Абулфараҷи Исфаҳонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абулфараҷ Исфаҳонӣ)

Абулфараҷи Исфаҳонӣ (форсӣ: اَبوالفَرَجِ اِصفَهانی) (284 - 356ҳ.қ.) аз олимон ва нависандагони қарнҳои сеюм ва чаҳоруми ҳиҷрӣ аст.

Китоби «Мақотил-ут-толибин» маъруфтарин асари ӯ аст, ки таърихи фарзандон ва наберагони Абутолибро аз замони Пайғамбар (с) то миёнаҳои садаи чаҳоруми қамарӣ дарбар мегирад. Китоби маъруфи дигари ӯ «ал-Ағонӣ» бузургтарин энсиклопедияи мусиқӣ ва фарҳанг ва мукаммалтарин девони назму наср ва суннатҳои ҷоҳилии араб ва садри Ислом дониста шудааст.

Риҷолшиносони шиаю суннӣ, Абулфараҷи Исфаҳониро шиаи зайдӣ донистаанд, аммо бархе бо такя ба марвонӣ будани ӯ, дар шиа буданаш шубҳа карда ва ҳадафаш аз қабули мавзеъҳои шиъиро наздик шудан ба ҳокимони шиа таҳлил кардаанд.

Зиндагинома

Алӣ ибни Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҳайсами Марвонӣ, мулаққаб ба Абулфараҷ Исфаҳонӣ, аз наводагони Марвон ибни Муҳаммад маърӯф ба Марвони Ҳимор, охирин халифаи умавӣ аст.[1] Ӯро аз бузургони улуми мухталиф; аз ҷумла: адаб, фиқҳ, таърих, сира, луғат, мағозӣ ва ансобшиносӣ дар давраи худ ба шумор овардаанд.[2] Ӯ дар соли 284 қамарӣ[3] гуфта шудааст, ҳамзамон бо ҳукумати Муътазид - халифаи аббосӣ дар Исфаҳон таваллуд шуд.[4] Дар бораи таваллуди ӯ дар Исфаҳон ва интисобаш ба шаҳри мазкур, ихтилофоте вуҷуд дорад.[5]

Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар кӯдакӣ дар Бағдод ба таҳсили улуми мухталиф пардохта[6] ва аз ҷавонӣ ба мусиқӣ, таърих, забти аҳодис ва ашъор алоқа дошт. Бисёре аз таърихнигорон, аз ҷумла Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Халликон, Саъолибӣ ва Ибни Надим дар бораи ҷойгоҳи ӯ дар улуми мухталиф, сухан гуфтаанд.[7] Танухӣ баъд аз зикри улуме, ки ӯ дар он табаҳҳур дошта, тасреҳ кардааст, ки тамоми тасаллути уламо ва зарофати шуъаро дар ӯ ҷамъ аст.[8]

Ӯро Маҳлабӣ - вазири Иззуддавлаи Дайламӣ ба Бағдод даъват кард ва мушовир ва ходими хосси ӯ шуд.[9] Чуноне, ки Абуҳаён Тавҳидӣ навиштааст, Абулфараҷ котиби Рукнуддавла низ будааст.[10] Ӯ 14-уми зилҳаҷҷаи соли 356ҳ.қ.,[11] ё 357ҳ.қ., дар Бағдод вафот кард ва дар ҳамонҷо ба хок супорида шуд.[12]

Мазҳаб

Бисёре аз риҷолшиносони шиа, аз ҷумла: Шайхи Тусӣ ва Сайид Абулқосим Хуӣ муътақиданд, ки Абулфараҷи Исфаҳонӣ шиа будааст.[13] Бархе аз уламои аҳли суннат, аз ҷумла: Заҳабӣ ва Ибни Ҷавзӣ ҳам ба ташайюъи ӯ изъон кардаанд.[14] Бархе чун Заҳабӣ, ин амрро бо тавваҷуҳ ба интисоби ӯ ба марвониён, аҷиб донистаанд[15] ва Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби Лисон-ул-мизон, шиа будани ӯро бо иттико ба марвонӣ буданаш, аз наводир донистааст.[16] Ибни Ҷавзӣ, шиа будани ӯро мӯҷиби заъфи ривоёташ қаламдод кардааст.[17] Ҳамчунин Хатиби Бағдодӣ, бо ишора ба шиа будани Абулфараҷ, ӯро дурӯғгӯтарини мардум муаррифӣ намудааст.[18]

Шайхи Тусӣ ва Аллома Ҳиллӣ бо такя бар изҳороти Абулфараҷ дар таълифоташ, ӯро дар зумраи шиаёни зайдӣ донистаанд,[19] аммо Муҳаммадбоқири Хонсорӣ (1226 - 1313ҳ.қ.) дар китоби Равзот-ул-ҷаннот, гарчи дар шиаи зайдӣ буданаш шубҳа намекунад, аммо ӯро аҳли тазоҳур ба ташайюъ муаррифӣ карда ва ситоиши ӯ аз аиммаро ба ҳадафи наздик шудан ба подшоҳони асри худ донистааст; чунонки марвонӣ будани ӯро низ далели дигаре бар ғайри имомӣ будани ӯ қаламдод кардааст.[20]

Абулфараҷ дар осори худ ба хусус ал-Ағонӣ ва Мақотил-ут-толибин бо эҳтироми зиёде аз Имом Алӣ (а) ва фарзандонаш ёд карда ва дар тамомии маворид, Имом Алӣ (а)-ро бо унвони Амиралмуъминин хонда[21] ва ба ҷои калимаҳое чун «разияллоҳу анҳу» ва «каррамаллоҳу ваҷҳаҳ», аз «алайҳис-салом» барои аимма (а), истифода кардааст,[22] ки ин худ метавонад яке аз нишонаҳои шиа будани ӯ бошад ва чӣ басо ба ҳамин далел аст, ки бархе аз аҳли суннат ӯро шиа дониста ва аҳодис ва китобҳои ӯро тазъиф кардаанд.[23]

Устодон ва шогирдон

Абулфараҷ Исфаҳонӣ дар маҷолиси илмии бисёре аз олимони ҳамасри худ ҳузур ёфтааст. Хатиби Бағдодӣ ва Ёқути Ҳамавӣ, ба чанд тан аз машоихи ӯ ишора кардаанд;[24] Абубакр ибни Дурайд, яке аз машоихи ӯ дониста шудааст.[25] Бархе дигар аз устодони ӯ иборатанд аз: Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язиди Табарӣ, Ҷаъфар ибни Қудома, Абубакри ибни Анборӣ, Фазл ибни Ҳиҷоби Ҷамҳӣ, Алӣ ибни Сулаймони Ахфаш, Нафтуя, Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Ҳазрамӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфари Қатот, Ҳусайн ибни Умар ибни Абиаҳваси Сақафӣ, Алӣ ибни Аббоси Муқонеъӣ, Алӣ ибни Исҳоқ ибни Зотиё, Абухубаб Бартӣ ва Муҳаммад ибни Аббоси Язид.[26]

Бархе олимон ҳамчун Абузакариёи Яҳё, Абуалҳусайн ибни Динор, Алӣ ибни Иброҳими Даҳакӣ, Доруқутнӣ, Абуисҳоқи Табарӣ, Иброҳим ибни Мухаллад ва Муҳаммад ибни Абилфаворис ва Танухӣ, шогирдони ӯ ба шумор омадаанд.[27]

Осор

Осори таълифии мутааддиде ба Абулфараҷи Исфаҳонӣ мансуб аст.[28] Вай осори бисёре, хоссатан дар шеъру насабшиносӣ, таълиф кардааст, ба гунае ки бархе китобшиносон, наздик ба 30 асар ба ӯ мансуб донистаанд.[29] Машҳуртарин осори ба ҷоймонда аз ӯ, Мақотил-ут-толибин ва ал-Ағонӣ аст.[30] Бархеи дигар аз таълифоти ӯ иборатанд аз: Насаби Банӣ Абдушамс, Айём-ул-араб ва ҷамҳарат-ун-насаб, Одоб-ул-ғурабо, ал-Ахбор ва-н-наводир, Насаби Банӣ Шайбон.[31]

Шайхи Тусӣ дар китоби Феҳристи худ, ду китоби дигар аз ӯ бо номҳои «Мо нузила мин-ал-Қуръон фи Амир-ил-муъминин ва аҳли байтиҳ (а)», ва «Фиҳи каломи Фотима (а) фи Фадак» зикр кардааст.[32] Ашъори фаровоне дар мавзӯоти гуногун ба ӯ мансуб шуда ва дар муқаддимаи китоби ал-Ағонӣ, бархе аз ин ашъор, нақл шудааст.[33]

Китоби Мақотил-ут-толибин, асари Абулфараҷи Исфаҳонӣ

Мақотил-ут-толибин

Мақолаи аслӣ: Мақотил-ут-толибин (китоб)

Китоби Мақотил-ут-толибин, ба забони арабӣ, дар 19 фасл ва 216 бахш, ба баёни саргузашти фарзандон ва наводагони Абутолиб - падари Имом Алӣ (а) мепардозад.[34] Шарҳи тафсилии шаҳодати Ҷаъфар ибни Абутолб, Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), соҳиби Фах, Имом Козим (а) ва Имом Ризо (а), аз шохисаҳои Мақотил-ут-толибин дониста шудааст.[35] Ин китоб ба шеваи ривоӣ тадвин шуда ва дар сӣ солагии Абулфараҷи Исфаҳонӣ; яъне ҳаволии соли 313 қамарӣ навишта шудааст.[36] Шайхи Муфид дар китоби ал-Иршод, бисёре аз ривоёти Мақотил-ут-толибинро нақл кардааст.[37] Абулфараҷи Исфаҳонӣ, чунонки Расул Ҷаъфариён гуфтааст, ривоёти китоби Мақотил-ут-толибинро умдатан аз китоби ал-Мубязза фи ахбори Оли Абитолиб, навиштаи Аҳмад ибни Убайдуллоҳи Сақафӣ нақл карда ва ҳамчунин аз китоби дигаре ба номи Мақотил-ут-толибин, навиштаи Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳамзаи Алавӣ ҳам истифода кардааст.[38]

Ин китоб ба сабаби ҷомеъият ва диққат дар нақли ахбор, мавриди тавваҷуҳ бисёре аз муаллифон қарор гирифтааст, ба гунае, ки бархе чун Шайхи Муфид онро аз манобеи аслӣ муаррифӣ кардаанд.[39]

Ал-Ағонӣ

Мақолаи аслӣ: Ал-Ағонӣ

Ал-Ағонӣ, дар муддати 50 сол тавассути Абулфараҷи Исфаҳонӣ ҷамъоварӣ ва таълиф шуда[40] ва дар муддати чанд қарн, аз манобеи муҳим дар бораи мусиқӣ, адабиёт, таърих ва ҳунари даврони тамаддуни исломӣ маҳсуб мешудааст.[41] Ин китоб бузургтарин доиратулмаорифи мусиқӣ ва фарҳанг, ва низ ҷомеътарин девони назму наср ва суннатҳои араби ҷоҳилӣ ва садри Ислом хонда шудааст,[42] ки ҳовии маҷмӯае аз шарҳи аҳволи созандагон, сурудхонон, навозандагони мусиқӣ ва нағмаҳои он даврон маҳсуб мешавад.[43] Ин китоб дар 20 ҷилд навишта шудааст.[44] Зириклӣ дар китоби худ, ал-Аълом, иддао кардааст, ки Абулфараҷ Исфаҳонӣ, китоби ал-Ағонӣро барои ҳокими умавии Анделус фиристод ва аз ӯ подош гирифт.[45]

Эзоҳ

  1. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.198; Амин, Мустадрикоти Аъён-уш-шиъа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146; Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.14.
  2. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.397; Ибни ал-Имод ал-Ҳанбалӣ, Шазарот-ут-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.292; Сафдӣ, Сарф-ул-айн, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.200; Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.368.
  3. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.398; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.198.
  4. Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.14.
  5. Амин, Мустадрикоти Аъён-уш-шиъа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146.
  6. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406, ҷ.8, саҳ.198.
  7. Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.15 - 16.
  8. Танухӣ, Нишвор-ул-муҳозира ва ахбор-ул-музокира, 1391ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.10.
  9. Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.308; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.144; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, 1993м., ҷ.13, саҳ.100.
  10. Абуҳаён Тавҳидӣ, Ахлоқ-ул-вазирайн, 1992м., саҳ.421.
  11. Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.308; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.398; Сафдӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1420, ҷ.21, саҳ.16; Сафдӣ, Сарф-ул-айн, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.198.
  12. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.376.
  13. Шайхи Тусӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.544; Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1381ҳ.ш., саҳ.465; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.367.
  14. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.185; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1414ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.202; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.123; Ибни ал-Имод ал-Ҳанбалӣ, Шазарот-ут-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.292; Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.308; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.399.
  15. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.144; Ибни ал-Имод ал-Ҳанбалӣ, Шазарот-ут-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.292.
  16. Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.9.
  17. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.185.
  18. Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.8.
  19. Шайхи Тусӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.544; Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1381ҳ.ш., саҳ.465.
  20. Хонсории Исфаҳонӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1392ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.221.
  21. Хонсории Исфаҳонӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1392ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.221.
  22. Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, саҳ.39.
  23. Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, саҳ.41 ва 59 ва 69 ва 116 ва 118 ва 412 ва 460 ва...
  24. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.185, Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.144.
  25. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.397; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, 1993м., ҷ.13, саҳ.95; Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.14.
  26. Ибни Дурайд, ал-Иштиқоқ, 1378ҳ.қ., муқаддима, саҳ.7.
  27. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.397; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, 1993м., ҷ.13, саҳ.95; Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.1, саҳ.14.
  28. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.398; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1414ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.202.
  29. Ибни ал-Имод ал-Ҳанбалӣ, Шазарот-ут-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.292.
  30. Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.24.
  31. Қоимӣ, “Абулфараҷ Исфаҳонӣ”, саҳ.50 - 51.
  32. Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.308; Ибни Надим, Феҳристи Ибни Надим, Бейрут, саҳ.128; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.397; Шайхи Тусӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.281; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.144; Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249; Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.4, саҳ.278.
  33. Шайхи Тусӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.544; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372ҳ.қ., саҳ.368.
  34. Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.18 - 23.
  35. Одил, “Абулфараҷ Исфаҳонӣ ва тарҷумаи Мақотил-ут-толибин”, саҳ.48.
  36. Одил, “Абулфараҷ Исфаҳонӣ ва тарҷумаи Мақотил-ут-толибин”, саҳ.48.
  37. Абулфараҷ Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., саҳ.5; Одил, “Абулфараҷ Исфаҳонӣ ва тарҷумаи Мақотил-ут-толибин”, саҳ.48.
  38. Хонҷонӣ, “Манобеи Шайхи Муфид дар гузоришҳои таърихӣ”, саҳ.27 - 30.
  39. Ҷаъфариён, “Алӣ ибни Муҳаммади Нувфалӣ ва китоби ал-Ахбори ӯ”, саҳ.359.
  40. Хонҷонӣ, Манобеи Шайхи Муфид дар гузоришҳои таърихӣ, таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, поизи 1387, № 19.
  41. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.4, саҳ.278; Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.25.
  42. Гулсурхӣ, “Китоби ал-Ағонӣ”, саҳ.111 - 112.
  43. Гулсурхӣ, “Китоби ал-Ағонӣ”, 1370ҳ.ш., саҳ.111 - 112.
  44. Гулсурхӣ, “Китоби ал-Ағонӣ”, 1370ҳ.ш., саҳ.111 - 112.
  45. Гулсурхӣ, “Китоби ал-Ағонӣ”, 1370ҳ.ш., саҳ.111 - 112; Абулфараҷ Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.1, саҳ.25;Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.4, саҳ.278.

Сарчашма

  • Абулфараҷ Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, шарҳ ва таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1419ҳ.қ./1998м.
  • Абулфараҷ Исфаҳонӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1994м.
  • Абуҳаён Тавҳидӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Ахлоқ-ул-вазирайн, таҳқиқи Муҳаммад ибни Товият ат-Тинҷӣ, Бейрут, Дорусодир, 1992м.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1406ҳ.қ.
  • Амин, Сайидҳасан, Мустадракоти Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1408ҳ.қ.
  • Гулсурхӣ, Эраҷ, “Китоби ал-Ағонӣ”, дар маҷаллаи Фарҳанг, № 8, баҳори 1370.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-удабо, Бейрут, Дорул-ғарбил-исломӣ, 1993м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Мизон-ул-эътидол фи нақд-ир-риҷол, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорул-маърифат лил-табоъати ван-нашр, 1382ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1414ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи ҳаштум, 1989ҳ.қ.
  • Ибни ал-Имод ал-Ҳанбалӣ, Абдулҳай ибни Аҳмад, Шазарот-ут-заҳаб фи ахбори мин заҳаб, таҳқиқи ал-Арнаъут, Бейрут, Дору Ибни Касир, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Дурайд, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иштиқоқ, таҳқиқи Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун, Қоҳира, Мактабатул-Хонҷӣ, 1378ҳ.қ.
  • Ибни Надим, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Феҳристи Ибни Надим, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Халликон, Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъён, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Қум, ал-Шариф ар-Разӣ, 1364ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато ва Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Қоимӣ, Муҳаммад, “Абулфараҷ Исфаҳонӣ”, дар маҷаллаи Фарҳанги Исфаҳон, № 31, соли 1339ҳ.ш.
  • Одил, Парвиз, “Абулфараҷ Исфаҳонӣ ва тарҷумаи Мақотил-ут-толибин”, дар маҷаллаи Китоби моҳи таърих ва ҷуғрофиё, № 26, озари 1378ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Сафдӣ, Халил ибни Айбак, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, таҳқиқи Аҳмад ал-Арнаут ва Мустафо Туркӣ, Бейрут, Дору эҳёил-турос, 1420ҳ.қ.
  • Сафдӣ, Халил ибни Айбак, Сарф-ул-айн, Қоҳира, Дорул-офоқил-арабия, 1425ҳ.қ.
  • Танухӣ, Муҳсин ибни Алӣ, Нишвор-ул-муҳозира ва ахбор-ул-музокира, таҳқиқи Абуд ал-Шолуҷӣ, Бейрут, 1391ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Хонсории Исфаҳонӣ, Муҳаммадбоқир ибни Зайналъобидин, Равзот-ул-ҷаннот: фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот, таҳқиқи Асадуллоҳ Исмоилиён, Теҳрон, Исмоилён, 1392ҳ.қ.
  • Хонҷонӣ, Қосим, “Манобеи Шайхи Муфид дар гузоришҳои таърихӣ”, дар маҷаллаи Таърихи Ислом дар оинаи пажуҳиш, № 19, поизи 1387.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Дорул-сақофатил-исломийя, 1372ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Хулосат-ул-ақвол фи маърифат-ир-риҷол, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1381ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, «Алӣ ибни Муҳаммад Навфалӣ ва китоби ал-Ахбори ӯ», дар маҷаллаи Улуми ҳадис, поиз ва зимистон 1387, № 49 ва 50.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Феҳристи кутуб-иш-шиъати ва усулуҳум ва асмо-ил-мусаннифин ва асҳоб-ил-усул, Қум, Мактабатул-Муҳаққиқ ал-Таботабоӣ, 1420ҳ.қ.