wikishia:Featured Article

Аз wikishia

Пиёдаравии Арбаин ё Роҳпаймоии Арбаин, аз оинҳое аст, ки шиаён дар рӯзҳои наздик ба 20 сафар (Арбаини Ҳусайнӣ) баргузор менамоянд. Ин пиёдаравӣ аз нуқоти мухталифи Ироқ ба тарафи Карбало ва бо ҳадафи зиёрати арбаин анҷом мешавад. Бештари зоирон, аз масири Наҷаф ба Карбало мераванд. Дар тӯли масирҳои роҳпаймоӣ, ҷойгоҳҳое барои пазироӣ аз зоирон вуҷуд дорад, ки мавкиб номида мешавад.

Дар замони ҳукумати Саддом Ҳусейн, маҳдудиятҳое дар иҷрои ин маросим эъмол шуд, вале бо суқути ҳизби баъс дар соли 2003 мелодӣ, ин маросим эҳё шуд ва ҳарсола илова бар шиаёни Ироқ, шиаёни кишварҳои дигар ба хусус Эрон низ ба роҳпаймоии арбаъин мепайванданд. Бинобар гузоришҳо, илова бар шиаён, гурӯҳҳое аз аҳли суннат, масеҳиён, эзидиён ва дигар мазоҳиб низ дар пиёдаравии арбаъин ҳузур меёбанд.

Дар солҳои ахир, миллионҳо нафар дар ин роҳпаймоӣ иштирок мекунанд, ба наҳве ки ин рӯйдодро бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ дар ҷаҳон донистаанд. Дар бораи адади ҳозирон дар ин роҳпаймоӣ, оморҳое байни дувоздаҳ миллион то бист миллион нафар баён шудааст.

Давомашро ин ҷо бихонед...