Абутолиб, рафтор ё гуфторе, ки фақат мусулмонону муъминон анҷом медиҳанд, гузориш нашуда буд, ба имони ӯ шаҳодат намедоданд.[13] Нависанда дар нигориши китоб, аз Рисолаи имони Абитолиб, асари Шайх Муфид (ваф.413ҳ.қ.) баҳра бурдааст.[14]

Китоб дорои як муқаддима, даҳ фасл ва як хотима аст:

  • Муқаддима: ангезаи таълифи китоб ва баёни ҷойгоҳи аҷдоди Пайғамбар (с) ва Абутолиб
  • Фасли аввал: маънои имон ва исботи имони Абутолиб аз роҳҳои мухталиф
  • Фасли дувум: далоили қоилин ба куфри Абутолиб ва ҷавоб ба онҳо
  • Фасли сеюм: исботи имони Абутолиб бо истинод ба муҳаббати Пайғамбар нисбат ба ӯ ва ҳаром будани дӯстӣ бо куффор
  • Фасли чаҳорум: калимот ва шеърҳои Абутолиб, ки далолат бар имонаш мекунад
  • Фасли панҷум: моҷарои мафқуд шудани Пайғамбар (с) ва Алӣ (а) ва амри Абутолиб ба фарзандаш - Ҷаъфар ба намоз хондан бо онон
  • Фасли шашум: вафоти Абутолиб ва дастури Пайғамбар ба ғусл ва дафни ӯ
  • Фасли ҳафтум: меҳрубониҳои Абутолиб нисбат ба Пайғамбар (с) ва шеърҳое, ки бар Исломи ӯ далолат мекунад
  • Фасли ҳаштум: исботи имони Абутолиб бо истинод ба байтҳое аз Қасидаи Ломия ва чанд воқеаи таърихӣ
  • Фасли нуҳум: васиятҳои Абутолиб ба атрофиёнаш барои ҳимоят аз Пайғамбар (с) ва ангезаҳои сиёсии эҷоди тардид дар имони Абутолиб
  • Фасли даҳум: далели катмони Исломи Абутолиб аз сӯи худаш ва ташбеҳи Абутолиб ба асҳоби Каҳф ва муъмини Оли Фиръавн, ки имонашонро махфӣ мекарданд[15]
  • Хотима: нависанда дар хотима гуфтааст, дар садад будааст, ки ба зиндагӣ, имон ва фазоили аҷдоди Пайғамбар аз Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб то Аднон ба таври ҷудогона бипардозад. Ҳамчунин ният доштааст, ки ҳангоми нақли шеърҳои Абутолиб, онҳоро шарҳ ҳам бидиҳад, аммо барои пешгирӣ аз тӯлонӣ шудани китоб ба баёни имони Абутолиб басанда кардааст.[16]

Интишор

Китоб нахустин бор дар соли 1351-и ҳиҷрии қамарӣ тавассути ал-Матбаъатул-Алавийя дар Наҷаф чоп шудааст.[17] Қасидаи Шайх Муҳаммади Самовӣ дар мадҳи Абутолиб низ ба китоб замима шудааст.[18] Дар ин чоп, асли китоб 118 саҳифа аст ва 22 саҳифа ба ибтидо ва интиҳои он изофа шудааст.[19] Интишороти Дорул-Заҳрои Бейрут низ дар соли 1408-и ҳиҷрии қамарӣ, китобро дар 448 саҳифа чоп кардааст.[20]

Ҳамчунин интишороти Сайидушшуҳадои Қум онро дар соли 1410-и ҳиҷрии қамарӣ ба таҳқиқи Сайидмуҳаммади Баҳрулъулум ба чоп расондааст. Дар ин чоп, оёт ва ривоёти китоб ба Қуръон ва ҷавомеъи ривоӣ мустанад шудааст. Ҳамчунин феҳристҳое ба китоб афзуда шудааст,[21] аз он миён, феҳристи матолиб, феҳристи шарҳи ҳоли афроде, ки дар понависҳо омадаанд, феҳристи аълом ва феҳристи манобеи таҳқиқ аст.[22]

Нусхаҳои хаттӣ

Бархе аз нусхаҳои хаттии ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, иборатанд аз:

  • Нусхае, ки дар ихтиёри Сайидсодиқи Коммуна буда ва марбут ба қарни 8 ё 9-и қамарӣ аст. Ин нусха дар 79 варақ, 158 саҳифа аст ва дар ҳар саҳифа 15 сатр дорад.[23]
  • Нусхае ба хати Мирзо Муҳаммад Теҳронии Аскарӣ, ки аз нусхаи китобхонаи Содоти Оли Аттор дар Бағдод истинсох шудааст.[24]
  • Нусхае ба таърихи 1344-и қамарӣ, ки мегӯянд, ба хати Шайх Алии Кошифулғито - падари Муҳаммадҳусайни Кошифулғито аст. Ин нусха дар 61 варақ, 122 саҳифа навишта шудааст, ки ҳар саҳифаи он 18 сатр дорад ва бо шумораи 614 дар китобхонаи Муҳаммадҳусайн Кошифулғито нигаҳдорӣ мешавад.[25]

Ҷусторҳои вобаста

Имони Абитолиб (китоб)

Имони Абутолиб

Феҳристи китобҳои дар бораи Абутолиб

Эзоҳ

  1. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.7.
  2. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.261.
  3. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.24 - 25.
  4. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.261.
  5. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.29.
  6. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., саҳ.1 - 43.
  7. Ансории Қумӣ, “Китобшиносии ҳазрати Абутолиб”, саҳ.90.
  8. Барои намуна ниг.: Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.471, 509, 513, 516.
  9. Тақриз ба навиштаҳое гуфта мешавад, ки барои ситоиш аз китобҳо менависанд (Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи «тақриз»).
  10. Ансории Қумӣ, «Китобшиносии ҳазрати Абутолиб (алайҳис-салом)», саҳ.90.
  11. Ниг.: Аллома Аминӣ, тарҷумаи ал-Ғадир, ҷ.14, саҳ.368 - 369; Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.541.
  12. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.261.
  13. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., саҳ.64 - 65.
  14. Ҳусайнии Ҷалолӣ, “Диранге дар рисолаи Шайх Муфид дар бораи имони Абутолиб (а)”, саҳ.35.
  15. Ниг.: Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., саҳ.373 - 379.
  16. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., саҳ.368 - 369.
  17. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.28.
  18. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.261.
  19. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.28.
  20. Ансории Қумӣ, “Китобшиносии ҳазрати Абутолиб”, саҳ.90.
  21. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.30.
  22. Ниг.: Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., саҳ.371 - 441.
  23. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.31.
  24. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.30.
  25. Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб, 1410ҳ.қ., муқаддимаи Баҳрулъулум, саҳ.32 - 33.

Сарчашма

  • Аллома Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, маркази ал-Ғадир, 1416ҳ.қ.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, «Китобшиносии ҳазрати Абутолиб (алайҳис-салом)», Оинаи пажӯҳиш, № 21, меҳр ва обони 1372ҳ.ш.
  • Мусавӣ, Фихор ибни Маъад, Имони Абитолиб (ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ило куфри Абитолиб), таҳқиқи Муҳаммад Баҳрулъулум, Қум, Дору Сайидушшуҳадо, 1410ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум ва Теҳрон, Исмоилиён ва китобхонаи исломия, 1408ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайид Муҳаммадризо, «Нақд ва муаррифии китоби: диранге дар рисолаи Шайх Муфид дар бораи имони Абутолиб (а)», тарҷумаи Ҷӯё Ҷаҳонбахш, Оинаи мерос, № 16, баҳори 1381ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, тарҷумаи ал-Ғадир, Теҳрон, Бунёди Беъсат, бе то.