Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Алқоби ҳазрати Муҳаммад(с))

Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с) Ин мақола дар бораи феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с) аст. Барои ошноӣ бо Пайғамбари Ислом, мадхали ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро бибинед.

Ҳилянависии шомили бархе аз исмҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с): Маҳмуд, Аҳмад, Ҳамид, Моҳин ва Ҳомид. Асари Сарвони Барзанҷӣ.[1] Ҳилянависӣ, навъе қитъанависие аст, ки дар он авсофи Пайғамбар (с) ва гоҳ Имом Алӣ (а) хаттотӣ мешавад.[2]

Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с) маҷмӯаи лақабҳо ва кунияҳое аст, ки дар Қуръон, ривоёт ва манобеи шиа ва аҳли суннат барои ишора ба Пайғамбари Ислом истифода шудааст. Аҳмад, Муҳаммад, Маҳмуд ва Мустафо аз номҳои Пайғамбар (с)[3] ва Абулқосим кунияи машҳур ӯ аст.

Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳоруланвор ба нақл аз Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб, чаҳорсад исм ва лақаби Пайғамбар (с)-ро ки дар Қуръон зикр шуда, овардааст.[4] Такнигориҳое дар ин мавзӯъ навишта шудааст, ки дар бархе аз онҳо беш аз ҳазор лақабу сифат барои Пайғамбар (с) зикр шудааст.

Кунияҳо

Бино бар ончӣ дар китобҳои шиаву суннӣ омадааст, кунияҳои Пайғамбар (с) ба ин шарҳ аст:

Куния маъно
Абулқосим[5] падари Қосим. Пайғамбар баъд аз таваллуди фарзанди аввалаш, Қосим, ба ин куния машҳур шуд. Ҳамчунин гуфта шудааст Абулқосим ба ин ҷиҳат аст, ки Пайғамбар (с) тақсимкунандаи биҳишт аст.[6] Ва низ чун Пайғамбар падари ҳама аст ва падари Имом Алӣ (а) ҳам ба шумор меравад (ки ӯ худ тақсимкунандаи биҳишту дузах аст (қасимулҷаннати ваннор)), фализо падари қосим (Абулқосим) аст.[7]
Абуиброҳим[8] падари Иброҳим
Абуларомил[9] падари бевазанон. Пайғамбар дар Таврот ба ин куния номида шудааст.[10] Ин лақаб ба ҳимояти Пайғамбар аз бевазанон монанди як падари меҳрубон ишора дорад.[11]
Абулуммат[12] падари уммат
Абулдурратайн[13] падари ду марворид. Мурод аз ду марворид Ҳасанайн (а) дониста шудаанд.[14]
Абулрайҳонатайн[15] падари ду райҳона. Мурод аз ду райҳона Ҳасанайн (а) дониста шудааст.[16] Райҳона ба маънои ҳар гиёҳи хушбӯе аст.
Абулсибтайн[17] падари ду сибт. Бар асоси ҳадис[18] манзур аз сибтайн Ҳасанайн (а) ҳастанд. Сибтро ба маънои тоифа ва уммат донистаанд. Эҳтимол дода шудааст, мурод ин аст, ки насли Пайғамбар аз Ҳасанайн муншаиб мешавад.[19]
Абултоҳир[20] падари тоҳир. Мурод аз тоҳирро Абдуллоҳ фарзанди Пайғамбар донистаанд, ки гуфта шудааст мулаққаб ба таййибу тоҳир буд.[21]
Абулмасокин[22] падари мискинҳо
Абуннури вал-ишроқ[23] падари нуру тобандагӣ. Мурод аз нуру ишроқро Фотима (с) духтараш, илм ё имон донистаанд.[24]

Лақабҳо

Бино бар ончӣ дар китобҳои шиа ва суннӣ омадааст, бархе аз лақабҳо ва сифатҳои Пайғамбар (с) бар асоси Қуръону ривоёт ба ин шарҳ аст:

Лақаб ба арабӣ маъно
Охирун фи-л-беъсат[25] آخِرٌ فِی الْبِعْثَة охирон пайғамбаре, ки мабъус шуд.
Ал-Омир[26] الآمِر касе ки ба дастурҳои илоҳӣ фармон медиҳад.[27]
Афсаҳ фи-л-араб[28] أَفْصَحُ الْعَرَب фасеҳтарин арабзабон
Ибну Батҳо ва Макка[29] اِبْنُ بَطْحَا وَ مَکَّة фарзанди Батҳо ва Макка
Ибну-з-забиҳатайн[30] ابْنُ الذَّبِیحَیْن фарзанди ду қурбонишуда барои Худо (омода барои қурбонӣ дар роҳи Худо) (Исмоил ва Абдуллоҳ)
Ибн-ул-Авотик[31] ابْنُ الْعَوَاتِک фарзанди Авотикаҳо (байни модаркалонҳои Пайғамбар се зан ба номи Отика вуҷуд дошт, ки аз қабила Сулайм буданд. Бар асоси ривояте, Пайғамбар ҳангоми зарба задан бо шамшер дар[32] яке аз ҷангҳо худро ба ин ном хонд. Далели онро, шуҷоати қабилаи Сулайм донистаанд.)[33]



Ибн-ул-Фавотим[34] ابْنُ الْفَوَاطِم фарзанди Фотимаҳо. Бар асоси китоби Таърихи Яъқубӣ, манзур чаҳор Фотима аз модаркалонҳои Пайғамбар ҳастанд.[35]
Узунухайр[36] اُذُنُ خَیْر беҳтарин шунаванда. Ишора ба ояти Узун.
Ар-Рауф [37] اَلرَّؤوف рауфу меҳрубон
Ар-Расул [38] اَلرَّسُول фиристодаи Худо
Ар-Расулулмусаддад [39] اَلرَّسُولُ الْمُسَدَّد фиристодаи таъйиидшудаи илоҳӣ
Ал-Муддассир[40] اَلْمُدَّثِّر ҷомаи хоб ба худ печида ва дар бистар орамида. Ишора ба ояти аввали сураи Муддассир.
Ал-ْМуззаммил[41] اَلْمُزَّمِّل ҷома ба худ печида. Ишора ба ояти аввали сураи Муззаммил
Ал-Имом[42] اَلإِمَام имом ва пешвои мардум
Имомулмуттақин[43] اِمَامُ الْمُتَّقِین имом ва пешвои аҳли тақво
Уммӣ[44] اُمِّیّ дарснохонда
Амин[45] اَمین амину амонатдор
Ал-Аминулмунтахаб[46] اَلْأَمِینُ الْمُنْتَخَب амонтдори баргузида
Ал-Авлоٰ[47] اَلْاَوُلیٰ шоистатар нисбат ба мӯъминон аз худашон.[48]
Ал-Башар[49] اَلْبَشَر башар ба маънои инсон. Далели мулаққаб шудани ӯ ба башарро ин донистаанд, ки Муҳаммад (с) бузургтарин башар аст.[50]
Бушро Исо[51] بُشْرَی عِیسَی он ки Исо (а) башорати зуҳурашро додааст.
Ал-Башир[52] اَلْبَشِیر башоратдиҳанда
Ат-Тақӣ[53] اَلتَّقِیّ ботақво ва худнигаҳдор
Сонияснайн[54] ثَانِی اثْنَیْن ин лақаб аз ояти ло таҳзан гирифта шуда ва ба маънои дувумӣ аз ду нафаре аст, ки дар ҷараёни ҳиҷрат, дар ғори Савр пинҳон шуданд.[55]
Ал-Ҳошир[56] اَلْحاشِر касе ки мардум ба дунболи ӯ маҳшур мешаванд.[57]
Ал-Ҳомид[58] اَلْحامِد касе ки Худоро ситоиш мекунад.
Ҳомилулҳирова[59] حَامِلُ الْهِراوَة ҳамлкунандаи асо. Бар пояи ривояте аз Пайғамбар (с), истифода аз асо аз суннатҳои пайғамбарон аст.[60]
Ҳабибуллоҳ[61] حَبِیبُ اللَّه ҳабиб ва дӯсти Худо
Ал-Ҳабибулмунтаҷаб[62] اَلْحَبِیبُ الْمُنْتَجَب дӯсти баргузида
Ал-Ҳаким[63] اَلْحَکِیم ҳаким
Ҳаққун мубин[64] حَقٌّ مُبین ҳаққи ошкоркунанда
Ҳирзулуммиййин[65] حِرْزُ الاُمِّیَّین паноҳи дарснохондаҳо. Гуфта шудааст дар Таврот аз ӯ ин гуна ном бурда шудааст.[66]
Ал-Ҳаниф[67] اَلْحَنیف рӯйгардон аз ботил ва собитқадам дар Ислом
Ал-Хотим[68] اَلْخاتَم хатмкунанда; охирин Пайғамбар
Хотамуланбиё[69] خَاتَمُ الْأَنْبِیَاء охирин Пайғамбар
Хотамуннубувват[70] خَاتَمُ النُّبُوَّة поёндиҳандаи набувват
Хотамуннабийин[71] خَاتَمُ النَّبِیِّین охирини пайғамбарон
Халқуллоҳ[72] خَلْقُ اللَّه офаридашудаи Худо
Халифатуллоҳи филарз[73] خَلِیفَةُ اللَّهِ فِی الْأَرْض халифа ва ҷонишини Худо дар замин
Халилуллоҳ[74] خَلیلُ الله дӯстдори Худо[75]
Хайрулбарийя[76] خَیْرُ الْبَرِیَّة бартарин махлуқи Худо
Хайрулбашар[77] خَیْرُ الْبَشَر бартарин инсон
Хияратуллоҳ[78] خِیَرَةُ اللَّه баргузидаи Худо
Ад-Доъӣ[79] الدَّاعِی даъваткунандаи мардум ба сӯи Худо
Дофеъу ҷайшотил-аботил[80] دافِعُ جَیْشاتِ الاَباطیل дафъкунандаи ғавғо ва ҷӯшу хуруши ботил[81]
Даъвату Иброҳим[82] دَعْوَةٌ إِبْرَاهِیمَ дуои мустаҷоби Иброҳим. Ишора ба дуои Иброҳим дар ояти Ибтилои Иброҳим
Ал-Зикр[83] اَلذِّکْر ёди Худо; касе ки инсонро ба ёди Худо меандозад.
Ал-Рофеъ[84] اَلرَّافِع рафъатбахш; пешрафтофарин
Рокибулҷамал[85] رَاکِبُ الْجَمَل касе ки бар шутур савор мешавад. (Дар Таврот ду пайғамбари баъд аз Мусо бо сифати «касе ки бар улоғ савор мешавад» ва «касе ки бар шутур савор мешавад» муаррифӣ шудаанд, ки мурод аз пайғамбари нахуст Исо ва пайғамбари дувум Муҳаммад дониста шудааст. Гуфта шудааст бо ин васфи минтақаи зуҳури охирин пайғамбар (Ҳиҷоз), ба яҳудиён муаррифӣ шудааст; зеро мардуми он маъмулан барои ҷобаҷоӣ аз шутур истифода мекарданд.[86]
Ар-Раҳмат[87] الرَّحْمَة меҳрубонӣ ва раҳмат
Раҳматулъоламин[88] رَحْمَةُ الْعالَمِین меҳр ва раҳмат барои ҷаҳониён
Раҳматун лилъоламин[89] رَحْمَةٌ لِلْعالَمین меҳрубоне барои ҷаҳониён
Ар-Раҳим[90] اَلرَّحِیم меҳрубон
Расули раббилъоламин[91] رَسولُ رَبِّ الْعالَمین фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён
Расулурраҳмат[92] رَسولُ الرَّحْمَة фиристодаи меҳрубонӣ. Гуфта шудааст далели мулаққаб шудани ӯ ба ин лақаб ин аст, ки рисолати Пайғамбар (с) дар ҳақиқат раҳмату меҳрубонист.[93]
Расулулҳаммодин[94] رَسُولُ الْحَمَّادِین фиристодаи Худо, ки умматаш бисёр аҳли ҳамд ҳастанд ва ҳамвора Худоро меситоянд.
Расулуллоҳ[95] رَسولُ الله фиристодаи Худо
Рӯҳулҳақ[96] روحُ الْحَق гуфта шуда маънои арабии «Алғорқлито» номи Пайғамбар дар Инҷил аст. Маънои ҷудо кардани байни ҳаққу ботил низ барои он зикр шудааст.[97]
Зайнулқиёмат ва нуруҳо ва тоҷуҳо[98] زَیْنُ الْقِیَامَةِ وَ نُورُهَا وَ تَاجُهَا зинат, нур ва тоҷи қиёмат
Ал-Соиҳ[99] اَلسّائِح рӯзадор[100]
Ал-Собиқ[101] اَلسّابِق ба маънои касе аст, ки пеш-пеши ҳама меравад ва дигарон аз қафои ӯ ва тобеи ӯ ҳастанд.[102] Ҳамчунин ишора ба «ас-собиқун» дар ояти даҳи сураи Қиёмат низ дониста шудааст.[103]
Ас-Сироҷ[104] اَلسِّرَاج чароғ, чароғи ҳидоят
Сироҷун мунир[105] سِراجٌ مُنیر чароғи нурафшон
Сайидулмурсалин[106] سَیِّدُ الْمُرْسَلِین оқо ва сарвари ҳамаи фиристодагони Худо
Ас-Сайид[107] اَلسَّیِّد оқо ва сарвар
Сайиду валади Одам[108] سَیِّدُ وُلْدِ آدَم сарвари ҳамаи фарзандони Одам
Аш-Шофеъ[109] اَلشّافِع шафоаткунанда
Аш-Шоҳид[110] اَلشّاهِد гувоҳ, гувоҳидиҳандаи рӯзи қиёмат
Аш-Шафиъ[111] اَلشَّفیع шафоатгар
Шафиъулмузнибин[112] شَفیعُ المُذْنِبین шафоатгари гуноҳкорон
Шафиъу ман фид-дорайн[113] شَفِیعُ مَنْ فِی الدَّارَیْن шафоаткунандаи ҳамаи аҳли дунёву охират
Аш-Шамс[114] اَلشَّمْس хуршед
Шамсун байналқамарайн[115] شَمْسٌ بَیْنَ الْقَمَرَیْن офтобе байни ду моҳ
Аш-Шаҳид[116] اَلشَّهِید шаҳиду шоҳид, гувоҳ
Ас-Соҳиб[117] اَلصَّاحِب ёр, ёвар ва ҳамнишин
Соҳибулҷабинил-азҳар[118] صاحِبُ الْجَبِینِ الْأَزْهَر дорои дурахшндатарин пешонӣ
Соҳибултоҷи вал-миғфар[119] صاحِبُ التَّاجِ وَ الْمِغْفَر дорои тоҷ, шуҷоъу диловар, марди майдони мубориза бо душманон
Соҳибулҳасабил-атҳар[120] صاحِبُ الْحَسَبِ الْأَطْهَر дорои поктарин аслу гавҳару ҳасабу насаб
Соҳибулхаддил-ақмар[121] صاحِبُ الْخَدِّ الْأَقْمَر дурахшон рухсора
Соҳибулхутбати валминбар[122] صاحِبُ الْخُطْبَةِ وَ الْمِنْبَر дорои хутбаву минбар; суханвар
Соҳибуддинил-азҳар[123] صاحِبُ الدِّینِ الْأَظْهَر дорои дин ва ойини бартару ошкортар; касе ки бартарин динро аз сӯи Худо барои мардум овардааст.
Соҳибулливоъ явмулқиёмат[124] صاحِبُ اللِّوَاءِ یَوْمَ الْقِیَامَة парчамдори рӯзи қиёмат
Соҳибулмалҳама[125] صاحِبُ الْمَلْحَمَة ҳамосаофарин
Соҳибулнасабил-ашҳар[126] صاحِبُ النَّسَبِ الْأَشْهَر дорои машҳуртарин насаб; асил; касе ки асолати хонаводагии ҳеҷ шахсе аз ӯ маъруфтар нест.
Соҳибулваҷҳил-анвар[127] صاحِبُ الْوَجْهِ الْأَنْوَر дорои чеҳраи нуронитар
Соҳибулвақори вассакина[128] صاحِبُ الوَقارِ وَ السَّکینه орому бовиқор
Соҳибулмақомил-маҳмуд[129] صاحِبُ المَقامِ الْمَحمود дорои ҷойгоҳи писандида; касе ки дар назди Худо мақоми маҳмуд дорад.
Ас-Содиқ[130] اَلصّادق содиқу ростгӯ
Ас-Сидқ[131] اَلصِّدْق ростгӯ; муҷассамаи ростгӯӣ
Ас-Сиротулмустақим[132] اَلصِّراطُ الْمُسْتَقیم сироти мустақим; роҳи рост
Сафиюллоҳ[133] صَفِیُّ اللَّه баргузидаи Худо
Ас-Сафиюлмуқарраб[134] الصَّفِیُّ الْمُقََرَّب баргузидае, ки муқарраби даргоҳи илоҳӣ аст.
Ал-Заҳук[135] اَلضَّحوک бисёр хандон
Ал-Тоҳир[136] اَلطّاهر пок
Тоҳо[137] طٰهٰ яке аз ҳуруфи муқаттааи Қуръон, ки бар асоси ривоят, аз асмои Пайғамбар (с) ва ба маънои «ё толибалҳаққилҳодӣ илайҳ; тарҷума: эй талабкунандаи ҳақ ва ҳидояткунанда ба самти он» аст.[138]
Ат-Тайиб[139] اَلطَّیِّب поку покиза
Ал-Зоҳир[140] اَلظّاهر ошкор
Ал-Обид[141] اَلْعابد парастишгар; ибодаткунанда
Ал-Оқиб[142] اَلْعاقب касе ки баъд аз ӯ пайғамбаре нест.[143]
Ал-Омил[144] اَلْعَامِل аҳли амал; корӣ ва фаъол
Ал-Абд[145] اَلْعَبْد банда; бандаи Худо
Абдуллоҳ[146] عَبْدُ اللَّه бандаи Худо
Ал-Абдулмуайяд[147] اَلْعَبْدُ الْمُؤَیَّد бандаи таъйидшуда, бандае ки Худо ӯро таъйид карда ва пазируфтааст.
Ал-Урватулвусқо[148] اَلْعُرْوَةْ الْوُثْقیٰ устувортарин дастгира; муҳкамтарин дастовез
Ал-Атуф[149] اَلْعَطوف меҳрубон ва бахшанда
Ал-Аъло[150] اَلْعَلِیّ бартар; баландмартаба
Ал-Ғавс[151] اَلْغَوْث фарёдрас
Ал-Ғайс[152] اَلْغَیْث борон; ӯро борон номидаанд чароки саховатманду бахшанда аст.[153]
Форуқ[154] فاروق ҷудокунандаи байни ҳаққу ботил
Ал-Фаттоҳ[155] اَلْفَتّاح бисёр фатҳкунанда ва пирӯз
Ал-Фотиҳ[156] اَلْفاتح гушоянда; пирӯзиофарин
Қоидулғуррилмуҳаҷҷалин[157] قائِدُ الْغُرِّ الْمُحَجَّلِین пешвои инсонҳо ибниазир
Қобилулҳадия[158] قابِلُ الْهَدِیَّة ҳадяпазир
Қосим[159] قاسِم тақсимкунанда
Ал-Қаттол[160] اَلْقتّال касе ки душманони мутаҷовизро нобуд мекунад.
Ал-Қусам[161] اَلْقُثَم ду маънои «ҷомеъу комил» ва «бисёр бахшанда» барои он зикр шудааст.[162]
Қадаму сидқин[163] قَدَمُ صِدْق хушном; дорои собиқаи нек; хушсобиқа
Ал-Қамар[164] اَلْقَمَر моҳ
Ал-Қасм[165] اَلْقَسْم касе ки ҳадя ва монанди онро байни мардум тақсим мекунад.[166]
Ал-Кофӣ[167] اَلْکافی касе ки барои фард кофӣ аст ва ӯро аз дигарон бениёз мекунад.
Ал-Карим[168] اَلْکَرِیم шарифу бузургвор
Ал-Моҳӣ[169] اَلْماحی касе ки Худо ба воситаи ӯ куфрро маҳв кард.[170]
Маъмун[171] مَأْمُون солеҳу некӯкор ва мавриди итминон; касе ки мардум худашонро аз озори ӯ дар амон медонанд.
Ал-Муъмин[172] اَلْمُؤْمِن мӯъмин; касе ки ба ростӣ ба Худо имон овардааст.
Ал-Муборак[173] اَلْمُبَارَک муборак; бобаракат; саршор аз хайру фузунӣ
Муборакул-амр[174] مُبارَکُ الْاَمر касе ки ба дастурҳои мубораку хайр фармон медиҳад.[175]
Ал-Мубашшир[176] اَلْمُبَشِّر башоратдиҳанда
Ал-Мубайин[177] اَلْمُبَیِّن равшангару табйинкунанда
Ал-Мутабассим[178] اَلْمُتَبَسّم касе ки лабханд мезанад ва чеҳраи хандону ғайри абус дорад.
Ал-Мутаваккил[179] اَلْمُتَوَکِّ таваккулкунанда бар Худо
Ал-Муҷтабо[180] اَلْمُجْتَبیٰ баргузида ва интихобшуда
Ал-Муҷир[181] اَلْمُجِیر паноҳдиҳанда
Ал-Муҳаррим[182] اَلْمُحَرِّم ҳаромкунандаи ончи Худо ҳаром кардааст
Муҳарримулмайта[183] مُحَرِّمُ الْمَیْتَة ҳаромкунандаи мурдору палидиҳо
Муҳарримулхабоис[184] مُحَرِّمُ الْخَبَائِث ҳаромкунандаи хабисҳову нопокиҳо
Ал-Муҳаллил[185] اَلْمُحَلِّل ҳалолкунанда
Муҳаллилуттайибот[186] مُحَلِّلُ الطَّیِّبَات ҳалолкунандаи поку покизаҳо
Муҳйиссуннат[187] مُحْیِ السُّنَّة зиндакунанда ва эҳёгари суннат
Ал-Мухтор[188] اَلْمُخْتار баргузида; касе ки Худо ӯро интихоб кардааст.
Ал-Музаккир[189] اَلْمُذَکِّر ёдовар; касе ки инсонро ба ёди Худову охират меандозад.
Ал-Мурсал[190] اَلْمُرْسَلُ фиристодашуда; фиристодаи Худо
Ал-Музаккӣ[191] اَلْمُزَکّی касе ки умматашро аз ширку бутпарастӣ пок кард.[192]
Ал-Мушаффаъ[193] اَلْمُشَفَّع шафоатпазируфта; касе ки шафоаташро Худо мепазирад.
Ал-Муссаддиқ[194] اَلْمُصَدِّق тасдиқкунанда; пайғамбаре, ки пайғамбарони осмонии қаблиро тасдиқ кард.
Ал-Муслеҳ[195] اَلْمُصْلِح ислоҳгар
Ал-Мутоъ[196] اَلْمُطاع итоатшуда; касе ки мардум фармони ӯро мепазиранд.
Ал-Муаллим[197] اَلْمُعَلِّم омӯзгори инсонҳо
Ал-Муъалло[198] اَلْمُعَلَّی касе ки аз дигарон бартар аст.[199]
Мифтоҳулҷаннат[200] مِفْتَاحُ الْجَنَّة калиди биҳишт
Ал-Муқтариб[201] اَلمُقْتَرِب наздикшуда ба Худо (ишора ба ҳадиси « ثُمَّ دنا فَتَدَلّی، فکانَ قابَ قَوْسَیْنِ اَو اَدْنی، دنواً وَ اقْتِراباً مِنَ الْعَلیِّ الْاَعْلی؛; сипас Пайғамбар (с) [ дар шаби меъроҷ] наздику наздиктар шуд, пас нисбат ба мақоми қурби Худои баландмартаба, ба андозаи ду камон ё камтар наздик шуд)[202]
Ал-Муқаффо[203] اَلْمُقَفِّی охирин пайғамбар; пайғамбаре, ки баъд аз ҳамаи пайғамбарон омадааст ва пайғамбаре баъд аз ӯ нахоҳад омад.
Ал-Макин[204] اَلْمَکین касе ки назди Худо ҷойгоҳи баланде дорад.[205]
Ал-Мунзир[206] اَلْمُنْذِر бимдиҳанда; касе ки ҳушдор медиҳад ва мардумро аз азоби охират метарсонад.
Ал-Мансур[207] اَلْمَنْصُور пирӯз; ёришуда
Ал-Мунир[208] اَلْمُنِیر равшангар
Ал-Муваҷҷаҳ[209] اَلْمُوَجَّه дорандаи манзалат
Ал-Мувқиф[210] اَلْموقِف бар асоси ривоят, ба маънои касе ки дар рӯзи қиёмат мардумро назди Худо мутаваққиф карда ва нигаҳ медорад.[211]
Ал-Муҳоҷир[212] اَلْمُهَاجِر муҳоҷир; муҳоҷираткунанда ба сӯи Худо
Ал-Муҳдот[213] اَلْمُهْداة ҳадяшуда[214]
Ал-Муҳаймин[215] اَلْمُهَیْمِن ғолибу муқтадир
Ал-Ношир[216] اَلنّاشِر нашрдиҳандаи Ислом[217]
Ал-Носеҳ[218] اَلنّاصِح некӯкору дурусткор
Ал-Ноҳӣ[219] اَلنَّاهِی наҳйкунанда; боздоранда
Ан-Набӣ[220] اَلنَّبی пайғамбар
Ан-Набийил-уммӣ[221] اَلنَّبِیُّ الْأُمِّیّ пайғамбари дарснохонда
Набийуттавба[222] نَبِیُّ التَّوْبَة Пайғамбари тавбаву бозгашт ба Худо
Набийирраҳмат[223] نَبِیُّ الرَّحْمَة паёмовари меҳрварзӣ ва меҳрубонӣ
Набийилмалҳама[224] نَبِیُّ الْمَلْحَمَة паёмовари ҳамосаофарин ё Пайғамбари салоҳу дӯстӣ
Ан-Набийулмуҳаззаб[225] النَّبِیُّ الْمُهَذَّب Пайғамбари муҳаззабу пероста
Ан-Наҷм[226] اَلنَّجْم ситора
Ан-Наҷмуссоқиб[227] اَلنَّجْمُ الثّاقِب ситораи дурахшоне ки торикиҳоро мешикофад.
Наҷийуллоҳ[228] نَجِیُّ الله наҷвокунанда бо Худо
Ан-Назир[229] اَلنَّذِیر бимдиҳанда; ҳушдордиҳанда
Ан-Неъма[230] اَلنِّعْمَة неъмат
Неъматуллоҳ[231] نِعْمَةُ اللَّه неъмати Худо
Ан-Нақиб[232] اَلنَّقیب сарпараст
Ан-Нур[233] اَلنُّور нур
Нун[234] نون аз ҳуруфи муқаттааи Қуръон ки бар асоси бархе ривоёт, исме аз исмҳои Пайғамбар аст.[235] Бархе мурод аз онро «ноқилулъилм; яъне: интиқолдиҳандаи илм» донистаанд.[236]
Ал-Возеъ[237] اَلْواضِعُ касе ки ҷоҳилият ва такаллуфоти беҷоро аз байн мебарад.
Возеъул-исри вал-ағлол[238] واضِعُ الْاِصْرِ وَ الْاَغْلَال озодибахш; касе ки занҷирҳоро мешиканад ва душвориҳоро осон месозад.
Ал-Вафий[239] اَلْوَفیّ инсони комиле, ки ба паймони худ вафо мекунад.[240]
Ал-Ҳодӣ[241] اَلْهَادی ҳидоятгар
Ҳадятуллоҳ[242] هَدِیَّةُ الله ҳадяи Худо
Ёсин[243] یٰس аз ҳуруфи муқаттааи Қуръон, ки бар асоси ривоят, исме аз исмҳои Пайғамбар ва ба маънои « یا أَیُّهَا السَّامِعُ لِلْوَحْی; тарҷума: Эй шунавандаи ваҳй» аст.[244]

Такнигорӣ

Бархе аз китобҳое, ки бо мавзӯи алқоби Пайғамбар (с) навишта шудааст чунин аст:

  • Алқоб-ур-Расул ва итратиҳи, мунтасаб ба Қутби Ровандӣ, муҳаддиси шиа, ки зимни китоби Маҷмуъатун нафиса фи таърих-ил-аимма дар соли 1422ҳ.қ., ба чоп расидааст.[245]
  • Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо ва алқобуҳу ва куноҳу ва сифотуҳ, навиштаи Аббоси Табрезиён, дар се ҷилд шомили ҳазор исм, лақаб, куния ва сифати Пайғамбар (с) аст ва ба тартиби ҳуруфи алиФбо танзим ва шарҳ шудааст. Ин асар дар Бейрут, тавассути Доруласар дар соли 1423ҳ.қ., чоп шудааст.[246]
  • Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, навиштаи МуҳаммадъориФи Наимӣ, дорои беш аз ҳазор исми Пайғамбар ҳамроҳ бо шарҳ[247]
  • Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, навиштаи ОтиФ Қосим Амин Малиҷӣ, шомили 29 номи машҳури Пайғамбар (с) ҳамроҳ бо шарҳ[248] аз дигар китобҳо бо ин мавзӯъ аст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «لوحة حلية بخط الأستاذ سيروان البرزنجي»، حروفیات.
  2. Муҳаммадии Порсо, “Баррасии ҷойгоҳи торихӣ ва ирфонии Имом Алӣ (а) дар ҳунари хушнивисии Исломӣ”, саҳ.91 ва 92.
  3. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147.
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.101–107.
  5. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  6. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  7. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, ҷ.1, саҳ.52.
  8. Баълӣ, ал-Мутлиъу ало алфоз-ил-муқниъ, 1423ҳ.қ., саҳ.510.
  9. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  10. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  11. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131.
  12. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147.
  13. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  14. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150.
  15. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  16. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.151.
  17. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  18. Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.83.
  19. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.251.
  20. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  21. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  22. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  23. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.157.
  24. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.157.
  25. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  26. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  27. Наимӣ, Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, 2006м., ҷ.1, саҳ.80.
  28. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  29. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  30. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  31. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  32. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131.
  33. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131.
  34. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  35. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.122.
  36. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  37. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  38. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  39. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  40. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  41. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  42. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  43. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  44. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  45. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  46. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  47. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  48. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  49. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.440.
  50. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.445.
  51. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  52. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  53. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  54. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  55. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.442.
  56. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.185.
  57. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.185.
  58. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.445.
  59. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  60. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.422.
  61. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  62. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  63. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  64. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  65. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  66. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  67. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.452.
  68. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  69. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  70. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  71. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  72. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  73. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  74. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.455.
  75. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23.
  76. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  77. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  78. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  79. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  80. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69.
  81. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69.
  82. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  83. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  84. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  85. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  86. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115 ва 116.
  87. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  88. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  89. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  90. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  91. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  92. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  93. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.143.
  94. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  95. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.446.
  96. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  97. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  98. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  99. Шайх Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210.
  100. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.376.
  101. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.177.
  102. Табризён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.177.
  103. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.177.
  104. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  105. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  106. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  107. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.447.
  108. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  109. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  110. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  111. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  112. Ибни Абиссалҷ, Маҷмуъатун нафиса фи таърих-ил-аимма (а), 1422ҳ.қ, саҳ.155.
  113. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  114. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.447.
  115. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  116. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  117. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  118. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  119. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  120. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  121. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  122. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  123. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  124. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  125. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  126. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  127. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  128. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.718.
  129. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.62.
  130. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  131. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  132. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  133. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  134. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  135. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  136. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.447.
  137. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  138. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.22.
  139. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  140. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  141. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.447.
  142. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.185.
  143. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.185.
  144. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  145. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  146. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  147. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  148. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  149. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.447.
  150. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  151. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  152. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  153. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.493.
  154. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  155. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  156. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  157. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  158. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  159. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  160. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  161. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  162. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.94 ва 95.
  163. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  164. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  165. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.67.
  166. Наимӣ, Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, 2006м., ҷ.3, саҳ.452.
  167. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.67.
  168. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  169. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.185.
  170. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.185.
  171. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  172. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  173. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  174. Наимӣ, Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, 2006м, ҷ.1, саҳ.451.
  175. Наимӣ, Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, 2006м, ҷ.1, саҳ.451.
  176. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  177. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, ҷ.2, саҳ.382.
  178. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  179. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  180. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  181. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  182. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  183. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  184. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  185. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  186. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  187. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  188. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  189. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  190. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  191. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.70.
  192. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.70.
  193. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  194. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  195. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  196. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  197. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  198. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  199. Наимӣ, Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, 2006м, ҷ.3, саҳ.608.
  200. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  201. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.151.
  202. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.298.
  203. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.84.
  204. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.72.
  205. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.71.
  206. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  207. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  208. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  209. Табризён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.350.
  210. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.355.
  211. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.356.
  212. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  213. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  214. Фаюмӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мунир, зери калимаи ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.636.
  215. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  216. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  217. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.73.
  218. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  219. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  220. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  221. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  222. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  223. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  224. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  225. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  226. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  227. Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  228. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  229. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  230. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.448.
  231. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  232. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  233. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  234. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.454.
  235. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.454.
  236. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.446.
  237. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382.
  238. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  239. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.449.
  240. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.74.
  241. Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382; Зарандӣ, Назму дурар-ис-симтайн, 1425ҳ.қ., саҳ.27.
  242. Қасталонӣ, ал-Мувоҳиб-ул-ладунийя, алмактабатуттавфиқия, ҷ.1, саҳ.449.
  243. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.22.
  244. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.22.
  245. Ибни Абиссалҷ, Маҷмуъатун нафиса фи таърих-ил-аимма (а), 1422ҳ.қ., саҳ.1515.
  246. Табрезиён, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо ва алқобуҳу ва куноҳу ва сифотуҳ, 1423ҳ.қ.
  247. Наимӣ, Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, 2006м.
  248. Малиҷӣ, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, 1419ҳ.қ., саҳ.6.

Сарчашма

  • Ибни Абиссалҷ, Муҳаммад ибни Аҳмад ва дигарон, Маҷмуъатун нафиса фи таърих-ил-аимма (а) мин осор-ил-қудамои мин уламоъ-ил-имомият-ис-суқот, Бейрут, Дорулқорӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ба таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Сайидиннос, Уюн-ул-асар, Бейрут, Дорулқалам, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Шозон, Шозон ибни Ҷабраил, Қум, Разӣ, 1363ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ ва тасҳеҳи қисмуддиросотил-исломия муассисат албеъсат, Қум, муассисаи Беъса, 1374ҳ.ш.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ба таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору тавқиннаҷот, 1422ҳ.қ.
  • Баълӣ, Муҳаммад ибни Абилфатҳ, ал-Мутлиъу ало алфоз-ил-муқниъ, ба таҳқиқи Маҳмуд ал-Арнаут ва Ёсин Маҳмуд Хатиб, бе ҷо, мактабат ас-Саводӣ литтавзиъ, 1423ҳ.қ.
  • Табрезиён, Аббос, Асмоъ-ур-Расул-ил-Мустафо ва алқобуҳу ва куноҳу ва сифотуҳ, бо талоши Ҳошими Хотамӣ, Бейрут, Доруласар, 1423ҳ.қ.
  • “لوحة حلية بخط الأستاذ سيروان البرزنجي»”, ҳуруфиёт, таърихи боздид: 29 меҳри 1400ҳ.ш.
  • Зарандӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Назму дурар-ис-симтайн, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1425ҳ.қ.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот, муқаддимаи Сайидшаҳобиддини Маръашии Наҷафӣ, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1425ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Солеҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, ва зикру фазоилиҳи ва аълому нубувватиҳ ва афъолуҳу ва аҳволуҳу фи-л-мабдаи ва-л-маъод, ба таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Ҳусайнӣ Ашкурӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, 1375ҳ.ш.
  • Фуюмӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Мисбоҳ-ул-мунир фи ғариб-ил-шарҳ-ил-кабири ли-р-Рофеъӣ, Қум, муассисаи Дорулҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Қасталонӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Мавоҳиб-уд-дания би-л-манҳ-ил-Муҳаммадия, ал-Қоҳира, алмактабатуттавфиқия, бе то.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳу ҷуннат-ул-амон-ил-воқия ва ҷаннат-ул-имон-ил-боқия, Қум, Дорур-Разӣ, 1405ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Теҳрон, Исломия, 1363ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Порсо, Абдуллоҳ, “Баррасии ҷойгоҳи торихӣ ва ирфонии Имом Алӣ (а) дар ҳунари хушнивисии Исломӣ”, дар илоҳиёти ҳунар, шумораи 11, зимистони 1396ҳ.ш.
  • Малиҷӣ, Отиф Қосим Амин, Асмоъ-ун-Набӣ фи-л-Қуръони ва-с-суннат, ба ишрофи Солим Маҳмуд, Қоҳира, омулфикр, 1419ҳ.қ.
  • Наимӣ, Муҳаммадъориф, Асмоъ-ун-Набӣ луғатан ва истилоҳан, Ишроф Холиқдод, Лоҳур, ҷомеъату Панҷоб қисмуллуғатилъарабия, 2006м.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.