Саҳифаи аслӣ
Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб (а) машҳур ба Имом Ҳасани Муҷтабо (3 – 50ҳ.қ.) дуюмин имоми шиаён, ки 10 сол (40 – 50ҳ.қ.) имом ва ҳудуди 7 моҳ халифаи мусулмонон буд. Аҳли суннат ӯро охирин халифа аз хулафои рошидин донистаанд.
Ҳасан ибни Алӣ нахустин фарзанди Имом Алӣ (а) ва Фотимаи Заҳро (с) ва нахустин набераи Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст. Бинобар гузоришҳои таърихӣ, номи «Ҳасан»-ро Пайғамбар (с) барои ӯ интихоб кард ва ӯро бисёр дӯст медошт. Ӯ ҳафт сол аз умри худро бо Пайғамбар (с) ҳамроҳ буд ва дар байъати Ризвон ва моҷарои Мубоҳала бо масеҳиёни Наҷрон ҳузур дошт.
Фазоили Имом Ҳасан (а) дар манобеи шиа ва аҳли суннат омадааст. Ӯ яке аз асҳоби Кисо аст, ки ояти Татҳир дар бораи онон нозил шуд ва шиаён ононро маъсум медонанд. Ояти Итъом ва ояти Маваддат ва ояти Мубоҳала низ дар бораи ӯ, падар, модар ва бародараш нозил шудааст. Ӯ ду бор тамоми дороияшро дар роҳи Худо бахшид ва се бор ниме аз амволашро ба ниёзмандон дод. Гуфтаанд ба сабаби ҳамин бахшандагиҳо, ӯро «карими Аҳли Байт» хондаанд. Ӯ 20 ё 25 бор пиёда ба ҳаҷ рафт.
Аз зиндагии ӯ дар даврони халифаи аввал ва дуввум хабари чандоне дар дастрас нест. Ба дастури халифаи дуввум ба унвони шоҳид, дар шӯрои шашнафараи таъйини халифаи сеюм ҳозир буд. Гузоришҳое низ аз ширкати ӯ дар бархе ҷангҳо дар давраи халифаи сеюм вуҷуд дорад. Ӯ дар шӯришҳои авохири хилофати Усмон, ба дастури Имом Алӣ (а) ба муҳофизат аз хонаи халифа пардохт. Дар давраи хилофати Имом Алӣ (а) ҳамроҳи ӯ ба Кӯфа рафт ва дар ҷангҳои Ҷамал ва Сиффин аз фармондеҳони сипоҳ буд.
Дигар мақолаҳои тавсифшуда: Амр ибни Абдуллоҳи Ҷундуъӣ – Имомия – Иннамо буисту ли утаммима макорим-ал-ахлоқ
- ...Бухтуннаср (ҳукумат: 605 то 562 пеш аз мелод) се бор ба Уршалим ҳамла кард ва ҳар бори он ҷоро фатҳ карда ва фарде аз яҳудиёнро ба подшоҳӣ мегумошт, аммо пас аз муддате, подшоҳ дубора шӯриш мекард?
- ...Қабристони Водиюссалом дар шаҳри Қум (дар тасвир) ба тақлид аз қабристони водиюссаломи Наҷаф тавассути Оятуллоҳ Буруҷердӣ сохта шуд?
- ...Нӯҳ (а) 950 сол барои ҳидояти қавмаш талош кард?
- Нузули тадриҷӣ «нозил шудани Қуръон дар муддати 23 соли рисолати Пайғамбари Ислом ба сурати як оят ё теъдоде аз оёт дар шароити замонӣ ва маконӣ мухталиф аст.»
- Намози зиёрат «намози мустаҳабиест, ки ҳангоми зиёрати маъсумон хонда мешавад.»
- Масҷид-ул-ақсо «аз масоҷиди шаҳри Байт-ул-муқаддас ва нахустин қиблаи мусулмонон аст.»
- Макка «муқаддастарин шаҳри мусулмонон ва зодгоҳи Ислом ва Пайғамбари Акрам (с), воқеъ дар нимҷазираи Арабистон.»
- Намози ҷамоат «намозе аст, ки дастаҷамъӣ хонда мешавад ва аз бофазилаттарин ибодатҳо шуморида шудааст.»
- Тавҳид «бунёдитарин асли эътиқодӣ дар Ислом, ба маънои якто ва бемонанд донистани Худованд, ва ҳамчунин бешарик будани Ӯ дар халқи ҷаҳон.»
- Мусалмон «ба касе гуфта мешавад, ки ба таълимоти дини Ислом муътақид буда ва бар асоси он амал мекунад.»
- Аввалин мусулмон «нахустин фарде, ки ба Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) имон овард.»
- Сухан гуфтани Худо бо Мусо
- Китоб-ул-ғайба (Шайхи Тӯсӣ)
- Шаҳодати Имом Алӣ (а)
- Дуои чилу дуюми Саҳифаи саҷҷодия
- Аъёди шаъбония
- Сиёҳпӯшӣ
- Калимуллоҳ (лақаб)
- Шаби бисту якуми рамазон
- Фиқҳ
- 30 зилқаъда
- 29 зилқаъда
- 28 зилқаъда
- 27 зилқаъда
- 26 зилқаъда
- 25 зилқаъда
- 24 зилқаъда
- 23 зилқаъда
- 22 зилқаъда
- 21 зилқаъда
- 20 зилқаъда
Дар ҳоли сохта шудан