Абдуллоҳ ибни Мисмаъи Ҳамдонӣ

Аз wikishia

Абдуллоҳ ибни Мисмаъи Ҳамдонӣ (зинда дар 60ҳ.қ.) яке аз шиаёни Куфа буд, ки ба ҳамроҳи Абдуллоҳ ибни Воли Таймӣ, аввалин номаи шиаёни Куфаро ба Имом Ҳусайн (а) дар Макка расонд.

Ба гузориши Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (ваф.310ҳ.қ.) - таърихнигори машҳур, дар Таърих-ул-умами ва-л-мулук ба нақл аз Абумихнаф - таърихнигори шиа (ваф.157ҳ.қ.), шиаёни Куфа пас аз шунидани хабари марги Муъовия ибни Абисуфён (15 раҷаби 60ҳ.қ.), дар хонаи Сулаймон ибни Суради Хузоъӣ - аз бузургони шиа, ҷамъ шуданд ва ӯ ба онон гуфт, ки Ҳусайн аз байъат бо Язид сар боз зада, шумо шиаи Ҳусайн ва падараш ҳастед, агар ӯро ёрӣ мекунед, ба ӯ хабар диҳед.[1]

Сипас ин гуруҳ ба Ҳусайн ибни Алӣ (а) нома навишта ӯро ба Куфа даъват карданд. Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, номаи мазкурро Абдуллоҳ ибни Мисмаъи Ҳамдонӣ ва Абдуллоҳ ибни Вол дар 10-уми Рамазони 60-и ҳиҷрии қамарӣ дар Макка ба Имом Ҳусайн (а) расонданд.[2]

Шайх Муфид - таърихнигори шиа (ваф.413ҳ.қ.) низ ин гузоришро дар китоби ал-Иршод нақл карда ва исми пайкро Абдуллоҳ ибни Мисмаъи Ҳамдонӣ навиштааст.[3] Дар Ахбор-ут-тивол, асари Ибни Қутайбаи Динаварӣ (ваф.283ҳ.қ.), номи ӯ Убайдуллоҳ ибни Сабиъи Ҳамдонӣ омадааст.[4]

Ҷусторҳои вобаста

Абдуллоҳ ибни Воли Таймӣ

Номаҳои куфиён ба Имом Ҳусайн(а)

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.261 ва 262.
  2. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.261 ва 262.
  3. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.36 ва 37.
  4. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1373ҳ.ш., саҳ.229.

Сарчашма

  • Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, Ахбор-ут-тивол, Қум, нашри Шарифи Разӣ, 1373ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, нашри Аъламӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, тасҳеҳи Муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси ҳазораи Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.