Саҳифаи аслӣ

Донишномаи маҷозии мактаби Аҳли Байт (а), вобаста ба Mаҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)
бо 120 мақола ба забони тоҷикӣ
Мақолаи баргузида
Фотима (саломуллоҳи алайҳо) машҳур ба Фотимаи Заҳро (ар.: فاطمه زهراء панҷуми беъсат – 11ҳ.қ.), духтари Паёмбари Ислом (с) ва Хадиҷаи Кубро (с) ва ҳамсари Имом Алӣ (а) аст. Ӯ яке аз панҷ тани Оли Або (асҳоби касо) аст, ки шиаёни дувоздаҳимомӣ онҳоро маъсум медонанд. Имоми дуввум ва сеюм шиаён, Зайнаб (с) ва Умикулсум аз фарзандони ӯ ҳастанд. Заҳро, Батул, Сайидату нисоилъоламин аз алқоби вай ва Умиабиҳо кунияи машҳур ӯст. Фотима танҳо зани ҳамроҳи Паёмбар (с) дар рӯзи Мубоҳила бо масеҳёни Наҷрон будааст.

Сураи Кавсар, ояи татҳир, ояи маваддату ояи итъом ва аҳодисе чун ҳадиси Базъа дар шаъну фазилати Фотима нозил ва нақл шудаанд. Дар ривоёт омадааст ки Паёмбар (с), Фотима (с)-ро бартарин зан дар ду олам муаррифӣ карда ва хашму хушнуд ии ӯро хашму хушнуд ии Худованд донистааст.

Дар бораи даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Фотима (с) гузоришҳои каме вуҷуд дорад. Аз ин даврон фақат гузоришҳое дар бораи ҳамроҳии ӯ бо Паёмбар (с) дар муқобили хушунатҳои мушрикон, ҳузури ӯ дар шиъби Абитолиб ва ҳиҷрат ба Мадина ҳамроҳи Имом Алӣ (а) нақл шудааст.

Фотима (с) дар соли дуввуми ҳиҷрат бо Имом Алӣ (а) издивоҷ кард. Анҷоми фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ҳамроҳӣ бо Паёмбари Ислом (с) дар бархе аз ҷангҳо аз ҷумлаи фатҳи Макка аз ҷумлаи корҳои ӯ баъд аз ҳиҷрат буд.


Хондани давомаш...
Сомонаҳои дигари Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)
Тасвири баргузида
مسچدالنبی1.jpg
Масҷиди Пайғамбар (с) дар шаҳри Мадина маъруф ба Масҷидуннабӣ


Забон