Муҷтабо (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ал-Муҷтабо)
Ин мақола дар бораи яке аз лақабҳои Имом Ҳасан (а) аст. Барои ошноӣ бо шахсият ва зиндагии он ҳазрат, мадхали Имом Ҳасани Муҷтабо алайҳис-саломро бубинед.

Муҷтабо ба маънои баргузида, яке аз лақабҳои Имом Ҳасан (а) аст.[1]Ин лақаб дар бораи Паёмбар (с)[2] ва дигар имомон[3] ҳам ба кор рафтааст. Дар хутбае, ки аз Имом Содиқ (а), дар вижагиҳои имомон нақл шудааст, ин лақаб ба унвони вижагии Имом омада,[4] аммо дар бораи Имом Ҳасан (а) шуҳрат пайдо кардааст.[5] Дар ривоёте, ки аз имомони шиа нақл шудааст, Имом Ҳасан (а)-ро бо лақаби Муҷтабо ёд кардаанд.[6] Дар дуои тавассул низ лақаби «ал-муҷтабо» гуфта шуда[7] ва дар ҳирзи Имом Саҷҷод (а) ҳам таъбири «ал-Ҳасан ал-Муҷтабо»[8] омадааст.

Муҷтабо, ба маънои баргузида ва интихобшуда аст.[9] Аллома Таботабоӣ дар зайли ояти 121-и сураи Наҳл, калимаи иҷтбоъро ингуна тафсир мекунад, ки Худо, имоми маъсумро барои худ холис гардонидааст, ба тавре ки ӯро аз парокандагӣ дур сохта ва дар сироти мустақим ҳидоят мекунад.[10]

Гуфта шудааст, ин лақаб, ҳар чанд дорои мафҳуми хоссе аст, ки дар бораи ҳамаи имомони шиа ҳақиқат пайдо мекунад, аммо танҳо имоми дувуми шиаён ба ин ном машҳур шуда ва гуёи ин матлаб аст, ки лақаби Муҷтабо барои Имом Ҳасан (а) аз ҳамон даврони ҳёташ ба ӯ мансуб шудааст.[11]

Ҷусторҳои вобаста

Карими Аҳли Байт

Эзоҳ

  1. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.29.
  2. Зарандии Ҳанафӣ, Назму Дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  3. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.150.
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.150.
  5. Низомии Ҳамадонӣ, ал-Маъориф-ур-рофиъа, 1389ҳ.ш., саҳ.314.
  6. Покниё Табрезӣ, “Тааммуле дар мустанадот ва машҳуртарин алқоби маъсумин алайҳимус-салом”, саҳ.132.
  7. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1415ҳ.қ., 185.
  8. Уторидии Қучонӣ, Муснад-ул-Имом-ис-Саҷҷод, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.32.
  9. Мунтазирӣ, Дарсҳое аз Наҳҷ-ул-балоға, 1395ҳ.ш., саҳ.398.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.368.
  11. Фаттоҳӣ, Анвори Илоҳӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.274.

Сарчашма

  • Зарандӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Назму Дурар-ис-симтайн, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1425ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Бейрут, Дорул-милок, 1415ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, ал-ношр: муассисатул-Вафо, чопи дувум, 1403ҳ.қ., беҷо.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Дарсҳое аз Наҳҷ-ул-балоға, Теҳрон, Сароӣ, 1395ҳ.ш.
  • Низомии Ҳамадонӣ, Алӣ, ал-Маъориф-ур-рофиъа фи-з-зиёрат-ил-ҷомеъа, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1389ҳ.ш.
  • Покниё Табрезӣ, Абдукарим, «Тааммуле дар мустанадот ва машҳуртарин алқоби маъсумин алайҳимус-салом», моҳномаи Мубаллиғон, № 145, меҳр ва обони 1390ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Уторидии Қучонӣ, Азизуллоҳ, Муснад-ул-Имом-ис-Саҷҷод, Теҳрон, Уторид, 1379ҳ.ш.
  • Фаттоҳӣ, Ҳамид, Анвори Илоҳӣ, Қум,Мирфаттоҳ, 1390ҳ.ш.