Саҳифаи аслӣ

Аз wikishia
Викишиа
Донишномаи маҷозии мактаби Аҳли Байт (а), вобаста ба Mаҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)
1,046 мақола / 24,124 таҳрир дар тоҷикӣ

Мақолаи баргузида
Мазори Бақиъ пеш аз вайронӣ
Мазори Бақиъ пеш аз вайронӣ

Ҷаъфар ибни Муҳаммад (арабӣ: جعفر بن محمد) маъруф ба Имом Ҷаъфари Содиқ (а) (83 – 148ҳ.қ.) шашумин имоми шиаёни исноашарӣ баъд аз падараш Имом Боқир (а) аст. Ӯ ба муддати 34 сол (114 то 148ҳ.қ.) имомати шиаёнро бар ӯҳда дошт, ки бо хилофати панҷ халифаи охири умавӣ, яъне аз Ҳишом ибни Абдулмалик ба баъд ва ду халифаи нахусти аббосӣ - Саффоҳ ва Мансури Давониқӣ, ҳамзамон буд. Имом Содиқ (а) ба хотири заъфи ҳукумати умавӣ, фаъолияти илмии бисёр бештаре нисбат ба дигар имомони шиа дошт. Шумори шогирдон ва ровиёни ӯро 4000 нафар донистаанд. Бештари ривоёти Имом Содиқ (а), аз Имом Содиқ (а) аст ва аз ин рӯ, мазҳаби шиаи имомиро мазҳаби Ҷаъфарӣ низ мехонанд.

Имом Содиқ (а) байни пешвоёни фиқҳии аҳли суннат низ ҷойгоҳи болое дорад. Абуҳанифа ва Молик ибни Анас аз ӯ ривоят кардаанд. Абуҳанифа ӯро олимтарин фард дар миёни мусулмонон донистааст.

Имом Содиқ бо вуҷуди заъфи ҳукумати умавӣ ва дархости шиаён, бар зидди ҳукумат қиём накард. Ӯ дархостҳои Абумуслими Хуросонӣ ва Абусаламаро барои бар уҳда гирифтани хилофат рад кард. Имом Содиқ (а) дар қиёми амакаш Зайд ибни Алӣ иштирок накард ва шиаёнро низ аз қиём парҳез медод, бо ин ҳама, равобити ҳасанае бо ҳокимони замони худ надошт. Ӯ ба хотири фишорҳои сиёсии ҳукуматҳои умавӣ ва аббосӣ аз равиши тақия истифода мекард ва ба ёронаш низ чунин тавсия менамуд.

Имом Содиқ (а) ба манзури иртиботи бештар бо шиаён, посух ба суолоти шаръии онҳо, дарёфти вуҷуҳи шаръӣ ва расидагӣ ба мушкилоти шиаён, созмони ваколатро ташкил дод. Фаъолияти ин созмон дар замони имомони баъд густариш пайдо кард ва дар ғайбати суғро ба авҷ расид. Дар замони ӯ фаъолияти ғолиён густариш ёфт. Эшон бо андешаи ғулув ба шиддат бархӯрд карда, ғолиёнро кофир ва мушрик муаррифӣ кард.

Мақолаи пурра ...

Оё медонистед, ки...
Vadi assalam qom
Vadi assalam qom
  • ...Бухтуннаср (ҳукумат: 605 то 562 пеш аз мелод) се бор ба Уршалим ҳамла кард ва ҳар бори он ҷоро фатҳ карда ва фарде аз яҳудиёнро ба подшоҳӣ мегумошт, аммо пас аз муддате, подшоҳ дубора шӯриш мекард?
  • ...Қабристони Водиюссалом дар шаҳри Қум (дар тасвир) ба тақлид аз қабристони водиюссаломи Наҷаф тавассути Оятуллоҳ Буруҷердӣ сохта шуд?
  • ...Нӯҳ (а) 950 сол барои ҳидояти қавмаш талош кард?
Мақолаҳои тавсияшуда
Абдулло Ҷаводии Омулӣ
  • Нузули тадриҷӣ «нозил шудани Қуръон дар муддати 23 соли рисолати Пайғамбари Ислом ба сурати як оят ё теъдоде аз оёт дар шароити замонӣ ва маконӣ мухталиф аст.»
  • Намози зиёрат «намози мустаҳабиест, ки ҳангоми зиёрати маъсумон хонда мешавад.»
  • Масҷид-ул-ақсо «аз масоҷиди шаҳри Байт-ул-муқаддас ва нахустин қиблаи мусулмонон аст.»
  • Макка «муқаддастарин шаҳри мусулмонон ва зодгоҳи Ислом ва Пайғамбари Акрам (с), воқеъ дар нимҷазираи Арабистон.»
  • Намози ҷамоат «намозе аст, ки дастаҷамъӣ хонда мешавад ва аз бофазилаттарин ибодатҳо шуморида шудааст.»
  • Тавҳид «бунёдитарин асли эътиқодӣ дар Ислом, ба маънои якто ва бемонанд донистани Худованд, ва ҳамчунин бешарик будани Ӯ дар халқи ҷаҳон.»
  • Мусалмон «ба касе гуфта мешавад, ки ба таълимоти дини Ислом муътақид буда ва бар асоси он амал мекунад.»
  • Аввалин мусулмон «нахустин фарде, ки ба Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) имон овард.»
Категорияи асосӣ
Гурӯҳи Beliefs‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи Culture‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи Geography‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи History‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи People‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи Politics‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи Religion‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи Sciences‎ ёфт нашуд
Гурӯҳи Works‎ ёфт нашуд
Забонҳои Викишиа

EnglishFrançaisDeutschTürkçeEspañolРусскийBahasa IndonesiaKiswahiliItalianoBurmeseHausaThaiportuguêsAzəricə中文বাংলাहिन्दीفارسیعربياردوپښتو