Иброҳим ибни Маҳзиёр
Куния | Абуисҳоқ |
---|---|
Мазҳаб | Шиа |
Хешовандон | Алӣ ибни Маҳзиёр (бародар), Алӣ ибни Иброҳим ибни Маҳзиёр (писар), Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҳзиёр (писар) |
Таълифот | ал-Башорот |
Дигар | Вакили Имом Ҳасани Аскарӣ (а) |
Аз ëрони | Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а), Имом Аскарӣ (а) |
Иброҳим ибни Маҳзиёри Аҳвозӣ (форсӣ: ابراهیم بن مَهْزیار اهوازی) ровии шиаи қарни сеюми қамарӣ, аз асҳоби Имом Ҷавод (а) ва нақлкунандаи ривоёте аз Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а).
Дар манобеи ривоии шиа, аҳодисе аз Иброҳим ибни Маҳзиёр нақл шудааст. Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хӯӣ, номи ӯ дар санади беш аз 50 ривоят омадааст. Риҷолиёни шиа дар бораи муътабар будани ривоёти Иброҳим ибни Маҳзиёр ихтилофи назар доранд. Барои исботи васоқати ӯ, ба қарор гирифтани номаш дар санади бархе аз ривоёти китоби Комил-уз-зиёрот истидлол шудааст.
Зиндагинома
Иброҳим аҳли Даврақи Хузистон будааст.[1] Ба гуфтаи Наҷҷошӣ, падараш масеҳӣ буда ва ба Ислом гиравидааст.[2] Аз таърихи таваллуд ва даргузашти Иброҳим ибни Маҳзиёр, итилоъи дақиқе дар даст нест; бо ин ҳол бархе аз пажӯҳишгарон бо истинод ба далоиле, даврони зиндагии вайро байни 195 - 265ҳ.қ. тахмин задаанд.[3] Ин далоил иборатанд аз ин ки вай аз ёрони Имом Ҷавод (а) буда[4] ва пас аз шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) зинда буда[5] ва низ он ки дар ривояте, аз асҳоби Имом Маҳдӣ (а) дониста шудааст.[6]
Алӣ ва Муҳаммад, писарони Иброҳим Маҳзиёр будаанд; Муҳаммад аз асҳоби имоми ёздаҳум буда[7] ва бино бар нақле, Имоми Замон (а)-ро мулоқот кардааст.[8] Ба гуфтаи Алиакбари Ғаффорӣ, номи Алӣ дар кутуби риҷолӣ наёмадааст.[9]
Дар бархе аз манобеи риҷолӣ ва ривоии шиа, кунияи ӯ Абӯисҳоқ зикр шудааст.[10]
Саҳобии имомон
Шайхи Тӯсӣ, Иброҳим ибни Маҳзиёрро аз асҳоби Имом Ҷавод (а),[11] ва Имом Ҳодӣ (а)[12] ба шумор овардааст. Бар асоси ривояте ки дар китоби ал-Кофӣ аз Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҳзиёр нақл шуда, падараш, Иброҳим ибни Маҳзиёр, вакили Имом ёздаҳуми шиаён будааст.[13] Оятуллоҳ Хуӣ ин ривоятро заъиф донистааст.[14]
Мулоқот бо Имоми Замон (аҷ)
Бар асоси ривояте, ки Шайхи Садуқ нақл карда, Иброҳим ибни Маҳзиёр дар Макка бо Имоми Замон (аҷ) мулоқот кардааст.[15] Оятуллоҳ Хӯӣ, дар эътибори ин ривоят ташкик кардааст.[16] Ҳамчунин дар ривояте, ба иртиботи ӯ бо вакилони Имом Маҳдӣ (аҷ) ишора шуда[17] ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, ӯро аз сафирони ҳазрати Маҳдӣ донистааст.[18] Аллома Ҳиллӣ ин ривоятро заъиф донистааст.[19]
Ҷойгоҳи риҷолӣ
Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хӯӣ риҷолиёни шиа дар бораи Иброҳим ибни Маҳзиёри ихтилофи назар доранд; Аллома Маҷлисӣ ӯро сиқа[20] ва Ибни Довӯди Ҳиллӣ, ӯро мамдуҳ[21] дониста[22] ва Абдуннабӣ Ҷазоирӣ дар Ҳови-л-ақвол, ӯро дар бахши риҷол заъиф овардааст.[23]
Момақонӣ ва бархе дигар, барои васоқату мадҳи Иброҳим ибни Маҳзиёр, ба далоиле иттико кардаанд; аз ҷумла васӣ будан аз тарафи Алӣ ибни Маҳзиёр ва сафир будан ӯ барои ҳазрати Маҳдӣ (а).[24] Сайид Абулқосими Хӯӣ, нависандаи маҷмуъаи 23 ҷилдии Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, далолати ин маворид бар мадҳу тавсиқи ӯро заъиф дониста ва худ барои васоқати Иброҳим ибни Маҳзиёр ба қарор гирифтани номаш дар санади ривоёти китоби Комил-уз-зиёрот[25] истидлол кардааст.[26] Бархе аз муҳаққиқони муосир, нақл аз ровӣ дар китоби Комил-уз-зиёротро аз тавсиқоти ом донистаанд;[27] чароки Ибни Қулавайҳ дар муқаддимаи Комил-уз-зиёрот, гуфтааст, ки дар ин китоб фақат аз ровиёни сиқа нақл кардааст.[28]
Ривоёт
Дар манобеи ривоии шиа аз ҷумла кутуби арбаъа, аҳодисе ба нақл аз Иброҳим ибни Маҳзиёр омадааст.[29] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хӯӣ, ном ӯ дар санад беш аз 50 ривоят омадааст.[30]
Иброҳим ибни Маҳзиёр аз имоми даҳум ва ёздаҳуми шиаён[31] ба таври мустақим ҳадис нақл кардааст.[32] Ӯ бо воситаи ровиёне ҳамчун бародараш Алӣ,[33] Солеҳ ибни Синдӣ, Ибни Абиумайр, Ҳусайн ибни Алӣ ибни Билол, Халилон ибни Ҳишом ва бародараш Довӯд ибни Маҳзиёр, ривоят нақл кардааст.[34] Ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ,[35] Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ,[36] Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Яҳё ва Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маҳбуб, аз ровиёне ҳастанд ки аз вай ҳадис нақл кардаанд.[37]
Иброҳим ривоёте дар заминаҳое ҳамчун замони шаҳодат ва синну соли имомон,[38] фазилати намоз хондан дар Масҷидуннабӣ[39] ва масҷиди Кӯфа,[40] савоби зиёрати Имом Ҳусайн[41] ва низ ривоёте дар бораи аҳкоми намоз[42] ва ҳаҷ[43] нақл кардааст. Бархе аз фақиҳони шиа, монанди Соҳибҷавоҳир ба ривояте аз ӯ дар боби аҳкоми намоз истинод кардаанд.[44]
Наҷҷошӣ китобе бо номи ал-Башорот ба Иброҳим ибни Маҳзиёр нисбат додааст.[45] Бархе аз муҳаққиқон эҳтимол додаанд ки ал-Башорот ҳамон китоби бародараш Алӣ ибни Маҳзиёр аст,[46] ки Иброҳим ибни Маҳзиёр онро ривоят карда[47] ва Наҷҷошӣ онро ба вай нисбат додааст.[48]
Эзоҳ
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.253
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.253
- ↑ Гузашта, «Иброҳим ибни Маҳзиёр», ҷ.2, саҳ.458
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.374
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.518
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., саҳ.445 - 453
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.402
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.442
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.466, Понавис
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.16; Момақонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.17
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.374
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.383
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.518
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., саҳ.445 - 453
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.531 - 532
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.416
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1417ҳ.қ., саҳ.51
- ↑ Алломаи Маҷлисӣ, ал-Ваҷизату фи-р-риҷол, саҳ.16; Момақонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.31
- ↑ Ибни Довӯди Ҳиллӣ, Китоб-ур-риҷол, 1342ҳ.ш., саҳ.19
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.304
- ↑ Ҷзоирӣ, Ҳови-л-ақвол, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.249
- ↑ Момқонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.18 - 31; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.4, хотима, саҳ.26 - 29
- ↑ Ниг.: Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.21, 25, 31, 49, 85, 155, 191
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
- ↑ Ереванӣ, Дурусун тамҳидиятун фи-л-қавоид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.35
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.4
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.457, 461, 463; Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263, ҷ.2, саҳ.444
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
- ↑ Барои намуна ниг.: Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.457, 461, 463
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
- ↑ Барои намуна: Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.457
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.457
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, 457, 461, 463, 472, 475, 486, 491, 497, 518
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.21
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.31 - 32
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.155
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.444
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.8, саҳ.63; Омилӣ, Мафотиҳ-ул-карома, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.458
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.16
- ↑ Тӯсӣ, Феҳристу кутуб-иш-шиъа, 1420ҳ.қ., саҳ.265
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.254
- ↑ Гузашта, «Иброҳим ибни Маҳзиёр», ҷ.2, саҳ.458
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Хулосат-ул-ақволи фи маърифат-ир-риҷол, таҳқиқ: Ҷавод Қаюумӣ, Муассит-ун-нашр-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Гузашта, Носир, мадхали Иброҳим ибни Маҳзиёр дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, 1368ҳ.ш.
- Ереванӣ, Муҳаммадбоқир, Дурусун тамҳидиятун фи-л-қавоид-ир-риҷолия, Қум, интишороти Мадян, 1431ҳ.қ.
- Ибни Довӯди Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Китоб-ур-риҷол, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, 1342ҳ.ш.
- Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳ: Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дор-ул-муртазавийя, 1356ҳ.ш.
- Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ - ихтиёри маърифат-ир-риҷол, талхис: Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, тасҳеҳ: Ҳасан Мустафавӣ, Машҳад, Муассисаи нашри Донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ал-Ваҷизату фи-р-риҷол, таҳқиқ: Муҳаммадкозим Раҳмони Ситоиш, Теҳрон, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ.
- Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқеҳ-ул-мақоли фи аҳвол-ир-риҷол, таҳқиқ: Муҳйиддин ва Муҳаммадризо Момақонӣ, Қум, муассисаи Ол-ил-байт лиэҳё-ит-турос, 1431ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ул-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, таҳқиқ: Мӯсои Шубайрии Занҷонӣ, Қум, Муассит-ун-нашр-ил-исломӣ, 1365ҳ.ш.
- Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоили ва мустанбат-ул-масоил, Қум, Муассисату Оли-л-Байт, 1408ҳ.қ.
- Омилӣ, Сайид ҷавод, Мафотиҳ-ул-каромаи фи шарҳи қавоид-ил-Аллома, тасҳеҳ: Муҳаммадбоқири Холисӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дину тамоми алнъмаҳ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, 1395ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Теҳрон, бе но, 1390ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тӯсӣ, таҳқиқ: Ҷавод Қаюумии Исфаҳонӣ, Қум, Муассит-ун-нашр-ил-исломӣ, 1373ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Феҳристу кутуб-иш-шиати ва усулиҳим ва асмо-ил-мусаннифини ва асҳоб-ил-усул, таҳқиқ: Абдулазиз Таботабоӣ, Қум, Мактабат-ул-муҳаққиқ ат-Таботабоӣ, 1420ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, Маркази нашри осори шиа, 1410ҳ.қ./1369ҳ.ш.
- Ҷазоирӣ, Абдуннабӣ, Ҳови-л-ақволи фи маърифат-ир-риҷол, Қум, Муассисату ал-Ҳидояту ли эҳё-ит-турос, 1418ҳ.қ.