Абдуллоҳ ибни Абиҳусайн Аздии Баҷалӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абдуллоҳ ибни Ҳасани Аздӣ)

Абдуллоҳ ибни Абиҳусайн Аздии Баҷалӣ (арабӣ:عبدالله بن اَبی‌حُصَین اَزدی بَجَلی) аз лашкариёни Умар ибни Саъд дар воқеаи Карбало ва аз неруҳои таҳти фармони Амр ибни Ҳаҷҷоҷ буд, ки обро бар Имом Ҳусайн (а) бастанд.

Гуфтаанд, ки Имом Ҳусайн (а) ӯро нафрин кард.

Ному насаб

Абдуллоҳ ибни Абиҳусайнро дар шумори қабила Баҷила овардаанд.[1] Номаш дар манобеъ, Абдуллоҳ ибни Ҳусайн[2] ва Абдуллоҳ ибни Ҳасани Аздӣ[3] низ сабт шудааст.

Ҳузур дар лашкари Ибни Саъд

Абдуллоҳ ибни Абиҳусайн, дар воқеаи Карбало аз лашкариёни Умар ибни Саъд ва дар гуруҳи Амр ибни Ҳаҷҷоҷ буд, ки обро бар рӯи Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш бастанд.

7-уми муҳаррам, Убайдуллоҳ ибни Зиёд дар номае аз Умар ибни Саъд хост, ки байни об ва Имом Ҳусайн (а) ҷудоӣ афканад. Вақте ин нома ба дасти Умар ибни Саъд расид, ба Амр ибни Ҳаҷҷоҷ фармон дод, монеъи дастрасии Имом Ҳусайн(а) ва ёронаш ба шариъаи Фурот шавад. Ба нақли манобеъ, Абдуллоҳ ибни Абиҳусайни Аздӣ ба Имом Ҳусайн (а) гуфт:

“Оё ба об нигоҳ намекунӣ, ки ҳамчун қалби осмон аст! Ба Худо қасам, ҷуръае аз он нахоҳӣ нӯшид то ташна бимирӣ!”. [Ниёзманди манбаъ]

Имом Ҳусайн (а) фармуд: “Худовандо! Ӯро ташна бимирон ва ҳаргиз наёмурз”.[4] Ба гузориши Ҳумайд ибни Муслими Аздӣ, ӯ пас аз воқеаи Карбало бемор шуд ва ҳарчӣ об мехурд, ташнагиаш

бартараф намешуд то инки аз дунё рафт.[5]

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.281, 303, ҷ.4, саҳ.53; Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.412.
  2. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.181; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.87; Ибни Намо, Мусир-ул-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.71; Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, саҳ.301; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.389; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, Дорул-кутубил-исломия, саҳ.325.
  3. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.223.
  4. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.412; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.181; Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.412.
  5. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.412; Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.412; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.53 - 54.

Ёддошт


Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммадбоқир ал-Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1977м./1397ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Аъсами Куфӣ, Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ибни Намои Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, Қум, интишороти мадрасаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1406ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти ал-Шариф ал-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Нафас-ул-маҳмум фи мусибати Сайидана-л-Ҳусайн ал-мазлум ва ялиҳи нафсат-ул-масдур фимо ятаҷаддаду биҳи ҳузн-ул-ошур, Наҷаф, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1404ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, Қум, интишороти конгресси ҷаҳонии Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, бе то.