Абдуллоҳ ибни Ақил
Абдуллоҳ ибни Ақил ибни Абитолиб (шаҳодат: рӯзи Ошурои соли 61 ҳиҷрӣ) мулаққаб ба Абдуллоҳи Акбар аз шуҳадои Банӣ Ҳошим дар воқеаи Карбало.
Абдуллоҳ бо Маймуна духтари Имом Алӣ (а) издивоҷ кард ва аз ӯ соҳиби фарзанд шуд. Ӯ дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расид, ҳарчанд ки дар бархе манобеъ номаш дар зумраи шуҳадои Карбало наёмадааст.
Хонадон
Абдуллоҳ мулаққаб ба Абдуллоҳи Акбар фарзанди Ақил ибни Абитолиб[1] модараш Уммулбанин Килобия ва ба нақлӣ, Уммуанис будааст.[2] Табарӣ модарашро уммивалад донистааст.[3]
Бархеҳо куняи Абдуллоҳро Абусаид дониста ва ӯро падари Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил, ки дар Карбало ба шаҳодат расид, медонанд,[4] аммо бар асоси ончӣ дар манобеи торихӣ омадааст, Ақил фарзанде ба номи Абусаид доштааст, ки ғайр аз Абдуллоҳ аст.[5] Бино ба гузориши манобеи торихӣ, Ақил фарзанде ба номи Абдуллоҳи Асғар низ доштааст.[6] Гуфта шудааст, ӯ низ дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расидааст.[7]
Абдуллоҳи Акбар бо Маймуна духтари Имом Алӣ (а) издивоҷ кард.[8] Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ аз Муҳаммад, Руқия ва Уммикулсум ба унвони фарзандони вай ёд кардааст, ки модарашон Маймуна бинти Алӣ (а) будааст.[9] Ҳамчунин Ибни Суфӣ насабшиноси қарни панҷуми қамарӣ, Муҳаммад, Алӣ, Ақил, Муслим ва Абдурраҳмонро фарзандони ӯ донистааст.[10]
Шаҳодат
Абдуллоҳ ибни Ақил дар рӯзи Ошуро дар рикоби Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расид.[11] Дар манобеи мухталиф номи ӯ ба унвони яке аз шуҳадои воқеаи Карбало зикр шудааст.[12] Дар Мақотил-ут-толибин қотили ӯ, Абдуллоҳ ибни Холиди Ҷуҳаннӣ ва марде аз Ҳамадон зикр шудааст.[13] Бино бар нақли Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, қотили ӯ Амр ибни Субайҳи Сайдовӣ аст.[14]
Дар китоби ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин аз чаҳор тан аз фарзандон ва ду тан аз наводагони Ақил [Ёддошт 1] ба унвони шуҳадои Карбало ёд шудааст, номи ӯ байни онҳо нест.[15]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69 - 71.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
- ↑ Шарифи Кошонӣ, Тазкират-уш-шуҳадо, 1308ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.154.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, 1381ҳ.ш., саҳ.224 - 225.
- ↑ Ибни Суфӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, 1422ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71.
- ↑ Ибни Суфӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, 1422ҳ.қ., саҳ.520.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.224; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.62; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.53; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.254.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
- ↑ Ибни Суфӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, 1422ҳ.қ., саҳ.521.
Ёддошт
Сарчашма
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1419ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.2), таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1394ҳ.қ./1974м.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1397ҳ.қ./1977м.
- Ибни Суфӣ Насоба, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, Қум, Мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, Маръашии Наҷафӣ, 1422ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳис-салом, таҳқиқ: Юсуф Биқоъӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1412ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-туросил-арабӣ, 1967м./1387ҳ.қ.
- Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, Анворул-ҳудо, 1423ҳ.қ.
- Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, Қум, Ёқут, 1381ҳ.ш.
- Шарифи Кошонӣ, Муллоҳабибуллоҳ, Тазкират-уш-шуҳадо, ба иҳтимоми Муҳаммадшариф, истинсохи 1308ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found