Ҳаққи волидайн

Аз wikishia

Бо эҳсон ба волидайн иштибоҳ нашавад.

Ҳаққи волидайн (форсӣ: حق والدین) ҳуқуқе аст ки падару модар бар фарзандони хеш доранд. Риояти ин ҳуқуқ аз дастуроти муҳими Илоҳӣ шумурда шуда ва пас аз ҳаққи Худо, онро бузургтарин ҳақ бар гардани фарзанд донистаанд.

Дар манобеи динӣ, эҳсон, эҳтиром ва итоат аз волидайн ва таъмини ниёзҳои молии онҳо аз ҷумлаи ҳуқуқи падару модар бар фарзанд қаламдод шудааст. Дар Қуръон, пас аз фармони эҳсон ба волидайн, аз фарзандон хоста шуда ки на танҳо аз бадрафторӣ ва камтарин тундӣ бо падар ва модар бипарҳезанд, балки дар баробари онҳо фурӯтанӣ кунанд ва дар замони ҳаёт ва пас аз маргашон дар ҳаққи онҳо дуо кунанд. Дар аҳодиси маъсумон низ, некӣ дар рафтор бо падару модар, аз бартарину маҳбубтарин аъмол назд Худо ва аз вижагиҳои боризи шиаён шумурда шудааст.

Фақиҳон итоат аз падару модарро дар ҷое ки нофармонӣ муҷиби озорашон мешавад, воҷиб медонанд; магар ин ки волидайн амр ба анҷоми гуноҳ кунанд. Ҳамчунин тибқи фатвои онон, бар фарзанд воҷиб аст ки дар сурати тавоноӣ, хароҷоти падару модари ниёзманди худро таъмин кунад.

Ҷойгоҳ ва аҳамияти ҳаққи волидайн

Қуръони маҷид:

“Ва Худоро бипарастеду чизеро бо Ӯ шарик магардонед ва ба падару модар эҳсон кунед!”

Сураи Нисо, ояти 36, тарҷумаи Фулодванд

Риояти ҳаққи волидайн аз дастуроти муҳими Илоҳӣ қаламдод шуда[1] ва пас аз ҳаққи Худо, онро бузургтарин ҳақ бар гардани фарзанд донистаанд.[2] Некӣ ва эҳсон ба волидайн ки аз ҷумлаи ҳуқуқи падару модар шумурда мешавад,[3] чанд бор дар Қуръон мавриди таъкид қарор гирифтааст.[4] Такрори ин суфориш, он ҳам билофосила пас аз амр ба ибодати Худо ва наҳй аз ширк варзидан ба Ӯро[5] нишонаи аҳамияти вижаи ин омӯзаи ахлоқӣ ва динӣ донистаанд.[6]

Дар ҷавомеъи ҳадисии шиа ва суннӣ низ бар ҷойгоҳи вижаи волидайни таъкид шуда ва бахши мустақиле ба он бахшида шуда[7] ва ҳақношиносӣ ва нофармонӣ аз волидайн ҳаром ва дар зумраи гуноҳони кабира шумурда шудааст.[8] Таъкид бар эҳтироми волидайн дар бархе китобҳои адёни дигар ҳамчун Аҳди атиқ низ омадааст.[9]

Волидайн чӣ ҳуқуқе доранд?

Дар манобеи динӣ, эҳсон ва эҳтиром ба волидайн[10] ва итоат аз онҳо[11] ва таъмини ниёзҳои молияшан,[12] дар шумори ҳуқуқи падару модари қарор гирифтааст.

Имом Козим (а):

“Марде аз Расули Худо (с) пурсид: ҳаққи падар бар фарзандаш чист? Фармуд: ӯро ба номаш нахонад ва пешопеши ӯ роҳ наравад ва пеш аз ӯ нанишинад ва коре накунад, ки мардум падарашро дашном диҳанд.”

Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158


Эҳсон ва эҳтиром

Мақолаи аслӣ: Эҳсон ба волидайн

Эҳсону эҳтиром ба волидайн ҷузви ҳуқуқи падару модар шумурда мешавад.[13] Шайх Ҳурри Омилӣ дар китоби васоил бахше бо унвони ҳуқуқ волидайн оварда ва дар он, аҳодисеро дар бораи некӣ, эҳсон ва эҳтиром ба падару модар зикр кардааст.[14]

Дар аҳодиси маъсумон омадааст некӣ дар рафтор бо падару модар, аз бартарин[15] ва маҳбубтарин аъмол назд Худо[16] ва аз вижагиҳои боризи шиаён аст.[17] Ҳамчунин хушнудӣ ва хашми Илоҳӣ вобаста ба хушнудӣ ва нохушнудии онҳо аз фарзандонашон аст[18] ва дар кӯтоҳӣ кардани эҳсон ба онҳо ҳеҷ узре пазируфта нест.[19]

Дар бораи сираи Паёмбар низ гузориш шуда ки ӯ модари ризоъии худро бисёр бузург медошт[20] ва касонеро ки бо падару модари хеши хушрафтор буданд эҳтиром менамуд.[21] Бар ин асос, мусулмонон ба некӣ дар ҳаққи волидайн ва таҳаммули сахтиҳои нигаҳдорӣ аз онҳо амр шудаанд;[22] ҳарчанд волидайн мушрик[23] ё бадкор бошанд.[24]

Намунаҳои эҳсон

Дар оёти 23 ва 24 сураи Исро, пас аз фармони эҳсон ба волидайн, бархе намунаҳои он, ҳамчун наҳй аз гуфтани «уфф» ва камтарин тундӣ ба онҳо баён шудааст.[25] Дар идомаи оят, аз фарзандон хоста шуда ҳангоми пирии падару модар, на танҳо аз бадрафторӣ бо онон бипарҳезанд, балки дар баробарашон фурӯтанӣ кунанд ва дар азои сахтиҳое ки волидайн барои рушду тарбияти онон кашидаанд, дар замони ҳаёт ва пас аз маргашон дар ҳаққи онҳо дуо кунанд.[26]

Дар ривоёт низ намунаҳое барои ҳуқуқи волидайн зикр гардидааст; аз ҷумла ин ки фарзанд бояд эшонро ба ном нахонад, пешопеши онон роҳ наравад ва пеш аз эшон ва низ пушт ба онон нанишинад.[27] Ҳамчунин агар ӯро фаро хонанд, ба суръат иҷобат кунад, ҳатто агар дар намоз бошад[28] ва агар рафтору гуфтори он ду бар хилофи майли ӯ буд, аз абру дарҳам кашидан ё дашном додан ба онон бипарҳезад.[29] Ҳифзи ҳарими хусусии падару модар[30] ва сипосгузорӣ аз онҳо[31] аз дигар намунаҳои эҳсон ба волидайн шумурда шудааст.

Қуръони карим:

Ва Парвардигори ту муқарар кард, ки ҷуз Ӯро мапарастед ва ба падару модар [-и худ] эҳсон кунед. Агар яке аз он ду ё ҳарду, дар канори ту ба солхурдагӣ расиданд, ба онҳо [ҳатто] «уфф» магӯ ва ба онон пархош макун ва бо онҳо сухане шоиста бигӯ. Ва аз сари меҳрбонӣ, боли фурӯтанӣ бар онон бигустар ва бигӯ: «Парвардгоро, он дуро раҳмат кун, чунонки маро дар хурдӣ парварданд.

Сураи Исро, ояти 23 - 24, тарҷумаи Фулодванд


Итоат ва нафақа

Итоат аз волидайнро яке аз ҳуқуқи онҳо донистаанд,[32] магар ин ки фарзандро ба ширк ё анҷоми гуноҳ фаро хонанд.[33] Дар аҳодиси маъсумон фармонбардорӣ аз падару модар аз нишонаҳои имон[34] ва рафторе ақлонӣ[35] қаламдод шудааст.

Ба гуфта Мирзои Қумӣ аз фақиҳони шиа, вуҷуби итоат аз падару модар дар бархе маворид мавриди иҷмоъи фақиҳон аст.[36] Вай иқдом ба кори мубоҳе ки волидайн аз он розӣ набошандро ҷоиз намедонад, магари ин ки анҷом надоданаш ба зарари фарзанд бошад.[37] Иддае аз фақиҳон ҳамчун Соҳиби Ҷавоҳир, Сайид Муҳсини Ҳаким ва Носир Макорими Шерозӣ низ муътақиданд, вуҷуби итоат аз падару модар марбут ба ҷое аст, ки нофармонии фарзанд мӯҷиби озори онон гардад.[38]

Аз дигар ҳуқуқи волидайн, таъмини ниёзҳои молии онҳо шумурда шудааст.[39] Ба гуфтаи фақиҳон агар падару модар ниёзманд бошанд, бар фарзанд воҷиб аст дар сурати тавоноӣ, нафақа ва хароҷоти онҳоро пардохт намояд.[40] Ҳамчунин дар бархе оёти Қуръон,[41] ба фарзандони тавсия шуда ки дар васиятҳои молӣ, саҳми волидайнро дар назар дошта ва аз амволи хеш ба падару модар инфоқ кунанд.[42]

Ҳуқуқи волидайни пас аз маргашон

Дар манобеи динӣ ба фарзандон суфориш шудааст пас аз марги волидайн низ ба онҳо эҳсон кунанд;[43] бо умуре аз ҷумлаи қироати Қуръон, талаби омурзиш ва дуо дар ҳаққи падару модар, пардохти садақа, адои дайни молӣ ва дигар вазифаҳояшон, эҳтиром ба дӯстони волидайн ва иртиботу силаи раҳим бо наздикони онҳо,[44] ва низ ба ҷо овардани намоз, рӯза ва ҳаҷ аз ҷониби падару модар.[45]

Дар китобҳои фиқҳӣ, анҷоми қазои намоз ва рӯзаи падар бар писари бузурги ӯ воҷиб шумурда шудааст.[46] Бархе мароҷеъи тақлид, ҳамчун Хоманаӣ, Макорими Шерозӣ ва Нурии Ҳамадонӣ модарро низ шомили ин ҳукм донистаанд.[47] Дар Саҳифаи саҷҷодия, маҷмуае аз вазифаҳои фарзанд дар баробари волидайн дар қолаби дуо омадааст.[48]

Иллати таъкид бар риояти ҳаққи волидайн

Аллома Таботабоӣ иллати таъкиди Қуръон дар бораи эҳсон ба волидайнро чунин табйин карда ки робитаи отифии байни волидайну фарзандон сабаби пайванди муҳками насли нав бо насли гузашта ва мӯҷиби истеҳкоми хонавода мегардад. Қивоми хонавода низ ба унвони яке аз муҳимтарин умур дар робитаҳои иҷтимоӣ, сабаби устувории ҷомеъаи инсонӣ аст.[49]

Ибни Мисквайҳ (320 - 420ҳ.қ.) олими шиъӣ, низ дар таҳлили ин ки чаро дар омӯзаҳои динӣ нисбати эҳсон ба падару модар ва риояти ҳуқуқашон суфориш шуда, вале чунин суфорише ба волидайн дар бораи фарзандонашон нашуда, муътақид аст волидайн фарзандашонро чизеи ҷудо аз худ намедонанд. Аз ин рӯ чунонки худро дӯст доранд, вайро низ дӯст медоранду тараққии вайрро тараққӣ худ медонанд; аммо фарзандон чунин эҳсосе ба волидайни худ надоранд.[50]

Имом Саҷҷод (а):

Марде назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт ҳеҷ кори зиште нест, ки накарда бошам. Оё роҳи тавба ва бозгашт бароям вуҷуд дорад? Паёмбар посух дод оё аз падару модарат, касе зиндааст? Гуфт падарам. Паёмбар гуфт бирав ва ба ӯ некӣ кун. Вақте он мард рафт, Расули Худо (с) гуфт кош модараш зинда буд.

Кӯфии Аҳвозӣ, аз-Зуҳд, 1399ҳ.қ., саҳ.35


Тавваҷуҳи хос ба ҳаққи модар

Дар ривоёт, бар тавваҷуҳи хос ба модари таъкид[51] ва бештарин ҳақ аз они ӯ шумурда шудааст;[52] то ҷое ки адои ҳаққи модарро ғайримумкин донистаанд.[53] Дар ривояте аз Пайғамбар нақл шуда ки некӣ ба модари каффораи гуноҳони пешин аст.[54]

Дар ояти 15 сураи Аҳқоф, пас аз суфориш ба эҳсони волидайн ва баёни фалсафаи он, танҳо аз заҳматҳои модар ёд шудааст. Ин масаъла, ба бовари олимони мусулмон, таъкиде бар ҳаққи модар ва суфориши бештар нисбат ба ӯст.[55] Имом Саҷҷод (а) дар Рисолат-ул-ҳуқуқ, сахтиҳое ки модар дар даврони бордорӣ ва пас аз он дар даврони кӯдакии фарзанд таҳаммул кардаастро гӯшзад карда ва ба таври вижа, фарзандро ба қадршиносӣ аз заҳамоти модар суфориш намудааст.[56]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Сипоҳи посдорон, Маорифи Қуръон, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.78
  2. Рашид Ризо, Тафсир-ул-манор, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.186; Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.259
  3. Абуссауд, Тафсиру Абиссауд, 1983, ҷ.3, саҳ.198
  4. Ниг.: сураи Анкабут, ояти 8; сураи Аҳқоф, ояти 15
  5. Сураи Бақара, ояти 83; Сураи Нисо, ояти 36; сураи Анъом, ояти 151; сураи Исро, ояти 23
  6. Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.355
  7. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.22; Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2; Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, ҷ.8, саҳ.1
  8. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.278; Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.4
  9. Ниг.: Китоби муқаддас, Сифри Ловиён, фасли 19, ояти 3; Сифри хуруҷ, фасли 20, ояти 12; Сифри тасния, фасли 5, ояти 16
  10. Абуссауд, Тафсиру Абиссауд, 1983м, ҷ.3, саҳ.198
  11. Аббоснажод, Равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.81
  12. Аббоснажод, Равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.81
  13. Абуссауд, Тафсиру Абиссауд, 1983м, ҷ.3, саҳ.198; Аббоснажод, Равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.81
  14. Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.505
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158
  16. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.74
  18. Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.428
  19. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162
  20. Абудовуд, Сунани Абудовуд, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.507 - 508
  21. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162; Шайхи Садуқ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.407 ва 408
  23. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.4
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162
  25. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.324
  26. Сураи Исро, ояти 23-24
  27. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158 - 159; Шайхи Садуқ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.372; Бухорӣ, ал-Адаб-ул-муфрад, 1409ҳ.қ., саҳ.30
  28. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.37
  29. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349; Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос, ҷ.6, саҳ.467
  30. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.503; Шайхи Садуқ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.372
  31. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.258
  32. Аббоснажод, Равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.81
  33. Сураи Анкабут, ояти 8; сураи Луқмон, ояти 13 - 14; Аббоснажод, Равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.81
  34. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158
  35. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22
  36. Мирзои Қумӣ, Қомеъ-уш-шатот, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240
  37. Мирзои Қумӣ, Қомеъ-уш-шатот, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240
  38. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.23; Ҳаким, Мустамсак-ул-ъурват-ул-вусқо, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.169; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.494
  39. Аббоснажод, Равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.81
  40. Барои намуна ниг.: Имом Хумайнӣ, Наҷот-ул-ибод, 1422ҳ.қ., саҳ.382; Софии Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-аҳком, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.104
  41. Сураи Бақара, ояти 180 ва 215
  42. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос, ҷ.2, саҳ.108
  43. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159 ва 163
  44. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159 ва 163; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1382ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.632
  45. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159, ҳадиси 7
  46. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.19
  47. Ниг.: Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.761 ва 162; Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1424ҳ.қ., саҳ.110
  48. Имом Саҷҷод (а), Саҳифаи саҷҷодия, 1376ҳ.ш., саҳ.116 - 118
  49. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.374 ва ҷ.13, саҳ.80
  50. Мисквайҳ, Таҳзиб-ул-ахлоқ, 1426ҳ.қ., саҳ.233
  51. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159-160
  52. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Дор-ул-маърифа, ҷ.4, саҳ.150
  53. Ибни Абиҷумҳур, Аволи-ул-лаолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269
  54. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162
  55. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1373ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.40; Ибни Муфлиҳ, ал-Одоб-уш-шаръияти ва-л-манҳ-ул-маръия, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338
  56. Шайхи Садуқ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.621

Сарчашма

  • Қуръони Карим
  • Аббоснажод, Муҳсин, Қуръон, равоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои қуръонии ҳавза ва донишгоҳ, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Абудовуд, Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абудовуд, чопи Саид Муҳаммади Лиҳом, Бейрут, 1410ҳ.қ.
  • Абуссауд, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тафсиру Абиссауд, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1983м.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, ал-Адаб-ул-муфрад, алмуҳаққиқ: Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дор-ул-башоир-ул-исломия, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳи Бухорӣ, муҳаққиқ: Муҳаммад Зуҳайр, Димишқ, Дору тавқ-ин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайнуддин, Аволи-ул-лаол-ил-азизияти фи-л-аҳодис-ид-диния, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Дору Сайид-иш-шуҳадои ли-н-нашр, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-ъуқули ан Ол-ир-Расул (с), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Имом Саҷҷод (а), Алӣ ибни Ҳусайн, Саҳифаи саҷҷодия, Қум, Дафтари нашри ал-ҳодӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Наҷот-ул-ибод, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, Теҳрон, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Китоби муқаддас
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1401ҳ.қ.
  • Кӯфии Аҳвозӣ, Ҳусайн ибни Саид, аз-Зуҳд, таҳқиқи Ғуломризо Ирфониён, Қум, ал-Матбаъат-ул-илмия, 1399ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиённажодӣ, Абулқосим, Қум, интишороти Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Абулқосим, Ҷомеъ-уш-шатоти фи аҷвибат-ис-суолот, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муртазои Разавӣ, Теҳрон, муассисаи Кайҳон, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Мисквайҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Таҳзиб-ул-ахлоқи ва татҳир-ил-аъроқ, бе ҷо, Талиъат-ун-нур, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе то.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Наҷмуддин, Шароиъ-ул-исломи фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Баққол, Абдулҳусайн Муҳаммади Алӣ, муассисаи Исмоилиён, Қум, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фии шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Қучонӣ, Аббос; Охундӣ, Алӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Рашид Ризо, Муҳаммад, Тафсир-ул-манор, Лубнон, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Маорифи Қуръон, Теҳрон, Пажӯҳишкадаи таҳқиқоти исломии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, чопи чорум, 1378ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҷомеъ-ул-аҳком, интишороти ҳазрати Маъсума (с), Қум, чопи чорум, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ул-Қуръон, бо муқаддамаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1382ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, 1390-1394/ 1971-1974.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Бейрут, чопи Абдулваҳҳоби Абдуллатиф, 1403ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-милок, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб (ат-Тафсир-ул-кабир), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Қум, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-ъурват-ул-вусқо, Қум, муассисаи Дор-ут-тафсир, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Лоҷувардӣ, Меҳдӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибёну фи тафсир-ул-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасиръомилӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, Миқот, чопи аввал, 1363ҳ.ш.