Абраҳа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абраҳаи Ашрам)
Таблои Асҳоби фил, асари Исфандиёр Аҳмадия

Абраҳа ё Абраҳаи Ашрам, подшоҳи Яман ва фармондеҳи Асҳоби фил буд, ки барои вайрон кардани Каъба ба Макка лашкаркашӣ кард, аммо Абобилу Сиҷҷил ӯро шикаст доданд. Абраҳа бар асари захме, ки дар ин моҷаро гирифт, баъдҳо дар Яман вафот кард.

Абраҳа пайрави дини насронӣ ва ҳокими Яман буд.

Ҳадафи ӯ аз нобуд кардани Каъба вокуниш ба беҳурматии як яманӣ ба калисое буд, ки барои ҷилавгирӣ аз сафари онҳо ба Макка сохта буд. Тавсеаи нуфузи насронӣ ва таъмини манофеи Руму Ҳабаша низ аз аҳдофи ҳамлаи ӯ ба Макка буда аст.


Муаррифӣ

Абраҳа аҳли Ҳабаша буд.[1] Ӯ дар қарни шашуми мелодӣ, ҳаволии соли таваллуди Пайғамбари Ислом мезист.[2] Абраҳа бо шикаст додани яманиҳо подшоҳи онҷо шуд.[3]

Абраҳа ба хотири захме, ки дар ҷанг бар рӯяш зада шуд, ашрам (дорои бинӣ ва лаби шикофта) хонда мешуд.[4] Бо ин ҳол, дар Далоил-ун-нубувват номаш «Абраҳа ибни Ашрам» сабт шудааст.[5] Гуфта шудааст, ашрам номи падари ӯ набудааст[6] чунончӣ дар Муъҷам-ул-булдон номи падараш Сабоҳ сабт шудааст.[7]

Ҳамчунин Абраҳаро Абуяксум,[8] Соҳибул-фил[9] ва Абраҳаи Ҳабашӣ мехонданд.

Лашкаркашӣ ба Макка

Мақолаи аслӣ: Асҳоби фил

Абраҳа, бо лашкаре ки филҳо пешопеши он буданд, ба самти Макка лашкар кашид[10] то Каъбаро нобуд кунад.[11] Бинобар оёти Қуръон, парандагоне дар осмон пайдо шуда, ононро сангборон карданд.[12] Сипоҳи Абраҳа пас аз шикаст ба Яман баргашт.[13] Абраҳа низ дар ин моҷаро ҷароҳате бардошт ва пас аз интиқол ба Яман дар онҷо даргузашт.[14]

Дар сураи Фил моҷарои Асҳоби фил ва нобудии онон ба василаи Абобилу Сиҷҷил омадааст.[15]

Ангезаи тахриби Каъба

Абраҳа пайрави дини насронӣ буд.[16] Ӯ барои пешгирӣ аз сафари арабҳои Яман ба Макка, калисое дар Санъо сохта, бо тиллою ҷавоҳирот онро тазйин кард ва онҳоро маҷбур кард онро зиёрат кунанд.[17] Калисои мазкур «Қилис» хонда мешуд,[18] ва бо ҳадафи боздоштани арабҳо аз сафар ба Макка сохта шуда буд.[19] Аммо яке аз яманиҳо ба ин калисо беҳурматӣ кард, аз ин рӯ, Абраҳа қасам хурд, ки Каъбаро нобуд кунад.[20] Бо ин ҳол, густариши нуфузи масеҳият дар бахшҳои ғарбӣ ва ҷанубии нимҷазираи Арабистон ва ҳамчунин таъмини манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Руму Ҳабаша, яке аз сабабҳои ҳамлаи Абраҳа ба Маккаи дониста шудааст.[21]

Ҳукумат бар Яман

Абраҳа фармондеҳи яке аз ду сипоҳе буд, ки ҳокими Ҳабаша ба Яман фиристод то онро тасарруф кунанд.[22] Бар сипоҳи дигар шахсе ба номи Арёт фармондеҳӣ мекард.[23] Бар асоси бархе нақлҳо, танҳо як сипоҳ ба фармондеҳии Арёт ба Яман фиристода шуд ва Абраҳа ҷузви сипоҳиёни Арёт буд.[24]

Пас аз фатҳи Яман ба дасти сипоҳи Ҳабаша[25] байни Арёт ва Абраҳа ҷанг шуд.[26] Абраҳа, Арётро кушт ва ҳокими Яман шуд.[27]

Ба гузориши Масъудӣ, кушта шудани Арёт, хашми подшоҳи Ҳабашаро ба ҳамроҳ дошт ва ӯ тасмим гирифт бо сипоҳе ҳамла карда, Абраҳаро нобуд кунад.[28] Аммо Абраҳа ҳадяҳоеро ба ҳамроҳи номае барои подшоҳи Ҳабаша фиристод, дар он илова бар талаби бахшиш, вафодорӣ ва итоат аз подшоҳи Ҳабашаро эълом кард.[29] подшоҳи Ҳабаша низ ӯро бахшид.[30]

Ҷусторҳои вобаста

Асҳоби фил

Абобил

Сиҷҷил

Эзоҳ

  1. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.68.
  2. Баргнайсӣ, “Абраҳа”, ҷ.2, саҳ.563.
  3. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаъид, ҷ.3, саҳ.185.
  4. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129.
  5. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.117.
  6. Баргнайсӣ, “Абраҳа”, ҷ.2, саҳ.563.
  7. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.3, саҳ.53.
  8. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.164.
  9. Самъонӣ‏, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.200.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.335.
  12. Ниг.: сураи Фил.
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.335.
  14. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.638.
  15. Сураи Фил, ояти 1 - 5.
  16. Ҷаводъалӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араби қабла-л-Ислом, ҷ.6, саҳ.184.
  17. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67.
  18. Ибни ал-Калбӣ‏, ал-Асном, 1364ҳ.ш., саҳ.46 - 47.
  19. Ибни Касири Димишқӣ‏, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.170.
  20. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67.
  21. Баргнайсӣ, “Абраҳа”, ҷ.2, саҳ.569.
  22. Ибни Касири Димишқӣ‏, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.306.
  23. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.125.
  24. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.1, саҳ.200.
  25. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.41.
  26. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52.
  27. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаъид, ҷ.3, саҳ.185.
  28. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.42.
  29. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаъид, ҷ.3, саҳ.185.
  30. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.42.

Сарчашма

  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-набувват ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариъат, таҳқиқи Абдулмуътӣ Қалъаҷӣ, Дорул-кутубил-илмийя, Бейрут, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор, Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Баргнайсӣ, “Абраҳа”, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.2, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1368ҳ.ш.
  • Ёқут Ҳамавӣ, Шаҳобиддин Абубдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Калбӣ‏, Ҳишом ибни Муҳаммад, ал-Асном‏, Теҳрон, Нашри нав, 1364ҳ.ш.
  • Ибни Касири Димишқӣ‏, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Аккоша, Қоҳира, ал-Ҳайатул-мисрийятил-омма лил-китоб, 1992м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо, Иброҳим ал-Абёрӣ, Абдулҳафиз Шилбӣ, Дорул-маърифат, Бейрут, чопи аввал, бе то.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-диния, Бур Саид, бе то.
  • Мақризӣ, Тақиюддин, Имтоъ-ул-асмоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид Намисӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Самъонӣ‏, Абдукарим ибни Муҳаммад, ал-Ансоб, таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Яҳё Муъаллимии Ямонӣ, Ҳайдаробод, Маҷлиси доиратулмаорифил-Усмония, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Ҷаводъалӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араби қабла-л-Ислом, беҷо, Дорул-соқӣ, 2001м.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, Бейрут, чопи аввал, бе то.