Абдуллоҳ ибни Ақил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абдуллоҳи Акбар)
Оромгоҳи шуҳадои Карбало

Абдуллоҳ ибни Ақил ибни Абитолиб (шаҳодат: рӯзи Ошурои соли 61 ҳиҷрӣ) мулаққаб ба Абдуллоҳи Акбар аз шуҳадои Банӣ Ҳошим дар воқеаи Карбало.

Абдуллоҳ бо Маймуна духтари Имом Алӣ (а) издивоҷ кард ва аз ӯ соҳиби фарзанд шуд. Ӯ дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расид, ҳарчанд ки дар бархе манобеъ номаш дар зумраи шуҳадои Карбало наёмадааст.

Хонадон

Абдуллоҳ мулаққаб ба Абдуллоҳи Акбар фарзанди Ақил ибни Абитолиб[1] модараш Уммулбанин Килобия ва ба нақлӣ, Уммуанис будааст.[2] Табарӣ модарашро уммивалад донистааст.[3]

Бархеҳо куняи Абдуллоҳро Абусаид дониста ва ӯро падари Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил, ки дар Карбало ба шаҳодат расид, медонанд,[4] аммо бар асоси ончӣ дар манобеи торихӣ омадааст, Ақил фарзанде ба номи Абусаид доштааст, ки ғайр аз Абдуллоҳ аст.[5] Бино ба гузориши манобеи торихӣ, Ақил фарзанде ба номи Абдуллоҳи Асғар низ доштааст.[6] Гуфта шудааст, ӯ низ дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расидааст.[7]

Абдуллоҳи Акбар бо Маймуна духтари Имом Алӣ (а) издивоҷ кард.[8] Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ аз Муҳаммад, Руқия ва Уммикулсум ба унвони фарзандони вай ёд кардааст, ки модарашон Маймуна бинти Алӣ (а) будааст.[9] Ҳамчунин Ибни Суфӣ насабшиноси қарни панҷуми қамарӣ, Муҳаммад, Алӣ, Ақил, Муслим ва Абдурраҳмонро фарзандони ӯ донистааст.[10]

Шаҳодат

Абдуллоҳ ибни Ақил дар рӯзи Ошуро дар рикоби Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расид.[11] Дар манобеи мухталиф номи ӯ ба унвони яке аз шуҳадои воқеаи Карбало зикр шудааст.[12] Дар Мақотил-ут-толибин қотили ӯ, Абдуллоҳ ибни Холиди Ҷуҳаннӣ ва марде аз Ҳамадон зикр шудааст.[13] Бино бар нақли Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, қотили ӯ Амр ибни Субайҳи Сайдовӣ аст.[14]

Дар китоби ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин аз чаҳор тан аз фарзандон ва ду тан аз наводагони Ақил [Ёддошт 1] ба унвони шуҳадои Карбало ёд шудааст, номи ӯ байни онҳо нест.[15]

Ҷусторҳои вобаста

Абдурраҳмон ибни Ақил

Ҷаъфар ибни Ақил

Муслим ибни Ақил

Муҳаммад ибни Абисаид

Абдуллоҳ ибни Муслим

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69 - 71.
  2. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70.
  3. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
  4. Шарифи Кошонӣ, Тазкират-уш-шуҳадо, 1308ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.154.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69.
  7. Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, 1381ҳ.ш., саҳ.224 - 225.
  8. Ибни Суфӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, 1422ҳ.қ., саҳ.200.
  9. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71.
  10. Ибни Суфӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, 1422ҳ.қ., саҳ.520.
  11. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
  12. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.224; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.62; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.53; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.254.
  13. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97.
  14. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
  15. Ибни Суфӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, 1422ҳ.қ., саҳ.521.

Ёддошт

  1. Абдурраҳмон ибни Ақил, Ҳамза ибни Ақил, Ҷаъфар ибни Ақил, Абусаид Аҳвал ибни Ақил, Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил ва Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Ақил.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1419ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.2), таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1394ҳ.қ./1974м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1397ҳ.қ./1977м.
  • Ибни Суфӣ Насоба, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибийин, Қум, Мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, Маръашии Наҷафӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳис-салом, таҳқиқ: Юсуф Биқоъӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1412ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-туросил-арабӣ, 1967м./1387ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, Анворул-ҳудо, 1423ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, Қум, Ёқут, 1381ҳ.ш.
  • Шарифи Кошонӣ, Муллоҳабибуллоҳ, Тазкират-уш-шуҳадо, ба иҳтимоми Муҳаммадшариф, истинсохи 1308ҳ.қ.