Саҳифаи аслӣ

Аз wikishia
Нусхаи вироиш аз 08:04, 31 августи 2022 тавассути E.amini (баҳс | ҳиссагузорӣ)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Донишномаи маҷозии мактаби Аҳли Байт (а), вобаста ба Mаҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)


бо 55 мақола ба забони тоҷикӣ.

Пиёдаравии Арбаин, ё роҳпаймоии арбаин, аз оинҳои шиъие аст, ки дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба 20 сафар (Арбаини Ҳусайнӣ) баргузор мешавад. Ин пиёдаравӣ аз нуқоти мухталифи Ироқ ба тарафи Карбало ва бо ҳадафи зиёрати арбаин анҷом мешавад. Бештари зоирон, аз масири Наҷаф ба Карбало мераванд. Дар тӯли масирҳои роҳпаймоӣ, ҷойгоҳҳое барои пазироӣ аз зоирон вуҷуд дорад, ки мавкиб номида мешавад.

Дар замони ҳукумати Саддом Ҳусейн, маҳдудиятҳое дар иҷрои ин маросим эъмол шуд, вале бо суқути ҳизби баъс дар соли 2003 мелодӣ, ин маросим эҳё шуд ва ҳарсола илова бар шиаёни Ироқ, шиаёни кишварҳои дигар ба хусус Эрон низ ба роҳпаймоии арбаъин мепайванданд. Бинобар гузоришҳо, илова бар шиаён, гурӯҳҳое аз аҳли суннат, масеҳиён, эзидиён ва дигар мазоҳиб низ дар пиёдаравии арбаъин ҳузур меёбанд.

Дар солҳои ахир, миллионҳо нафар дар ин роҳпаймоӣ иштирок мекунанд, ба наҳве ки ин рӯйдодро бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ дар ҷаҳон донистаанд. Дар бораи адади ҳозирон дар ин роҳпаймоӣ, оморҳое байни дувоздаҳ миллион то бист миллион нафар баён шудааст.

Хондан...

مسیر میان نجف تا کربلا.jpg

Роҳпаймои арбаин, масири Наҷаф ба Карбало, соли 2015. Мавкибҳо (самти чапи акс) ғизо ва ҷои иқомати ройгон дар ихтиёри зоирони Имом Ҳусайн (а) қарор медиҳанд .